ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НАФАҚАИ СУҒУРТАВӢ. БАРРАСИИ МАВЗУЪ ДАР СУҲБАТ БО ДИЛМУРОД ДАВЛАТЗОДА

НАФАҚАИ СУҒУРТАВӢ. БАРРАСИИ МАВЗУЪ ДАР СУҲБАТ БО ДИЛМУРОД ДАВЛАТЗОДА

27 август 2024, Сешанбе
64
0
Тибқи «Равзанаи ягона»-и бақайдгирии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати якуми июли имсол 327318 соҳибкори инфиродӣ ҳамчун андозсупоранда сабт шудааст, аммо дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 273987 соҳибкор сабт гардидааст, ки нисбат ба «Равзанаи ягона» 53331 соҳибкор кам мебошад. 

 

Дар ин бора зимни суҳбат ба хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода маълумот дод. 
Ба иттилои ӯ, дохил шудан ба низоми андозсупорӣ ба Кумитаи андоз ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа маънии онро дорад, ки баъди расидан ба синну соли нафақа аз нафақаи суғуртавӣ метавон бархӯрдор гардид. Ҳоло соҳибкорони мо дар Кумитаи андоз сабти ном гардидаанд, аммо дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа худро сабт намекунанд, ки ин сабаб мегардад, то соҳибкор дар оянда аз гирифтани нафақаи суғуртавӣ маҳрум шавад. Дар оянда 53331 шаҳрванд, ки ҳоло фаъолияти соҳибкорӣ доранд, вақти ба нафақа баромадан аз нафақаи суғуртавӣ маҳрум мешаванд.
Солҳои пеш соҳибкорон нафақаи баланд мегирифтанд. Барои дар оянда гирифтани нафақаи сазовор бояд андозсупоранда аз даромадаш маълумоти заруриро ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар маҳалаш пешниҳод намояд. Инчунин, ин мушкилӣ имрӯз дар хоҷагиҳои деҳқонӣ баръало мушоҳида мешавад.
Ба гирифтани нафақаи муносиб маоши баланд таъсир мегузорад. Агар шахс маоши зиёд гирад, ба ӯ ҳамон қадар бештар нафақа таъин карда мешавад. Барои гирифтани нафақаи зиёд ягон маҳдудият ҷой надорад. Ҳоло дар низоми таъини нафақа дар Тоҷикистон барномаи электронӣ амал мекунад, ки ба он ному насаб ва рақами мушаххаси суғуртавии шахс ворид мешавад. Ин барнома тамоми давраи фаъолияти корӣ ва музди меҳнати шаҳрвандонро ҳисоб карда, нафақа таъин мекунад. 
Дилмурод Давлатзода иброз дошт, ки солҳои пеш бо сабаби он, ки андозаи нафақаҳо дар асоси ҳаҷми миёнаи музди меҳнати ду соли охир бо фоиз ҳисоб карда мешуд, нафақаҳои нисбатан баландро кормандони соҳаи бонк ва соҳибкорон мегирифтанд. Аммо ин тартиб дар натиҷаи такмилу рушди қонунгузории соҳа аз байн рафт. Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» андозаи нафақаи шаҳрвандон аз саҳмгузории онҳо дар низоми суғуртавӣ вобаста мебошад. Яъне, мувофиқи Қонуни мазкур, андозаи нафақаи суғуртавӣ аз сармояи шартии нафақавӣ, ки аз ҳисоби пардохти саҳмҳои суғуртавӣ, аз рӯи музди меҳнат ва даромадҳои дигари шаҳрванд, ки дар давоми фаъолияти меҳнатиаш ё бевосита худаш ба ҳайси соҳибкори инфиродӣ ё ҳамчун корманди кироя аз тарафи корфармо пардохт гардидааст ва дар суратҳисоби инфиродиаш инъикос гардидаанд, вобаста мебошад.
Чуноне аз масъулони Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа маълумот гирифтем, ба ҳолати якуми июли соли равон дар ҷумҳурӣ шумораи умумии нафақагирон ба 815658 ҳазор нафар расид, ки теъдоди онҳо назар ба аввали сол 19569 нафар (2,5 дарсад) афзудааст.
 
Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 27.08.2024 №: 164
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив