ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «СОМОН ЭЙР» АЗ АУДИТИ НАВБАТИИ IOSA ГУЗАШТ

«СОМОН ЭЙР» АЗ АУДИТИ НАВБАТИИ IOSA ГУЗАШТ

11 апрел 2024, Панҷшанбе
16
0


Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» шаҳодатномаи гузариши муваффақонаи аудити навбатии IOSA (аудити бехатарии амалиётии Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ - IATA)-ро дастрас намуд. Замони корбарии шаҳодатнома то 20-уми марти соли 2026 муқаррар шудааст. Гузариш аз аудити IOSA ба Ширкат мақоми интиқолдиҳандаи байналмилалии бехатарро медиҳад. Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) санҷиши бехатарии амалиётии IOSA-ро аз соли 2003 оғоз намудааст.
 Имрӯз IOSA стандарти ҷаҳонии соҳавии аудити бехатарии амалиётии ҳавопаймоҳо мебошад, ки барои арзёбии низоми идоракунии бехатарӣ, кафолати сифат ва идоракунии равандҳои истеҳсолии ширкати ҳавопаймоӣ пешбинӣ гардидааст. Гузариш аз санҷиши мазкур далели омодагӣ ва ҷаҳди Ширкат барои такмили пайвастаи равандҳои бехатарии парвозҳо мебошад.
Мутобиқат ба талаботи ин аудит барои ҳар як ширкати ҳавопаймоӣ дастоварди бузурги касбӣ, эътирофи ҷаҳонӣ ва эътимод аст. Ширкатҳои ҳавопаймоии узви IATA бояд ҳар ду сол мувофиқати худро ба стандартҳои баланди авиатсияи гражданӣ исбот кунанд, зеро ин талаботи ҳатмӣ барои узвият дар ассотсиатсия мебошад.


ХАТСАЙРИ НАВИ ПАРВОЗ БА КОРЕЯ
 Ҳайати роҳбарияти Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донг Сок ва муовини роҳбари ҳайати Сафорат Ким Ҷуншик мулоқот намуданд. Мавзуи музокирот имкониятҳои иҷрои хатсайри мустақим дар масири Душанбе - Сеул - Душанбе буд. Ҷонибҳо зикр карданд, ки ифтитоҳи хатсайри мустақим, бешубҳа, равобити ду кишварро дар соҳаҳои мухталиф таҳким мебахшад.
 Директори генералии Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Абдулқосим Валиев изҳор дошт: «Мо ҳамчун интиқолдиҳандаи ҳавоии Тоҷикистон омодаем барои кушодани ин хатсайр тамоми кӯшишҳоро ба харҷ диҳем». Зимнан, зикр гардид, ки ҷонибҳо омодаанд механизмҳои гуногуни роҳандозии парвозҳоро байни Душанбе ва Сеул баррасӣ намоянд.
Айни замон Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Федератсияи Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон бомуваффақият анҷом медиҳад. Парки Ширкат аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 иборат мебошад.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 11.04.2024 №: 66-67
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив