ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДАНҒАРА.  ИТТИҲОДУ ҲАМБАСТАГӢ ДАР МАКТАБУ РОҲСОЗӢ

ДАНҒАРА.  ИТТИҲОДУ ҲАМБАСТАГӢ ДАР МАКТАБУ РОҲСОЗӢ

14 май 2024, Сешанбе
51
0
 
Имрӯзҳо ба ҳар куҷои ноҳияи Данғара равед, мардумро саргарми кор дармеёбед: ҳама пайи ободонианд. Ободонии мактабу роҳу деҳаи худ. Зеро медонанд, ки ободии Ватан аз ободии кӯчаву рустои хеш сар мешавад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар партави сиёсати ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми саъю кӯшиши худро барои таъмини рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ, вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардум равона кардааст. Баҳри истиқболи сазовори  Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди ноҳия беш аз 222 иншоот  бунёд ва таъмиру таҷдид мешавад. 
  
МАКТАБИ НАВИ ДЕҲАИ АЛИҶОН 
Зимни сафари хидматӣ ба ноҳияи Данғара, бо бунёди муассисаҳои таълимӣ дар яқ қатор деҳаҳо шинос шудем. Баъд аз мулоқоту суҳбат бо роҳбарияти ноҳия роҳ пеш гирифтем ба деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинг, ки дар домони кӯҳ ҷой гирифтааст. Дар деҳа айни ҳол сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 идома дорад.  Аз оғози сохтмони муассиса се моҳ сипарӣ нашуда бошад ҳам, аллакай, корҳо дар ҳар ду ошёнаи бино ба охир расидаанд. Мувофиқи лоиҳа муассиса аз ду ошёна иборат буда, дорои 27 синфхонаи таълимӣ, толори варзиш, маҷлисгоҳи барҳаво ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Масоҳати зери иншоот 2365 метри мураббаъ буда, он аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд мегардад. Дар назар аст, ки мактаби замонавӣ моҳи сентябри соли равон, яъне дар муҳлати ҳамагӣ 9 моҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Муассисаи мазкур барои 800 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Дар доираи корҳои ободонӣ, то имрӯз, гирду атрофи бино ба масофаи беш аз 300 метр панҷарабандӣ гардида, ҳамзамон, бо дарахтони ороишӣ ва ҳамешасабз оро ёфтааст. Чашм мафтуни ҳама сарсабзиҳои гирду атроф роҳ пеш гирифтем ҷониби деҳаи Булёни Боло. 
 
ВАҚТЕ ҲАМА АЗ ЯК ГИРЕБОН САР МЕБАРОРАНД...
Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 15-и деҳаи Булёни Боло низ корҳои сохтмонӣ идома дошта, бинои нав аз рӯи тарҳ шабеҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 деҳаи Алиҷон аст. Дар зарфи ҳамагӣ як моҳ, аллакай, сохтмони ошёнаи якум ба итмом расидааст.  Вақте мо ба майдони сохтмон ворид гардидем, ҳайати беш аз 50-нафараи сохтмончиёнро саргарми чиндани хишт дарёфтем. Хурсандибахш буд, ки ҷавонони деҳа дар кори  сохтмон ёрӣ мерасонданд. Бо шӯру шавқ кор мекарданд. Дар суҳбатҳое, ки доштем, аз ҷавонмардони ободгар изҳори сипос мекарданд. Зеро наздикону пайвандони онҳо аз норасоии ҷойи нишаст танқисӣ доштанду таъмини мактаббачаҳо бо шароити зарурии таълим аз мушкилиҳои асосии деҳа ба шумор мерафт. Акнун бо бунёди муассисаи нав ин мушкилӣ ба пуррагӣ роҳи ҳалли худро меёбад. 
 
Баъди дидани ин манзара тариқи роҳе, ки навсозиаш идома дорад, ба деҳаи Навобод рафтем. Мушоҳидаҳоямон дар деҳаи Навобод низ ҳамсон ба деҳаҳои болозикр буд. Сохтмони мактаб дар авҷу аҳли деҳа аз ин ҳама ободӣ фараҳманд.
Вақте ба деҳаи Булёни Поён расидем, аллакай, шом фаро мерасид. Бо вуҷуди ин, кор дар маҳали сохтмони бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 11 дар ҷӯш буд. Аксари коргаронро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Собирзода Суҳроб, директори муассиса, ин ҳама ободиро аз баракати сиёсати хирадмандонаи Сарвари маорифпарвари кишвар арзёбӣ карда, иброз дошт, ки бунёди мактаби нав барои беҳтар намудани шароити таҳсил заминаи мусоид фароҳам меорад. Бинои қаблии муассиса ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ набуда, дар даврони шуравӣ бунёд шуда буд. 
– Ҳоло дар сохтмони бинои муассиса зиёда аз 50 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъминанд ва онҳо кӯшиш менамоянд, ки корҳои сохтмониро босифат ва дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонанд, – гуфт ӯ.
 
НАВСОЗИИ 18 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ 
Фараҳафзост, ки дар баробари сохтмони мактаб, ҷавонмардони ватандӯст ва соҳибкорони сарбаланди ноҳия ба таъмиру навсозии роҳҳои маҳаллӣ низ машғуланд. Тавре иттилоъ гирифтем, солиёни зиёд равуои сокинони деҳаҳои Ҳусейншайх, Лоларух, Булёни Боло, Навобод, Зулол ва Хуррамзамини ноҳия бо сабаби вайрону валангор будани роҳҳо мушкил буд. Соҳибкорони дастбахайри ноҳия барои рафъи ин мушкил низ камари ҳиммат бастаанд. Дарозии роҳи мошингарде, ки бояд навсозӣ гардад, беш аз 18 километрро ташкил дода, корҳо аз деҳаи Ҳусейншайх оғоз ёфтаанд ва роҳ то деҳаи Хуррамзамини деҳоти ба номи Исмат Шариф таъмир мешавад. 
Сохтмончиён нақша доранд, ки корро бо сифати баланд дар муҳлати пешбинишуда ба анҷом расонанд. Лоиҳаи навсозии роҳи мошингарди Ҳусейншайх то деҳаи Хуррамзамин, ки аз ҳудуди 6 деҳа мегузарад, аз ҷониби КВД "Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ" тарҳрезӣ гардида, дар доираи он бунёди 12 пули мошингузар дар болои дарёҳои селгузар ва зиёда аз 30 иншооти ёрирасони роҳ, аз ҷумла селпартоҳо, қубурҳои обгузар, беш аз 4 километр ҷӯйбори оҳану бетонӣ, роҳҳои пиёдагард, гулгаштҳо ва иншооти равшаннамоии канори роҳ дар маҳаллаҳои аҳолинишин ба нақша гирифта шудааст. 
 
“ФАРДО АЗ ИМРӮЗ ҲАМ ДУРАХШОНТАР ХОҲАД БУД”
Шоистаи таъкид аст, ки аз соли 2021, дар доираи нақша-чорабиниҳо ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, танҳо бо дастгирии ҷавонмардони ватандӯсти ноҳияи Данғара, бе ҷалби маблағҳои буҷетӣ, 150 километр роҳи ҳудуди маҳаллаҳои аҳолиниш мумфарш ва зиёда аз 300 километр роҳи дигар сангфарш гардид ва ин раванд ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар дигар шаҳраку деҳоти ноҳия вусъат дорад.
 
– Шукри  тинҷиву  оромӣ.  Пештар  аз  куҷо  мардум  роҳу сохтмон мегуфт? Ҳама дар ғами ҷон будем. Бо роҳбарии Ҷаноби Олӣ, Худо хоҳад, ба рӯзҳои аз ин беҳтар ва фардои дурахшонтар хоҳем расид. Раҳмат ба ҷавонмардони баору номус ва ҳам соҳибкорон, ки ба мушкили мардум расидагӣ мекунанд, – изҳори қаноатмандӣ кард пирамарди деҳаи Хуррамзамин. 
Бале, вақте ҳама аз як гиребон сар мебарорем ва даст ба дасти ҳамем, ба рӯзҳои аз ин беҳтар хоҳем расид. Намунаи ин якдилии сокинони деҳоти зархези Данғара аст. 
 
Комрон САФАР, Шодмон АБДУРАҲИМ, 
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 14.05.2024 №: 89
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив