ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҒАЛЛА. ЧОРАҲОИ ЗИДДИСӮХТОРИРО ТАҚВИЯТ БАХШЕМ!

ҒАЛЛА. ЧОРАҲОИ ЗИДДИСӮХТОРИРО ТАҚВИЯТ БАХШЕМ!

02 май 2024, Панҷшанбе
14
0

 
Таҳлилҳо собит месозанд, ки ҳамасола бо сабабҳои риоя накардани одитарин қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва бемасъулиятии аксар шахсони масъул миқдори зиёди хӯроки дурушти чорво ва ғалладона ба коми оташ меравад. 
Кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва воҳидҳои он мунтазам аз тариқи воситаҳои ахбори омма оид ба пешгирии сӯхтор дар иншооти давлатӣ, манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ва хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ, хусусии мардум баромад менамоянд, вале баъзе аз масъулон нисбат ба риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор бемасъулиятию хунукназарӣ зоҳир намуда, амрномаҳои аз тарафи нозирони назорати давлатии  бехатарӣ аз сӯхтор пешниҳодгардидаро иҷро накарда, барои  наҷот додани боигарии халқ кӯшиш ба харҷ намедиҳанд.

 
Омилҳои асосии ба вуқуъ омадани ҳодисаҳои сӯхтор ин оташбозии кӯдакон дар назди майдонҳои ғалла, расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ дар муҳаррикҳои комбайнҳову тракторҳо ва дигар техникаи ёрирасон, набудани шарорахомӯшкунакҳо дар дудбарои техникаи ҳосилғундор ва, ҳатто, аз муоинаи техникӣ нагузарондани техника ва механизмҳои сафарбар гардида мебошанд. Мутахассисони соҳа дар якҷоягӣ бо кормандони Вазорати кишоварзӣ, нозирони минтақавии милитсияи шаҳру ноҳияҳо ҳамасола корҳои профилактикӣ мегузаронанд. 
Аз ин лиҳоз, пеш аз оғози мавсим  ва, бахусус дар мавсими дарав ва захираи хӯроки дурушти чорво, аз роҳбарони корхонаву сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ, фермерӣ ва кооперативҳои истеҳсолӣ, умуман, аз шахсони масъул ва деҳқонони одӣ хоҳиш менамоем, ки ба одитарин меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, таъмин ва риояи ҳатмии онро дар сатҳи баланд ба роҳ монанд. Аз ҷумла, пеш аз оғози корҳои ҷамъоварӣ ва захира намудани ҳосили ғаллаю хӯроки дурушти чорво воситаҳои техникиро дақиқкорона аз санҷиш гузаронда, нуқсонҳои техникиро, ки сабабгори нохушиҳои кори ғалладарав ҳастанд, фавран бартараф намоянд. Дар ҷойҳои нигоҳдории хӯроки чорво ва ғалладона маводи зудоташгирандаро нагузоранд. 
Дар канори шоҳроҳҳои автомобилгард, ки аз мавзеъҳои ғаллазор мегузаранд, нишонаҳо бо навиштаҷоти «Ғаллазорро аз сӯхтор ҳифз намоед!», «Сигор кашидан манъ аст!» ва «Гулхан афрӯхтан манъ аст!» гузошта шаванд. Инчунин, заминҳои ғаллазор дар назди роҳҳои автомобилгард ва роҳҳои оҳан дар масофаи 4 метр шудгор карда шаванд. Ғайр аз ин, тоза кардани муҳаррикҳои комбайнҳо, тракторҳо, автомашинаҳо омили муҳими пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор мебошанд. 
Гузашта аз ин, пеш аз оғози мавсими ғундоштани ҳосил сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва масъулин вазифадоранд, дар хирманҷойу майдонҳои ғалла дастаҳои ихтиёрии зиддисӯхтор ташкил карда, онҳоро бо воситаҳои аввалиндараҷаи зиддисӯхторӣ таъмин намоянд. Дар майдони зироатҳои ғалладонаӣ ё худ дар назди хирманҷойҳо ба техникаю механизмҳо сӯзишворӣ пур кардан манъ аст. Ҳамзамон, канори роҳҳои оҳану шоҳроҳҳои автомобилгард ва гирду атрофи майдонҳои зироатҳои ғалладонаӣ ва хӯроки дурушти чорво аз  алафҳои худрӯи хушк бояд тоза карда шаванд. 
Эҳтиёткориву муҳофизати дилсӯзона ба ҳосили бо арақи ҷабин рӯёнидаи марди деҳқон кафили фаровонии дастархони ҳар хонадон мебошад. Пас биёед, ҳама якдилу якҷон меҳнати бо арақи ҷабин парваридаи марди деҳқонро  аз сӯхтор ҳифз намоем.
        
Бахтиёр УМАРЗОДА,
сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, 
генерал-майори хизмати дохилӣ

Санаи нашр: 02.05.2024 №: 82
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив