ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФУТЗАЛ

ФУТЗАЛ

29 апрел 2024, Душанбе
5
0


100000 доллар мукофоти президенти ФФТ ба тими миллии футзал
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба дастоварди тими миллии футзали Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2024, ки 17-28-уми апрел дар Бангкок (Тайланд) доир гашт, баҳои баланд дод.
Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар мусобиқа ба ҷойи чор баромад ва нахустин бор дар таърихи мавҷудияташ ба Чемпионати ҷаҳон, ки аз 14-уми сентябр то 6-уми октябр дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, роҳхат гирифт. Барои ин дастовард президенти ФФТ ба тими миллии футзали кишвар 100 ҳазор доллари ИМА мукофотпулӣ ҷудо кард.
Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2024 шаш бозӣ анҷом дода, дар марҳалаи гурӯҳӣ бар тими Корея (2:0) пирӯз шуд, бо дастаҳои Қирғизистон (2:2) ва Ҷопон (1:1) мусовӣ кард. Дар чорякфинал дастаи Тоҷикистон бар тими миллии Афғонистон (2:1) ғолиб омад. Футболбозони мо дар даври нимфинал аз мизбони мусобиқа – дастаи Тайланд (вақти асосӣ – 3:3) дар силсилазарбаҳои пеналтӣ бо ҳисоби 5:6 ва дар бозӣ барои ҷойи сеюм аз тими миллии Ӯзбекистон (вақти асосӣ – 5:5) дар силсилазарбаҳои пеналтӣ бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд.
Дар финал Эрон бар Тайланд пирӯз гардида, унвони чемпиони Осиёро сазовор гашт.


ТАРҒИБИ ВАРЗИШ
Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ доир гашт
25-уми апрел, бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва 100-солагии пойтахи Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, таҳти унвони “Намудҳои миллии варзиш – рукни асосии фарҳанги миллӣ” Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор шуд.
Фестивал бо мақсади эҳё ва рушди бозиҳои миллии варзишӣ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таъриху анъанаҳои миллӣ, таҳкими тарзи ҳаёти солим, ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва пешгирии омилҳои номатлуб байни насли наврас сурат гирифта, дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулаҳмадзода, кормандону масъулони вазорату идораҳо, ҷавонони фаъолу варзишгарони муваффақ, роҳбарону намояндагони корпусҳои дипломатӣ ширкат варзиданд.
Дар чорабинӣ зиёда аз 50 намуди бозиҳои миллии варзишӣ бо тарзу усули маҳаллӣ намоиш дода шуд.


БОКС
Давлат Болтаев дар бокси касбӣ бе мағлубият ба пеш меравад
Узви дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон Давлат Болтаев муҳорибаи панҷумашро дар бокси касбӣ анҷом дод. Ӯ дар мусобиқаи “Шоми бокс” дар Алмаато бо муштзани қазоқ Сагиндик Тогамбай вохӯрд.
Зӯрозмоӣ 6 раунд ҷараён гирифта, бо пирӯзии ғолиби Бозиҳои Осиё-2023 Давлат Болтаев анҷом ёфт.     
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 29.04.2024 №: 79
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив