ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОМИ ШАНБЕ

ШОМИ ШАНБЕ

03 феврал 2024, Шанбе
42
0
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
ВАЪДА
Айбдоршаванда дар суд: 
- Ҷаноби суд, ман ба гуноҳи худ иқрорам. Ваъда медиҳам, ки то ҳастам дигар пора намегирам. Фақат илтиҷо мекунам маро маҷбур насозед, ки яку якбора ин одатро партоям. Худам оҳиста-оҳиста аз ҳаҷми калон ба хурд баъд аз хурд ба ночиз гузашта, организмро ба зиндагии нав одат мекунонам. Рости гап метарсам, духтурам гуфта буд, ки зиёд гирифтани пора мисли зиёд нӯшидани шароб аст, якбора бас кунӣ мурда монданат мумкин. 
Аз русӣ тарҷимаи Ф. РАҲМОНЗОДА
ЯТИМИ ГУРУСНА ВА ҲИКМАТИ ЯК ХОБ
Зани сарватманде, ки  ба хайру эҳсонкорӣ одат карда буд, пас аз вафоти шавҳараш бениҳоят фақир шуд. Бо вуҷуди ин, барои руҳи шавҳари марҳумашро шод кардан, рӯзҳои ҷумъа ғизо омода мекард ва ба фарзанди ятими худ дастур медод, ки онро ба ҳамсояҳо расонад. Кӯдаки маъсуму гурусна хӯрокро ба ҳамсояҳо тақсим мекард ва худ лаб лесида ба хона бармегашт. 
Шабе ҳангоми бурдани ғизо кӯдак аз шиддати гуруснагӣ дигар тоқат накарда, ғизоро хӯрду бо тарс ба хона баргашт. Он шаб зан шавҳарашро дар хоб дид, ки мегуфт: «Танҳо ғизои иншабаат ба ман расид». 
Зан аз хоб бедор шуд ва бо шигифтзадагӣ аз фарзандаш пурсид:
- Дишаб ғизоро ба кӣ додӣ?
Кӯдак дар ҷавоб гуфт:
- Ман шабҳои гузашта ғизоро ба ҳамсояҳо медодам, вале дишаб, ки зиёд гурусна будам, сабр аз даст дода, онро худам хӯрдам…
Таҳияи Лола РИЗОӢ
Бистару болини ӯ ҳамранг буд,
Бо ҳама лашкар, ки будӣ ҳамраҳаш.
Чодари ӯ буд миёни чодарон,
Бо ҳама лашкар, ки будӣ ҳамраҳаш.
* * *
Чун бипурсиданд аз нақши Ликург,
З-он асарҳо, ки сари қонун набохт.
Гуфт: – Бадбинӣ ба майшат сахти сахт,
Пас ғанию камбағал як ранг сохт.
 * * *
Файласуфе гуфт рӯ сӯи Ликург:
– Давлати демокротӣ созу ҳол.
Дар ҷавобаш гуфт: – По шав, рав нахуст,
Хонаи худро бикун бар он равол.
 * * *
Гурӯҳе зи руҳониёни Фасос,
Ба Огесилай гуфтаанд: – Эй даҳо.
Хушиҳо ба моён басе кардаӣ,
Бихоҳӣ бисоземат акнун Худо.
Ба нармӣ ҷавобе чунин додааст:
– Бисозед аввал ҳама худ Худо.
Биёям аз он пас ба пеши шумо,
Ки созед аз ман Худои расо.
Аз китоби “Суҳбати гирди хон”-и Плутарк,
мутафаккири Юнони Қадим, ба назм кашида шуд.
Зиё АБДУЛЛО
КИТОБФУРӮШ
Тоҷире, ки на даромади пулӣ, балки суди маънавӣ ба даст овардааст
Муҳаммад Азизӣ - китобфурӯши 72-солаи марокашӣ яке аз машҳуртарин ашхоси шабакаҳои иҷтимоӣ гардидааст. Ӯ аз хурдӣ ятим монда, маҷбур шуд дар синни 15-солагӣ дабистонро тарк намояд ва барои дарёфти қути лоямут коре пайдо кунад. Дар аввал ба моҳидорӣ машғул буд, баъдан ба китобфурӯшӣ рӯ овард.
Нахуст, зери дарахте китоб мефурӯхт. Пас аз чанде мағозаи китоби худро бо номи «Букинист ал-Азизӣ» таъсис дод. Новобаста аз он ки мағозааш дар марказ – хиёбони Муҳаммад-5 ва маркази  Работ ҷой гирифта буд, бо сабаби хатту савод  надоштани 80 дарсади аҳолии Марокаш аз ин тиҷорат суди зиёд ба даст намеовард. Вале бо истифода аз фурсат, 4000 китобро бо забонҳои арабӣ, англисӣ, фаронсавӣ, испанӣ мутолаа намудааст. 
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
“НИГОРАҲОИ МАШҲУР АЗ 
ОСОРХОНАҲОИ ҶАҲОН”
ҲАЙКАЛИ МАРМАРИНИ ДУХТАР АЗ АНСИО
Духтар аз Ансио муҷассамаи машҳури давраи элиннии асри III пеш аз мелод мебошад. Он дар Осорхонаи миллии Плазсо Массимо алле Термеи Италия нигаҳдорӣ мешавад. Ин ҳайкал биринҷӣ буда, онро аз харобаҳои вилаи бостонии императори рум Нерон, дар наздикии шаҳри Ансио 70 километр дуртар аз ҷануби шаҳри Рим ёфтаанд. Соли 1909 муҷассама аз ҷониби Ҳукумати Италия ба маблағи ҳангуфти 450 ҳазор лира харида шуда, то ҳол дар ин осорхона нигоҳ дошта мешавад. Баландиаш 170 сантиметр мебошад.                                                                             
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ
ПИРӮЗӢ ДАР ИМА
Дастаи Тоҷикистон «Oogway comics» бо таҳияи комикси «NASSY» зимни баргузории мусобиқаи даставии байналмилалии NASA Space Apps Challange 2023 дар номинатсияи Art and Technology дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ғолиб омад, ки, бешубҳа, комёбии нодир аст. Дар ин бора дастаи тоҷикон дар саҳифаи Instagram-и худ хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки дар ин мусобиқа 8000 даста аз 192 мамлакати олам  иштирок намуд. 
 Таҳияи Меҳрона ЗУВАЙДОВА
Элисон чӣ гуна модарашро аз марг наҷот дод?
Табиист, ки модарон бештари вақт худро барои наҷоти фарзанд қурбонӣ мекунанд. Аммо, ин дафъа баръакс Элисон - духтарчаи панҷсолаи амрикоӣ модарашро аз марг наҷот дод. 
Вақте Трейси Андерволд дар ҳавзи назди ҳавлиаш оббозӣ мекард, нохост пойяш лағжиду аз ҳуш рафт ва ғарқ шуд. Дар ҳамин ҳол, Элисони хурдакак ба об ҷаҳид ва модарашро ба соҳили ҳавз баровард. Модари Элисон мегӯяд: «Духтарам дар 2-солагӣ оббозӣ карданро омӯхта буд. Бештар вақт якҷоя ба оббозӣ мерафтем. Даруни об бозиҳо мекардем». Дар ин лаҳза Элисон гумон карда буд, ки модараш дар зери об бо ӯ бозӣ кардан мехоҳад. Ба ин хотир, дохили об шуд ва сабаби аз марг наҷот ёфтани модараш гардид. 
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
ҲАМАИ ОДАМОНИ БАД АЗ МАН БЕҲТАРАНД… 
Император ду мушовири худро наздаш даъват намуда, дастур дод, ки яке тамоми инсонҳои хуб ва дигаре одамони бади мамлакатро рӯйхат кунанд. 
Баъд аз як ҳафта ҳар ду мушовир рӯйхатро ба назди император меоранд. Мушовири аввал рӯйхати холиро ба император дароз карда мегӯяд: 
- Дар кишвар ягон инсони хуб пайдо нашуд. Ҳамаи онҳо баданд. 
Мушовир дигар мегӯяд:
- Ҳарчанд кофтам, ҳатто як нафар инсони бад ҳам наёфтам. Ҳамаи онҳо аз ман беҳтаранд. 
Таҳияи Шаҳноз САБУРОВА
«РЕАЛ»
Сердаромадтарин бошгоҳи футболи ҷаҳон
Ширкати байналмилалии аудиторӣ ва машваратии «Дeлойт» ҳисоботи солона  оид ба даромади дастаҳои футболи ҷаҳонро дар мавсими солҳои 2022/2023 интишор намуд. 
Бошгоҳи футболи «Реал»-и Мадрид (Испания)  бо фоидаи  831 миллион евро сердаромадтарин дастаи олам эътироф гардид.
Мақомҳои баъдиро «Манчестер Сити» ( Англия, € 826 миллион), «ПСЖ» (Фаронса, € 802 миллион), «Барселона» (Испания, € 800 миллион)  ва «Манчестер Юнайтед» (Англия, € 746 миллион) ишғол намуданд.                                                                                           
Таҳияи Ш. ШОКИР
БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
АСРОРИ НИКОЛАС КЕЙҶ
Николас Кейҷ, аз маъруфтарин актёрони амрикоӣ, барандаи ҷоизаҳои  «Оскар» ва «Глобуси тиллоӣ»-ро шояд аксарият мешиносанд. Вале ба гумони ғолиб, қисми зиёди мухлисон насаби аслии ӯро намедонанд. Бале, бовар нокарданист, вале далел аст, ки ному насаби ӯ на Николас Кейҷ, балки Николас Ким Коппола буда, ба оилаи коргардони маъруф, Фрэнсис Форд Коппола тааллуқ дорад. Николас, ки ҷияни Коппола буд, нахост шуҳраташ аз пушти номи аҷдод бошад. Маҳз бо ҳамин сабаб барои карйераи оянда насаби ҳунарманди дӯстдоштааш Кейҷ (Люк Кейҷ)-ро интихоб кард. 
Таҳияи С. РАҲМОНЗОДА
БАРОБАР БА 4 МАЙДОНИ ФУТБОЛ 
Шинои калонтарин киштӣ бо 2350 хизматгузор дар бандари Майама 
Киштии калонтарини дунё «Иконаи баҳрҳо» аввалин шинои худро аз бандари Майама шуруъ кард. Ин киштии баҳрӣ дар андоза аз биноҳои осмонхарош монданӣ надорад. Дарозии он 365 метрро ташкил медиҳад, ки қариб ба чор майдони футбол баробар аст. Танҳо дар ин киштии калонтарини круизӣ 2350 нафар ба мусофирон хизмат мерасонад.
Нархи сафари круизӣ дар ин  киштӣ ба 75 ҳазор доллари амрикоӣ  расид
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
«ЧОЙПУЛИИ КАЛОН»
Дар яке аз мурофиаҳои судӣ адвокати ботаҷриба ҳамаро қоил кард:
- Нафареро, ки шумо порахӯр меномед, гуфт ӯ, - мисли ҳамаи мансабдорони мо дар асл хизматгори мардум аст. Дар ҷамъияти имрӯза бошад, одати маъмулист, ки ба хизматгор, ҳатто дар ошхонаву тарабхона ҳам чойпулӣ медиҳанд. Муҳтарам Н. ҳам пораро муфт не, балки барои хизматаш аз мардум гирифтааст. Барои ҳамин пешниҳод менамоям маблағҳои аз мардум гирифтаи ин шахсияти маъруф на «пора», балки ҳамчун «чойпулии калон» ба қайд гирифта шавад. Ва бо далели он ки гирифтани «чойпулӣ» ҷиноят нест, хоҳишмандам ӯро аз ҷавобгарӣ пурра озод намоед. 
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
2024 –  СОЛИ ОЛИМПӢ
БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ
Аз аввалин чемпион то низоми баргузорӣ дар Юнони Қадим
Дар асоси маълумоти мавҷуда, аввалин бозиҳои олимпӣ соли 776-и то мелод баргузор шудааст. Аввалин ғолиби он – Короибос, варзишгар аз шаҳраки Элиди аст. 
Олимпичиён танҳо юнониён, он ҳам нафарони озод ва танҳо мардҳо буда метавонистанд. Ба шаҳру деҳоти Юнон, ҳамчунин, минтақаҳои аз ҷониби Юнон иҳоташуда сафир фиристода мешуд. Онҳо ҳамаи хоҳишмандонро барои иштирок дар бозиҳои олимпӣ даъват мекарданд. Қабл аз баргузории ин чорабинӣ ҳамаи даъвою ҷангҳо қатъ мегардид. Ҳеҷ кас ҳуқуқ надошт, ки атрофи шаҳраки Олимпӣ бо яроқ гардад. Вайронкунандагони тартиботро ҷазоҳои вазнин интизор буд.
Таҳияи Умаралӣ САФАРАЛӢ
ҚАДИМТАРИН ҚОНУНҲО
КАН ГАО
Чин яке аз қадимтарин тамаддунҳои ҷаҳон буда, табиист, ки анъанаҳои куҳани ҳуқуқэҷодкунии худро дорад. Қадимтарин санади ҳуқуқӣ бо сулолаи Чжоу (солҳои 1045 – 221 то мелод) алоқаманд аст. Қонун бо номи Кан Гао маъруф мебошад, ки аз ҷониби шоҳ Ву тасдиқ гардидааст.  Қонунҳои Чини Қадим ба нигоҳдории тартибот байни ашрофзодаҳо ва назорати аҳолӣ диққати махсус медоданд.
Таҳияи 
Комрон САФАР
ЗАНИ ИДЕАЛӢ
Пирмарде бистарӣ шуд. Зану фарзанд надошт. Вақте ёру рафиқонаш ба аёдаташ омаданд, аз ӯ пурсиданд:
– Барои чӣ то пиронсолӣ расидиву хонадор нашудӣ?
Гуфт:
– Ман як умр зани идеалӣ меҷустам.
– Наход, дар тули ҳаёти худ ягон зани идеалӣ наёфта бошӣ? – пурсиданд аз ӯ.
– Ёфтам, аммо чун вай марди идеалӣ меҷуст, ба ҳам нарасидем, – ҷавоб дод пирмард.
Таҳияи Наргис АТОЕВА
ЛАМА ЧӢ ГУНА ҲАЙВОН АСТ?
Лама ва шутур аз як оила мебошанд. Танҳо ҷуссаи лама андаке хурдтар, вале зеботар аст. Ламаҳо дар Амрикои Ҷанубӣ, дар кӯҳҳои Анд, ки 4000 метр аз сатҳи баҳр баланданд, зиндагӣ мекунанд.
Лама ҳайвони ғайриодӣ буда, организмаш мутобиқ ба баландкӯҳҳост, ки дар он ҷо ҳаво камтар аст. Дар таркиби хуни лама саққочаҳои хунбор ду маротиба нисбат ба хуни инсон ва дигар ҳайвонҳо бештар аст. Ин ҷонвар мижгонҳои дароз дорад, ки дар вақти зарурӣ чашмонашро бо онҳо мепӯшонад. Ба ин восита, чашму узвҳои нафаскашиашро аз ғубор ва боди сарди зимистон ҳимоя мекунад.
Пашми лама дарозу нарм буда, дар саноати сабук талабгори зиёд дорад.
Таҳияи Кароматулло АТО
10 КИШВАРИ ҶАВОНИ ДУНЁ
8. БОСНИЯ ВА ГЕРСЕГОВИНА (соли 1992)
Ин ҳам як қисми давлати Югославия аст, ки соли 1992 аз он ҷудо гардид. Дар қисмати ҷанубу шарқи Аврупо ҷо гирифта, қисмати ғарбии нимҷазираи Балқонро фарогир ва ба баҳри Адриат роҳи баромад дорад. 
Дар ҳудуди 51129 километри мураббаъ анқариб  4 миллион нафар зиндагӣ мекунад. 
Боиси тазаккур аст, ки  пас аз муноқишоти ҳарбии солҳои 1992-1995 аҳолии кишвар хеле коҳиш ёфт.
Таҳияи Умар Алӣ
ЛАБХАНДИ АҲЛИ ФАЗЛ
Зарифе дар хонаи дарвеше меҳмон шуд. Сақфи хона аз чӯбҳои заиф пӯшида шуда буд ва бори гароне дошт. Ҳар лаҳза аз он чӯбҳо овозе берун меомад. Меҳмон гуфт: 
– Эй  дарвеш, маро аз ин хона ба ҷойи дигар бар, ки метарсам, фуруд ояд.
Дарвеш гуфт: 
– Матарс, ки он овози  тасбеҳ  ва зикри чӯбҳост. 
Меҳмон гуфт: 
– Аз он метарсам, ки аз бисёрии зикру тасбеҳ эшонро ваҷдеву ҳоле ба ҳам расад, ки ба як бор дар рақси самоъ оянд ва ба саҷда афтанд.
Аз «Латоиф-ут-тавоиф»-и Фахриддин Алии Сафӣ
Таҳияи Фаромарз РАҲМОНИЁН
СОЗҲОИ МУСИҚӢ
АВЛОС 
Авлос яке аз қадимтарин созҳои нафасии мусиқист, ки аз ду сурнайи андозаашон якхела (дар алоҳидагӣ аз қамиш забонча доштанд) иборат буда, дар натиҷаи бо лабҳо фишурдани қамишчаҳо ва дамидани ҳаво садои наҳифе мебаровард. Овози авлос ба садои “гобой”-и имрӯза шабоҳат дошт. Сурнайҳо (дарозиашон тақрибан 25-30 см) аз чӯб сохта шуда, аз як тараф бо ҳалқае ба ҳам пайваст карда мешуданд. Тарафи дигарашон аз ҳам ҷудо буд.
Авлос ҳанӯз дар асрҳои 10-5 то милод дар Юнони Қадим истифода мешуд. Аз рӯйи маълумоти муаллифони юнонӣ, ватани асосии авлос Осиёи Миёна буд. Авлос дар нимаҳои дуюми асрҳои миёна аз байн рафт, ҷойи онро тадриҷан сурнай ва найи амудӣ гирифтанд. 
Таҳияи Шодмон АБДУРАҲИМ
ҶАВОБИ НАВ БА САВОЛИ КУҲНА: “ЗИНДАГӢ ЧИСТ?”
Ошо, файласуфи бузурги ҳинд дар мавриди зиндагӣ ҳарфҳои аҷибе дорад, ки бо шеъри Муҳаммад Иқбол якранг аст:
“Зиндагиро дар ҳеҷ ҷои дигар ба ҷуз дарунатон ҷустуҷӯ накунед. Онро дар ман ҳам наҷӯед. Дар матнҳои муқаддас низ дунболаш набошед. Бузургтарин хирадмандон ҳаргиз чизе дар мавриди зиндагӣ нагуфтаанд, онҳо ҳамеша шуморо ба даруни худатон партоб кардаанд”.
Иқбол ин мазмунро чунин оварда:
Бутони тоза тарошидаӣ, дареғ аз ту,
Даруни хеш наковидаӣ, дареғ аз ту.
Тавофи Каъба задӣ, гирди дайр гардидӣ,
Нигаҳ ба хеш напечидаӣ, дареғ аз ту!
Таҳияи Фирдавс МАДЁ
ҲАЙВОНОТИ АҶИБ
Тосмоҳиҳои Атлантика аз моҳиҳои дарозумртарини «шоҳигарии Нептун» ба шумор мераванд. Онҳо 150 сол умр мебинанд.
 
* * *
Дар галаҷазираҳои (архипелаг) Зонд қурбоққаҳои паррон зиндагӣ мекунанд. Пардаҳои дар панҷаҳояшонбуда барои аз дарахт ба дарахт паридан кумак мекунанд.
* * *
Вақти таранг кашидани панҷаҳои голиаф ном қурбоққаи амрикоӣ дарозии он ба 87,63 сантиметр расидааст.
Таҳияи Кароматулло АТО
Санаи нашр: 02.02.2024 №: 24
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив