ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶОМЕА.  ТАРБИЯИ ҲУҚУҚӢ РОҲИ МУАССИРИ МУБОРИЗА БО ҶИНОЯТКОРИСТ

ҶОМЕА.  ТАРБИЯИ ҲУҚУҚӢ РОҲИ МУАССИРИ МУБОРИЗА БО ҶИНОЯТКОРИСТ

09 апрел 2024, Сешанбе
12
0


Ҳарчанд қабули қонунҳо, сифату табиати иҷтимоӣ ва механизми амали онҳо масъалаи муҳим ё худ бунёдии рушди давлат бошад ҳам, дар баробари ин, татбиқи бечунучарои қонунҳо дар ҷомеа аҳамияти калон дорад. Ин масъала ба сатҳи тафаккури ҳар фарди ҷомеа зич алоқаманд аст. Беҳуда нест, ки таъмину волоияти қонун ва ташаккули маърифати ҳуқуқӣ дар ҷомеа баробари дигар унсурҳои давлати демокративу ҳуқуқбунёд, аз қабили таҷзияи ҳокимият, таъмини ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, масъулияти дуҷонибаи давлат ва шахсият аз рӯи аҳамият дар як сатҳ ниҳода шудаанд. 
Соли ҷорӣ мардуми сарбаланди тоҷик дар фазои сулҳу озодӣ 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро бахтномаи миллат мегӯем, таҷлил хоҳанд кард. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ ба ифтихори ин санаи муборак ва бисёр муҳими таърихӣ соли 2024-ро – Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намуда, ҷиҳати дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30-солагии Конститутсия дастуру супоришҳои мушаххас доданд. 
Агар ба муқаррароти ин санади олии ҳуқуқӣ таваҷҷуҳ кунем, дар моддаи аввал Конститутсия сохти Ҷумҳурии Тоҷикистонро чунин муайян кардааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад”. Албатта, бе доштани маърифати ҳуқуқӣ мо наметавонем меъёри ҳуқуқбунёдии давлатро таъмин намоем. Бинобар ин, Пешвои миллат бо тасмими дурбинона ва ҳакимонаи худ соли ҷориро Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карданд, ки бояд дар заминаи он корҳои муҳими вобаста ба тарбияи ҳуқуқӣ анҷом дода шаванд. Дар навбати худ, ҳар яки мо, бахусус, ҳуқуқшиносонро, зарур аст, ки баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии мардум саҳми назаррас дошта бошем. Зеро, вақте маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон баланд мегардад, ҳар нафар метавонад ҳам аз ҳуқуқу озодиҳои худ дифоъ кунад ва ҳам даст ба қонуншиканӣ назанад. 
Мо дар таҷрибаи мурофиаҳои судӣ медонем ва борҳо шоҳид шудем, ки дар бисёр мавридҳо шаҳрвандони алоҳида, аз сабаби надонистани қонун ва паст будани маърифати ҳуқуқӣ даст ба қонуншиканӣ задаанд. Барои ҳамин, мусаллаҳ шудани ҳар як шаҳрванд ба донишҳои ҳуқуқӣ, бидуни шак, ба суди ҷомеа, давлат ва миллати бузурги тоҷик мебошад.
Бо назардошти ин, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад, ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020 – 2030 амалӣ гардида истодааст, ки умедворем ҷараёни татбиқи ин барнома дар Соли маърифати ҳуқуқӣ вусъат гирифта, дар самти таълиму тарбияи ҳуқуқӣ натиҷаҳои назаррас ба даст хоҳанд омад. 

Ғозибек САФАРЗОДА, раиси суди ноҳияи Тоҷикобод 

Санаи нашр: 08.04.2024 №: 64
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив