ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САНОАТ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ 2,3 МИЛЛИАРД СОМОНӢ БОЛО РАФТ, АММО...

САНОАТ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ 2,3 МИЛЛИАРД СОМОНӢ БОЛО РАФТ, АММО...

28 август 2024, Чоршанбе
87
0
 
Соҳаи саноат ва инноватсия омили муҳимтарини рушди иқтисоди миллии кишвар ба ҳисоб рафта, пешрафти он имкон медиҳад, ки сарчашмаҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ пайдо гардида, барои аҳолӣ ҷойҳои нави кор фароҳам оварда шаванд. 

 

Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи аввали соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 22,6 миллиард сомонӣ расид, ки назар ба ҳамин давраи соли рафта 2,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Моҳҳои январ-июни соли равон барои истеҳсоли маҳсулоти нав, воридоти таҷҳизоти технологӣ ва васеъгардонии фондҳои истеҳсолӣ дар соҳа беш аз 4,4 миллиард сомонӣ равона гардид. 
 
251 КОРХОНА ТАЪСИС ЁФТ, 92-ТО АЗ ФАЪОЛИЯТ МОНД. ОМИЛ ЧИСТ?
Ба маълумоти расмӣ, то давраи соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият дошт. Дар зарфи солҳои истиқлоли давлатӣ амалисозии нақшаву барномаҳои рушди соҳаи саноат имкон дод, ки дар кишвар беш аз се ҳазор корхонаи саноатӣ бо 54 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шавад. Танҳо дар ду соли охир зиёда аз 1200 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бо ёздаҳ ҳазор ҷойи корӣ таъсис ёфт. 
 
Дар нимсолаи аввали соли равон 251 корхонаи нав мавриди истифода қарор гирифта, 1714 нафар соҳиби ҷойи кор шуд. Корхонаҳои нави саноатӣ дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) ва татбиқи саноатикунонии босуръати мамлакат ва аз кишвари аграрӣ ба индустриалӣ-аграрӣ табдил додани Тоҷикистон дар соҳаҳои саноати сабук, пилла, хӯрокворӣ, сохтмон, мошинсозӣ, мудофиа, химия, маъданҳои кӯҳӣ, металлҳои қиматбаҳо, ангишт ва ғайра ифтитоҳ ёфта, ба маблағи 60,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Бо вуҷуди ин, дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар як қатор масъалаҳои ҳалталаб, аз қабили фарсудашавии таҷҳизот, сатҳи пасти рақобатнокии маҳсулот ва гуногунсамтии он, норасоии маблағҳои гардони корхонаҳо ва кадрҳои баландихтисос, ҷой доранд.
Ба маълумоти Шералӣ Кабир, то якуми июли соли равон, дар ҷумҳурӣ 3580 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуд ва дар давраи ҳисоботӣ шумораи корхонаҳои азфаъолиятмонда ба 92-то расид. Аз ҷумла, дар ВМКБ 4 корхона, вилояти Суғд 23, Хатлон 21, шаҳри Душанбе 24 ва дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 20 корхона аз фаъолият бозмондаанд. Сабабҳои асосии аз кор мондани онҳо мушкилоти молиявӣ, яъне қарздории андозию бонкӣ, иҷоравӣ, поёнравии сатҳи рақобатнокии маҳсулоти истеҳсолӣ нисбат ба маҳсулоти воридотӣ, болоравии нархи ашёи хом, набудани талабот ва ба фурӯш нарафтани маҳсулоти истеҳсолӣ мебошанд. 
 
АНГИШТ. ИСТИХРОҶ ЗИЁДУ СОДИРОТ КАМ ШУД
Ба маълумоти масъулони Вазорати саноат ва технологияҳои нав, истихроҷи ангишт дар ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 195,5 ҳазор тонна афзуд. Дар ин бора Шералӣ Кабир гуфт, ки имсол дар мамлакат истихроҷи ангишт аз тарафи дувоздаҳ корхона дар нуҳ кон ба роҳ монда шуда, 946,6 ҳазор тонна ангишт истихроҷ гардид. Тибқи ин омор, беш аз 369 ҳазор тонна ангишт дар корхонаҳои давлатӣ ва зиёда аз 577 ҳазор тонна дар корхонаҳои хусусӣ истихроҷ шудааст. 
Дар давраи ҳисоботӣ 43,5 ҳазор тонна ангишт содирот шуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаригардида ба Афғонистон 17,9 ҳазор ва Покистон  65,7 ҳазор тонна кам мебошад. Илова бар ин, содироти ангишт ба Ӯзбекистон пайваста афзоиш ёфта, имсол 24,2 ҳазор тонна зиёд ба қайд гирифта шуд. Сабабҳои асосии кам шудани содироти ангишт, болоравии арзиши транзитӣ аз 7 доллар то 40-55 доллари ИМА тариқи Афғонистон ба Покистон, гум шудани қобилияти рақобатпазирии нархи ангишти содиротшаванда дар бозори Покистон, инчунин, коҳиши нархи фурӯш дар бозори ҷаҳонӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.
 
БУРДУ БОХТИ САНОАТИ САБУК ВА ПИЛЛА 
Корхонаҳои соҳаи саноати сабук бо назардошти корхонаҳои пахтатозакунӣ истеҳсоли маҳсулотро ба беш аз ду миллиард сомонӣ расонданд, ки 330,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳиссаи соҳа дар маҷмуи маҳсулоти саноатӣ нуҳ дарсадро ташкил дод. Дар ҷумҳурӣ 23,6 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол шуд, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли гузашта 980 тонна кам аст. Масъулони Вазорати саноат ва технологияҳои нав, сабаби асосии камшавии истеҳсоли нахи пахтаро ба норасоии барқ рабт доданд. 
 
Аз тарафи корхонаҳои коркарди нахи пахта 10 ҳазору 950,9 тонна ресмони пахтагӣ истеҳсол гардида, дар коргоҳҳои бофандагӣ истеҳсоли матои пахтагӣ зиёда аз 14,4 миллион метри мураббаъро ташкил дод. Корхонаҳои дӯзандагӣ, дар маҷмуъ, ба маблағи 245,6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки ба маблағи 144,5 миллион сомонӣ ба хориҷи кишвар содирот шуд. 
Айни замон аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ «Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва дар асоси он чанд барномаи соҳавии дигар амалӣ мегардад. Барномаҳо ба афзун намудани ҳаҷми маҳсулот, таъмини рақобатноки саноати ватанӣ, таъсиси корхона ва коргоҳҳои нав, ташкили ҷойҳои нави кор мусоидат намуда, барои гузариши иқтисодиёти ҷумҳурӣ аз шакли тавлидкунандаи ашёи хом ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти ниҳоӣ замина мегузорад.  
 
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 28.08.2024 №: 165
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив