ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2026

05 декабр 2025, Ҷумъа
12


Моддаи 1. Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 65041180 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла:
1) аз ҳисоби воридоти андозию ғайриандозӣ ва грантҳо 48377900 ҳазор сомонӣ, аз он:
а) воридоти андозӣ – 41798162 ҳазор сомонӣ;
б) воридоти ғайриандозӣ – 5411738 ҳазор сомонӣ;
в) грантҳо барои дастгирии буҷет аз ҳисоби
созмонҳои байналмилалии молиявӣ – 1168000 ҳазор сомонӣ;
2) аз ҳисоби грантҳо ва қарзҳои лоиҳаҳои
давлатии сармоягузорӣ – 13403363 ҳазор сомонӣ,
аз он:
а) қарзҳо – 6311630 ҳазор сомонӣ;
б) грантҳо – 7091733 ҳазор сомонӣ;
3) аз ҳисоби маблағҳои махсуси
ташкилотҳои буҷетӣ – 3259917 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 2. Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 ба маблағи 66995780 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла барои маблағгузории:
1) мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ – 2520394 ҳазор сомонӣ;
2) мудофиа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ,
тартиботи ҳуқуқӣ ва судҳо – 5961658 ҳазор сомонӣ;
3) маориф – 13677279 ҳазор сомонӣ;
4) тандурустӣ – 5028001 ҳазор сомонӣ;
5) суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ – 8493023 ҳазор сомонӣ;
6) фарҳанг ва варзиш – 2296527 ҳазор сомонӣ;
7) хоҷагии манзилию коммуналӣ,
ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал – 2065561 ҳазор сомонӣ;
8) комплекси сӯзишворию энергетикӣ – 14960431 ҳазор сомонӣ;
9) соҳаи кишоварзӣ, моҳидорӣ ва шикор – 1739305 ҳазор сомонӣ;
10) саноат ва сохтмон – 412239 ҳазор сомонӣ;
11) нақлиёт ва коммуникатсия – 2523556 ҳазор сомонӣ;
12) соҳаҳои дигари иқтисодиёт
ва хизматрасонӣ – 191522 ҳазор сомонӣ;
13) хароҷоти дигар – 7126284 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 3. Ҳаҷми умумии касри буҷети давлатӣ ва манбаъҳои пӯшонидани он
1. Андозаи ниҳоии ҳаҷми умумии касри буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 ба андозаи 1,0 дарсади маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ё ба маблағи 1954600 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад.
2. Манбаъҳои пӯшонидани касри буҷети давлатӣ ба таври зерин муайян карда шаванд:
1) аз ҳисоби хусусигардонӣ
ва иҷораи моликияти ҷумҳуриявӣ – 60000 ҳазор сомонӣ;
2) аз фурӯши коғазҳои қиматноки давлатӣ – 1000000 ҳазор сомонӣ;
3) аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети
ҷумҳуриявӣ ба ҳолати 1 январи соли 2026 – 10000 ҳазор сомонӣ;
4) аз ҳисоби маблағҳои грантию қарзии
созмонҳои байналмилалии молиявӣ
бо дарназардошти бақияи солҳои гузашта – 764450 ҳазор сомонӣ;
5) сарфаи маблағи озмунҳои хариди давлатӣ – 50000 ҳазор сомонӣ;
6) иҷрои барзиёди нақшаи даромад ва маблағи озоди буҷетҳои маҳаллӣ ба ҳолати 1 январи соли 2026 – 70150 ҳазор сомонӣ.
3. Маблағгузории пардохти қарзи асосии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 5090886 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби хароҷоти ҷории буҷети ҷумҳуриявӣ 3336215 ҳазор сомонӣ ва баргардонидани қарзи асосӣ аз рӯйи уҳдадориҳои созишномаҳои зерқарзии соли 2026 ба маблағи 1754671 ҳазор сомонӣ (бо дарназардошти уҳдадориҳои қарзии солҳои қаблӣ) аз ҳисоби ташкилотҳои зерин муқаррар карда мешавад:
1) Ҷамъияти саҳомии кушодаи
«Барқи Тоҷик» – 1552900 ҳазор сомонӣ;
2) Корхонаи воҳиди давлатии
«Обу корези Душанбе» – 10000 ҳазор сомонӣ;
3) Ҷамъияти саҳомии кушодаи
«Тоҷиктрансгаз» – 6000 ҳазор сомонӣ;
4) Ҷамъияти саҳомии кушодаи
«Помир энерҷӣ» – 10044 ҳазор сомонӣ;
5) Ҷамъияти саҳомии кушодаи
«Ширкати Алюминийи Тоҷик» – 84010 ҳазор сомонӣ;
6) Корхонаи воҳиди давлатии
«Роҳи оҳани Тоҷикистон» – 80271 ҳазор сомонӣ;
7) Корхонаи воҳиди давлатии
«Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и
Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 11446 ҳазор сомонӣ.
4. Маблағгузории хизматрасонии қарзи дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 472980 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ 152580 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби даромадҳои депозитии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки миллии Тоҷикистон ва фурӯшу иҷораи молу мулки ба моликияти давлат қабулгардидаи собиқ ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» 320400 ҳазор сомонӣ муайян карда шавад.
Моддаи 4. Ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ
Ҳаҷми умумии буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи даромад 30720585 ҳазор сомонӣ, аз рӯйи хароҷот 32605035 ҳазор сомонӣ ва касри он дар ҳаҷми 1884450 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 5. Даромади буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи манбаъҳои даромад
Даромади буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи 30720585 ҳазор сомонӣ аз рӯйи манбаъҳои зерин муқаррар карда шавад:
1) андоз аз даромад – 4632369 ҳазор сомонӣ;
2) андоз аз арзиши иловашуда – 15559213 ҳазор сомонӣ;
3) андози аксиз – 1527686 ҳазор сомонӣ;
4) андозҳо барои захираҳои табиӣ – 476932 ҳазор сомонӣ;
5) андоз аз фурӯш – 33371 ҳазор сомонӣ;
6) боҷҳои гумрукӣ – 2064908 ҳазор сомонӣ;
7) даромадҳои дигари ғайриандозӣ – 5258106 ҳазор сомонӣ;
8) грантҳои созмонҳои
байналмилалии молиявӣ – 1168000 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 6. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи гурӯҳбандии вазифавӣ
Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи гурӯҳбандии вазифавӣ ба андозаи зерин тасдиқ карда шавад:
1) маблағгузории бахши ҳокимияти
давлатӣ ва идоракунӣ – 1543102 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
а) мақомоти иҷроия ва қонунгузорӣ – 369978 ҳазор сомонӣ;
б) сиёсати молиявӣ ва андозию буҷетӣ – 242237 ҳазор сомонӣ;
в) фаъолияти сиёсати берунӣ – 405419 ҳазор сомонӣ;
г) мақомоти дигари давлатӣ – 525468 ҳазор сомонӣ;
2) мудофиа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ,
судҳо ва прокуратура – 5222251 ҳазор сомонӣ;
3) маориф – 2802251 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
а) таҳсилоти умумӣ – 378853 ҳазор сомонӣ;
б) таҳсилоти касбӣ – 1684531 ҳазор сомонӣ;
в) фаъолияти дигар дар соҳаи маориф – 738867 ҳазор сомонӣ;
4) тандурустӣ – 855472 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
а) беморхонаҳо – 456396 ҳазор сомонӣ;
б) марказҳои саломатӣ – 17879 ҳазор сомонӣ;
в) ҳифзи саломатии аҳолӣ – 127890 ҳазор сомонӣ;
г) фаъолияти дигар дар соҳаи тандурустӣ – 253307 ҳазор сомонӣ;
5) суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ – 1279770 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
а) суғуртаи иҷтимоӣ – 951890 ҳазор сомонӣ;
б) ҳифзи иҷтимоӣ – 138610 ҳазор сомонӣ;
в) фаъолияти дигар дар соҳаи суғуртаи
иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ – 189270 ҳазор сомонӣ;
6) фарҳанг ва варзиш – 1439254 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
а) чорабиниҳо оид ба тарбияи
ҷисмонӣ ва варзиш – 38149 ҳазор сомонӣ;
б) муассисаҳои фарҳангию маърифатӣ – 224555 ҳазор сомонӣ;
в) воситаҳои ахбори омма – 433962 ҳазор сомонӣ;
г) фаъолияти дигар дар соҳаи
фарҳанг ва варзиш – 742588 ҳазор сомонӣ;
7) хоҷагии манзилию коммуналӣ,
ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал – 187736 ҳазор сомонӣ;
8) комплекси сӯзишворию энергетикӣ – 6939349 ҳазор сомонӣ;
9) кишоварзӣ, моҳидорӣ ва шикор – 361640 ҳазор сомонӣ;
10) саноат ва сохтмон – 398146 ҳазор сомонӣ;
11) нақлиёт ва коммуникатсия – 392147 ҳазор сомонӣ;
12) фаъолияти дигари иқтисодӣ ва
хизматрасонӣ – 198361 ҳазор сомонӣ;
13) хароҷоте, ки ба категорияҳои дигар
дохил карда нашудаанд – 10985556 ҳазор сомонӣ,
аз ҷумла:
а) амалиёт бо уҳдадориҳои қарзии давлатӣ – 4444737 ҳазор сомонӣ,
аз он:
– амалиёт бо уҳдадориҳои қарзии
дохилии давлатӣ – 152580 ҳазор сомонӣ;
– амалиёт бо уҳдадориҳои қарзии
берунаи давлатӣ – 4292157 ҳазор сомонӣ;
б) хароҷоти шаҳри Душанбе барои
амалӣ намудани вазифаҳои пойтахт – 40000 ҳазор сомонӣ;
в) фонди хароҷоти пешбининашудаи
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 236050 ҳазор сомонӣ;
г) хароҷоти дигаре, ки аз рӯйи соҳаҳои
иқтисодиёт гурӯҳбандӣ нашудаанд – 6264769 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 7. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи гурӯҳбандии идоравӣ ва барномавӣ
2. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи гурӯҳбандии барномавӣ тибқи замимаи 2 тасдиқ карда шавад.
Моддаи 8. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи гурӯҳбандии иқтисодӣ
Хароҷоти вазорату идораҳо, ташкилотҳои аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузоришаванда аз рӯйи гурӯҳбандии иқтисодӣ дар ҳаҷми 32605035 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла:
1) пардохти музди меҳнат – 5787039 ҳазор сомонӣ,
аз он:
а) музди меҳнати кормандони асосӣ – 5402087 ҳазор сомонӣ;
б) музди меҳнати кормандони ҳайати
техникӣ ва хизматрасонӣ – 384952 ҳазор сомонӣ;
2) маблағҷудокуниҳо ба эҳтиёҷоти
иҷтимоӣ – 805135 ҳазор сомонӣ,
аз он:
а) аз ҳисоби музди меҳнати
кормандони асосӣ – 695249 ҳазор сомонӣ;
б) аз ҳисоби музди меҳнати кормандони
ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ – 96498 ҳазор сомонӣ;
в) суғуртаи тиббӣ ва суғуртаҳои дигар – 13388 ҳазор сомонӣ;
3) хариди мол ва хизматрасонӣ – 6621774 ҳазор сомонӣ,
аз он:
а) пардохти хизматрасонии коммуналӣ – 390329 ҳазор сомонӣ;
б) пардохти хизматрасонии алоқа – 272319 ҳазор сомонӣ;
в) хариди мол ва хизматрасонии дигар – 5959126 ҳазор сомонӣ;
4) хизматрасонии қарзҳои дохилӣ
ва беруна – 4338737 ҳазор сомонӣ,
аз он:
а) пардохти фоизҳои қарзи дохилӣ – 46580 ҳазор сомонӣ;
б) пардохти қарзи берунаи асосӣ – 3336215 ҳазор сомонӣ;
в) пардохти фоизҳои қарзи берунаи асосӣ – 955942 ҳазор сомонӣ;
5) хароҷоти пардохти
кумакпулиҳо (субсидияҳо) – 161078 ҳазор сомонӣ;
6) хароҷот барои трансфертҳо – 4140323 ҳазор сомонӣ;
7) кумакпулиҳои иҷтимоӣ – 415041 ҳазор сомонӣ;
8) трансфертҳои дигар – 981983 ҳазор сомонӣ;
9) амалиёт бо дороиҳо, уҳдадориҳо ва
сармоягузорӣ – 9353925 ҳазор сомонӣ,
аз он:
а) маблағгузории асосии мутамарказ – 8590876 ҳазор сомонӣ;
б) хариди мошинҳо ва таҷҳизот – 332600 ҳазор сомонӣ;
в) дороиҳои ғайримолиявии дигар – 316809 ҳазор сомонӣ;
г) хариди дороиҳои молиявии дохилӣ – 7640 ҳазор сомонӣ;
д) пардохти қарзҳо ва ссудаҳо – 106000 ҳазор сомонӣ.
Моддаи 9. Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 ба маблағи 944198 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 10. Мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷудошаванда
1. Ҳаҷми мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои пардохти фонди музди меҳнат ба маблағи 3932552 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад, аз ҷумла барои:
1) Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 518953 ҳазор сомонӣ;
2) вилояти Хатлон – 2399000 ҳазор сомонӣ;
3) ноҳияи Варзоб – 58476 ҳазор сомонӣ;
4) ноҳияи Рашт – 150040 ҳазор сомонӣ;
5) шаҳри Ҳисор – 93265 ҳазор сомонӣ;
6) ноҳияи Лахш – 92487 ҳазор сомонӣ;
7) ноҳияи Нуробод – 103492 ҳазор сомонӣ;
8) ноҳияи Рӯдакӣ – 175284 ҳазор сомонӣ;
9) ноҳияи Сангвор – 42314 ҳазор сомонӣ;
10) ноҳияи Тоҷикобод – 70925 ҳазор сомонӣ;
11) ноҳияи Файзобод – 129355 ҳазор сомонӣ;
12) ноҳияи Шаҳринав – 98961 ҳазор сомонӣ.
2. Мусоидати молиявӣ (субвенсия) ба фондҳои мақсадноки давлатӣ ба буҷети вилоятии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои мазкур ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳар моҳ мустақиман аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба суратҳисоби алоҳидаи буҷетҳои маҳаллӣ ҷудо карда шуда, хароҷоти он тавассути суратҳисоби мазкур анҷом дода шавад.
Моддаи 11. Маблағи нақди гардони хазинавии буҷети ҷумҳуриявӣ
Маблағи нақди гардони хазинавии буҷети ҷумҳуриявӣ ба ҳолати 1 январи соли 2027 ба маблағи 490729 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 12. Ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ
1. Ҳаҷми умумии буҷетҳои маҳаллӣ аз рӯйи даромад бо дарназардошти мусоидати молиявӣ (субвенсия), ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда мешавад, ба маблағи 18589867 ҳазор сомонӣ, хароҷот ба маблағи 18660017 ҳазор сомонӣ ва касри буҷет ба маблағи 70150 ҳазор сомонӣ муайян карда шавад.
2. Ҳаҷми фонди музди меҳнати буҷетҳои маҳаллӣ ҳамчун нишондиҳандаи назоратӣ ба маблағи 14038149 ҳазор сомонӣ муайян карда мешавад, аз ҷумла барои:
1) Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 655172 ҳазор сомонӣ;
2) вилояти Хатлон – 5043683 ҳазор сомонӣ;
3) вилояти Суғд – 3766057 ҳазор сомонӣ;
4) шаҳри Душанбе – 1896760 ҳазор сомонӣ;
5) шаҳри Ваҳдат – 447334 ҳазор сомонӣ;
6) шаҳри Роғун – 80515 ҳазор сомонӣ;
7) шаҳри Турсунзода – 370650 ҳазор сомонӣ;
8) ноҳияи Варзоб – 122950 ҳазор сомонӣ;
9) ноҳияи Рашт – 186787 ҳазор сомонӣ;
10) шаҳри Ҳисор – 387374 ҳазор сомонӣ;
11) ноҳияи Лахш – 102011 ҳазор сомонӣ;
12) ноҳияи Нуробод – 110993 ҳазор сомонӣ;
13) ноҳияи Рӯдакӣ – 439295 ҳазор сомонӣ;
14) ноҳияи Сангвор – 51373 ҳазор сомонӣ;
15) ноҳияи Тоҷикобод – 75166 ҳазор сомонӣ;
16) ноҳияи Файзобод – 149784 ҳазор сомонӣ;
17) ноҳияи Шаҳринав – 152245 ҳазор сомонӣ.
3. Касри буҷетҳои маҳаллӣ дар соли 2026 аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷетҳои маҳаллӣ ба ҳолати 1 январи соли 2026 ва таъмини иҷрои барзиёди даромад пӯшонида мешавад.
Моддаи 13. Таносуби воридоти андозӣ ва ғайриандозӣ ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ
1. Дар соли 2026 ба буҷети ҷумҳуриявӣ даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии зерин ворид карда шаванд:
1) андоз аз фурӯши алюминийи аввалия - 100 дарсад;
2) боҷҳои гумрукӣ - 100 дарсад;
3) андоз аз арзиши иловашуда ва аксизи беруна - 100 дарсад;
4) дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва даромадҳои ғайриандозии умумидавлатӣ (бо дарназардошти муҷозоти молиявӣ), маблағҳои аз ҳисоби додани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошанд ва шиносномаҳои шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон - 100 дарсад;
5) аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» – андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ, инчунин андозҳо барои захираҳои табиӣ (роялти барои об, ба истиснои объектҳои ҳудуди вилояти Хатлон) - 100 дарсад;
6) аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик» – андоз аз арзиши иловашуда - 20 дарсад;
7) аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун» – андоз аз арзиши иловашуда ва андозҳо барои захираҳои табиӣ (роялти барои об) - 100 дарсад;
8) аз Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком» – андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ - 100 дарсад;
9) аз Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» – андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ - 100 дарсад;
10) аз муассисаҳои давлатии марказ ва гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, консулгариҳо ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда – андоз аз даромади шахсони воқеӣ - 100 дарсад;
11) аз ширкатҳои алоқаи мобилӣ (ба истиснои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком») – андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз - 100 дарсад;
12) аз Бонки миллии Тоҷикистон – андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз даромад, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва фоидаи боқимондаи баъди тасдиқи ҳисоботи соли 2025 - 100 дарсад;
13) аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Тоҷикистону Америка «Корхонаи муштараки Анзоб», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати кӯҳии саноатии Тоҷикистону Хитой», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Корхонаи муштараки «Зарафшон», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пакрут», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати металлургии Анзоб» ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Талко Голд» – андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ - 50 дарсад;
14) пардохти бонуси обунавии яккаратаи истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ аз ҳисоби истихроҷи маъданҳои фоиданок (ба ғайр аз канданиҳои фоиданоки маъмулӣ, обҳои зеризаминӣ ва лойи табобатӣ), ба истиснои андозсупорандагони ҳудуди вилояти Хатлон - 100 дарсад;
15) аз ҳисоби андозҳо барои захираҳои табиӣ (рентаи содиротӣ), ба истиснои андозсупорандагони ҳудуди вилояти Хатлон - 50 дарсад;
16) хироҷ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон - 80 дарсад;
2. Ҳиссаҷудокунӣ аз андозҳои умумидавлатӣ, ки аз андозсупорандагони дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ворид мегарданд, дар байни буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ аз рӯйи таносуби зерин тасдиқ карда шавад:
1) андоз аз арзиши иловашуда:
а) ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ба ғайр аз вилояти Суғд, шаҳрҳои Душанбе ва Роғун) - 100 дарсад;
б) аз вилояти Суғд 50 дарсад ба буҷети вилоят ва 50 дарсад ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
в) аз шаҳри Душанбе 50 дарсад ба буҷети шаҳр ва 50 дарсад ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
г) аз шаҳри Роғун 50 дарсад ба буҷети шаҳр ва 50 дарсад ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
2) андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ:
а) ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ба ғайр аз вилояти Суғд ва шаҳри Роғун) - 100 дарсад;
б) аз вилояти Суғд 57 дарсад ба буҷети вилоят ва 43 дарсад ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
в) аз шаҳри Роғун 57 дарсад ба буҷети шаҳр ва 43 дарсад ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
3) андоз аз даромади шахсони воқеӣ:
а) ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ба ғайр аз вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе) - 100 дарсад;
б) аз вилояти Суғд 57 дарсад ба буҷети вилоят ва 43 дарсад ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
в) аз шаҳри Душанбе 42 дарсад ба буҷети шаҳр ва 58 дарсад ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
4) аксизҳои дохилӣ ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо - 100 дарсад;
5) андозҳои маҳаллӣ, боҷи давлатӣ, дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ ва воридоти ғайриандозии маҳаллии дигар ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо - 100 дарсад;
6) Маблағҳои роялти барои об аз ҳисоби неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Бойғозӣ», «Вахш» ва «Сангтӯда-1» ба буҷети вилояти Хатлон гузаронида мешаванд.
3. Тақсимоти маблағҳои аз нақша барзиёд воридшудаи даромади буҷети дахлдор дар байни буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ аз рӯйи таносуби муқарраршуда бо намуди андозҳо ва пардохтҳо амалӣ карда мешаванд.
4. Воридоти андозҳои танзимшавандае, ки ба буҷети ҷумҳуриявӣ аз шаҳри Душанбе аз нақшаи умумии тасдиқгардида барзиёд дохил шудааст, ба буҷети шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.
5. Маблағҳои андозӣ ва ғайриандозӣ, ки таъиноти онҳо ба буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ карда шудааст, набояд ба сатҳи дигари буҷет гирифта шаванд.
6. Гузаронидани маблағи як намуди андоз ба дигар намуди андоз берун аз таъинот, инчунин анҷом додани амалиёти пардохти андозҳои танзимшаванда ба буҷетҳои дахлдор бидуни гузаронидани амалиёт тавассути Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъиян манъ аст.
7. Воридот ва тақсимоти андозҳои танзимшаванда байни буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ қатъиян тавассути суратҳисобҳои танзимкунандаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
8. Новобаста ба тағйир ёфтани маҳали фаъолияти андозсупоранда, ҷиҳати иҷрои нақшаи қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ, уҳдадориҳои иҷтимоии давлатӣ ва чорабиниҳои барномаҳои давлатӣ, пардохти уҳдадориҳои андозии чунин андозсупоранда то охири соли молиявӣ дар маҳали қаблан бақайдгирифташуда ё маҳаллӣ фаъолият анҷом дода шавад.
9. Пардохти андозҳои умумидавлатӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ, ки дар онҳо воҳидҳои алоҳидаи андозсупоранда (рамзҳои сабаби ба ҳисоб гузоштан) ба қайд гирифта нашудаанд, манъ аст.
10. Воридоти андозию ғайриандозӣ аз рӯйи сиёсати як пардохт барои як намуди андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет тибқи рамзи гурӯҳбандии даромад анҷом дода мешавад.
Моддаи 14. Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа
1. Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барои соли 2026 аз рӯйи даромад ба маблағи 6823620 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби андози иҷтимоӣ ба маблағи 6792820 ҳазор сомонӣ ва мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи 30800 ҳазор сомонӣ ва хароҷот ба маблағи 6823620 ҳазор сомонӣ мувофиқи замимаи 3 тасдиқ карда шавад.
2. Мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ дар ҳолате ҷудо карда мешавад, агар даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа талаботи воқеии пардохти нафақа ва кумакпулиҳоро пурра таъмин карда натавонад.
3. Даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ, хароҷоти он барои пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ҳаҷми мусоидати молиявӣ (субвенсия), ки ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷудо карда мешавад, мувофиқи замимаи 4 тасдиқ карда шавад.
4. Ҳиссаҷудокуниҳо аз андози иҷтимоӣ, ки аз андозсупорандагони дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ворид мешаванд, барои пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ аз рӯйи таносуб (фоизҳо)-и зерин тасдиқ карда шаванд:
1) аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик» 100 дарсад ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) дар шаҳри Душанбе 40,9 дарсад ба суратҳисоби раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳри Душанбе ва 59,1 дарсад ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) дар шаҳри Роғун 40,8 дарсад ба суратҳисоби шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳри Роғун ва 59,2 дарсад ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) дар ноҳияи Сангвор 92,4 дарсад ба суратҳисоби шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Сангвор ва 7,6 дарсад ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5) дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои дигари тобеи ҷумҳурӣ 100 дарсад ба суратҳисоби раёсатҳо ва шуъбаҳои дахлдори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 15. Муқаррароти андозию гумрукӣ ва имтиёзҳои алоҳида барои ташкилотҳо дар соли 2026
1. Андоз аз арзиши иловашуда барои корхонаҳои коркарди гандум (ба истиснои воридоти гандум барои истеҳсоли молҳои зераксизӣ) барои воридоти гандум, коркард ва фурӯши маҳсулоти аз гандум коркардшуда, аз ҷумла маҳсулоти макаронии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшуда, инчунин фурӯши равғани рустанӣ барои корхонаҳои коркарди равған бо меъёри 10 дарсад ва барои фурӯши бақияи коркарди зироатҳои равғанидиҳанда (кунҷора, шрот-хӯроки паранда ва чорво) бо меъёри 7 дарсад муқаррар карда шавад. Баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашуда, ки ҳангоми хариди молу маҳсулоти дигар (кор ва хизматрасонӣ) барои фурӯши маҳсулоти аз гандуми коркардшуда, аз ҷумла маҳсулоти макаронии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшуда, инчунин барои коркарди равғани рустанӣ ва фурӯши он пардохта шудааст, наметавонад аз 10 дарсад ва барои фурӯши бақияи коркарди зироатҳои равғанидиҳанда (кунҷора, шрот-хӯроки паранда ва чорво) 7 дарсад зиёд бошад. Муқаррароти мазкур ба имтиёзҳои пешбининамудаи сархати сездаҳуми қисми 4 моддаи 251 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 13) моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намегарданд.
2. Воридоти техника, воситаҳои нақлиёти махсус ва қисмҳои эҳтиётии онҳо, автобусҳо, ки номгӯй ва миқдори онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷети шаҳри Душанбе барои пурра намудани парки нақлиёти мусофиркашонӣ ва беҳтар гардонидани таъминоти соҳаи алоҳидаи шаҳри Душанбе харидорӣ мешаванд, аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.
3. Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» ҳангоми фурӯши молҳои озуқаворӣ, инчунин воридоти маҳсулоте, ки номгӯй ва миқдори он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд, аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.
4. Воридоти мазути камсулфур барои эҳтиёҷоти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Маркази барқу гармидиҳӣ»-и шаҳри Душанбе, ки миқдори он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, аз андози аксиз ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.
5. Иҷрои кор ва хизматрасонии фармоишгар ва паймонкори асосии сохтмонҳои зерин аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ба истиснои андоз аз арзиши иловашудаи сохтмони маркази таълимии байналмилалӣ барои кӯдакони болаёқат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони Нусратулло Махсуми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии «Театри драмавии русии ба номи В. Маяковский», ки моддаи 275 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати онҳо татбиқ мегардад) ва андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда озод карда мешаванд: меҳмонхонаи «Исмоили Сомонӣ», воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе, сохтмони маҷмааи бинои бисёрфунксионалӣ барои марказҳои савдо ва хизматрасонӣ дар хиёбони Исмоили Сомонии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, сохтмони театри миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, сохтмони варзишгоҳ барои 30000 ҷойи нишаст дар шаҳри Душанбе, сохтмони бинои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтмони толори маҷлисгоҳи универсалии Муассисаи давлатии «Маҷмуи меҳмонхонаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», сохтмони «Роҳи автомобилгарди Хоҷаи Аъло - Ворух» ва «Ободонии истифодаи чорроҳаи автомобилгарди Исфара-Ворух ва Ош-Раззаков», сохтмони маркази таълимии байналмилалӣ барои кӯдакони болаёқат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони Нусратулло Махсуми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, сохтмони Муассисаи давлатии «Театри драмавии русии ба номи В. Маяковский» дар шаҳри Душанбе, бинои иловагӣ барои 144 ҷойи нишаст дар назди Муассисаи таълимии №16 деҳаи Оби Ширини деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик ва бинои иловагӣ барои 144 ҷойи нишаст дар деҳаи Меҳтари деҳоти Оқсӯи ноҳияи Данғара.
6. Воридоти мол аз ҷониби фармоишгарон ва паймонкорони асосии сохтмони иншооти дар қисми 5 моддаи мазкур пешбинишуда, ба истиснои сохтмони варзишгоҳ барои 30000 ҷойи нишаст дар шаҳри Душанбе ва театри миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, сохтмони толори маҷлисгоҳи универсалии Муассисаи давлатии «Маҷмуи меҳмонхонаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», сохтмони «Роҳи автомобилгарди Хоҷаи Аъло-Ворух» ва «Ободонии истифодаи чорроҳаи автомобилгарди Исфара-Ворух ва Ош-Раззаков», ки ба иншоотҳои объектҳои махсусан муҳим шомил мебошанд, тибқи номгӯй ва дар ҳаҷми тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.
7. Ба уҳдадориҳои қарзии андозҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Сангтӯда-1» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун», ки аз ҳисоби таҳвили қувваи барқ ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» ба вуҷуд омадаанд, фоизҳо тибқи моддаи 139 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида ҳисоб карда намешаванд.
8. Воридоти бланкҳои шиносномаҳои дорои ҳомили электронии иттилоот, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда ва аз боҷу хироҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.
9. Воридоти тухмии зироатҳои кишоварзии дараҷаи суперэлита, элита ва репродуксияи якум, тухмии хушсифати кирмак барои пиллапарварӣ, гулу буттаҳои ороишӣ, дарахтони ороишӣ ва мевадиҳанда, чорвои зотӣ ва гӯштӣ, инчунин ҳама намуди хӯроки чорво аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.
10. Иҷрои кор ва хизматрасонӣ аз тарафи намояндаи фармоишгар - консорсиуми «Tractebel Engineering S.A.» (филиали «Tractebel Engineering S.A.» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) оид ба сохтмони Неругоҳи барқи обии "Роғун", ки тибқи шартномаи дутарафа амалӣ мешавад, аз пардохти андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ ва андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда, инчунин иҷрои кор ва хизматрасонии паймонкорони фаръии консорсиум аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда озод карда мешаванд.
12. Воридот ва фурӯши маҳсулоти озуқа, нуриҳои минералӣ, сӯзишвории дизелӣ ва бензин, ки аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули захираҳои давлатӣ дар соли 2026 тибқи номгӯй ва миқдори тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд, аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешаванд.
13. Воридоти дарахтони сояафкан, ҳамешасабз ва ороишӣ барои шинонидан дар боғҳо ва кӯчаву хиёбонҳои пойтахт, ки аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳри Душанбе харидорӣ шуда, номгӯй ва миқдори онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.
14. Воридоти битуми тамғаи ДНД 60/90 барои Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳсоз»-и шаҳри Душанбе, ки ҳаҷми он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад, аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.
15. Сохтмон ва фаъолияти филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе аз пардохти андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ, андози замин ва кормандони хориҷии он аз андози иҷтимоӣ ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда, инчунин таҷҳизот ва молҳое, ки барои сохтмон, муҷаҳҳазгардонӣ ва фаъолияти филиали Донишкадаи мазкур ва барои сохтмон, муҷаҳҳазгардонии бинои бисёрфунксионалии «Маркази савдову хизматрасонӣ ва фароғатӣ» дар кӯчаи Титови шаҳри Душанбе, сохтмони муассисаи замонавии тандурустии бисёрфунксионалӣ дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Душанбе ворид карда мешаванд, аз 50 дарсади меъёри муқарраршудаи андоз аз арзиши иловашуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешаванд.
Моддаи 16. Ҳиссагузорӣ ба фонди стабилизатсионии рушди иқтисодиёт аз ҳисоби иҷрои барзиёди даромади буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ
Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2026 аз ҳисоби иҷрои барзиёди нақшаи қисми даромади буҷетҳои тасдиқшудаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва буҷети тасдиқшудаи ҷумҳуриявӣ, ба истиснои маблағҳо аз фурӯши тилло ва дигар маблағҳои мақсадноки супоришӣ ворид мегарданд, 25 дарсад баъд аз пӯшонидани касри буҷет, ки дар қисми 1 моддаи 3 Қонуни мазкур муқаррар карда шудааст, ба истиснои шаҳри Душанбе, ба фонди стабилизатсионии рушди иқтисодиёт равона карда мешавад.
Моддаи 17. Ҳиссаҷудокунӣ ба фонди роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2026 аз ҳисоби даромадҳо аз пардохтҳо оид ба додани иҷозатномаҳо ҷиҳати амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи роҳсозӣ ва нақлиёт 100 дарсад, пардохтҳо оид ба додани рухсатномаи махсус ҷиҳати ҳамлу нақли бори калонҳаҷм ва вазнин бо нақлиёти автомобилӣ 100 дарсад, маблағи ҷарима барои ҳуқуқвайронкуниҳои роҳу нақлиётие, ки мутобиқи моддаи 111 Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт таъин мегарданд, 10 дарсад, маблағи роҳхатҳо, варақаҳои рухсатномаи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии дуҷониба ва транзитии боркашонӣ 20 дарсад ва маблағи хироҷ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобили хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 дарсад ба фонди роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда мешавад.
Моддаи 18. Муқаррарот оид ба амонатгузории маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар бонкҳо
Бо мақсади зиёд намудани даромади буҷет, маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки ба ҳолати 1 январи соли 2026 ба вуҷуд меоянд, ҳамчун амонат бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давраи кӯтоҳмуҳлат дар давоми соли буҷетӣ ҷойгир карда мешаванд.
Моддаи 19. Соҳаҳо ва моддаҳои ҳимояшавандаи буҷети давлатӣ
1. Соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ соҳаҳои ҳимояшавандаи буҷетӣ мебошанд ва азнавтақсимкунии маблағҳо байни соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин ба соҳаҳои дигар қатъиян манъ аст.
2. Ба моддаҳои ҳимояшавандаи хароҷоти буҷет музди меҳнат, маблағҷудокуниҳо ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, стипендия, нафақа, кумакпулӣ, ҷубронпулӣ, маблағгузории сарикасӣ ва пардохти хизматрасонии коммуналӣ дохил карда шаванд.
3. Ҳангоми тасдиқи буҷетҳои маҳаллӣ фонди музди меҳнат тибқи нишондиҳандаҳои дар қисми 2 моддаи 12 Қонуни мазкур муайяншуда нигоҳ дошта мешавад.
4. Ҳангоми мавҷуд будани сарфа ва набудани қарз аз рӯйи моддаҳои дахлдори хароҷот Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии он ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бо тартиби муқарраргардида ба нақшаи тасдиқшудаи моддаҳои хароҷот тағйироти дахлдор ворид намоянд.
Моддаи 20. Пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ ва муқаррарот оид ба хароҷоти маблағҳои махсус
1. Аз ҳисоби воридоти маблағҳои махсуси ташкилотҳо пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷетҳои дахлдор ба андозаи зерин муқаррар карда мешаванд:
1) Дастгоҳҳои марказӣ ва мақомоти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 100 дарсад;
2) Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт - 50 дарсад;
3) муассисаҳои томактабӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ - 1 дарсад, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ, муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва дастгоҳҳои марказии вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 5 дарсад, муассисаҳои дигари соҳаи маориф, илм, фарҳанг ва дастгоҳҳои марказии вазоратҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - 10 дарсад;
4) муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, дастгоҳҳои марказӣ ва мақомоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои дигари буҷетӣ - 20 дарсад.
2. Аз маблағҳои грантӣ, сарпарастӣ, ҳиссаҷудокунии маблағҳои махсуси гирандагони маблағҳои буҷетӣ ба тақсимкунандагони маблағҳои буҷетӣ ва тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ, маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонии идораҳои беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, кумакҳои молиявӣ, маблағҳои махсуси муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии таҷрибавӣ, ки аз 1 январи соли 2025 тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2024, №438 ба механизми нави маблағгузорӣ гузаштаанд, маблағҳои махсуси намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳо дар хориҷи кишвар, фонди иҷораи китобҳои дарсӣ, маблағҳои мақсадноки супоришӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ, хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъватии сафарбарӣ, маблағҳои аз ҳисоби хироҷ барои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида ва Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти мазкур ситонида намешавад.
3. Маблағҳои ба суратҳисоби махсуси ташкилотҳои буҷетӣ дар бонкҳо аз ҳисоби хизматрасониҳои музднок воридгардида дар реҷаи вақти воқеӣ ба суратҳисоби дахлдори Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он интиқол дода мешавад.
4. Истифодаи маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ, ба истиснои маблағҳои грантӣ ва сарпарастӣ, берун аз низоми хазинадорӣ қатъиян манъ аст. Дар ҳолати риоя нагардидани муқаррароти мазкур, маблағҳои ошкоргардида пурра ба даромади буҷети дахлдор ситонида мешаванд.
5. Дар сурати аз ҳаҷми маблағи семоҳаи дар буҷети давлатӣ тасдиқшуда кам ва ё зиёд ворид гардидани маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он ба нақшаи ягонаи даромад ва хароҷоти онҳо ва ба қисми даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ тағйироти дахлдор ворид менамоянд.
6. Дар ҳолати иҷро нагардидани қисми даромади буҷети давлатӣ дар соли 2026 ва норасоии маблағ барои маблағгузории хароҷоти пешбинишуда, аз ҷумла пардохти музди меҳнат, барои истифодаи қувваи барқ, об ва хизматрасонии дигари коммуналӣ, пардохтҳои номбаршударо вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ аз ҳисоби маблағҳои махсус амалӣ менамоянд.
7. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби додани сертификат 100 дарсади маблағро ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт менамояд.
8. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби истифодабарии захираҳои рақамгузорӣ 70 дарсади маблағро ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт менамояд. Маблағҳои боқимондаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёри он мононда шуда, тартиби дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда нисбати он татбиқ намегардад.
9. Маблағҳое, ки аз ҳисоби хизматрасонии консулӣ (ба истиснои пардохт барои додани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошанд ва шиносномаҳои шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон)–и Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳо дар хориҷи кишвар ворид мегарданд, баъди пардохт мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур ба буҷети ҷумҳуриявӣ барои маблағгузории фаъолияти онҳо ва сохтмону таъмири биноҳои маъмурӣ равона карда мешаванд. Маблағҳои аз ҳисоби додани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошанд ва шиносномаҳои шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида пурра ба суратҳисоби андӯхтӣ гузаронида шуда, хароҷоти онҳо тибқи нақшаи пешбинишудаи буҷети ҷумҳуриявӣ бо санади дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
10. Бақияи маблағҳои буҷетӣ ва махсуси намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳолати 1 январи соли 2026 ба вуҷуд меояд, дар ҳаҷми маблағгузории хароҷоти буҷети соли молиявӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.
11. Дар ҳолати норасоии маблағҳои буҷетӣ барои нигоҳдории намояндагиҳои дипломатӣ, консулгариҳо ва намояндагиҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фарқияти он аз ҳисоби маблағҳои махсуси вазорату идораҳои дахлдор пӯшонида мешавад.
13. Вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ танҳо дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ суратҳисобҳои бонкӣ мекушоянд.
Моддаи 21. Суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ
1. Воридот ба суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ ба андозаи 5 дарсад муқаррар карда шавад, аз ҷумла:
1) аз ҳисоби иҷрои барзиёди қисми даромади буҷетҳои тасдиқшудаи маҳаллӣ, ба истиснои шаҳри Душанбе;
2) аз ҳисоби маблағҳои махсуси:
а) муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриявӣ;
б) Хадамоти шиносномавӣ ва бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
в) ташкилотҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
г) ташкилотҳои дигари буҷетӣ, ба истиснои муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, раёсатҳои беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳо дар хориҷи кишвар.
2. Ворид намудани маблағҳо ба суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ бо тартиби муқарраргардида тибқи дастурамали аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида амалӣ карда мешавад.
3. Хароҷоти маблағҳо аз суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ бо фармоишҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 22. Муқаррарот оид ба давраи пардохтҳо аз ҳисоби маблағҳои суратҳисоби махсус
1. Пардохти ҳатмӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, инчунин ворид намудани маблағҳо ба суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ, ки дар моддаҳои 20 ва 21 Қонуни мазкур муқаррар карда шудаанд, ҳар моҳ то санаи 10 баъд аз моҳи ҳисоботӣ амалӣ карда мешавад.
2. Дар ҳолати дар муҳлати муқарраршуда пардохт нагардидани маблағи дар моддаҳои 20 ва 21 Қонуни мазкур пешбинигардида Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он аз суратҳисоби махсуси ташкилотҳои буҷетӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ онро бо роҳи анҷом додани амалиёти дохилӣ ба таври худкор ба буҷет ва суратҳисоби дахлдор мегузаронанд.
Моддаи 23. Имтиёзҳо барои хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
1. Имтиёзи рафтуомад ба маҳали гузаронидани рухсатӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки барои хизматчиёни онҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин имтиёз муқаррар гардидааст, танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар доираи маблағҳои пешбинигардида дар як сол як маротиба пардохт карда мешавад.
3. Пардохти ҷубронпулӣ дар сурати бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати казармавӣ гузаронидани хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, кормандони мақомоти дигаре, ки дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амният иштирок мекунанд, дар доираи маблағи барои фонди музди меҳнат тибқи Қонуни мазкур дар нақшаи ягонаи даромад ва хароҷоти вазорату идораҳои дахлдор тасдиқшуда анҷом дода мешавад.
Моддаи 24. Андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва андозбандии иҷорапулии молу мулк, ба истиснои объектҳое, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ бо тартиби муқарраргардида ба иҷора дода мешаванд
1. Аз 1 январи соли 2026 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати ҳисобкунии андоз, боҷ, пардохтҳои дигари ҳатмӣ, муҷозоти ҷаримавӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин барои ҳисобкунии ин ё он бузургиҳои арзишии ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд, ба андозаи 78 сомонӣ муқаррар карда шавад.
2. Ҳадди ақалли иҷорапулии як метри мураббаи объектҳои ғайриманқул дар як моҳ бо дарсад аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо дарназардошти коэффитсиенти минтақавӣ дар миқёси шаҳру ноҳияҳо, ки дар қисми 2 моддаи 348 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст, ба андозаи зерин муқаррар карда шавад:
- барои объектҳои ғайриманқуле, ки ҳамчун иншоот (биноҳо)-и истиқоматӣ, инчунин биноҳои ёрирасони онҳо истифода мешаванд - 20;
- барои объектҳои ғайриманқуле, ки бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти истеҳсолӣ ва фаъолияти варзишӣ истифода мешаванд - 30;
- барои объектҳои ғайриманқуле, ки бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти савдо, ташкили нуқтаҳои хӯроки умумӣ, дигар намудҳои хизматрасонӣ ва иҷрои корҳо истифода мешаванд - 60;
- барои объектҳои ғайриманқуле, ки бо мақсади амалӣ намудани дигар намудҳои фаъолият истифода мешаванд - 45.
3. Вобаста ба маҳали ҷойгиршавии объектҳои ғайриманқули дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда коэффитсиентҳои зерини танзимкунанда пешбинӣ карда шаванд:
- ҳудуди кӯчаҳои марказӣ ва марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо - 1,0;
- ҳудуди шаҳраку деҳот - 0,8;
- мавзеъҳои дигари берун аз ҳудуди кӯчаҳои марказӣ, марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот - 0,6.
Моддаи 25. Муқаррарот оид ба пардохти маблағ тибқи санадҳои судӣ ва ба буҷет ворид намудани ҷаримаҳо ва пардохтҳои дигар ҳангоми риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муқаррар карда шавад, ки пардохти ҷуброни зараре, ки аз тарафи кормандони мақомоти ҳокимият, идоракунии давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилоти дигари давлатӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ расонида шудааст, аз ҳисоби маблағҳои нақшаи ягонаи даромад ва хароҷоти онҳо амалӣ карда мешавад.
2. Муқаррар карда шавад, ки маблағҳои аз ҳисоби татбиқи чораҳои маҷбуркунӣ барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла аз ҳисоби мусодира ва фурӯши молу мулк, ҷарима, фоиз, ҷубронпулӣ воридшуда ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешаванд.
3. Маблағи ҷуброни зарари молиявӣ, ки аз ҷониби мақомоти назоративу санҷишӣ ошкор карда шудааст, ба истиснои уҳдадориҳои молиявии ҳисобшуда (аз ҷумла андозҳои ҳисобшуда, пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, дивидентҳо, ҳиссаҷудокунӣ ба фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт, суратҳисоби махсуси сохтмони иншооти муҳими давлатӣ ва дигар маблағҳои ҳисобшуда) ба суратҳисоби алоҳидаи андухтии буҷети давлатӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ҳаҷми пурра аз ҷониби шахсе, ки зарар расонидааст, ворид карда мешаванд.
4. Маблағҳои ҷарима, пеня, фоиз ва дигар маблағҳое, ки дар натиҷаи вайрон кардани интизоми молиявӣ (қоидавайронкунии молиявӣ) аз ҷониби мақомоти назоративу санҷишӣ муайян карда шудаанд, мувофиқан ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ ворид карда мешаванд.
5. Маблағи ҷаримаҳо барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз зернизоми «Баҳисобгирии автоматикунонидашудаи вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» ситонидашаванда, ки 50 дарсади он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад, дар давраи амали созишномаи сармоягузории дахлдор ба Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд»–и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.
6. Дар доираи созишномаи сармоягузории шарикии давлат ва бахши хусусӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкати «RexGen Co.Ltd»-и Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ, ки 14 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, маблағи ҷаримаҳо барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз лоиҳаи «Низоми зеҳнии сабти аксу видеоии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ дар нуқтаҳои истгоҳи нақлиёти маршрутӣ ва хатҳои махсуси ҳаракати барои воситаҳои нақлиёти маршрутӣ пешбинишуда, тавассути воситаҳои махсуси низоми худидоракунӣ дар соҳаи нақлиёт дар кӯчаву роҳҳои автомобилгарди шаҳри Душанбе» дар давраи амали созишнома ба суратҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.
Моддаи 26. Тасдиқи ҳисобот оид ба иҷрои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024
1. Ҳисобот оид ба иҷрои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 аз рӯйи даромад ба маблағи 46613914 ҳазор сомонӣ, аз рӯйи хароҷот ба маблағи 45437657 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии даромад нисбат ба хароҷот ба маблағи 1176257 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
2. Хароҷоти воқеии буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 барои уҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла барои пардохти қарзи асосии беруна, бо дарназардошти хизматрасонии он, ба маблағи 2937676 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Моддаи 27. Муқаррарот оид ба ворид намудани тағйирот ба буҷети давлатӣ
1. Дар ҳолати барзиёд ё кам иҷро гардидани қисми даромади буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2026 мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бе тағйир додани ҳаҷми касри буҷет тағйирот ворид намояд.
2. Бо сабаби тағйир ёфтани ҳаҷми истеҳсолот (мол, кор ва хизматрасонӣ), сатҳи нархҳо, меъёри андоз, заминаи андозбандӣ, инчунин тағйирёбии сохтории ташкилотҳои буҷетӣ, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисмҳои даромад аз рӯйи намуди андозҳо, низоми махсуси андозбандӣ, пардохтҳои ғайриандозӣ, сарчашмаҳои даромад ва моддаҳои хароҷоти дигари буҷетҳои дахлдор тағйироти зарурӣ ворид намуда, бо тартиби муқарраргардида дар байни буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷетҳои маҳаллӣ, буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳисоби байниҳамдигарӣ мегузаронад.
3. Мақомоти молия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ҳисобҳои байниҳамдигариро метавонанд байни буҷетҳои маҳаллии дахлдор амалӣ намоянд.
Моддаи 28. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2026 мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 1 декабри соли 2025, № 2203

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2027-2028
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» қабул карда шавад.
2. Дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ:
- барои соли 2027 аз рӯйи даромад ба маблағи 69921380 ҳазор сомонӣ, аз рӯйи хароҷот ба маблағи 71696956 ҳазор сомонӣ ва касри буҷет ба маблағи 1775576 ҳазор сомонӣ ё 0,8 дарсади маҷмуи маҳсулоти дохилӣ;
- барои соли 2028 аз рӯйи даромад ба маблағи 75523168 ҳазор сомонӣ, аз рӯйи хароҷот ба маблағи 77028718 ҳазор сомонӣ ва касри буҷет ба маблағи 1505550 ҳазор сомонӣ ё 0,6 дарсади маҷмуи маҳсулоти дохилӣ маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи миёнамуҳлат қарорҳоеро, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузориро талаб менамоянд, дар доираи нишондиҳандаҳои муқаррарнамудаи хароҷоти буҷети давлатӣ барои солҳои 2026-2028 қабул намояд. Ҳангоми пешниҳод намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027» мувофиқи тағйирёбии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва рушди соҳаҳои иқтисодиёт нишондиҳандаҳои буҷети давлатиро барои солҳои 2028-2029 аниқ намояд.
4. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ назорати иҷрои буҷетро ба роҳ монда, истифодаи мақсадноку самарабахши маблағҳои буҷетиро аз ҷониби маблағгирандагон таҳлил ва ҳангоми зарурат натиҷаи таҳлилро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
5. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатии муқарраршудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли 2026 ба маблағи 65041180 ҳазор сомонӣ ва ҳаҷми умумии хароҷот ба маблағи 66995780 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии хароҷот нисбат ба даромад дар ҳаҷми 1954600 ҳазор сомонӣ барои иҷро қабул намояд;
- маблағгузории чорабиниҳои дар буҷет пешбинишударо дар доираи маблағҳои тасдиқшуда мутаносибан ба даромади воқеӣ таъмин намояд;
- бо мақсади кам кардани бақияпулӣ аз рӯйи пардохти андозҳо ва пардохтҳои иҷтимоии солҳои гузашта, бо дарназардошти зарурати ихтисор кардани қарзи ташкилотҳои буҷетӣ аз корхонаҳо ва ташкилотҳо, ки то 1 январи соли 2026 ба вуҷуд омадааст, инчунин қарзи ташкилотҳои буҷетӣ аз рӯйи андозҳо, бо тартиби муқарраргардида бе тағйир додани иҷрои воқеии даромад ва хароҷоти буҷет ҳисоббаробаркуниро байни онҳо гузаронад;
- оид ба иҷрои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 ҳар се моҳ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд;
- дар бораи истифодаи маблағҳои Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи солона пешниҳод намояд;
- тавассути воситаҳои ахбори омма ҳар се моҳ аз рафти иҷрои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 маълумот диҳад.
6. Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки пӯшондани касри буҷети ҷумҳуриявиро бо роҳи фурӯши коғазҳои қиматноки давлатӣ, инчунин ҷалби грантҳо ва қарзҳои имтиёзнок аз созмонҳои байналмилалии молиявӣ амалӣ намояд.
7. Бонки миллии Тоҷикистон:
- якҷо бо Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бонкҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи меъёрҳои муқаррарнамудаи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» сари вақт ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ гузарондани андозу даромадҳоро таъмин намояд;
- аз рӯйи амалиёти вобаста ба хизматрасонии уҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати агенти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, иҷрои ҳисобу китоб ва пардохтҳоро оид ба уҳдадориҳои қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд;
- бо мақсади сари вақт иҷро кардани пардохтҳои асъории буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 мубодилаи маблағҳои буҷетиро ба асъори хориҷӣ мувофиқи дархости Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи қурби расмии асъор таъмин намояд;
- барои тамдид намудани муҳлати пардохти қарзи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар соли 2020 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҷудо карда шудааст, дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то оғози соли навбатии молиявӣ шартномаи дахлдор ба имзо расонад.
8. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия вогузор карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. ИДИЗОДА
ш. Душанбе, 27 ноябри соли 2025, № 212

Санаи нашр: 04.12.2025 №: 232