ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КИШВАРИ САБЗ. ДАР БОРАИ ТОҶИКИСТОНИ СОЛИ 2027

КИШВАРИ САБЗ. ДАР БОРАИ ТОҶИКИСТОНИ СОЛИ 2027

09 феврал 2024, Ҷумъа
44
0


Бо сабаби тағйирёбии иқлим, ҷаҳон имрӯз дар ҳолати ногувори экологӣ қарор дорад. Созмони Милали Муттаҳид дар ин асос соли 2015 Қатъномаи Парижро қабул кард, ки давлатҳои аъзоро уҳдадор мекунад доир ба кам кардани партоби газҳои гулхонаӣ ва пешгирии гармшавии ҳаво чораҳо андешанд. Тағйир додани одатҳои хӯрокхӯрӣ (гузариш ба хӯрокҳои парҳезӣ; кам кардани истеъмоли калорияҳо ба сатҳи оптималӣ), кам кардани партовҳои хӯрок ва модернизатсияи таҷрибаҳои кишоварзӣ (баланд бардоштани ҳосилнокӣ, кам кардани изофаи карбон дар истеҳсоли ғизо) то соли 2100 имкони пешгирии болоравии ҳарорати Заминро то 2°C доранд, агар тамоми партовҳои маишӣ то соли 2050 ба сифр баробар карда шавад.
Дар асоси тадқиқот, маълум гардид, ки ҳар сол 2,24 миллиард тонна партови сахти маишӣ истеҳсол ва танҳо 55 дарсади он ба ҷойҳои назоратшаванда партофта мешавад. Ҳар сол тақрибан 931 миллион тонна хӯрокворӣ исроф мешавад ва то 14 миллион тонна партови пластикӣ ба экосистемаҳои обӣ ворид мегардад. Инчунин, ҳудуди 80 миллион тонна партови дигари пластикӣ ба муҳити зист партофта мешавад. Бо ин сабабҳо, омилҳои табиӣ ва таъсири инсон вазъи ҳаво солҳои охир бад шуда истодааст, ки ба муҳити зист ва саломатии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷонибҳои фаъоли қатъномаи Париж Барномаи “Кишвари сабз”-ро барои солҳои 2023-2027 қабул кард. Дар қатънома омадааст, тағйирёбии иқлим ҳолати фавқулодаи глобалӣ аст. Ин мушкилот ҳалли ҳамоҳангшуда дар ҳамаи сатҳҳо ва ҳамкориҳои байналмилалиро талаб мекунад, то ба кишварҳо дар гузариш ба иқтисодиёти камкарбон кумак расонад. 194 давлат ба қатъномаи Париж ҳамроҳ шудаанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то охири соли 2027 дар доираи Барномаи “Кишвари сабз” дар ҳазорҳо гектар замин ниҳолу буттаҳо мешинонад. Барнома, ки барои солҳои 2023-2027 қабул шудааст, коҳиш додани газҳои гулхонаӣ, гузариш ба иқтисодиёти сабз, таъмини нигоҳдории устувории низоми табиӣ, васеъ намудани майдони ҷангалзорҳо, боғу токзор, минтақаҳои сабз, ташкил ва васеъ намудани масоҳати минтақаҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва таъмини рушди устувор ва амнияти экологии аҳолиро дар бар мегирад.
Барнома дар ду давра амалӣ хоҳад шуд. Тибқи нақша дар давраи аввал, ки солҳои 2023-2025-ро дар бар мегирад, дар майдони беш аз 4 ҳазор гектар 65 миллион дарахту бутта шинонда мешавад. 
Маблағи умумии барнома 129 миллиону 875 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Барои иҷрои марҳалаи аввал 67 миллиону 865 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки аз буҷети давлатӣ, маблағҳои озод ва маблағҳои шарикони рушд ҷудо мегардад.
Дар доираи барнома майдони бештари сабзкориро дарахтони мевадиҳанда (420 гектар), хуч (370 гектар) ва санавбар (325 гектар) ташкил хоҳанд дод. Ҳамчунин, 5 намуди дигари дарахт дар назар гирифта шудааст: сафедор, акатсияи сафед, павловний, сарвиноз ва саксаул, ки барои ҳар яки онҳо аз 200 то 275 гектар замин ҷудо мегардад.
Мувофиқи иқлими маҳаллӣ дар майдони 20 гектар дар шаҳри Душанбе ва 275 гектар замини теппаҳои навоҳии атрофи пойтахт рустаниҳои ороишӣ, ҳамешасабз ва сояафкан шинонда мешаванд. Шинондани ниҳолҳо ва барқарорсозии ҷангалзори ҳудуди боғи “Ғалаба” дар майдони 15 гектар, низ пешбинӣ шудааст.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар майдони 285 гектар дарахтони сояафкан ва ҳамешасабз (110 гектар) шинонда мешавад. Боғҳои хуч (70 гектар) ва ангат (60 гектар) бунёд мегарданд, ки аҳамияти иқтисодӣ низ доранд. Дар 45 гектар замин дарахтони мевадиҳанда ва чормағз парвариш мешаванд. Дар ноҳияи Мурғоб бошад, 60 гектар заминро ниҳолҳои хуч, терескен, сафедор ва бед ташкил мекунанд.
Ниҳолшинонӣ дар вилояти Суғд дар майдони 755 гектар сурат мегирад. Санавбар ва саксавул, дарахтони гуногуни мевадиҳанда ва хуч, бунёди боғҳои сафедор, акатсияи сафед, павловний ва ангат дар назар дошта шудааст.
Дар вилояти Хатлон бошад, 1 ҳазору 150 гектар замин сарсабз карда мешавад. Дар ин ҷо дарахтони мева 240 гектарро ишғол хоҳанд кард. Барои кишти санавбар, сарвиноз, сафедор, саксавул, акатсияи сафед, павловний ва хуч майдонҳои васеъ ҷудо мегардад. Ҳамин гуна ниҳолҳо дар 515 гектар замини шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ низ шинонда хоҳанд шуд.
Дар чорчӯби барнома ду тарафи тамоми шоҳроҳҳои Тоҷикистон кабудизор карда мешавад. Ҳамчунин, парвариши ниҳолҳои чормағз, писта, олу, бодом ва дигар зироатҳои ҷангалии худрӯ ва бунёди ҷангалзор бо истифода аз дастовардҳои селексионӣ дар назар аст. Ҳудуди минтақаҳои махсус муҳофизатшаванда, хусусан ҳудуди заминҳои мамнуъгоҳи давлатии табиии «Даштиҷум», Боғи табии Сари Хосор, Боғи таърихию табиии Ширкент ва Парки миллии Яғноб васеъ карда шуда, барқарор намудани ҷангалҳои табиии арча, тутзорҳо ва чинор пешбинӣ шудааст.
Дар ҳолати иҷрои пурраи барнома барои ташаккули гуногунии биологӣ ва экологӣ, ландшафтҳои табиӣ, объектҳои нодири табиӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Бояд зикр кард, ки дар давоми як рӯз як гектар ҷангал аз ҳаво 120 – 280 кг гази карбон мегирад, ки дар сурати набудани ҷангал гази карбон дар атмосфера мемонад ва таъсири гармшавии ҳаворо зиёд мекунад.
Ҳар сол дар шоҳроҳҳо ва талу теппаҳои кишвар намудҳои зиёди ниҳолҳои ҳамешасабз ва сояафкан шинонда мешаванд, ки дар натиҷаи риоя накардани технологияҳои ниҳолшинонӣ миқдори зиёди онҳо намесабзанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмашон ба Маҷлиси Олӣ рӯзи 28-уми декабри соли 2023 аз тарзи дарахтшинонӣ дар минтақаҳо интиқод карда, иброз намуданд, ки бояд ҷой ва навъҳои дарахтро дуруст интихоб кард, то онҳо сабзанд. Дарахтшинонӣ бояд бо роҳбарии мутахассисон сурат гирад.
Барномаи «Кишвари сабз» на танҳо шинондани дарахту буттаҳоро дар бар мегирад, балки ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, коҳиш додани партовҳои гази карбон, беҳбуди муҳити зист, рушди деҳот, ҷалби сайёҳон ва умуман некуаҳволии шаҳрвандони Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Афзун кардани дарахтон ва сарсабзнамоӣ имкон медиҳад, ки заминҳо аз эрозия ва шусташавӣ нигоҳ дошта шаванд. Махсусан, Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақест, ки ҳангоми кам гардидани дарахтон ва буттаҳо шусташавӣ ва лағжиши замин (ярч) ба вуҷуд меояд. Ғайр аз ин, дарахтон ва буттазорҳо  заминро аз ҳодисаҳои эрозияи шамолу об эмин нигоҳ дошта, боиси аз байн нарафтани заминҳои ҳосилхез мегардад. Як дарахт ҳар рӯз он қадар об хориҷ мекунад, ки таъсири хунуксозиаш дар натиҷаи ин раванд ба таъсири ду кондитсионери маъмулӣ дар давоми рӯз баробар аст.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 08.02.2024 №: 28
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив