ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Омодагӣ ба нишасти сарварони СҲШ  

Омодагӣ ба нишасти сарварони СҲШ  

29 апрел 2024, Душанбе
12
0
26-уми апрел дар шаҳри Пекин, дар котиботи СҲШ ҷаласаи ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои Созмон баргузор гашт», – хабар медиҳад АМИТ «Ховар». 
Масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаҳои дарпешистодаи Шурои сарварони давлатҳои аъзои Созмон ва Шурои вазирони корҳои хориҷӣ дар Остона, инчунин, лоиҳаҳои санадҳои марбут ба ҳамкории бисёрҷониба дар бахшҳои сиёсӣ-дипломатӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ шуданд.
 
 
Муаррифии лоиҳаи «Таҳкими идоракунии молияи давлатӣ ва шаффофияти буҷетӣ дар Тоҷикистон» 
27-уми апрел вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода бо сардори шуъбаи Осиёи Марказӣ ва Шимолии Агентии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ва рушд Тиерри Умбер вохӯрд.
Аз Вазорати молия ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, ки лоиҳаи мазкур аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ амалӣ ва аз тарафи Котиботи давлатии Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ (SECO) маблағгузорӣ гардида, барои ислоҳоти дар доираи Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 пешбинишуда, равона гардидааст.
 
 
Ҳузури намояндаи Тоҷикистон дар Форуми маблағгузории соҳаи рушд 
Мушовири Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ Ҳотам Қурбонзода дар Форуми маблағгузории соҳаи рушд (FfD), ки 22–25-уми апрели соли ҷорӣ дар қароргоҳи Созмон баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. 
Намояндагӣ хабар медиҳад, ки намояндаи мамлакати мо оид ба иқдоми Тоҷикистон дар раванди татбиқи Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор иттилоъ дода, аҳамияти таҳкими ҳамкории Созмонро барои дастгирии давлатҳои аъзо дар амалисозии Рӯзнома ва маблағгузории Ҳадафҳои рушди устувори он муҳим арзёбӣ кард.
 
 
Машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Россия 
Дар шаҳри Москва машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баргузор гардиданд.  
Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад, ки зимни машваратҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар самтҳо мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд.
 
 
 
Вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон 
Дар асоси мувофиқаи бадастомада, аз 21 то 27-уми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Бодканд вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гашт.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки дар доираи вохӯрӣ ҷонибҳо дар мавриди тавсифи гузариши хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда табодули назар намуда, тасмим гирифтанд то корҳоро дар вохӯрии навбатӣ, ки дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор мегардад, идома диҳанд.
 
 
Ҳамоиши роҳбарони мақомоти гумруки ИДМ дар Тошкент 
Сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода дар  ҷаласаи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои аъзои ИДМ, ки 25-26-уми апрел дар Тошкент баргузор гашт, иштирок намуд.
Аз Хадамоти гумрук ба мо иттилоъ доданд, ки роҳбарони мақомоти гумруки ИДМ дар Кумитаи гумруки Ӯзбекистон бо фаъолияти Маркази барасмиятдарории гумрукӣ ва Озмоишгоҳи марказии гумрукӣ шинос шуданд.
 
 
Иҷлосияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои давлатҳои Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором 
Дар шаҳри Бангкоки Шоҳигарии Тайиланд иҷлосияи 80-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои давлатҳои Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором (ЭСКАТО)  баргузор шуд.
Дар кори он намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди ЭСКАТО Ардашер Қодирӣ иштирок намуд. Намояндаи Тоҷикистон дар мавзуъҳои истифодаи рушди рақамӣ барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором ва масоили кишварҳои камтараққӣ, кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур ба хушкӣ ва кишварҳои ҷазиравии рӯ ба тараққӣ сухан гуфт.
Санаи нашр: 29.04.2024 №: 79
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив