ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КОРРУПСИЯ.  БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ГУРӮҲИ КОРӢ ОИД БА ТАҲЛИЛИ ХАВФҲО

КОРРУПСИЯ.  БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ГУРӮҲИ КОРӢ ОИД БА ТАҲЛИЛИ ХАВФҲО

25 апрел 2024, Панҷшанбе
16
0
Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо иштироки муовини раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода, намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи раиси шаҳр ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баргузор гардид.
 
Дар оғози ҷаласа муовини раиси шаҳри Душанбе зикр намуд, ки дар асоси қарори раиси шаҳр аз 18-уми ноябри соли 2022 оид ба амалӣ намудани тадбирҳо дар самти пешигирӣ аз ҳолатҳои коррупсионӣ бо ҷалби роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душнабе гурӯҳи корӣ оид ба таҳлили хавфҳои коррупсионӣ таъсис дода шудааст ва ҳамасола бо иштироки васеи аъзои гурӯҳи корӣ ҷаласа доир мегардад.
Дар идома масъулини раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе низ маъруза намуданд. Зикр шуд, ки солҳои охир дар кишвар масоили коррупсия ҳамчун як зуҳуроти номатлуб, ҷомеаи имрӯза, бахусус аъзои солим ва қувваҳои пешқадами онро ба ташвиш овардааст. Дар асоси амалияи мақомоти идоракунии давлатӣ, таҳлили фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тадқиқотҳои илмӣ дарҳол ба як низоми мониторинг, яъне таҳлили донишҳо ва таҷрибаи муборизаи шадид бо коррупсия ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ табдил ёфтаст.
Дар мамлакат ин раванд бо назардошти дар кишварҳои пешқадами ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки тараққиёти иқтисодӣ ва рушди иҷтимоии худро бо ташаккули низоми устувори мукаммали муқовимат бо коррупсия вобаста менамоянд, ҳамчун раванди илмӣ қабул шудааст ва дар баробари сиёсати ҳуқуқии пешгирифтаи давлат оид ба муқовимат бар зидди коррупсия, дар ин самт тадқиқотҳо гузаронда шудаанд ва ин раванд идома дорад. Ҳамзамон қайд шуд, ки ошкор намудани сабаб ва шароити ба содир намудани ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда, ошкорсозии соҳаҳо ва ташкилотҳои ба содир намудани ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ моилбуда, пешгирии ҷиноятҳо вa дигар ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, ҳимояи манфиатҳои иқтисодию иҷтимоии давлат бо роҳи ташкили маҷмуи чораҳои пешгирисозандаи коррупсия, андешидани чораҳои зарурӣ барои рафъ ва бартарафсозии равандҳои ҷинояткорӣ вобаста ба коррупсия, гузарондани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) бо мақсади муайян намудани соҳаҳо ба хавфи коррупсия бештар гирифторбуда, яке аз самтҳои афзалиятноки мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия маҳсуб меёбад.
 
Л. ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 25.04.2025 №: 76-77
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив