ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЗАБОН ДОНӢ - ҶАҲОН ДОНӢ

ЗАБОН ДОНӢ - ҶАҲОН ДОНӢ

07 август 2024, Чоршанбе
20
0
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар бо таассуф изҳор доштанд, ки  аксари олимонамон ғайр аз забони русӣ забонҳои дигари илми муосири ҷаҳонро намедонанд ва аз дастовардҳои навтарини олимони дунё сари вақт огоҳ намешаванд. Сарвари давлат бо зикри ин матлаб таъкид доштанд, ки дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ донистани забонҳои асосии илми муосир яке аз шартҳои ба сатҳи байналмилалӣ баровардани натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ ва дастрасӣ ба дастовардҳои илмии кишварҳои пешрафта маҳсуб мешавад.
Дарвоқеъ, имрӯз донистани забонҳои хориҷӣ, алалхусус, барои олимону равшанфикрон беш аз пеш зарур аст. Зеро забондонии онҳо, барои пайдо намудани сарчашмаҳои илмӣ бо забони асл ва бохабар шудан аз навгониҳои илми муосир мусоидат мекунад. Ин дар ҳолест, ки забондонӣ аз давраҳои пеш то ба имрӯз воситаи асосии омӯхтани илм, муомилот ва муошират байни одамон, мубодилаи захираҳои маънавӣ ва омили асосии пешрафти тамаддунҳо ба шумор мерафт. Инчунин, донистани забони хориҷӣ огоҳ будан аз таърих, фарҳанг, тамаддун ва воқеияти ҳаёти халқу миллатҳои дигар кишварҳо аст. 
Дар шароити кунунӣ барои муаррифӣ кардани Тоҷикистони азиз дар баробари донистани забони тоҷикӣ, мебояд ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ аҳамияти хоса дода шавад. Зеро забондонӣ ба даст овардани калиди ганҷинаи маърифат буда, дар ҳолати донистани забони русӣ ё англисӣ кас метавонад озодона дар муошират бошад.
Яке аз бузургтарин файласуфон ва равшанфикрони асри XVIII Фаронса Волтер дар мавриди донистани забонҳои хориҷӣ баён намуда буд: “Донистани забонҳои зиёд маънои доштани калидҳои зиёди як қуфлро дорад”. Ба андешаи Волтер, донистани забон, барои касе, ки дар пайроҳаи илм гом бардоштааст, метавонад роҳашро рӯшантар гардонад.  
Маврид ба зикри хос аст, ки донистани забонҳои хориҷӣ ба мутахассис имкониятҳои зиёд медиҳад. Дар раъси имкониятҳо ҳамгироии фаъолият бо низом ва анъанаҳои дигар кишварҳо, имконияти фаъолият дар шароити бисёрфарҳангӣ, имконияти пешбурди тиҷорат ва муносибат бо шарикони хориҷӣ, малакаи баргузории гуфтушунид, имконияти миёнаравӣ ва миёнҷигарӣ дар ҳалли масъалаҳои баҳсбарангез ё корӣ, фаъолият дар ташкилотҳои хориҷӣ, имконияти ҷалби сармояи хориҷӣ, муваффақона муаррифӣ намудани тарҳҳои илмию кашфиётӣ қарор доранд.
Ба андешаи Мухтори Меҳроҷ, муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети журналистикаи ДМТ, ҳангоми баргузории конфронсҳои байналмилалӣ, симпозиумҳо ва ҷаласаҳо, иштирокчиён ба мушкилоти забонӣ рӯ ба рӯ мешаванд, ки дар чунин мавридҳо забони англисӣ нақши асосӣ мебозад. Зеро забони англисӣ забони гуфтугӯи байни миллатҳо эътироф шудааст. Бояд зикр намуд, ки барои 600 миллион одам забони англисӣ забони модарӣ ва ё забони дуюм ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, якуним миллиард, яъне 30 дарсади аҳолии ҷаҳон бо забони англисӣ гап мезананд. Бештар аз 75 дарсади мактубҳои дипломатӣ (мактуб, почтаҳои электронӣ) ва беш аз 90 фоизи хабарҳо дар сомонаҳои интернетӣ бо забони англисӣ навишта мешаванд.   
– Эродҳое, ки Пешвои миллат зимни мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар дар  масъалаи забондонии кормандони илм ироа намуданд, санҷидашудаанд. Зеро вазъияти имрӯзаи илмӣ дар кишвар тақозо дорад, ки кормандони соҳаи илм, бояд як ва ё ду забони байналмилалиро донанд, – иброз дошт Мухтори Меҳроҷ.    
Хушбахтона, дар мактабҳои миёнаву муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳҳои олии Тоҷикистон барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, то насли наврас сатҳи забондонии хешро боз ҳам беҳтару хубтар намоянд. Илова бар ин, барои баланд бардоштани сатҳи забондонии ҷавонон, омода намудани кадрҳои болаёқати забондон ва ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар аксар мақомоту идораҳои кишвар чораҳои зарурӣ андешида шуд. Аз ҷумла, барои баланд бардоштани сатҳи забондонии кормандони ниҳодҳои давлатӣ курсҳои омӯзиши забонҳои русиву англисӣ роҳандозӣ гардид, ки кормандони рӯзномаи “Ҷумҳурият” низ аз чунин имконият истифода карданд.
Бо  дарки аҳамияти ин мавзуъ, Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки илму дониш омӯзед ва забонҳои хориҷиро аз худ кунед. Тавре Пешвои миллат дар суханрониашон бо аҳли илм ишора намуданд, рушди бемайлони ҷаҳон дар шароити ҷаҳонишавӣ моро водор месозад, ки забонҳои хориҷиро аз бар намоем ва аз дастовардҳои нави илмӣ баҳраманд гардем. Пас, моро зарур аст, ки дастуру ҳидоят ва роҳнамоиҳои Роҳбари давлатамонро сармашқи кору зиндагии худ созем, то дар рушду пешрафти Ватани азизамон – Тоҷикистон саҳм гузорем.  
 
Шодмон АБДУРАҲИМ, 
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 07.08.2024 №: 150
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив