ҶУМҲУРИЯТ » ҲУҶҶАТҲО » ҚОНУНИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚОНУНИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

24 июн 2024, Душанбе
258
0
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ РАМЗҲОИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12 майи соли 2007 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, № 5, мод. 362; с. 2009, № 9-10,      мод. 551; с. 2011, № 3, мод. 162, № 6, мод. 451; с. 2016, № 11, мод. 892) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Муқаддимаи Қонун дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Қонуни мазкур рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар намуда, вазъи ҳуқуқӣ, тасвир ва тартиби истифодаи расмии онҳоро танзим мекунад.».
2. Моддаи 11 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 11. Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ мебошанд. 
2. Ҳифз ва эҳтироми рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла аз ёд донистани Суруди Миллӣ, ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. 
3. Дар ҳама ҳолат ба рамзҳои давлатӣ бояд тавре муносибат намуд, ки нисбат ба онҳо беҳурматӣ зоҳир нагардад.». 
3. Дар қисми 5 моддаи 5 калимаи «гӯронидан» ба калимаҳои «дафн кардан» иваз карда шавад.
4. Дар моддаи 6:
- дар сархати дуюм калимаи «асъори» ба калимаи «пули» иваз карда шавад;
- сархати шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
 «- дар либосҳо ва дигар лавозимоти варзишӣ ҳангоми иштирок намудан дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии варзишӣ;»; 
5. Дар қисми 1 моддаи 8: 
- дар сархати ҳаштум калимаи «асъори» ба калимаи «пули» иваз карда шавад;
- сархати даҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- дар либосҳо ва дигар лавозимоти варзишӣ ҳангоми иштирок намудан дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии варзишӣ;». 
6. Дар қисми 1 моддаи 10:
- аз сархати дуюм калимаи «иди» хориҷ карда шавад;
- сархати шашум хориҷ карда шавад;
- дар сархати нуҳум калимаи «мактабҳои» ба калимаи «муассисаҳои» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ РАҲМОН 
ш. Душанбе, 20 июни соли 2024, № 2079
 
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:    
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон             Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 19 июни соли 2024, № 519
 
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад. 
 
Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                 М. ЗОКИРЗОДА 
ш. Душанбе, 17 апрели соли 2024, № 1272
 
 
 
 
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИР БА  ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
«ДАР БОРАИ ТАЪРИХИ ҚАРЗ (КРЕДИТ)»
Моддаи 1. Дар сархати якуми қисми 1 моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз (кредит)» аз 26 марти соли 2009 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, № 3, мод. 85; с. 2018, № 1, мод. 31) калимаҳои «иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба калимаҳои «низоми иҷозатдиҳӣ» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 20 июни соли 2024, № 2076
 
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз (кредит)»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз (кредит)» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
 Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон           Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 19 июни соли 2024, № 516
 
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 
«Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз (кредит)»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси   намояндагони Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз (кредит)» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 24 апрели соли 2024, № 1291
 
 
 
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, № 12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, № 5, мод. 321, № 9-10, мод. 543; с. 2010, № 1, мод. 2, мод. 5, № 3, мод. 153, № 7, мод. 547, № 12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, № 6, мод. 430, мод. 431, № 7-8, мод. 610, №12, мод. 838; с. 2012, № 4, мод. 256, №7, мод. 685, мод. 693, № 8, мод. 814, № 12, қ. 1,  мод. 1004;  с. 2013, № 3, мод. 181, № 7, мод. 508; с. 2014, № 3, мод. 143, мод. 144, № 7, қ. 1, мод. 389, мод. 390; с. 2015, № 3, мод. 201, № 7-9, мод. 707, мод. 708, №11, мод. 955, № 12, қ. 1, мод. 1108; с. 2016, № 3, мод. 130, мод. 131, мод. 132, № 5, мод. 359, мод. 361, № 7, мод. 613, мод. 614, № 11, мод. 877; с. 2017,  № 1-2, мод. 5, мод. 6, № 5, қ. 1, мод. 275, № 7-9, мод. 568, мод. 585; с. 2018, № 1, мод. 9, № 5, мод. 268, мод. 269; с. 2019, №1, мод. 8, №6, мод. 312, мод. 313, № 7, мод. 464; с. 2020, № 1,   мод. 6, № 7-9, мод. 604, мод. 606, мод. 621, № 12, мод. 900, мод. 901; с. 2021, № 6, мод. 384, мод. 385, № 12, қ. 2, мод. 686, мод. 687, мод. 688, мод. 689; с. 2022, № 1-3, мод. 12, № 7, мод. 443, № 12, қ. 2, мод. 768; с. 2023, № 4-6, мод. 155, № 11, мод. 459; қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи  соли 2024, № 2018, № 2019), тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Қисми 3 моддаи 463 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«3. Барои истифодаи маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотин дар ҷойҳое, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» манъ кардааст, -
ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».
2. Моддаи 4631 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: 
«Моддаи 4631. Муомилоти маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотин бо вайрон намудани талаботи муқарраргардида 
1. Барои фурӯши маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотин бо истифодаи воситаҳои худкор, дастӣ ва дар ҷойҳое, ки барои савдо пешбинӣ нашудаанд, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то ҳафт, ба соҳибкорони инфиродӣ аз панҷоҳ то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
2. Барои фурӯши чаканаи маҳсулоти тамоку ва системаҳои электронии таҳвили никотин дар объекти тиҷоратӣ тариқи берун мондан ва намоиш додани он, -
ба соҳибкорони инфиродӣ аз сад то дусад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. 
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 20 июни соли 2024, № 2052
 
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии  Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии  Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе,  19 июни соли 2024, № 490
 
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 20 марти соли 2024, № 1250
 
 
 
 
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИР БА КОДЕКСИ МУРОФИАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
Моддаи 1. Дар қисми 2 моддаи 961 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 502; с. 2014, №3, мод. 145, №7, қ. 1, мод. 391, №11, мод. 644; с. 2015, №3, мод. 202, №7-9, мод. 709, мод. 710, мод. 711, №11, мод. 956, №12, қ. 1, мод. 1109; с. 2016, №3, мод. 133, №7, мод. 615; с. 2017, №5, қ. 1, мод. 276; с. 2018, №1, мод. 8, №5, мод. 270, мод. 271; с. 2020, №1, мод. 7, №7-9, мод. 601, мод. 605, мод. 622, №12, мод. 902, мод. 903; с. 2021, №1-2, мод. 4, №4, мод. 194, мод. 195, №6, мод. 386, №12, қ. 2, мод. 690; с. 2022, №1-3, мод. 9, мод. 10, мод. 11, №12, қ. 2, мод. 769; с. 2023, №1-3, мод. 3, №4-6, мод. 156; с. 2024, №1-2, мод. 5, мод. 6) калимаҳои «Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 20 июни соли 2024, № 2053
 
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 19 июни соли 2024, № 491
 
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 22 майи соли 2024, № 1328
 
 
 
 
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба қисми 2 моддаи 94 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2016 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2016, №7, мод. 604; с. 2022, №7, мод. 439) сархати дувоздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- ба кормандоне, ки кӯдаки маъюби то синни ҳаждаҳро танҳо тарбия мекунанд - 35 рӯзи тақвимӣ;».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 20 июни соли 2024, № 2054
 
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 19 июни соли 2024, № 492
 
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон              М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 22 майи соли 2024, № 1330
 
 
 
 
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  «ДАР БОРАИ САРҲАДИ ДАВЛАТИИ 
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 1 августи соли 1997 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1997, №15-16, мод. 254, №23-24, мод. 333; с. 2001, №4, мод. 197, мод. 203; с. 2002, №4, қ. 1, мод. 200; с. 2005, №7, мод. 403; с. 2006, №11, мод. 470; с. 2008, №10, мод. 801; с. 2009, №3, мод. 94) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 11 қисми панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҳуқуқ доранд назорати сарҳадиро тавассути «Дарвозаҳои электронӣ» гузаранд. Тартиби гузаштан аз назорати сарҳадӣ тавассути «Дарвозаҳои электронӣ» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.».
2. Дар банди 8) қисми дуюми моддаи 33 аломати нуқтавергул «;» ба аломати нуқта иваз карда шуда, ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Дар сурати убури Сарҳади давлатӣ аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд тавассути «Дарвозаҳои электронӣ» дар ҳуҷҷатҳои онҳо, ки барои убури Сарҳади давлатӣ ҳуқуқ медиҳанд, қайдҳои дахлдор гузошта намешаванд;».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. 
        
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 20 июни соли 2024, № 2055
 
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе,  19 июни соли 2024, № 493
 
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 12 июни соли 2024, № 1359
 
 
 
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20 марти соли 2008 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, № 3, мод. 191; с. 2011, №6, мод. 453; с. 2012, №4, мод. 261; с. 2014, №7, қ. 1, мод. 398; с. 2016, №3, мод. 134; с. 2017, №5, қ. 1, мод. 281) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаҳои 6, 7, 9, 10, 17, 18, 24, 27, 28, 29, 30, 324, 325, 327 ва 33 калимаҳои «шурӯъ», «ӯҳдадориҳои», «ӯҳдадор», «ӯҳдадоранд», «ӯҳдадориҳо», «Мӯҳлати», «мӯҳлати», «мӯҳлат», «маҷмӯъ», «Маърӯзаи», «маърӯза», «Маърӯзаҳои», «маърӯзаҳои» ва «мӯҳру» мувофиқан ба калимаҳои «шуруъ», «уҳдадориҳои», «уҳдадор», «уҳдадоранд», «уҳдадориҳо», «Муҳлати», «муҳлати», «муҳлат», «маҷмуъ», «Маърузаи», «маъруза», «Маърузаҳои», «маърузаҳои» ва «муҳру» иваз карда шаванд.
2. Дар қисми 1 моддаи 11:
- банди в) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«в) таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз;»;
- бандҳои в), г), д), е) ва ё) мувофиқан бандҳои г), д), е), ё) ва ж) ҳисобида шаванд.
3. Ба моддаи 12 қисми 6 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«6. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз дигар ваколатҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, анҷом медиҳад.».
4. Дар моддаи 17:
- дар номи модда калимаи «шикоят» ба калимаҳои «аризаву шикоятҳо» иваз карда шавад;
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аризаву шикоятҳоро оид ба баҳсҳои байни шахсони воқеӣ (муроҷиаткунандагон), ба истиснои баҳсҳо оид ба ҳолатҳои табъиз, баррасӣ наменамояд.».
5. Моддаи 171 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 171 . Фаъолият оид ба медиатсия (миёнҷигарӣ)
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мақсади таъмини баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз фаъолияти медиатсия (миёнҷигарӣ)-ро оид ба баҳсҳои табъиз бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.».
6. Дар моддаи 22:
- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«2. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон экспертизаи зиддитабъизии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳоро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад ва хулосаи худро доир ба мутобиқатии онҳо ба қонунгузорӣ дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз пешниҳод менамояд.»;
- қисми 2 қисми 3 ҳисобида шавад.
7. Дар моддаи 25: 
- дар номи модда калимаи «Маърӯзаи» ба калимаи «Маърузаҳои» иваз карда шавад;
- дар қисми 1 пас аз калимаи «шаҳрванд» калимаҳои «, инчунин дар бораи вазъи риояи ҳуқуқ ба баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» илова карда шуда, калимаи «маърӯзаҳои» ба калимаи «маърузаҳои» иваз карда шавад;
- дар қисми 2 калимаи «маърӯзаи» ба калимаи «маърузаҳои» иваз карда шавад.  
8. Дар моддаи 26:
- дар номи модда калимаҳои «Интишори маърӯзаҳои» ба калимаҳои «Нашри маърузаҳои» иваз карда шаванд;
- дар қисми 1 калимаи «Маърӯзаи» ба калимаи «Маърузаҳои» иваз карда шавад;   
- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Маърузаҳои махсус бо қарори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон нашр мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 20 июни соли 2024, № 2057
 
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 19 июни соли 2024, № 495
 
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон              М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 22 майи соли 2024, № 1326
 
 
 
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
«ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» аз 22 июни соли 2023 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2023, №4-6, мод. 152, №12, мод. 577) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 13:
- дар қисми 1 калимаҳои «хироҷ ситонида» ба калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ хироҷ пардохт карда» иваз карда шаванд;
- дар қисми 3 калимаи «ситонида» ба калимаҳои «пардохт карда» иваз карда шавад.
2. Дар қисми 4 моддаи 25 ва қисми 4 моддаи 26 калимаи «ситонида» ба калимаҳои «пардохт карда» иваз карда шавад.
3. Дар қисми 5 моддаи 31 калимаҳои «пардохт ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи» ба калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ пардохт ва маълумот доир ба» иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 33:
- дар қисми 6 калимаҳои «ҳуҷҷате, ки пардохти хироҷро барои азнавбақайдгирии ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ тасдиқ мекунад» ба калимаҳои «маълумот доир ба тариқи ғайринақдӣ пардохт гардидани хироҷ барои азнавбарасмиятдарории ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисми 7 калимаи «ситонида» ба калимаҳои «пардохт карда» иваз карда шавад.
5. Дар моддаи 34:
- дар қисми 2 калимаҳои «ҳуҷҷати тасдиқкунандаи аз ҷониби аризадиҳанда пардохти» ба калимаҳои «маълумот доир ба тариқи ғайринақдӣ пардохт гардидани» иваз карда шаванд;
- дар қисми 4 калимаи «ситонида» ба калимаҳои «пардохт карда» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 20 июни соли 2024, № 2056
 
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе,  19 июни соли 2024, № 494
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон              М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 20 марти соли 2024, № 1248
 
 
 
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МУҲОФИЗАТ ВА ИСТИФОДАИ ОЛАМИ НАБОТОТ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот» аз 17 майи соли 2004 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №5, мод. 342; с. 2007, №7, мод. 691; с. 2008, №1 қ. 2, мод. 18) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон навишта шавад.
2. Дар сархати шашуми моддаи 1 калимаҳои «хориҷ намудани объектҳои олами наботот» ба калимаҳои «гирифтани объектҳои олами наботот аз муҳити табиӣ» иваз карда шаванд.
3. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
4. Дар моддаи 3: 
- ба муқаддима пас аз калимаҳои «олами наботот,» калимаи «инчунин» илова карда шавад;
- дар сархати шашум калимаҳои «инкишофи хоҷагии халқ» ба калимаҳои «рушди иқтисодиёт» иваз карда шаванд;
- дар сархати ҳаштум калимаҳои «хоҷагии халқ» ба калимаҳои «фаъолияти хоҷагидорӣ» иваз карда шаванд.
5. Дар сархати якуми моддаи 7 калимаи «ҷумҳуриявӣ» ба калимаи «давлатӣ» иваз карда шавад.
6. Сархати шашуми моддаи 8 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- пешниҳоди таклиф оид ба ворид намудани объектҳои олами наботот ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон;».
7. Дар моддаи 10:
- дар сархати дувоздаҳуми қисми якум калимаҳои «(консерватсия) хобонидани» ба калимаҳои «боздоштани (консерватсия кардани)» иваз карда шаванд;
- дар қисми чорум калимаи «ҷумҳуриявӣ» ба калимаи «давлатӣ» иваз карда шавад. 
8. Дар моддаи 11:
- дар қисми дуюм калимаҳои «хатти сайри туристӣ» ба калимаҳои «хатсайрҳои сайёҳӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисми нуҳум калимаҳои «омилҳои сабзиши онҳо, нуриҳои минералӣ ва дигар доруҳо, ки дар хоҷагии халқ» ба калимаҳои «ва ангезандаҳои сабзиши онҳо, нуриҳои минералӣ, дигар воситаҳои кимиёвӣ ва биологӣ, ки дар пешбурди фаъолияти хоҷагидорӣ» иваз ва калимаҳои «ва дигар доруҳо» хориҷ карда шаванд;
- дар қисми даҳум калимаҳои «доруҳои нав» ба калимаҳои «воситаҳои нави кимиёвӣ ва биологӣ» иваз карда шаванд.
9. Дар қисми сеюми моддаи 12 калимаҳои «бояд чораҳо андешида шаванд» ба калимаҳои «чораҳои дахлдор андешида мешаванд» иваз карда шаванд.
10. Дар моддаи 13:
- дар сархати дуюм калимаҳои «занбӯрпарварӣ ва кирмакпарварӣ» ба калимаҳои «занбӯриасалпарварӣ ва пиллапарварӣ» иваз карда шаванд;
- дар сархати ҳафтум калимаи «туристӣ» ба калимаи «сайёҳӣ» иваз карда шавад.
11. Дар моддаи 14:
- дар қисми сеюм калимаҳои «хориҷ кардани» ба калимаи «гирифтани» иваз карда шаванд;
- дар қисми панҷум калимаҳои «гирифтани иҷозатнома (литсензия)» ба калимаҳои «иҷозатнома ва ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ» иваз карда шаванд;
- қисми шашум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Иҷозатномадиҳӣ ва додани иҷозат барои истифодаи объектҳои олами наботот тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» амалӣ карда мешавад.».
12. Дар моддаи 15:
- дар номи модда калимаи «занбӯрпарварӣ» ба калимаи «занбӯриасалпарварӣ» иваз карда шавад;
- қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Объектҳои олами наботот барои эҳтиёҷоти чорводорӣ, пиллапарварӣ, занбӯриасалпарварӣ ва мақсадҳои дигар бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қитъаҳои махсуси барои ин мақсадҳо ҷудогардида ва (ё) дар қитъаҳои ба мақсадҳои дигар таъиншуда метавонанд мавриди истифода қарор дода шаванд.»;
- қисми дуюм хориҷ карда шавад.
13. Қисми дуюми моддаи 16 хориҷ карда шавад.
14. Дар ном ва матни қисмҳои якум ва дуюми моддаи 17 калимаҳои «туризм» ва «туристӣ» ба калимаи «сайёҳӣ» иваз карда шаванд.
15. Дар моддаи 21:
- ба номи модда пас аз калимаи «нигоҳдории» калимаи «объектҳои» илова карда шавад;
- дар сархати якум калимаҳои «наботот дар ҳар маврид мувофиқи» ба калимаҳои «объектҳои олами наботот дар ҳар маврид бо назардошти» иваз карда шаванд;
- сархати дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад: 
«- объектҳои олами наботот, ки дар натиҷаи истифодаи нодуруст ё таъсири офатҳои табиӣ осеб дидаанд ва маҳсулнокиашон паст шудааст, тавассути реҷаи муносиби истифодабарӣ ва нигоҳубин барқарор карда мешаванд.».
16. Қисми якуми моддаи 22 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Бо мақсади нигоҳдорӣ ва барқароркунии объектҳои олами наботот истифодаи намудҳои алоҳидаи онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад маҳдуд ё муваққатан боздошта шавад.».
17. Дар моддаи 23:
- дар қисми якум:
- аз сархати дуюм калимаҳои «ё як қисми он» хориҷ карда шаванд;
- сархати ҳаштум хориҷ карда шавад;
- дар сархати нуҳум калимаҳои «ангезаҳои инкишофи онҳо, нуриҳои маъданӣ ва доруҳои дигар» ба калимаҳои «ангезандаҳои сабзиши онҳо, нуриҳои минералӣ ва воситаҳои дигари кимиёвӣ ва биологӣ» иваз карда шаванд;
- қисми дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Ҳуқуқи истифодаи объектҳои олами наботот бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда мешавад.».
18. Моддаҳои 24 ва 25 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«Моддаи 24. Ҳавасмандгардонии иқтисодии истифодабарандагони объектҳои олами наботот 
Ҳавасмандгардонии иқтисодии истифодабарандагони объектҳои олами наботот бо мақсади гузарондани чорабиниҳои иловагӣ оид ба муҳофизат, истифодаи оқилона ва барқароркунии объектҳои мазкур ба роҳ монда мешавад.
Ҳавасмандгардонии иқтисодии истифодабарандагони объектҳои олами наботот аз ҳисоби манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.
Моддаи 25. Карантини молҳои аз растаниҳо ҳосилшуда 
Тавассути сарҳади давлатӣ воридот, содирот ва интиқол додани молҳои аз растаниҳо ҳосилшуда, ки таҳти реҷаи карантинӣ қарор доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо» амалӣ карда мешавад.».
19. Дар моддаи 28:
- дар қисми якум калимаҳои «арзиш дар хоҷагии халқ» ба калимаҳои «арзишмандӣ барои фаъолияти хоҷагидорӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисми чорум калимаҳои «мақомоти заминсозӣ ва ташкилотҳои илмии давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ки ашёи хоми худрӯйро тайёр» ба калимаҳои «муассисаҳои давлатии илмӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки ашёи хоми худрӯйи набототро ҷамъоварӣ» иваз карда шаванд.
20. Дар ном ва матни моддаи 31 калимаҳои «вайрон кардани» ба калимаҳои «риоя накардани» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти  
Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 20 июни соли 2024, № 2058
 
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                      Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе,  19 июни соли 2024, № 496
 
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 20 марти соли 2024, № 1242
 
 
 
 
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИР БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
«ДАР БОРАИ ЧАРОГОҲ»
Моддаи 1. Дар қисми 7 моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» аз 20 июни соли 2019 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2019, №6, мод. 320; с. 2021, №6, мод. 391; с. 2022, №7, мод. 445) калимаи «дохил» ба калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ тавассути ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва инфрасохтори дигари қабули пардохтҳои ғайринақдӣ пардохт» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. 
 
Президенти  
Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 20 июни соли 2024, № 2059
 
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон          Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе,  19 июни соли 2024, № 497
 
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 20 марти соли 2024, № 1244
 
 
 
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ КАРАНТИН ВА МУҲОФИЗАТИ РАСТАНИҲО»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо» аз 2 январи соли 2019 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2019, №1, мод. 14) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- ба сархатҳои дувоздаҳум ва сию чорум баъди калимаи «ҳуҷҷати» калимаи «якдафъаинаи» илова карда шавад;
- сархати сию панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- сертификати карантинӣ – ҳуҷҷати расмии якдафъаинае мебошад, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ барои интиқоли маводи таҳти карантин қарордошта дар ҳудуди ҷумҳурӣ дода шуда, мутобиқати маводи мазкурро ба қоида ва меъёрҳои таъмини карантини растанӣ тасдиқ мекунад;».
2. Дар сархати шашуми қисми 2 моддаи 6 калимаҳои «пардохтҳои ҳатмиро» ба калимаи «пардохтҳоро» иваз карда шаванд.
3. Дар сархати чоруми моддаи 7 калимаҳои «номгӯйи организмҳои зараррасони карантинӣ» ба калимаҳои «номгӯйи маводи таҳти карантин қарордошта, номгӯйи организмҳои зараррасони карантинии маҳдуд паҳнгашта» иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 8:
- дар сархати панҷум калимаҳои «организмҳои зараррасони карантинӣ» ба калимаҳои «номгӯйи организмҳои зараррасони карантинии маҳдуд паҳнгашта» иваз карда шаванд; 
- сархати ҳаштум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:  
«-амалӣ намудани сертификатсияи маводи таҳти карантин қарордошта, додани сертификати карантинӣ ва сертификати фитосанитарӣ барои интиқоли маҳсулоти растанӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироти он ба хориҷа;»;
- сархати нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- додани иҷозати воридоти карантинӣ барои ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани маводи таҳти карантин қарордошта;»;
- сархатҳои шонздаҳум ва ҳабдаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- татбиқи ҷазои маъмурӣ нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани қоидаҳои таъмини карантини растанӣ;
- расондани хизмати музднок ба тарафҳои манфиатдор ҳангоми таҳлили лабораторӣ, азназаргузаронӣ, ташхиси маводи таҳти карантин қарордошта, сертификатсияи фитосанитарию карантинӣ, фумигатсия ва чорабиниҳои дигари таъмини карантини растанӣ ва истифодаи минбаъдаи ин маблағҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;».
5. Дар қисмҳои 1 ва 3 моддаи 15 калимаҳои «нозирони назорати давлатии карантинию фитосанитарӣ» ба калимаҳои «шахсони мансабдор, ки назорати давлатии карантинию фитосанитариро амалӣ менамоянд,» иваз карда шаванд.
6. Дар қисми 4 моддаи 32 калимаҳои «нозирони давлатии мақомоти ваколатдори давлатӣ» ва «расмӣ» мувофиқан ба калимаҳои «шахсони мансабдор» ва «хизматӣ» иваз карда шаванд. 
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмии он мавриди амал қарор дода шавад. 
 
Президенти  
Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 20 июни соли 2024, № 2060
 
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон             Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе,  19 июни соли 2024, № 498
 
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 22 майи соли 2024, № 1332
 
 
 
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва идоракунии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро муайян намуда, самтҳои фаъолият ва таъминоти молиявии онро муқаррар менамояд.
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Муносибатҳое, ки бо Қонуни мазкур танзим мешаванд
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» вазъи ҳуқуқӣ ва раванди фаъолияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ҳамчун муассисаи таълимии худмухтор муайян мекунад.  
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
 
БОБИ 2. ВАЗЪИ ҲУҚУҚӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 3. Мақоми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
1. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муассисаи таълимии давлатии таҳсилоти олии касбӣ буда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошад. 
2. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти молия, андоз, омор ва мақомоти ваколатдори давлатии дигар ҳисоботҳои соҳавӣ пешниҳод менамояд.
3. Муассиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Моддаи 4. Худмухтории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
1. Худмухторӣ рукни асосии ташкили раванди таълимию методӣ, илмию таҳқиқотӣ, робитаҳои байналмилалӣ, тарбиявӣ ва муносибатҳои молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Худмухторӣ шакли фаъолияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад, ки масъулияташро дар назди муассис муайян мекунад.
2. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, фаъолияти таълимию методӣ, илмию таҳқиқотӣ, инноватсионӣ, байналмилалӣ, тарбиявӣ, молиявию иқтисодӣ ва фаъолияти дигар мустақил буда, татбиқи онҳоро дар мувофиқа бо муассис амалӣ менамояд.
Моддаи 5. Фаъолияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
1. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд, амалӣ менамояд.
2. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи таълимии худмухтор ҳуқуқи таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани стандартҳои давлатии таҳсилот дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дорад.
3. Барномаҳои таълимӣ аз рӯйи ихтисос (самт) ва нақшаҳои таълимии зинаҳои таҳсилоти амалкунанда аз ҷониби Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
Моддаи 6. Сохтори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
1. Сохтори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз роҳбарият, шурои олимон, раёсатҳо, шуъбаҳо, факултетҳо ва кафедраҳо иборат мебошад.
2. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мувофиқа бо муассис воҳидҳои сохторӣ (пажӯҳишгоҳ, донишкада, академия, коллеҷ, литсей, муассисаи томактабӣ ва дигар) таъсис медиҳад, ки онҳо шахси ҳуқуқӣ буда, мустақилона самти мушаххаси фаъолияти онро амалӣ менамоянд. 
3. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади инкишофи фаъолият ва робитаҳои байналмилалӣ ҳуқуқ дорад бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо муассис дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷ филиалҳо ва намояндагиҳо кушояд.
Моддаи 7. Оинномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
1. Оинномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
2. Оинномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар асоси Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мегардад.
3. Оинномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маълумоти зеринро дар бар мегирад:
- ном, маҳалли ҷойгиршавӣ ва мақоми ҳуқуқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
- мақсад, вазифа ва самтҳои асосии фаъолияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
- ваколатҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; 
- тартиби идоракунии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, сохтори он ва фаъолияти онҳо; 
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабули донишҷӯён, магистрантон, аспирантон, унвонҷӯён, докторантон аз рӯйи ихтисос, докторантон, постдокторантон, коромӯзон ва кормандон ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; 
- ҳуқуқу уҳдадориҳои донишҷӯён, магистрантон, аспирантон, унвонҷӯён, докторантон аз рӯйи ихтисос, докторантон, постдокторантон, коромӯзон ва кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
- ваколатҳо, тартиби ташкил ва муҳлати ваколатҳои мақомоти идоракунии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
-  шакл ва усулҳои фаъолияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
-  тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. 
4. Дар оиннома метавонанд муқаррароти дигари вобаста ба хусусиятҳои фаъолияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пешбинӣ гарданд. 
Моддаи 8. Тартиби таъин ва озод намудани ректор, муовини якум ва муовинони ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
1. Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва озод карда мешавад.
2. Муовини якум ва муовинони ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мувофиқа бо муассис аз ҷониби ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъин ва озод карда мешаванд.
Моддаи 9. Фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва методии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
1. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муассисаи таълимӣ мебошад, ки бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва илмию инноватсионӣ, методӣ, ташкили инфрасохтори таълимию илмӣ ва фаъолияти дигар мутобиқи оинномаи он таъсис дода шудааст. 
2. Фаъолияти таълимию методии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад. 
Моддаи 10. Амалӣ намудани фаъолияти таълимӣ аз ҷониби Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
1. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барномаҳои таълимиро дар зинаҳои бакалавриат, мутахассис, магистратура, аспирантура, унвонҷӯй, докторантура аз рӯйи ихтисос, докторантура, постдокторантура дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
2. Қабули донишҷӯён, магистрантон, аспирантон, унвонҷӯён, докторантон аз рӯйи ихтисос, докторантон ва постдокторантон ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар асоси иҷозатномаи мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба роҳ монда мешавад.
3. Тартиби гузарондани имтиҳонҳои ҷорӣ ва аттестатсияи хатм аз ҷониби Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Раиси комиссияи аттестатсияи хатм бо муассис мувофиқа карда мешавад.
4. Намунаи дипломи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо пешниҳоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. 
Моддаи 11. Фаъолияти байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
1. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳо, фондҳо ва созмонҳои молиявии байналмилалӣ робитаи бевоситаро ба роҳ монад.
2. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳои байналмилалии байнидонишгоҳӣ, иштироки фаъол дар барномаҳои созмонҳои байналмилалии соҳавӣ ва гузарондани чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ тадбирҳои амалӣ меандешад.
3. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои муқарраргардида дар мувофиқа бо муассис ҳуқуқи баргузор намудани озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, ҳамчунин таҳия ва тасдиқи низомномаи озмунҳои мазкурро дорад.
Моддаи 12. Маблағгузорӣ ва молу мулки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
1. Маблағгузории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, маблағҳои махсуси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва маблағҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ба роҳ монда мешавад.
2. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба молу мулки дар истифодааш қарордошта (биною иншоот, маҷмааҳои таълимӣ, таҷҳизот ва ашёи дигари зарурии таълимӣ, инноватсионӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва ғайра) дар доираи муайяннамудаи қонун мутобиқи мақсади фаъолияташ, супоришҳои муассис ё мақомоти ваколатдори он ва таъиноти молу мулк ҳуқуқи соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдориро дорад.
3. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳуқуқ надорад молу мулки ба он вобасташуда ё молу мулки бо харҷнома бадастовардаашро фурӯшад ё онҳоро ба тарзи дигар ихтиёрдорӣ намояд.
 
БОБИ 3. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 13. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 14. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
 Ҷумҳурии Тоҷикистон              Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 20 июни соли 2024, № 2061
 
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе,  19 июни соли 2024, № 501
 
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. ЗОКИРЗОДА 
ш. Душанбе, 12 июни соли 2024, № 1374
 
 
 
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИР БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  «ДАР БОРАИ МАОРИФ»
Моддаи 1. Дар сархати дувоздаҳуми қисми 1 моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 532; с. 2014, №3, мод. 156, №7, қ. 2, мод. 422; с. 2016, №3, мод. 148, №7, мод. 624; с. 2017, №7-9, мод. 581; с.2018, №5, мод. 278; с. 2020, №12, мод. 912;  с. 2021, №12, қ. 2, мод. 706; с. 2022, №7, мод. 447; с. 2023, №11, мод. 468; с. 2024, №1-2, мод. 20, мод. 21; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2024, №2044) рақами «5» ба рақами «3» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. 
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 20 июни соли 2024, № 2062
 
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон           Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе,  19 июни соли 2024, № 503
 
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 22 майи соли 2024, № 1334
 
 
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАОРИФ»
Моддаи 1. Ба моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 532; с. 2014, №3, мод. 156, №7, қ. 2, мод. 422; с. 2016, №3, мод. 148, №7, мод. 624; с. 2017, №7-9, мод. 581; с. 2018, №5, мод. 278; с. 2020, №12, мод. 912; с. 2021, №12, қ. 2, мод. 706;  с. 2022, №7, мод. 447; с. 2023, №11, мод. 468; қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2024, №2035 ва №2036; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2024, №2044) қисми 18 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«18. Дар сохтори муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ дар сурати мавҷуд будани заминаи зарурии моддию техникӣ таълиму тарбияи томактабӣ дар шакли марказ (гурӯҳ)-и инкишофи барвақтии кӯдак бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ ташкил карда мешавад. Низомномаи намунавии марказ (гурӯҳ)-и инкишофи барвақтии кӯдакро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. 
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 20 июни соли 2024, № 2063
 
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон          Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе,  19 июни соли 2024, № 502
 
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон       М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 20 марти соли 2024, № 1246
 
 
 
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО
Моддаи 1. Нишондиҳанда барои ҳисобҳо
1. Нишондиҳанда барои ҳисобҳо маблағи пулие мебошад, ки ҳар сол дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии дахлдор муқаррар гардида, барои ҳисоб кардани андозҳо, боҷҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ, ҷарима ҳамчун ҷазо, ҳисоб кардани ин ё он бузургии арзишӣ (ҳадди ақал ва ё ниҳоӣ), кумакпулиҳо ва иловапулиҳои иҷтимоӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад.
2. Муқаррар намудани нишондиҳанда барои ҳисобҳо, чун қоида, бо назардошти сатҳи таваррум, ки тибқи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи дарпешистодаи банақшагирӣ муқаррар шудааст, сурат мегирад.
Моддаи 2. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо» аз 5 январи соли 2008 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №1, қ. 2, мод. 15; с. 2012, № 8, мод. 825) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 3. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 20 июни соли 2024, № 2065
 
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон           Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе,  19 июни соли 2024, № 505
 
Қарори Маҷлиси  намояндагони  
Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо» қабул карда шавад.
2. Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 ноябри соли 2007, №785 «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нишондиҳанда барои ҳисобҳо» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, №11, мод. 904) аз эътибор соқит дониста шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон          М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 22 майи соли 2024, № 1324
 
 
 
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2021 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2021, №12, қ.1, мод. 681; с. 2022, №1,2-3, мод.18, №12, қ.2, мод. 774; с. 2023, №1-3,    мод. 8, №11, мод. 472) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Ба сархати сездаҳуми қисми 4 моддаи 251 пас аз калимаи «молҳо» калимаҳо ва рақамҳои «, ба истиснои гандуми навъҳои 1-4,» илова карда шаванд.
2. Дар қисми 7 моддаи 397 рақам ва калимаҳои «2023 амал мекунанд» ба рақамҳо ва калимаҳои «2025 амал намуда, имтиёзҳои муқаррарнамудаи низоми андозбандии мазкур аз 1 январи соли 2024 ба андозаи 50 дарсади меъёри андозҳои дар Кодекси мазкур муқарраршуда татбиқ карда шуда, ҳангоми ошкор гардидани ҳолатҳои суиистифода шудани имтиёзҳо ва ё рӯйпӯшкунии андозҳои озодкардашуда ба андозаи дукаратаи меъёри муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ҳисоб карда мешаванд» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2024 мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 20 июни соли 2024, № 2066
 
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе,  19 июни соли 2024, № 506
 
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 12 июни соли 2024, № 1355
 
 
 
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ПЕШГИРИИ ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» аз 19 марти соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 2013, №3, мод. 197) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Муқаддимаи Қонун дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила танзим менамояд.».
2. Дар моддаи 1:
- сархатҳои якум ва чорум дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«- зӯроварӣ дар оила - кирдори зиддиҳуқуқии қасдона ё таҳдиди содир намудани кирдори дорои хусусияти ҷисмонӣ, равонӣ, иқтисодӣ ва шаҳвонӣ, инчунин муносибати беэътиноёнаи аз ҷониби як узви оила нисбат ба узви дигари оила, ки ҳуқуқу озодиҳои ин шахсонро поймол мекунанд ва ё поймол карда метавонанд, шаъну шарафи онҳоро паст мезананд, зарари ҷисмонӣ ва ё руҳӣ мерасонанд ва ба маҷбуран ё қасдан маҳрум сохтан аз озодӣ оварда мерасонанд;
- зӯроварии равонӣ дар оила - таҳдиди зӯроварии ҷисмонӣ, ҷинсӣ, иқтисодӣ, таъсири равонӣ, таҳқири шаъну шараф аз ҷониби як узви оила нисбат ба узви дигари оила, ҳамчунин маҷбур сохтан ба содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳо ё кирдорҳое, ки боиси вайрон шудани рушди равонӣ, ҷисмонӣ ё шахсӣ ва поймол шудани ҳуқуқу озодиҳо мегарданд;». 
3. Аз матни моддаи 3 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
4. Дар моддаи 6: 
- ба сархати якум пас аз калимаи «гирад» калимаҳои «, аз ҷумла аз хизматрасонии муассисаҳои тиббии давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида ройгон истифода барад» илова карда шаванд; 
- сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- барои ҷуброни зарари моддию маънавии дар натиҷаи содиршавии зӯроварӣ дар оила ба ӯ расонидашуда ба мақомоти дахлдор муроҷиат намояд;»;
- ба сархати чорум пас аз калимаи «ба» калимаҳои «мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот,» илова карда шаванд.
5. Ба моддаи 7 сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- таъсиси Шӯрои байниидоравӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тасдиқи низомномаи он;»;
6. Сархати чоруми қисми 2 моддаи 16 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- ташкили ҳуҷраҳои муваққатӣ, додани паноҳгоҳ барои будубоши муваққатии ҷабрдида;».
7. Моддаи 161 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 161. Телефони боварии субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила
Субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила бо мақсади расонидани ёрии ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, тиббӣ ва иҷтимоӣ барои ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила метавонанд хати алоқаи телефони бовариро фаъол намоянд.».
8. Дар қисми 4 моддаи 18 калимаҳои «аз болои қарор дар бораи» ба калимаҳои «нисбат ба» иваз карда шаванд. 
9. Дар қисми 5 моддаи 21 рақамҳои «15» ва «30» мувофиқан ба рақамҳои «30» ва «60» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 20 июни соли 2024, № 2064
 
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон             Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе,  19 июни соли 2024, № 504
 
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» 
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                  М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 17 апрели соли 2024, № 1276
 
 
 
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ДИГАР ПАРДОХТҲОИ ҲАТМӢ 
БА БУҶЕТ»
Моддаи 1. Дар сархати сеюми қисми 3 моддаи 4, сархатҳои ҳаштум ва нуҳуми қисми 1 моддаи 28, номи боби 19, моддаҳои 72, 73 ва 74 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», аз 28 июли соли 2006 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №7, мод. 345; с. 2009, №5, мод. 327; с. 2010, № 1, мод. 3; с. 2011, №12, мод. 848; с. 2013, №3, мод. 191; с. 2015, №11, мод. 971; с. 2016, №7, мод. 629, №11, мод. 884; с. 2019, №4-5, мод. 230, №6, мод. 324, мод. 325; с.2021, №6, мод. 396; с. 2023, №11, мод. 477, №12, мод. 576), калимаҳои «ҳуқуқ ба амволи ғайриманқул ва аҳдҳо бо он», «амвол», «ҲУҚУҚ БА АМВОЛИ ҒАЙРИМАНҚУЛ ВА АҲДҲО БО ОН» ва «амволи ғайриманқул ва аҳдҳо бо он» мувофиқан ба калимаҳои «молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он», «молу мулк», «МОЛУ МУЛКИ ҒАЙРИМАНҚУЛ ВА ҲУҚУҚҲО БА ОН» ва «молу мулки ғайриманқул» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. 
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон                Эмомалӣ  РАҲМОН
ш. Душанбе, 20 июни соли 2024, № 2067
 
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 19 июни соли 2024, № 507
 
Қарори Маҷлиси намояндагони  
Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси   намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 12 июни соли 2024, № 1361
 
 
 
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
«ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ БОНКӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» аз 19 майи соли 2009 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №5, мод. 331; с. 2010, №7, мод. 555; с. 2011, №12, мод. 846; с. 2013, №11, мод. 786; с. 2014, №11, мод. 663; с. 2018, №7-8,  мод. 532; с. 2019, №6, мод. 328; с. 2020, №7-9, мод. 628; с. 2023, №11, мод. 476) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 7 моддаи 8, матни моддаи 9, қисмҳои 1, 4, 5 ва 6  моддаи 10, қисми 2 моддаи 12, сархати дуюми қисми 2 ва қисми 3    моддаи 13, қисмҳои 4 ва 5 моддаи 19, қисми 1 моддаи 54 калимаҳои «дархост», «дархосткунандаро», «дархосткунанда», «дархостҳо», «Дархост» ва «дархости» мувофиқан ба калимаҳои «ариза», «аризадиҳандаро», «аризадиҳанда», «аризаҳо», «Ариза» ва «аризаи» иваз карда шаванд.
2. Дар қисми 1 моддаи 9:
- ба муқаддимаи қисм пас аз калимаҳои «забони давлатӣ» калимаҳои «дар шакли хаттӣ ё тавассути низоми электронӣ» илова карда шаванд; 
- дар сархати даҳум калимаҳои «қонунигардонии (расмикунонии)» ба калимаҳои «қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и» иваз карда шаванд;
- дар сархати сездаҳум калимаҳои «ҳаққи хизмати баррасии дархост» ба калимаҳои «хироҷ барои баррасии ариза» иваз карда шаванд. 
3. Дар қисми 5 моддаи 10 калимаҳои «ҳаққи хизмати баррасии дархост барои» ба калимаҳои «хироҷ барои баррасии ариза ҷиҳати» иваз карда шаванд.
4. Дар қисми 2 моддаи 12:
- дар сархати ҳаштум калимаҳои «қонунигардонии (расмикунонии)» ба калимаҳои «қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и» иваз карда шаванд;
- дар сархати даҳум калимаҳои «ҳаққи хизмати баррасии дархост» ба калимаҳои «хироҷ барои баррасии ариза» иваз карда шаванд.
5. Моддаи 16 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 16. Пардохти хироҷ 
Бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ  мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба буҷети давлатӣ хироҷ пардохт менамоянд.».
6. Дар сархатҳои якум ва дуюми қисми 7 моддаи 21 калимаҳои «молиявии» ва «молиявӣ» мувофиқан ба калимаҳои «молиявии ватании» ва «молиявии ватанӣ» иваз карда шаванд.
7. Дар қисми 3 моддаи 45 калимаҳои «иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба калимаҳои «низоми иҷозатдиҳӣ» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон          Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 20 июни соли 2024, № 2072
 
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон       Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 19 июни соли 2024, № 512
 
Қарори Маҷлиси   намояндагони 
Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон     Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 24 апрели соли 2024, № 1283
 
 
 
 
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» аз 28 июни соли 2011 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №6, мод. 435; с. 2014, №7, қ. 2, мод. 409, мод. 410; с. 2018, №7-8, мод. 531; с. 2019, №7, мод. 474; с. 2020, №7-9,   мод. 627; с. 2023, №11, мод. 475) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар сархати дуюми моддаи 4, қисми 3 моддаи 6 ва моддаи 82 калимаҳои «ширкати», «мубориза бар зидди қонунигардонии (расмикунонии)», «ширкатҳои» ва «иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» мувофиқан ба калимаҳои «ташкилоти», «муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и», «ташкилотҳои» ва «низоми иҷозатдиҳӣ» иваз карда шаванд.
2. Ба сархати чордаҳуми қисми 1 моддаи 6 пас аз калимаи «молиявӣ» калимаҳои «, мусоидат ба тавсеаи маърифати бонкию молиявӣ» илова карда шаванд.
3. Дар моддаи 81:
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Аъзои Раёсат, аз ҷумла аъзои собиқи он, кормандони Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла кормандони собиқи он, ҳуқуқ надоранд маълумоте, аз ҷумла санадҳои санҷишии Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳисоботу маълумот оид ба аудити дохилии гузаронидашуда, ки сирри Бонки миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд ва ҳангоми иҷрои вазифаашон дар Бонки миллии Тоҷикистон ба онҳо маълум шудааст, фош намоянд, ба мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти назоратӣ ва аудиторони дигари давлатӣ, пешниҳод намоянд ва ин маълумотро ба мақсадҳои шахсӣ истифода баранд.»;
- дар сархати чоруми қисми 2 калимаи «қонун» ба калимаҳои «Қонуни мазкур» иваз карда шавад. 
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон          Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 20 июни соли 2024, № 2070
 
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе,  19 июни соли 2024, № 510
 
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни 
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани 
тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 
«Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон     Маҷлиси   намояндагони Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон               М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 24 апрели соли 2024, № 1279
 
 
 
 
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАШКИЛОТҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» аз 16 апрели соли 2012 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №4, мод. 266; с. 2019, №6, мод. 330) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад. 
2. Дар қисми 6 моддаи 3 калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 14:
- дар сархатҳои якум ва даҳуми қисми 3 ва қисми 6 калимаҳои «дархост», «ҳаққи хизмати баррасии дархост» ва «дархосткунандаро» мувофиқан ба калимаҳои «ариза», «хироҷи баррасии ариза» ва «аризадиҳандаро» иваз карда шаванд;
- ба қисми 3 пас аз калимаи «зеринро» калимаҳои «дар шакли хаттӣ ё тавассути низоми электронӣ» илова карда шаванд.
4. Моддаи 17 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 17. Пардохти хироҷ 
Ташкилотҳои маблағгузории хурд мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба буҷети давлатӣ хироҷ пардохт менамоянд.».
5. Дар қисми 3 моддаи 29 калимаҳои «иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба калимаҳои «низоми иҷозатдиҳӣ» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 20 июни соли 2024, № 2071
 
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 19 июни соли 2024, № 511
 
Қарори Маҷлиси   намояндагони 
Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси   намояндагони Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон      М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 24 апрели соли 2024, № 1281
 
 
 
 
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ СОЗИШНОМАҲО ОИД БА ТАҚСИМИ МАҲСУЛОТ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот» аз 5 марти соли 2007 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, №3, мод. 171, с. 2008, №6, мод. 458; с. 2012, №8, мод. 824) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар муқаддима калимаҳои «ба мақсади» ва «қаламрави» мувофиқан ба калимаҳои «бо мақсади» ва «ҳудуди» иваз карда шаванд.
2. Дар матни қонун калимаҳои «мӯҳлати», «Мӯҳлати», «мӯҳлат», «ӯҳдадор», «ӯҳдадориҳои», «ӯҳдадориҳое», «амвол», «Амволе», «амволи», «амволро» ва «амволии» мувофиқан ба калимаҳои «муҳлати», «Муҳлати», «муҳлат», «уҳдадор», «уҳдадориҳои», «уҳдадориҳое», «молу мулк», «Молу мулке», «молу мулки», «молу мулкро» ва «молумулкии» иваз карда шаванд.
3. Дар қисми 3 моддаи 1 калимаҳои «гражданӣ» ва «граждании» мувофиқан ба калимаҳои «маданӣ» ва «мадании» иваз карда шаванд.
4. Аз матни моддаи 2 аломат ва калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шаванд.
5. Дар банди дуюми қисми 3 моддаи 4:
- дар сархати дуюм аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- зарурати кам кардани миқдори талафоти технологии маъданҳои фоиданок, инчунин пешгирӣ кардани оқибатҳои эҳтимолии манфии иҷтимоӣ-экологиро талаб намояд.».
6. Дар қисми 1 моддаи 5 калимаҳои «имзо мекунад» ба калимаҳои «имзо мекунанд» иваз карда шаванд.
7. Дар қисми 2 моддаи 6 калимаҳои «иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба калимаҳои «низоми иҷозатдиҳӣ» иваз карда шаванд.
8. Дар моддаи 8:
- дар қисми 1 калимаҳои «мақомоти ваколатдори» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатии» иваз карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаҳои «ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
9. Дар моддаи 9:
- дар қисми 2:
- аз ҷумлаи якум калимаи «табиии» хориҷ карда шавад;
- дар сархати якум калимаҳои «ҳуқуқии муқими» ва «пудратчиён» мувофиқан ба калимаҳои «ҳуқуқӣ - резидентони» ва «паймонкорон» иваз ва пас аз калимаи «ҳуқуқи» калимаи «афзалиятноки» илова карда шаванд;
- сархатҳои дуюм ва сеюм бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- амалӣ намудани тадбирҳо оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои таъсири зараровари корҳои тибқи созишнома анҷомдодашуда, инчунин аз ифлосшавӣ тоза кардани ҳудуде, ки корҳо тибқи созишнома анҷом дода шудаанд;
- суғуртаи масъулият барои ҷуброни зарар дар ҳолати садама, ки ба муҳити зист ё ҳаёт ва саломатии кормандон таъсири зараровар расонда метавонад;»;
- дар қисми 3 калимаҳои «фоиданоки барои истифодабарӣ ба ӯ додашударо» ба калимаҳои «фоиданок ва қитъаи замини бо ҳуқуқи истифодаи муваққатиро» иваз карда шаванд.
10. Дар сархати дуюми қисми 1 моддаи 10 рақами «70» ба рақами «60» иваз карда шавад.
11. Ҷумлаи дуюми қисми 1 моддаи 12 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Ҳуқуқи моликият ба ин молу мулк аз рӯзе, ки арзиши молу мулки мазкур аз тарафи давлат пурра пардохта шудааст ва ё аз рӯзе, ки созишнома қатъ гардидааст, аз сармоягузор ба давлат мегузарад.».
12. Моддаи 14 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 14. Андозҳо ва дигар пардохтҳо ҳангоми иҷрои созишнома
Дар давоми муҳлати эътибори созишнома сармоягузор андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмиро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт менамояд.».
13. Дар моддаи 15:
- дар қисми 1 калимаи «хоҷагии» ба калимаи «хоҷагидории» иваз карда шавад;
- дар қисми 2 калимаҳои «асъори миллии» ва «асъори миллӣ» мувофиқан ба калимаҳои «пули миллии» ва «пули миллӣ» иваз карда шаванд.
14. Дар моддаи 16 калимаҳои «ва (ё) давлатҳои хориҷӣ суратҳисобҳои махсуси бонкии дорои асъори» ба калимаҳои «суратҳисобҳои махсуси бонкӣ бо пули» иваз карда шаванд.
15. Дар қисми 3 моддаи 17 калимаҳои «мақомоти» ва «граждании» мувофиқан ба калимаҳои «мақоми» ва «мадании» иваз карда шаванд.
16. Дар моддаи 18:
- дар қисми 1 калимаҳои «граждании» ва «пешбинӣ гардида» мувофиқан ба калимаҳои «мадании» ва «пешбинигардида» иваз карда шаванд;
- ҷумлаи дуюми қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Муқаррароти мазкур оид ба тағйир додани шартҳои созишнома татбиқ карда намешаванд, агар бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меъёрҳои (қоидаҳои) бехатарии иҷрои кор, ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ, муҳити зист ва саломатии аҳолӣ, аз ҷумла бо мақсади мутобиқ намудани онҳо бо чунин меъёрҳо (қоидаҳо), ки дар амалияи байналмилалӣ маъмул ва эътироф гардидаанд, тағйирот ворид карда шаванд.». 
17. Дар моддаи 19:
- дар қисми 1 калимаҳои «дар натиҷаи имзои» ба калимаи «мувофиқи» иваз карда шаванд;
- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Нисбат ба сармоягузор амали санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти худидоракунии маҳаллӣ татбиқ намегарданд, агар санадҳои мазкур маҳдудияти ҳуқуқҳои мувофиқи созишнома соҳибгардида ва амалишавандаи сармоягузорро муқаррар намоянд, ба истиснои маҳдудияти дастурҳои мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррарнамудаи мақомоти дахлдори назоратӣ, ки бо мақсади таъмини бехатарии иҷрои кор, ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ, муҳити зист, саломатии аҳолӣ, ҳамчунин таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти давлатӣ дода мешаванд.».
18. Дар моддаи 20:
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Назорати иҷрои созишномаро мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ваколатҳояшон анҷом медиҳанд.»;
- дар қисми 2 калимаҳои «Салоҳият» ва «ваколатдор» мувофиқан ба калимаҳои «Ваколат» ва «ваколатдори давлатӣ» иваз карда шаванд;
- ба қисми 3 пас аз калимаи «ваколатдори» калимаи «давлатии» илова карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Эмомалӣ РАҲМОН 
ш. Душанбе, 20 июни соли 2024, № 2069
 
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе,  19 июни соли 2024, № 509
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот» 
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот» қабул карда шавад. 
 
Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 17 апрели соли 2024, № 1274
 
 
 
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ПАРДОХТӢ ВА НИЗОМИ ПАРДОХТӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» аз 24 феврали соли 2017 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2017, №1-2, мод. 20; с. 2020, №7-9, мод. 629) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд: 
1. Дар қисми 17 моддаи 4 калимаҳои «муштарии маблағгирандаро санҷиш ва мушаххас намоянд» ба калимаҳои «муштарӣ – интиқолдиҳандаи маблағ ва шахси маблағгирандаро мушаххас ва санҷиш намоянд» иваз карда шаванд.
2. Дар қисми 12 моддаи 7, қисми 6 моддаи 8, қисмҳои 21 ва 22  моддаи 9, сархати сеюми қисми 1, сархати дуюми қисми 3, сархати дуюми қисми 4 ва қисми 13 моддаи 13 калимаҳои «қонунигардонии (расмикунонии)» ба калимаҳои «қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и» иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 14:
- дар муқаддимаҳои қисмҳои 9 ва 10 калимаи «дархостро» ба калимаи «аризаро» иваз карда шуда, пас аз калимаи «зерин» калимаҳои «дар шакли хаттӣ ё тавассути низоми электронӣ» илова карда шаванд;
- қисми 11 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«11. Аз нав ба расмият даровардан, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва бекор кардани амали иҷозатнома бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.»;
- қисмҳои 11-29 мувофиқан қисмҳои 12-30 ҳисобида шаванд.
4. Ба қисми 2 моддаи 30 сархати панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- амали иҷозатномаи оператори низоми пардохтиро ба муҳлати дар  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда боздошт намояд;».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 20 июни соли 2024, № 2074
 
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон            Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе,  19 июни соли 2024, № 514
 
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон     Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон                 М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 24 апрели соли 2024, № 1287
 
 
 
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АСЪОР 
ВА НАЗОРАТИ АСЪОР»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» аз 13 июни соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №6, мод. 402) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар муқаддима ва матни Қонун калимаҳои «ӯҳдадориҳои», «ӯҳдадориҳо» ва «ӯҳдадоранд» мувофиқан ба калимаҳои «уҳдадориҳои», «уҳдадориҳо» ва «уҳдадоранд» иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 1:
- дар бандҳои 9) ва 10) калимаҳои «ташкилоти қарзӣ» ва «ташкилоти қарзие» мувофиқан ба калимаҳои «ташкилоти қарзии молиявӣ» ва «ташкилоти қарзии молиявие» иваз карда шаванд;
- бандҳои 12) ва 13) хориҷ карда шаванд.
3. Аз матни моддаи 2, банди 2) ва сархати панҷуми банди 13) моддаи 8, қисми 2 моддаи 9, қисми 2 моддаи 18 ва сархати шашуми қисми 3 моддаи 19 мувофиқан калимаҳои «(Сарқонуни)», «ва шахсони ваколатдор», «ва ё шахси ваколатдор» ва «ва шахсони ваколатдоре» хориҷ карда шаванд.
4. Дар сархати шашуми қисми 4 моддаи 4 калимаҳои «пули миллиро нисбат ба асъори хориҷӣ» ба калимаҳои «асъори хориҷиро нисбат ба пули миллӣ» иваз карда шаванд.
5. Сархати сеюми қисми 1 моддаи 5 хориҷ карда шавад.
6. Моддаи 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 6. Пардохти хироҷ 
Резидентҳо мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба буҷети давлатӣ хироҷ пардохт менамоянд.».
7. Моддаи 14 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 14. Амалиёти асъории марбут ба ҳаракати сармоя
Амалиёти асъории марбут ба ҳаракати сармоя инҳо мебошанд:
- сармоягузории мустақим ва ё маҷмуии резидентҳо ба кишварҳои хориҷӣ; 
- аз тарафи резидентҳо анҷом додани амалиёт бо коғазҳои қиматноки ҳосилавии кишварҳои хориҷӣ;
- гирифтани қарзҳои тиҷоратӣ аз ғайрирезидентҳо ё ба онҳо додани қарз, ки муҳлати пардохташон бештар аз як сол мебошад; 
- кушодани суратҳисоби бонкӣ аз ҷониби резидентҳо (ба истиснои бонкҳои ваколатдор) дар бонкҳои хориҷӣ; 
- аз тарафи резидентҳо харидан ва ё ба даст овардани молу мулки ғайриманқул дар хориҷа;
- амалиёти дигар, ки мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ ҳамчун амалиётҳои асъории марбут ба ҳаракати сармоя эътироф карда мешаванд.».
8. Дар сархати сеюми қисми 4 ва қисми 7 моддаи 19 калимаҳои «мақоми ваколатдор оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромади бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» ва «муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» мувофиқан ба калимаҳои «мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» ва «муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 20 июни соли 2024, № 2075
 
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот 
ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе,  19 июни соли 2024, № 515
 
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот 
ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси   намояндагони Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                  М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 24 апрели соли 2024, № 1289
 
 
 
 
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ СТАНДАРТОНӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартонӣ» аз 29 декабри соли 2010 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, №12, қ.1, мод. 827; с. 2012, №4, мод. 264) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар сархати даҳуми моддаи 1, сархати дуюми моддаи 6 ва қисми 3 моддаи 9 калимаҳои «ҳокимияти иҷроия» ба калимаҳои «иҷроияи ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд.
2. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад. 
3. Моддаи 21 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 21. Доираи амали Қонуни мазкур
Қонуни мазкур нисбат ба муносибатҳо вобаста ба таҳия, қабул ва татбиқи стандартҳо ва ҳуҷҷатҳои дахлдор оид ба стандартонӣ, инчунин амалӣ намудани назорати давлатӣ дар соҳаи стандартонӣ татбиқ мегардад.».
4. Дар моддаи 4: 
- аз сархати якум калимаи «ягонаи» хориҷ карда шавад; 
- сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- барномаҳои давлатиро дар соҳаи стандартонӣ тасдиқ менамояд;»; 
- дар сархати чорум калимаи «ахбор» ба калимаи «иттилоот» иваз карда шавад; 
- дар сархати шашум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз ва сархати ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад: 
«- салоҳияти дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.». 
5. Дар моддаи 6: 
- аз сархати якум калимаи «ягонаи» хориҷ карда шавад; 
- дар сархати дувоздаҳум калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад; 
- сархати бисту шашум дар таҳрири зерин ифода карда шавад: 
«- амалӣ намудани ваколатҳои дигари муқаррар-намудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.». 
6. Дар моддаи 7: 
- дар сархати сеюм калимаи «чопи» ба калимаи «нашри» иваз карда шавад; 
- дар сархати шашум калимаи «экспертҳо» ба калимаи «коршиносон» иваз карда шавад. 
7. Дар моддаи 8: 
- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 8. Вазифаҳои ташкилот ва муассисаҳои илмӣ дар соҳаи стандартонӣ»; 
- дар сархати дуюм калимаи «асоси» ба калимаи «заминаҳои» иваз карда шавад; 
- ба сархати чорум пас аз калимаи «пешбурди» калимаи «фаъолияти» илова карда шавад; 
- дар сархати панҷум калимаи «вазъият» ба калимаи «вазъ» иваз карда шавад; 
- дар сархати ҳафтум калимаи «экспертҳои» ба калимаи «коршиносони» иваз карда шавад. 
8. Дар моддаи 9:
- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 9. Кумитаҳои техникӣ оид ба стандартонӣ»; 
- дар қисми 1 калимаи «соҳа» ба калимаҳои «соҳаи фаъолият» иваз карда шавад;
- дар қисми 4: 
- аз сархати якум калимаи «таҳияи» хориҷ карда шуда,  калимаҳои «онро ба роҳ монда» ба калимаҳои «он таҳия намуда,» иваз карда шаванд; 
- дар сархати сеюм аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шуда, сархатҳои чорум ва панҷум бо мазмуни зерин илова карда шаванд: 
«- ташаккул ва пешбурди махзани иттилоотии стан-дартҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёриро вобаста ба соҳаи фаъолият амалӣ намояд;
- дар корҳои илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи стандартонӣ иштирок намояд.»;
- қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«5. Хароҷот вобаста ба фаъолияти кумитаҳои техникӣ оид ба стандартонӣ аз ҳисоби субъектҳои ташаббускори таҳияи стандартҳои давлатӣ, инчунин ташкилотҳои дигари барои қабул ва истифодаи стандартҳо манфиатдор амалӣ карда мешаванд.». 
9. Ба қисми 2 моддаи 10 пас аз калимаи «стандартонӣ» калимаҳои «дар асоси дастовардҳои илмию техникии муосир таҳия гардида,» илова карда шаванд. 
10. Дар қисми 1 моддаи 14 ва сархати сеюми моддаи 15 калимаи «чопи» ба калимаи «нашри» иваз карда шавад.
11. Дар қисми 1 моддаи 16 калимаҳои «қаламрави» ва «муқарраршудаи қонунгузорӣ» мувофиқан ба калимаҳои «ҳудуди» ва «муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд. 
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. 
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 20 июни соли 2024, № 2068
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартонӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартонӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 19 июни соли 2024, № 508
 
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартонӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартонӣ» қабул карда шавад. 
 
Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 11 апрели соли 2024, № 1262
 
 
 
 
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
«ДАР БОРАИ АНГИШТ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ангишт» аз 3 июли соли 2012 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №7, мод. 720) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1: 
- дар сархати чорум аломат ва калимаҳои «(сланетсҳои сӯзанда) ба мақсади» ба калимаҳои «бо мақсади» иваз карда шаванд; 
- дар сархати дувоздаҳум калимаҳои «ӯҳдадориҳои» ва «табақаҳо» ба калимаҳои «уҳдадориҳои» ва «категорияи шахсон» иваз карда шуда, аломат ва калимаҳои «(сланетсҳои сӯзанда)» хориҷ карда шаванд; 
- дар сархати ҳаждаҳум калимаҳои «мақоми давлатӣ» ба калимаҳои «мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ» иваз карда шаванд.
2. Аз матни моддаи 2 аломат ва калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шаванд. 
3. Дар моддаи 4: 
- дар сархати шашум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- сархати ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- амалӣ намудани салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.».
4. Дар моддаи 5: 
- ба сархати якум пас аз калимаи «санадҳои» калимаҳои «меъёрии ҳуқуқии» илова карда шаванд;
- сархати сеюм хориҷ карда шавад; 
- дар сархати шонздаҳум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- сархати ҳабдаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.».
5. Дар моддаи 6:
- дар сархати дуюм аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.».
6. Ба сархати шашуми қисми 1 моддаи 7 пас аз калимаи «ангишт» калимаҳо ва аломати «ва дигар категорияи шахсон (аъзои оилаи кормандони фавтида)» илова карда шаванд. 
7. Дар қисми 4 моддаи 8 калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ангишт» ба калимаҳои «қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
8. Аз қисми 1 моддаи 9 аломат ва калимаҳои «(сланетсҳои сӯзанда)» хориҷ карда шаванд. 
9. Дар қисми 5 моддаи 11 калимаи «ӯҳдадоранд» ба калимаи «уҳдадоранд» иваз карда шавад.
10. Ба қисми 2 моддаи 12 пас аз калимаи «муҳофизатӣ» калимаҳои «ва дигар лавозимоти зарурӣ» илова карда шаванд. 
11. Ба матни моддаи 14 пас аз калимаи «мешавад» аломат ва калимаҳои «, ки фаъолияти худро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи намунавии аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ангишт, ҳифзи иҷтимоӣ ва тандурустӣ таҳияшуда амалӣ менамояд» илова карда шаванд.
12. Дар матни моддаи 16 калимаи «зеризаминӣ» ба калимаи «касбӣ» иваз карда шавад.
13. Дар сархати дуюми қисми 2 моддаи 20 калимаи «ӯҳдадориҳои» ба калимаи «уҳдадориҳои» иваз карда шавад. 
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 20 июни соли 2024, № 2078
 
 
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ангишт»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ангишт» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                   Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 19 июни соли 2024, №518
 
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ангишт»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ангишт» қабул карда шавад. 
 
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 1 майи соли 2024, № 1297
 
 
 
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ БОНКИИ ИСЛОМӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» аз 26 июли соли 2014 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, № 7, қ. 2, мод. 405; с. 2019, №6, мод. 329) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд: 
1. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
2. Дар сархатҳои якум ва сеюми қисми 5 моддаи 8, қисми 1  моддаи 9 калимаҳои «ташкилоти қарзӣ» ва «Ташкилоти қарзӣ» мувофиқан ба калимаҳои «ташкилоти қарзии исломӣ» ва «Ташкилоти қарзии исломӣ» иваз карда шаванд.
3. Дар моддаҳои 11, 12, қисмҳои 2 ва 4 моддаи 14, банди 1) қисми 1 моддаи 15, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 16, қисмҳои 4 ва 5 моддаи 22 калимаҳои «дархост», «Дархости», «дархосткунандаро», «дархосткунанда», «дархостҳо», «дархости» ва «Дархост» мувофиқан ба калимаҳои «ариза», «Аризаи», «аризадиҳандаро», «аризадиҳанда», «аризаҳо», «аризаи» ва «Ариза» иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 11:
- ба қисмҳои 1 ва 2 пас аз калимаҳои «забони давлатӣ» калимаҳои «дар шакли хаттӣ ё тавассути низоми электронӣ» илова карда шаванд;
- дар банди 10) қисми 1 калимаҳои «мубориза бар зидди қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» ба калимаҳои «муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» иваз карда шаванд;
- дар банди 14) қисми 1 ва банди 12) қисми 2 калимаҳои «ҳаққи хизмати баррасии дархост» ба калимаҳои «хироҷи баррасии ариза» иваз карда шаванд.
5. Дар қисмҳои 5 ва 9 моддаи 12 калимаҳои «ҳаққи хизмати баррасии дархост» ва «ҳаққи хизмати додани иҷозатномаро ба суратҳисобҳои дахлдор дар Бонки миллии Тоҷикистон» мувофиқан ба калимаҳои «хироҷи баррасии ариза» ва «хироҷ барои додани иҷозатномаро ба буҷети давлатӣ» иваз карда шаванд.
6. Дар қисми 2 моддаи 14:
- дар банди 8) калимаҳои «пешгирии қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» ба калимаҳои «муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» иваз карда шаванд;
- дар банди 9) калимаҳои «ҳаққи хизмати баррасии дархост» ба калимаҳои «хироҷи баррасии ариза» иваз карда шаванд.
7. Дар қисми 1 моддаи 15:
- ба муқаддима пас аз калимаҳои «забони давлатӣ» калимаҳои «дар шакли хаттӣ ё тавассути низоми электронӣ» илова карда шаванд;
- дар банди 6) калимаҳои «ҳаққи хизмати баррасии дархост» ба калимаҳои «хироҷи баррасии ариза» иваз карда шаванд.
8. Моддаи 19 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 19. Пардохти хироҷ
Ташкилотҳои қарзии исломӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба буҷети давлатӣ хироҷ пардохт менамоянд.». 
9. Дар банди 4) қисми 1 моддаи 21, қисми 1 моддаи 41, сархати панҷуми қисми 1 моддаи 52 ва банди 3) моддаи 56 калимаҳои «қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм», «мубориза бар зидди қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ё маблағгузории терроризм» ва «зидди қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» мувофиқан ба калимаҳои «қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» ва «муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» иваз карда шаванд.
10. Дар моддаи 24:
- қисми 7 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«7. Аъзои Шӯрои нозирон наметавонанд:
- кормандони ягон ташкилоти қарзии молиявии ватании дигар бошанд;
- аъзои оилаи узви Шӯрои нозирони ташкилоти қарзии молиявии ватанӣ бошанд;
- аъзои Шӯрои нозирон ё дорандаи ҳиссаи иштироки афзалиятнок дар дигар ташкилоти қарзии молиявии ватанӣ бошанд;
- корманд, аз ҷумла корманди роҳбарикунандаи ташкилоти қарзии исломӣ, ҷамъияти вобаста ва фаръии он бошанд, ба истиснои корманди ҷамъияти алоқаманди ташкилоти қарзии исломӣ;
- хизматчии давлатӣ бошанд, ба истиснои узви Шӯрои нозирони ташкилоти қарзии исломие, ки давлат дар он саҳмдор аст;
- синнашон аз сӣ кам бошад.»;
- ба қисми 8 пас аз калимаҳои «низоми бонкӣ» калимаҳои «(ватанӣ ва ё хориҷӣ)» илова карда шаванд;
- қисми 10 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«10. Аъзои Шӯрои нозирони ташкилоти қарзии исломӣ, ба истиснои ташкилоти қарзии исломии давлатӣ, пас аз мувофиқа бо Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси умумии саҳмиядорони (иштирокчиёни) ташкилоти қарзии исломӣ интихоб карда мешаванд. Тартиби мувофиқа намудани аъзои Шӯрои нозирони ташкилоти қарзии исломӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.». 
11. Ба бандҳои 1) ва 2) қисми 5 моддаи 29 пас аз калимаҳои «низоми бонкӣ» калимаҳои «(ватанӣ ва ё хориҷӣ)» илова карда шаванд.
12. Дар қисми 3 моддаи 51 калимаҳои «иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба калимаҳои «низоми иҷозатдиҳӣ» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 20 июни соли 2024, № 2073
 
 
 
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                  Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе,  19 июни соли 2024, № 513
 
Қарори Маҷлиси   намояндагони Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси   намояндагони Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                              М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 24 апрели соли 2024, № 1285
 
 
 
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» аз 25 марти соли 2011 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №3, мод. 167, с. 2019, №1, мод. 28) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- сархатҳои шашум, ҳафтум ва ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- феҳристи ягонаи субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ – махзани маълумот оид ба субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтаанд;
- ширкати хизматрасон – субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ, ки хизматрасониҳои инфрасохторӣ, сохтмони иншооти инфрасохторӣ ва дигар хизматрасониҳои шабеҳро дар асоси шартнома барои фаъолияти минбаъдаи субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ пешниҳод менамояд;
- принсипи «равзанаи ягона» – шакли пешниҳоди хизматра-сониҳои давлатӣ дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ, ки кам кардани  иштироки  довталабонро дар ҷамъоварӣ ва омодасозии ҳуҷҷатҳо, инчунин маҳдуд намудани робитаи мустақими онҳо бо субъектҳои пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ пешбинӣ менамояд;»;
- дар сархати ҳаштум калимаи «шӯрои» ба калимаи «шурои» иваз карда шавад.
2. Дар моддаи 5:
- дар сархати чоруми қисми 2 аломати нуқта ба аломати «;» иваз карда шуда, сархати панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- комплексӣ.»;
- қисми 8 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«8. Минтақаи озоди иқтисодии комплексӣ минтақаи озоди иқтисодие мебошад, ки хусусиятҳои якчанд намуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ (саноатӣ (истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ), савдо ва тиҷоратӣ, хизматрасонӣ, инноватсионӣ, илмию таҳқиқотӣ ва ҷорикунанда)-ро дар бар мегирад.».
3. Қисми 2 моддаи 11 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Тартиби фаъолияти намояндагони мақомоти давлатӣ дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ тибқи принсипи «равзанаи ягона» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.».
4. Ба моддаи 13 қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«5. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ пешбурди феҳристи ягонаи субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда, тартиби онро муайян менамояд.».
5. Ба моддаи 14 қисми 9 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«9. Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолияти мутақобиларо бо сармоягузорон ва субъектҳои эҳтимолии минтақаи озоди иқтисодӣ, аз ҷумла ҷиҳати баррасии дархостҳои сармоягузорӣ, додани иҷозатномаҳо ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии зарурӣ, тибқи принсипи «равзанаи ягона» амалӣ менамояд.».
6. Моддаи 151 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 151. Фаъолияти ширкати хизматрасон
1. Ширкати хизматрасон дар минтақаи озоди иқтисодӣ аз ҷониби Шурои нозирони минтақаи озоди иқтисодӣ интихоб карда мешавад.
2. Фаъолияти умумии ширкати хизматрасон дар минтақаи озоди иқтисодӣ мутобиқи Низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ амалӣ карда мешавад.».
7. Дар ном ва матни моддаи 17, қисми 1 моддаи 18 калимаи «Шӯрои» ба калимаи «Шурои» иваз карда шавад.
8. Дар қисми 4 моддаи 24 калимаҳои «мақомоти ваколатдор дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва рушди иқтисод ва савдо» ба калимаҳои «мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 20 июни соли 2024, № 2077
 
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 19 июни соли 2024, № 517
 
Қарори Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон     Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон                            М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 8 майи соли 2024, № 1311
 
 
 
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИЗБҲОИ СИЁСӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» аз 13 ноябри соли 1998 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, № 22, мод. 300; с. 2015, № 7-9, мод. 699; с. 2019, №7, мод. 472) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Аз сархати якуми қисми дуюми моддаи 10 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
2. Ба моддаи 15 сархати якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз буҷети давлатӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур;».
3. Моддаи 151 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 151. Маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз буҷети давлатӣ
1. Маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз рӯйи натиҷаҳои иштироки ҳизбҳои сиёсӣ дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати нав як маротиба бо мақсади дастгирии молиявии ҳизбҳои сиёсӣ аз буҷети давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур амалӣ карда мешавад.  
2. Маблағҳои буҷети давлатӣ, ки барои маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ ҷудо карда мешаванд, аз рӯйи гурӯҳбандии вазифавии хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ дар сатри алоҳида пешбинӣ карда мешаванд.
3. Маблағҳои буҷети давлатӣ, ки барои маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ ҷудо карда шудаанд, аз рӯйи натиҷаи интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати нав на дертар аз се моҳ аз рӯзи интишори расмии натиҷаҳои интихобот бо тартиби муқарраргардида ба суратҳисоби ҳизби сиёсӣ гузаронда мешаванд.
4. Ҳизбҳои сиёсӣ танҳо дар ҳолате аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мегарданд, ки агар ҷамъи овозҳои интихобкунандагони ба тарафдории ҳизбҳои сиёсӣ додашуда аз 5 дарсади овозҳои интихобкунандагони дар овоздиҳӣ иштироккарда кам набошад.
5. Маблағгузории давлатии ҳизбҳои сиёсии дар интихобот иштирокдошта, ки ба талаботи қисми 4 ҳамин модда ҷавобгӯ мебошанд, аз рӯйи натиҷаҳои интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати нав ба андозаи 7 дарсади нишондиҳанда барои ҳисобҳо зарби шумораи овозҳои гирифтаи ҳизби сиёсӣ амалӣ карда мешавад. 
6. Ҳизбҳои сиёсӣ ҳуқуқ доранд аз маблағгузории давлатии дар ҳамин модда пешбинишуда даст кашанд. Агар ҳизби сиёсӣ аз маблағгузории давлатӣ даст кашад, маблағе, ки ба ҳизби сиёсӣ аз буҷети давлатӣ аз рӯйи натиҷаҳои интихобот ҷудо мешавад, дар буҷети давлатӣ боқӣ мемонад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон                            Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 20 июни соли 2024, № 2080
 
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:    
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                  Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 19 июни соли 2024, № 520
 
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони                                          
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 11 апрели соли 2024, № 1256
 
 
 
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИСТИФОДА ВА ҲИМОЯИ АЛОМАТУ НОМҲОИ САЛИБИ СУРХ ВА ҲИЛОЛИ АҲМАР ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» 
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифода ва ҳимояи аломату номҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12 майи соли 2001 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 2001, № 4, мод. 209) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд: 
1. Дар матни Қонун калимаҳои «ӯҳдадориҳои», «ӯҳдадор», «Ин Қонун», «ин Қонун», «қаламрави» ва «мӯҳр» мувофиқан ба калимаҳои «уҳдадориҳои», «уҳдадор», «Қонуни мазкур», «ҳудуди» ва «муҳр» иваз карда шаванд.
2. Моддаи 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: 
«Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истифода ва ҳимояи аломату номҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истифода ва ҳимояи аломату номҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.».
3. Дар қисми якуми моддаи 5 калимаи «фавқулоддае» ба калимаи «фавқулодае» иваз карда шавад. 
4. Дар қисми чоруми моддаи 6 калимаҳои «аломати Ҳилоли Аҳмар» ба калимаҳои «аломатҳои Ҳилоли Аҳмар ва Салиби Сурх» иваз карда шаванд. 
5. Дар қисми якуми моддаи 7 калимаҳои «Вазорати ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд. 
6. Дар матни моддаи 8 калимаҳои «Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд. 
7. Дар қисми ҳафтуми моддаи 9 калимаҳои «мавҷуд мебошанд» ба калимаҳои «фаъолият менамоянд» иваз карда шаванд. 
8. Ба матни моддаи 11 пеш аз калимаи «шаҳодатнома» калимаҳои «бо худ» илова карда шаванд.  
9. Дар матни моддаи 15 калимаи «Швейсария» ба калимаи «Швейтсария» иваз карда шавад. 
10. Қисми дуюми моддаи 17 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.». 
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                    Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 20 июни соли 2024, № 2082
 
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 
«Дар бораи истифода ва ҳимояи аломату номҳои Салиби  Сурх 
ва Ҳилоли Аҳмар дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:    
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифода ва ҳимояи аломату номҳои Салиби  Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                  Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 19 июни соли 2024, № 522
 
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифода ва ҳимояи аломату номҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифода ва ҳимояи аломату номҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони                                          
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон                                  М. ЗОКИРЗОДА                     
ш. Душанбе, 11 апрели соли 2024, № 1260
 
 
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҶАМЪИЯТИ ҲИЛОЛИ АҲМАРИ ТОҶИКИСТОН»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» аз 12 январи соли 2010 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 2010, №1, мод. 16; с. 2012, №12, қ. 1,                                                                                                               мод. 1017 ) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд: 
1. Ба муқаддимаи Қонун пеш аз калимаи «муайян» калимаҳои «ва ташкилотҳои дигар» илова карда шаванд.  
2. Дар матни Қонун калимаҳои «мардум», «қаламрави», «маҷрӯҳон», «маҷрӯҳони», «ӯҳдадориҳои», «ӯҳдадоранд», «фавқулодда», «нерӯҳои», «таваҷҷӯҳ», «Мӯҳлат», «кӯмак», «кӯмакрасонӣ», «кӯмаки», «кӯмакро» ва «кӯмакҳоро» мувофиқан ба калимаҳои «одамон», «ҳудуди», «маҷруҳон», «маҷруҳони», «уҳдадориҳои», «уҳдадоранд», «фавқулода», «неруҳои», «таваҷҷуҳ», «Муҳлат», «кумак», «кумакрасонӣ», «кумаки», «кумакро» ва «кумакҳоро» иваз карда шаванд. 
3. Дар қисми 1 моддаи 1 калимаҳои «ба ташаббуси» ба калимаҳои «бо ташаббуси» иваз карда шаванд. 
4. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
5. Дар қисми 1 моддаи 5: 
- дар муқаддимаи қисм калимаи «умдаи» ба калимаи «асосии» иваз карда шавад;
- дар сархати сеюм калимаҳои «ҳамаи мардум» ба калимаи «умум» иваз карда шаванд;
- дар сархати шашум калимаҳои «Дарҳои он бояд барои ҳама боз» ва «иҷро намояд» мувофиқан ба калимаҳои «Он бояд барои ҳама кушода» ва «анҷом диҳад» иваз карда шаванд. 
6. Дар моддаи 6:
- дар сархати якум калимаи «беподош» ба калимаи «ройгон» иваз карда шавад; 
- дар сархати сеюм калимаҳои «зарурати» ва «пулакӣ» мувофиқан ба калимаҳои «зарурӣ барои» ва «музднок» иваз карда шаванд;
- дар сархати панҷум калимаҳои «пайваст намудани» ба калимаҳои «муттаҳидшавии» иваз карда шаванд;
- дар сархати ҳафтум пеш аз калимаҳои «бо хадамоти» калимаи «якҷо» илова карда шуда, калимаҳои «қӯшунҳои сарҳадӣ» ба калимаҳои «Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ» иваз карда шаванд;
- дар сархати дувоздаҳум калимаи «давлатӣ» ба калимаҳои «давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шавад. 
7. Дар матни моддаи 10 калимаҳои «номи Салиби» ба калимаҳои «номҳои Салиби» иваз карда шаванд. 
8. Дар қисми 3 моддаи 11 калимаи «ихтиёри» хориҷ карда шуда, калимаи «вогузор» ба калимаи «пешниҳод» иваз карда шавад.
9. Дар қисми 2 моддаи 12 калимаи «гардонида» ба калимаи «карда» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                              Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 20 июни соли 2024, № 2081
 
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 
«Дар бораи Ҷамъияти  Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:    
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷамъияти  Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                  Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 19 июни соли 2024, № 521
 
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» қабул карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси намояндагони                                          
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон                                  М. ЗОКИРЗОДА                     
ш. Душанбе, 11 апрели соли 2024, № 1258
Санаи нашр: 24.06.2024 №: 119-120
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив