ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2025

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2025

13 декабр 2024, Ҷумъа
146
0

Моддаи 1. Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 49582169 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла:

1) аз ҳисоби воридоти андозию ғайриандозӣ ва грантҳо 35476300 ҳазор сомонӣ, аз он:

а) воридоти андозӣ – 31816249 ҳазор сомонӣ;

б) воридоти ғайриандозӣ – 2468051 ҳазор сомонӣ;

в) грантҳо барои дастгирии буҷет аз ҳисоби созмонҳои бай­налмилалии молиявӣ – 1192000 ҳазор сомонӣ;

2) аз ҳисоби грантҳо ва қарзҳои лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ – 11177198 ҳазор сомонӣ,

аз он:

а) қарзҳо – 4460406 ҳазор сомонӣ;

б) грантҳо – 6716792 ҳазор сомонӣ;

3) аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ – 2928671 ҳазор сомонӣ.

Моддаи 2. Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025 ба маблағи 51591423 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла барои маблағгузории:

1) мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ

– 2205907 ҳазор сомонӣ;

2) мудофиа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тартиботи ҳуқуқӣ ва судҳо – 4724067 ҳазор сомонӣ;

3) маориф – 10909496 ҳазор сомонӣ;

4) тандурустӣ – 4329105 ҳазор сомонӣ;

5) суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ

– 6962188 ҳазор сомонӣ;

6) фарҳанг ва варзиш – 1718770 ҳазор сомонӣ;

7) хоҷагии манзилию коммуналӣ,

ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал

– 1871754 ҳазор сомонӣ;

8) комплекси сӯзишворию энергетикӣ

– 8406139 ҳазор сомонӣ;

9) соҳаи кишоварзӣ, моҳидорӣ ва шикор

– 1426896 ҳазор сомонӣ;

10) саноат ва сохтмон – 337140 ҳазор сомонӣ;

11) нақлиёт ва коммуникатсия – 2993885 ҳазор сомонӣ;

12) соҳаҳои дигари иқтисодиёт ва хизматрасонӣ

– 140544 ҳазор сомонӣ;

13) хароҷоти дигар – 5565532 ҳазор сомонӣ.

Моддаи 3. Ҳаҷми умумии касри буҷети давлатӣ ва манбаъҳои пӯшонидани он

1. Андозаи ниҳоии ҳаҷми умумии касри буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025 ба андозаи 1,2 дарсади Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ё ба маблағи 2009254 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад.

2. Манбаъҳои пӯшонидани касри буҷети давлатӣ ба таври зе­рин муайян карда шаванд:

1) аз ҳисоби хусусигардонӣ ва иҷораи моликияти ҷумҳуриявӣ – 50000 ҳазор сомонӣ;

2) аз фурӯши коғазҳои қиматноки давлатӣ – 415000 ҳазор сомонӣ;

3) аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ ба ҳолати 1 январи соли 2025 – 100000 ҳазор сомонӣ;

4) иҷрои барзиёди нақшаи даромади буҷети ҷумҳуриявӣ – 500000 ҳазор сомонӣ;

5) аз ҳисоби маблағҳои грантию қарзии созмонҳои байналми­лалии молиявӣ – 805350 ҳазор сомонӣ;

6) сарфаи маблағи озмунҳои хариди давлатӣ

– 50000 ҳазор сомонӣ;

7) иҷрои барзиёди нақшаи даромад ва маблағи озоди буҷетҳои маҳаллӣ ба ҳолати 1 январи соли 2025

– 88904 ҳазор сомонӣ.

3. Маблағгузории пардохти қарзи асосии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 4405387 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби хароҷоти ҷории буҷети ҷумҳуриявӣ 3005042 ҳазор сомонӣ ва бар­гардонидани қарзи асосӣ аз рӯйи уҳдадориҳои созишномаҳои зерқарзии соли 2025 ба маблағи 1400345 ҳазор сомонӣ (бо дарназардошти уҳдадориҳои қарзии солҳои қаблӣ) аз ҳисоби ташкилотҳои зерин муқаррар карда мешавад:

1) Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» – 1237019 ҳазор сомонӣ;

2) Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» – 16000 ҳазор сомонӣ;

3) Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктрансгаз» – 6000 ҳазор сомонӣ;

4) Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Помир энерҷӣ» – 10259 ҳазор сомонӣ;

5) Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» – 28412 ҳазор сомонӣ;

6) Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик» – 54827 ҳазор сомонӣ;

7) Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» – 47828 ҳазор сомонӣ.

4. Маблағгузории хизматрасонии қарзи дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 499100 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ 178700 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби даромадҳои депозитии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки миллии Тоҷикистон ва фурӯшу иҷораи молу мулки ба моликияти давлат қабулгардидаи собиқ ҷамъиятҳои саҳомии ку­шодаи «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» 320400 ҳазор сомонӣ муайян карда шавад.

Моддаи 4. Ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ

Ҳаҷми умумии буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи даромад 21091186 ҳазор сомонӣ, аз рӯйи хароҷот 23011535 ҳазор сомонӣ ва касри он дар ҳаҷми 1920349 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.

Моддаи 5. Даромади буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи манбаъҳои даромад

Даромади буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи 21091186 ҳазор сомонӣ аз рӯйи манбаъҳои зерин муқаррар карда шавад:

1) андоз аз арзиши иловашуда – 11204779 ҳазор сомонӣ,

аз ҷумла:

а) андоз аз арзиши иловашуда (дохилӣ)

– 3287579 ҳазор сомонӣ;

б) андоз аз арзиши иловашуда (беруна)

– 7917200 ҳазор сомонӣ;

2) аксизҳо – 1148300 ҳазор сомонӣ,

аз ҷумла:

а) аксизҳо (дохилӣ) – 279000 ҳазор сомонӣ;

б) аксизҳо (беруна) – 869300 ҳазор сомонӣ;

3) андоз аз фурӯш – 33371 ҳазор сомонӣ;

4) андоз барои захираҳои табиӣ – 464903 ҳазор сомонӣ;

5) андоз аз даромад – 3273491 ҳазор сомонӣ;

6) боҷҳои гумрукӣ – 1448600 ҳазор сомонӣ;

7) даромадҳои дигари ғайриандозӣ

– 2325742 ҳазор сомонӣ;

8) грантҳои созмонҳои байналмилалии молиявӣ – 1192000 ҳазор сомонӣ.

Моддаи 6. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи гурӯҳбандии вазифавӣ

Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи гурӯҳбандии вазифавӣ дар ҳаҷми зерин тасдиқ карда шавад:

1) маблағгузории бахши ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ – 1316609 ҳазор сомонӣ,

аз ҷумла:

а) мақомоти иҷроия ва қонунгузорӣ

– 310515 ҳазор сомонӣ;

б) сиёсати молиявӣ ва андозию буҷетӣ

– 185271 ҳазор сомонӣ;

в) фаъолияти сиёсати берунӣ – 401115 ҳазор сомонӣ;

г) мақомоти дигари давлатӣ – 419708 ҳазор сомонӣ;

2) мудофиа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судҳо ва прокуратура – 4106360 ҳазор сомонӣ;

3) маориф – 2362911 ҳазор сомонӣ,

аз ҷумла:

а) таҳсилоти умумӣ – 333529 ҳазор сомонӣ;

б) таҳсилоти касбӣ – 1360763 ҳазор сомонӣ;

в) фаъолияти дигар дар соҳаи маориф

– 668619 ҳазор сомонӣ;

4) тандурустӣ – 717198 ҳазор сомонӣ,

аз ҷумла:

а) беморхонаҳо – 363997 ҳазор сомонӣ;

б) марказҳои саломатӣ – 14979 ҳазор сомонӣ;

в) ҳифзи саломатии аҳолӣ – 110656 ҳазор сомонӣ;

г) фаъолияти дигар дар соҳаи тандурустӣ

– 227566 ҳазор сомонӣ;

5) суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ

– 1084485 ҳазор сомонӣ,

аз ҷумла:

а) суғуртаи иҷтимоӣ – 818894 ҳазор сомонӣ;

б) ҳифзи иҷтимоӣ – 115861 ҳазор сомонӣ;

в) фаъолияти дигар дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ – 149730 ҳазор сомонӣ;

6) фарҳанг ва варзиш – 861511 ҳазор сомонӣ,

аз ҷумла:

а) чорабиниҳо оид ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш – 26596 ҳазор сомонӣ;

б) муассисаҳои фарҳангию маърифатӣ

– 190502 ҳазор сомонӣ;

в) воситаҳои ахбори омма – 358771 ҳазор сомонӣ;

г) фаъолияти дигар дар соҳаи фарҳанг ва варзиш – 285642 ҳазор сомонӣ;

7) хоҷагии манзилию коммуналӣ, ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал – 170459 ҳазор сомонӣ;

8) комплекси сӯзишворию энергетикӣ

– 2907143 ҳазор сомонӣ;

9) кишоварзӣ, моҳидорӣ ва шикор

– 286499 ҳазор сомонӣ;

10) саноат ва сохтмон – 329690 ҳазор сомонӣ;

11) нақлиёт ва коммуникатсия – 320462 ҳазор сомонӣ;

12) фаъолияти дигари иқтисодӣ ва хизматрасонӣ – 142854 ҳазор сомонӣ;

13) хароҷоте, ки ба категорияҳои дигар дохил карда нашудааст – 8405354 ҳазор сомонӣ,

аз ҷумла:

а) амалиёт бо уҳдадориҳои қарзии давлатӣ

– 4155636 ҳазор сомонӣ,

аз он:

– амалиёт бо уҳдадориҳои қарзии дохилии давлатӣ – 178700 ҳазор сомонӣ;

– амалиёт бо уҳдадориҳои қарзии берунаи давлатӣ – 3976936 ҳазор сомонӣ;

б) хароҷоти шаҳри Душанбе барои амалӣ намудани вазифаҳои пойтахт – 40000 ҳазор сомонӣ;

в) фонди хароҷоти пешбининашудаи

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 171422 ҳазор сомонӣ;

г) хароҷоти дигаре, ки аз рӯйи соҳаҳои

иқтисодиёт гурӯҳбандӣ нашудааст

– 4038296 ҳазор сомонӣ.

Моддаи 7. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи гурӯҳбандии идоравӣ ва барномавӣ

2. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи гурӯҳбандии барномавӣ тибқи замимаи 2 тасдиқ карда шавад.

Моддаи 8. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи гурӯҳбандии иқтисодӣ

Хароҷоти вазорату идораҳо, ташкилотҳои аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузоришаванда аз рӯйи гурӯҳбандии иқтисодӣ дар ҳаҷми 23011535 ҳазор сомонӣ муқаррар карда шавад, аз ҷумла:

1) пардохти музди меҳнат – 4471679 ҳазор сомонӣ,

аз он:

а) музди меҳнати кормандони асосӣ

– 4180149 ҳазор сомонӣ;

б) музди меҳнати кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ – 291530 ҳазор сомонӣ;

2) маблағҷудокуниҳо ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ – 625435 ҳазор сомонӣ,

аз он:

а) аз ҳисоби музди меҳнати кормандони асосӣ

– 539540 ҳазор сомонӣ;

б) аз ҳисоби музди меҳнати кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ – 72901 ҳазор сомонӣ;

в) суғуртаи тиббӣ ва суғуртаҳои дигар

– 12994 ҳазор сомонӣ;

3) хариди мол ва хизматрасонӣ – 4751450 ҳазор сомонӣ,

аз он:

а) пардохти хизматрасонии коммуналӣ

– 315659 ҳазор сомонӣ;

б) пардохти хизматрасонии алоқа

– 216026 ҳазор сомонӣ;

в) хариди мол ва хизматрасонии дигар

– 4219765 ҳазор сомонӣ;

4) хизматрасонии қарзҳои дохилӣ ва беруна

– 4049636 ҳазор сомонӣ,

аз он:

а) пардохти фоизҳои қарзи дохилӣ

– 72700 ҳазор сомонӣ;

б) пардохти қарзи берунаи асосӣ

– 3005042 ҳазор сомонӣ;

в) пардохти фоизҳои қарзи берунаи асосӣ

– 971894 ҳазор сомонӣ;

5) хароҷоти пардохти кумакпулиҳо (субсидияҳо)

– 194081 ҳазор сомонӣ;

6) хароҷот барои трансфертҳо – 3089323 ҳазор сомонӣ;

7) кумакпулиҳои иҷтимоӣ – 375323 ҳазор сомонӣ;

8) трансфертҳои дигар – 817670 ҳазор сомонӣ;

9) амалиёт бо дороиҳо, уҳдадориҳо ва сармоягузорӣ – 4636938 ҳазор сомонӣ,

аз он:

а) маблағгузории асосии мутамарказ

– 4061130 ҳазор сомонӣ;

б) хариди мошинҳо ва таҷҳизот – 283573 ҳазор сомонӣ;

в) дороиҳои ғайримолиявии дигар

– 160000 ҳазор сомонӣ;

г) хариди дороиҳои молиявии дохилӣ

– 26235 ҳазор сомонӣ;

ғ) пардохти қарзҳо ва ссудаҳо – 106000 ҳазор сомонӣ.

Моддаи 9. Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025 ба маблағи 685686 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.

Моддаи 10. Мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Ба­дахшон, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷудошаванда

1. Ҳаҷми мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хат­лон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои пардохти фонди муз­ди меҳнат ба маблағи 2898663 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад, аз ҷумла барои:

1) Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

– 409009 ҳазор сомонӣ;

2) вилояти Хатлон – 1743831 ҳазор сомонӣ;

3) ноҳияи Варзоб – 39497 ҳазор сомонӣ;

4) ноҳияи Рашт – 105637 ҳазор сомонӣ;

5) шаҳри Ҳисор – 61028 ҳазор сомонӣ;

6) ноҳияи Лахш – 75770 ҳазор сомонӣ;

7) ноҳияи Нуробод – 78282 ҳазор сомонӣ;

8) ноҳияи Рӯдакӣ – 130572 ҳазор сомонӣ;

9) ноҳияи Сангвор – 30908 ҳазор сомонӣ;

10) ноҳияи Тоҷикобод – 53484 ҳазор сомонӣ;

11) ноҳияи Файзобод – 96344 ҳазор сомонӣ;

12) ноҳияи Шаҳринав – 74301 ҳазор сомонӣ.

2. Мусоидати молиявӣ (субвенсия) ба фондҳои мақсадноки давлатӣ ба буҷети вилоятии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Ба­дахшон, вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои мазкур ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳар моҳ мустақиман аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба суратҳисоби алоҳидаи буҷетҳои маҳаллӣ ҷудо кар­да шуда, хароҷоти он тавассути суратҳисоби мазкур анҷом дода шавад.

Моддаи 11. Маблағи нақди гардони хазинавии буҷети ҷумҳуриявӣ

Маблағи нақди гардони хазинавии буҷети ҷумҳуриявӣ ба ҳолати 1 январи соли 2026 ба маблағи 362174 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.

Моддаи 12. Ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ

1. Ҳаҷми умумии буҷетҳои маҳаллӣ аз рӯйи даромад бо дарназардошти мусоидати молиявӣ (субвенсия), ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда мешавад, ба маблағи 14666777 ҳазор сомонӣ, хароҷот ба маблағи 14755681 ҳазор сомонӣ ва касри буҷет ба маблағи 88904 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла дар буҷети Ви­лояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 7476 ҳазор сомонӣ, вилояти Хатлон 53974 ҳазор сомонӣ, шаҳри Ваҳдат 4808 ҳазор сомонӣ, шаҳри Турсунзода 3876 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Варзоб 1228 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Рашт 1881 ҳазор сомонӣ, шаҳри Ҳисор 4133 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Лахш 1160 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Нуробод 1153 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Рӯдакӣ 4692 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Сангвор 616 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Тоҷикобод 798 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Файзобод 1574 ҳазор сомонӣ ва ноҳияи Шаҳринав 1535 ҳазор сомонӣ муайян карда шавад.

2. Касри буҷетҳои маҳаллӣ дар соли 2025 аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷетҳои маҳаллӣ ба ҳолати 1 январи соли 2025 ва таъми­ни иҷрои барзиёди даромад пӯшонида мешавад.

Моддаи 13. Таносуби воридоти андозӣ ва ғайриандозӣ ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ

1. Дар соли 2025 ба буҷети ҷумҳуриявӣ даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии зерин ворид карда шаванд:

1) андоз аз фурӯши алюминийи аввалия - 100 дарсад;

2) боҷҳои гумрукӣ - 100 дарсад;

3) андоз аз арзиши иловашуда ва аксизи беруна - 100 дарсад;

4) дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва даромадҳои ғайриандозии умумидавлатӣ (бо дарназардошти муҷозоти молиявӣ), хироҷ ба­рои ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон - 100 дарсад;

5) аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» – андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ, инчунин андозҳо барои захираҳои табиӣ (роялти барои об) - 100 дарсад;

6) аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Сангтӯда–1» – андозҳо барои захираҳои табиӣ (роялти барои об) - 100 дарсад;

7) аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик» – андоз аз арзиши иловашуда - 50 дарсад;

8) аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун» – андоз аз ар­зиши иловашуда ва андозҳо барои захираҳои табиӣ (роялти ба­рои об) - 100 дарсад;

9) аз Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком» – андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ - 100 дарсад;

10) аз Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» – андоз аз даромади шахсо­ни ҳуқуқӣ - 100 дарсад;

11) аз муассисаҳои давлатии марказ ва гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, консулгариҳо ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда – андоз аз даромади шах­сони воқеӣ - 100 дарсад;

12) аз ширкатҳои алоқаи мобилӣ (ба истиснои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком») – андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз - 100 дарсад;

13) аз Бонки миллии Тоҷикистон – андоз аз арзиши илова­шуда, андоз аз даромад, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва фоидаи боқимондаи баъди тасдиқи ҳисоботи соли 2024 - 100 дарсад;

14) аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Тоҷикистону Аме­рика «Корхонаи муштараки Анзоб», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати кӯҳии саноатии Тоҷикистону Хитой», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Корхонаи муштараки «Зарафшон», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пакрут», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати металлургии Анзоб» ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Талко Голд» – андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ - 50 дарсад;

15) пардохти бонуси обунавии яккаратаи истифодабаран­дагони сарватҳои зеризаминӣ аз ҳисоби истихроҷи маъданҳои фоиданок (ба ғайр аз канданиҳои фоиданоки маъмулӣ, обҳои зеризаминӣ ва лойи табобатӣ) - 100 дарсад;

16) аз ҳисоби андозҳо барои захираҳои табиӣ (рентаи содиротӣ) - 50 дарсад;

2. Ҳиссаҷудокунӣ аз андозҳои умумидавлатӣ, ки аз андозсу­порандагони дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ворид мегарданд, дар байни буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ аз рӯйи таносуби зерин тасдиқ карда шавад:

1) андоз аз арзиши иловашуда:

а) ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ба ғайр аз вилояти Суғд, шаҳрҳои Душанбе ва Роғун) – 100 дарсад;

б) аз вилояти Суғд 50 дарсад ба буҷети вилоят ва 50 дарсад ба буҷети ҷумҳуриявӣ;

в) аз шаҳри Душанбе 50 дарсад ба буҷети шаҳр ва 50 дарсад ба буҷети ҷумҳуриявӣ;

г) аз шаҳри Роғун 50 дарсад ба буҷети шаҳр ва 50 дарсад ба буҷети ҷумҳуриявӣ;

2) андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ:

а) ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ба ғайр аз вилояти Суғд ва шаҳри Роғун) – 100 дарсад;

б) аз вилояти Суғд 57 дарсад ба буҷети вилоят ва 43 дарсад ба буҷети ҷумҳуриявӣ;

в) аз шаҳри Роғун 44 дарсад ба буҷети шаҳр ва 56 дарсад ба буҷети ҷумҳуриявӣ;

3) андоз аз даромади шахсони воқеӣ:

а) ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (ба ғайр аз вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе) – 100 дарсад;

б) аз вилояти Суғд 57 дарсад ба буҷети вилоят ва 43 дарсад ба буҷети ҷумҳуриявӣ;

в) аз шаҳри Душанбе 43 дарсад ба буҷети шаҳр ва 57 дарсад ба буҷети ҷумҳуриявӣ;

4) аксизҳои дохилӣ ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо – 100 дарсад;

5) андозҳои маҳаллӣ, боҷи давлатӣ, дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ ва воридоти ғайриандозии маҳаллии дигар ба буҷети вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо – 100 дарсад.

3. Тақсимоти маблағҳои аз нақша барзиёд воридшудаи даро­мади буҷети дахлдор дар байни буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ аз рӯйи таносуби муқарраршуда бо намуди андозҳо ва пардохтҳо амалӣ карда мешавад.

4. Маблағҳои андозӣ ва ғайриандозӣ, ки таъиноти онҳо ба буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ карда шудааст, набояд ба сатҳи ди­гари буҷет гирифта шаванд.

5. Гузаронидани маблағи як намуди андоз ба дигар намуди ан­доз берун аз таъинот, инчунин анҷом додани амалиёти пардохти андозҳои танзимшаванда ба буҷетҳои дахлдор бидуни гузарони­дани амалиёт тавассути Сарраёсати хазинадории марказии Вазо­рати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъиян манъ аст.

6. Воридот ва тақсимоти андозҳои танзимшаванда байни буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ қатъиян тавассути суратҳисобҳои танзимкунандаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати мо­лияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

7. Новобаста ба тағйир ёфтани маҳалли фаъолияти андозсу­поранда, ҷиҳати иҷрои нақшаи қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ, уҳдадориҳои иҷтимоии давлатӣ ва чорабиниҳои барномаҳои давлатӣ, пардохти уҳдадориҳои андозии чунин андозсупоранда то охири соли молиявӣ дар маҳалли қаблан бақайдгирифташуда ё маҳалли фаъолият анҷом дода шавад.

8. Пардохти андозҳои умумидавлатӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ, ки дар онҳо воҳидҳои алоҳидаи андозсупоранда (рамзҳои сабаби ба ҳисоб гузоштан) ба қайд гирифта нашудааст, манъ аст.

Моддаи 14. Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа

1. Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барои соли 2025 аз рӯйи даромад ба маблағи 5557594 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби андози иҷтимоӣ ба маблағи 5526794 ҳазор сомонӣ ва мусоида­ти молиявӣ (субвенсия) аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи 30800 ҳазор сомонӣ ва хароҷот ба маблағи 5557594 ҳазор сомонӣ мувофиқи замимаи 3 тасдиқ карда шавад.

2. Мусоидати молиявӣ (субвенсия) аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ дар ҳолате ҷудо карда мешавад, агар даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа талаботи воқеии пардохти нафақа ва кумакпулиҳоро пурра таъмин карда натавонад.

3. Даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ, хароҷоти он барои пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадах­шон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ҳаҷми мусоидати молиявӣ (субвенсия), ки ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷудо карда мешавад, мувофиқи замимаи 4 тасдиқ карда шавад.

4. Ҳиссаҷудокуниҳо аз андози иҷтимоӣ, ки аз андозсупоранда­гони дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта ворид меша­ванд, барои пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ аз рӯйи таносуб (фоизҳо)-и зерин тасдиқ карда шаванд:

1) аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати Алюминийи Тоҷик» 100 дарсад ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2) дар шаҳри Душанбе 40,3 дарсад ба суратҳисоби раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва 59,7 дарсад ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

3) дар шаҳри Роғун 35,9 дарсад ба суратҳисоби шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ва 64,1 дарсад ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

4) дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои дигари тобеи ҷумҳурӣ 100 дарсад ба суратҳисоби раёсатҳо ва шуъбаҳои дахлдори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 15. Муқаррароти андозию гумрукӣ ва имтиёзҳои алоҳида барои ташкилотҳо дар соли 2025

1. Андоз аз арзиши иловашуда барои корхонаҳои коркарди гандум (ба истиснои воридоти гандум барои истеҳсоли молҳои зераксизӣ) барои воридоти гандум, коркард ва фурӯши маҳсулоти аз гандум коркардшуда, аз ҷумла маҳсулоти макаронии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшуда, инчунин фурӯши равғани растанӣ барои корхонаҳои коркарди равған бо меъёри 10 дарсад ва барои фурӯши бақияи коркарди зироатҳои равғанидиҳанда (кунҷора, шрот-хӯроки паранда ва чорво) бо меъёри 7 дарсад муқаррар карда шавад. Баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашу­да, ки ҳангоми хариди молу маҳсулоти дигар (кор ва хизматрасонӣ) барои фурӯши маҳсулоти аз гандуми коркардшуда, аз ҷумла маҳсулоти макаронии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшуда, инчунин барои коркарди равғани растанӣ ва фурӯши он пардох­та шудааст, наметавонад аз 10 дарсад ва барои фурӯши бақияи коркарди зироатҳои равғанидиҳанда (кунҷора, шрот-хӯроки па­ранда ва чорво) 7 дарсад зиёд бошад. Муқаррароти мазкур ба имтиёзҳои пешбининамудаи сархати сездаҳуми қисми 4 моддаи 251 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 13) моддаи 345 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намегарданд.

2. Воридоти техника, воситаҳои нақлиёти махсус ва қисмҳои эҳтиётии онҳо, автобусҳо, ки номгӯй ва миқдори онҳо аз тара­фи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷети шаҳри Душанбе барои пурра намудани парки нақлиёти мусофиркашонӣ ва беҳтар гар­донидани таъминоти соҳаи алоҳидаи шаҳри Душанбе харидорӣ мешаванд, аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда ме­шавад.

3. Воридоти қувваи барқ ба ҷумҳурӣ аз андоз аз арзиши ило­вашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда озод карда мешавад.

4. Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захи­ра ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» ҳангоми фурӯши молҳои озуқаворӣ, инчунин воридоти маҳсулоте, ки номгӯйи он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарса­ди меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.

5. Воридоти мазути камсулфур барои эҳтиёҷоти Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Маркази барқу гармидиҳӣ»-и шаҳри Ду­шанбе, ки миқдори он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, аз андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.

6. Иҷрои кор ва хизматрасонии фармоишгар ва паймонкори асосии сохтмонҳои зерин аз пардохти андоз аз арзиши иловашу­да ва андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи 50 дарса­ди меъёри муқарраршуда озод карда мешаванд: меҳмонхонаи «Исмоили Сомонӣ», воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе, сохтмони маҷмааи бинои бисёрфунксионалӣ барои марказҳои савдо ва хизматрасонӣ дар хиёбони Исмоили Сомонии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, сохтмони Театри миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, сохтмони варзишгоҳ барои 30000 ҷойи нишаст дар шаҳри Душанбе, сохтмони бинои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтмони Маркази таълимии байналмилалӣ барои кӯдакони болаёқат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони Нусратулло Махсуми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, сохтмони мактабҳо барои 1200 ҷойи нишаст дар маҳаллаи Чордаҳи шаҳри Ваҳдат, барои 1200 ҷойи нишаст дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод, сохтмони бинои иловагӣ барои 144 ҷойи нишаст дар назди Муассисаи таълимии №16, деҳаи Оби Ширини деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик ва бинои иловагӣ барои 144 ҷойи нишаст дар деҳаи Меҳтари деҳоти Оқсӯи ноҳияи Данғара.

7. Воридоти мол аз ҷониби фармоишгарон ва паймонкорони асосии сохтмони иншооти дар қисми 6 моддаи мазкур пешбини­шуда, ба истиснои сохтмони варзишгоҳ барои 30000 ҷойи нишаст дар шаҳри Душанбе ва Театри миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, тибқи номгӯй ва дар ҳаҷми тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.

8. Ба уҳдадориҳои қарзии андозҳои Ҷамъияти саҳомии ку­шодаи «Неругоҳи барқи обии Сангтӯда-1» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «НБО Роғун», ки аз ҳисоби таҳвили қувваи барқ ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик» ба вуҷуд омадаанд, фоизҳо тибқи моддаи 139 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида ҳисоб карда намешаванд.

9. Федератсияи футболи Тоҷикистон, воҳидҳои зертобеи он ва клубҳои футболи Тоҷикистон аз пардохти 50 дарсади меъё­ри муқарраршудаи андозҳо аз молу мулк, инчунин мураббиёну бозингароне, ки аз хориҷи кишвар барои рушди фаъолияти Фе­дератсия ва клубҳои футбол ҷалб карда мешаванд, аз пардох­ти андоз аз даромади шахсони воқеӣ, воридоти молу масолеҳи варзишӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешаванд.

10. Воридоти бланкҳои шиносномаҳои дорои ҳомили электро­нии иттилоот, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда ва аз боҷу хироҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.

11. Воридоти тухмии зироатҳои кишоварзии дараҷаи суперэлита, элита ва репродуксияи якум, тухмии хушсифати кирмак барои пиллапарварӣ, гулу буттаҳои ороишӣ, дарахтони ороишӣ ва мевадиҳанда, чорвои зотӣ ва гӯштӣ, инчунин ҳама намуди хӯроки чорво аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.

12. Иҷрои кор ва хизматрасонӣ аз тарафи намояндаи фар­моишгар - консорсиуми «Tractebel Engineering S.A.» (филиали «Tractebel Engineering S.A.» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) оид ба сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки тибқи шартномаи ду­тарафа амалӣ мешавад, аз пардохти андоз аз фоида ва андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда, инчунин иҷрои кор ва хизматрасонии паймонкорони фаръии кон­сорсиум аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда озод карда мешаванд.

14. Маҳсулоти озуқа, нуриҳои минералӣ, сӯзишвории дизелӣ ва бензин, ки аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии наз­ди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули захираҳои давлатӣ дар соли 2025 тибқи номгӯй ва ҳаҷми тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд, аз пар­дохти андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз ба андозаи 50 дар­сади меъёри муқарраршуда, инчунин аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешаванд.

15. Воридоти дарахтони сояафкан, ҳамешасабз ва ороишӣ барои шинонидан дар боғҳо ва кӯчаву хиёбонҳои пойтахт, ки аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳри Душанбе харидорӣ шуда, номгӯй ва миқдори онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ меку­над, аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъё­ри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.

16. Воридоти битуми тамғаи ДНД 60/90 барои Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳсоз»-и шаҳри Душанбе, ки ҳаҷми он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад, аз андоз аз ар­зиши иловашуда ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешавад.

17. Сохтмон ва фаъолияти филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе аз пардохти ан­доз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ, андози замин ва кормандони хориҷии он аз андози иҷтимоӣ ба андозаи 50 дарсади меъёри муқарраршуда, инчунин таҷҳизот ва молҳое, ки барои сохтмон, муҷаҳҳазгардонӣ ва фаъолияти филиали Донишкадаи мазкур ва барои сохтмон, муҷаҳҳазгардонии бинои бисёрфунксионалии «Маркази савдову хизматрасонӣ ва фароғатӣ» дар кӯчаи Тито­ви шаҳри Душанбе, сохтмони муассисаи замонавии тандурустии бисёрфунксионалӣ дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Душан­бе ворид карда мешаванд, аз 50 дарсади меъёри муқарраршудаи андоз аз арзиши иловашуда ва аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешаванд.

Моддаи 16. Ҳиссагузорӣ ба фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт аз ҳисоби иҷрои барзиёди даромади буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ

Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2025 аз ҳисоби иҷрои барзиёди нақшаи қисми даромади буҷетҳои тасдиқшудаи Вило­яти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва буҷети тасдиқшудаи ҷумҳуриявӣ 25 дарсад баъд аз пӯшонидани касри буҷет, ки дар қисми 1 моддаи 3 Қонуни мазкур муқаррар карда шудааст, ба фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт равона карда мешавад.

Моддаи 17. Муқаррарот оид ба амонатгузории маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар бонкҳо

Бо мақсади зиёд намудани даромади буҷет, маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки ба ҳолати 1 январи соли 2025 ба вуҷуд меоянд, ҳамчун амонат бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давраи кӯтоҳмуҳлат дар давоми соли буҷетӣ ҷойгир карда ме­шаванд.

Моддаи 18. Соҳаҳо ва моддаҳои ҳимояшавандаи буҷети давлатӣ

1. Соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ соҳаҳои ҳимояшавандаи буҷетӣ мебошанд ва азнавтақсимкунии маблағҳо байни соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин ба соҳаҳои дигар қатъиян манъ аст.

2. Ба моддаҳои ҳимояшавандаи хароҷоти буҷет музди меҳнат, маблағҷудокуниҳо ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, стипендия, нафақа, кумакпулӣ, ҷубронпулӣ, маблағгузории сарикасӣ ва пардохти хиз­матрасонии коммуналӣ дохил карда шаванд.

3. Ҳангоми мавҷуд будани сарфа ва набудани қарз аз рӯйи моддаҳои дахлдори хароҷот, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии он ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бо тартиби муқарраргардида ба нақшаи тасдиқшудаи моддаҳои хароҷот тағйироти дахлдор ворид намоянд.

Моддаи 19. Пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ ва муқаррарот оид ба хароҷоти маблағҳои махсус

1. Аз ҳисоби воридоти маблағҳои махсуси ташкилотҳо пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷетҳои дахлдор ба андозаи зерин муқаррар карда мешаванд:

1) Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 65 дарсад;

2) Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт – 40 дарсад;

3) муассисаҳои томактабӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ – 1 дарсад, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ, муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва дастгоҳҳои марказии вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 5 дарсад, муассисаҳои дигари соҳаи маориф, илм, фарҳанг ва дастгоҳҳои марказии вазоратҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – 10 дарсад;

4) муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, дастгоҳҳои марказӣ ва мақомоти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энер­гетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 15 дарсад;

5) ташкилотҳои дигари буҷетӣ – 20 дарсад.

2. Аз маблағҳои грантӣ, сарпарастӣ, ҳиссаҷудокунии маблағҳои махсуси гирандагони маблағҳои буҷетӣ ба тақсимкунандагони маблағҳои буҷетӣ ва тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ, кумакҳои молиявӣ, маблағҳои махсуси муассисаҳои кума­ки аввалияи тиббию санитарии таҷрибавӣ, ки аз 1 январи соли 2025 тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2024, №438 ба механизми нави маблағгузорӣ гузаштаанд, маблағҳои махсуси намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳо дар хориҷи кишвар, фонди иҷораи китобҳои дарсӣ, маблағҳои мақсадноки супоришӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ, хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъватии сафарбарӣ, маблағҳои аз ҳисоби хироҷ барои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида ва Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти мазкур ситони­да намешавад.

3. Пардохти ҳатмӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ҳар семоҳа то санаи 15 баъди давраи ҳисоботӣ гузаронида мешавад.

4. Истифодаи маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ, ба истиснои маблағҳои грантӣ ва сарпарастӣ, берун аз низоми хазинадорӣ қатъиян манъ аст. Дар ҳолати риоя нагардидани муқаррароти мазкур, маблағҳои ошкоргардида пурра ба дарома­ди буҷети дахлдор ситонида мешаванд.

5. Маблағҳои ба суратҳисоби махсуси ташкилотҳои буҷетӣ дар бонкҳо аз ҳисоби хизматрасониҳои музднок воридгардида дар давоми 3 рӯзи корӣ пурра ба суратҳисоби Сарраёсати хазина­дории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода мешавад.

6. Дар сурати аз ҳаҷми солонаи маблағи дар буҷети давлатӣ тасдиқшуда кам ва ё зиёд ворид гардидани маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он ба нақшаи ягонаи даромад ва хароҷоти онҳо ва ба қисми даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ тағйироти дахлдор ворид менамоянд.

7. Дар ҳолати иҷро нагардидани қисми даромади буҷети давлатӣ дар соли 2025 ва норасоии маблағ барои маблағгузории хароҷоти пешбинишуда, аз ҷумла пардохти музди меҳнат, барои истифодаи қувваи барқ, об ва хизматрасонии дигари коммуналӣ, пардохтҳои номбаршударо вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ аз ҳисоби маблағҳои махсус амалӣ менамоянд.

8. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби додани сертификат ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби истифодабарии захираҳои рақамгузорӣ 60 дарсади маблағро ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт ме­намоянд. Боқимонда 40 дарсади маблағи ба суратҳисоби Аген­тии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида, тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ мегар­дад. Маблағҳои боқимондаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёри он мононда шуда, тартиби дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда нисбати он татбиқ намегар­дад.

9. Маблағҳое, ки аз ҳисоби хизматрасонии консулӣ (ба истис­нои пардохт барои додани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошанд ва шиносномаҳои шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон)-и Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳо дар хориҷи кишвар ворид мегарданд, баъди пар­дохт мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур ба буҷети ҷумҳуриявӣ ба­рои маблағгузории фаъолияти онҳо ва сохтмону таъмири биноҳои маъмурӣ равона карда мешаванд. Маблағҳои аз ҳисоби дода­ни шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошанд ва шиносномаҳои шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида пурра ба суратҳисоби андӯхтӣ гузаронида шуда, хароҷоти онҳо бо санади дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

10. Бақияи маблағҳои буҷетӣ ва махсуси намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳолати 1 январи соли 2025 ба вуҷуд меояд, дар ҳаҷми маблағгузории хароҷоти буҷети соли молиявӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.

11. Дар ҳолати норасоии маблағҳои буҷетӣ барои нигоҳдории намояндагиҳои дипломатӣ, консулгариҳо ва намояндагиҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фарқияти он аз ҳисоби маблағҳои махсуси вазорату идораҳои дахлдор пӯшонида мешавад.

Моддаи 20. Суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳимми давлатӣ

1. Воридот ба суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳимми давлатӣ ба андозаи 5 дарсад муқаррар карда шавад, аз ҷумла:

1) аз ҳисоби иҷрои барзиёди қисми даромади буҷетҳои тасдиқшудаи маҳаллӣ;

2) аз ҳисоби маблағҳои махсуси:

а) муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриявӣ;

б) Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

в) Хадамоти шиносномавӣ ва бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

г) ташкилотҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

ғ) ташкилотҳои дигари буҷетӣ, ба истиснои муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳо дар хориҷи кишвар.

2. Воридот аз ҳисоби маблағҳои махсуси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 10 дарсад муқаррар карда шавад.

3. Ворид намудани маблағҳо ба суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳимми давлатӣ бо тартиби муқарраргардида тибқи дастурамали аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида амалӣ карда мешавад.

4. Хароҷоти маблағҳо аз суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳимми давлатӣ бо фармоишҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Моддаи 21. Имтиёзҳо барои хизматчиёни ҳарбӣ ва кор­мандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

1. Имтиёзи рафтуомад ба маҳалли гузаронидани рухсатӣ ба­рои хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки барои хизматчиёни онҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин имтиёз муқаррар гардидааст, танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар доираи маблағҳои пешбинигардида дар як сол як маротиба пардохт карда мешавад.

3. Пардохти ҷубронпулӣ дар сурати бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати казармавӣ гузаронидани хиз­матчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, кормандони мақомоти дигаре, ки дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амният иштирок мекунанд, дар дои­раи маблағи барои фонди музди меҳнат тибқи Қонуни мазкур дар нақшаи ягонаи даромад ва хароҷоти вазорату идораҳои дахлдор тасдиқшуда анҷом дода мешавад.

Моддаи 22. Муқаррарот оид ба ҳавасмандгардонии кор­мандон ва таҳкими заминаи моддию техникии Кумитаи андо­зи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумру­ки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Аз 1 январи соли 2025 барои ҳавасмандгардонии корман­дон ва таҳкими заминаи моддию техникии Кумитаи андози наз­ди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 дарсади маблағҳои умумии пинҳонкардашуда (кам нишондодашуда)-и андоз, фоиз ва ҷарима аз рӯйи онҳо, ба истиснои андози иҷтимоӣ, низомҳои махсуси андозбандӣ ва андозҳои маҳаллӣ, ки дар ҷараёни фаъолияти назоратӣ ошкор гардидаанд, ҳар моҳ ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 80 дарсади хироҷи гумрукӣ ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда мешаванд.

2. Маблағҳо аз ҳисоби даромадҳои андозӣ, ба истиснои андозҳо ва низомҳои махсуси дар қисми 1 моддаи мазкур ни­шондодашуда, бо тартиби марказонидашуда 100 дарсад ба буҷети ҷумҳуриявӣ бо намудҳои андоз ворид карда шуда, ҳиссаи онҳо мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур ба Кумитаи андо­зи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, барои маблағгузории тадбирҳои пешбинишуда истифода мешаванд. Тартиби дар моддаи 19 Қонуни мазкур пешбинигардида нисбат ба онҳо татбиқ намегардад.

3. Маблағҳое, ки аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни фаъолияти назоратӣ аз ҳисоби андози иҷтимоӣ, андозҳои маҳаллӣ ва низомҳои махсу­си андозбандӣ ошкор гардидаанд, бо дарназардошти дарсад ва ҷарима аз рӯйи онҳо, аз рӯйи таъиноташон пурра ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва буҷетҳои маҳаллӣ гузаронида ме­шаванд.

4. Пардохти андоз ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет аз рӯйи ҳар як намуди андоз ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ бо дарҷи таъиноти он амалӣ карда мешавад.

Моддаи 23. Андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ан­дозбандии иҷорапулии молу мулк, ба истиснои объектҳое, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида ба иҷора дода мешаванд

1. Аз 1 январи соли 2025 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати ҳисобкунии андоз, боҷ, пардохтҳои дигари ҳатмӣ, муҷозоти ҷаримавӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин барои ҳисобкунии ин ё он бузургиҳои арзишии ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд, ба андозаи 75 сомонӣ муқаррар карда шавад.

2. Ҳадди ақали иҷорапулии як метри мураббаи объектҳои ғайриманқул дар як моҳ бо дарсад аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо дарназардошти коэффитсиенти минтақавӣ дар миқёси шаҳру ноҳияҳо, ки дар қисми 2 моддаи 348 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст, ба андозаи зерин муқаррар карда шавад:

- барои объектҳои ғайриманқуле, ки ҳамчун иншоот (биноҳо)-и истиқоматӣ, инчунин биноҳои ёрирасони онҳо истифода меша­ванд - 20;

- барои объектҳои ғайриманқуле, ки бо мақсади амалӣ наму­дани фаъолияти истеҳсолӣ истифода мешаванд - 30;

- барои объектҳои ғайриманқуле, ки бо мақсади амалӣ наму­дани фаъолияти савдо, ташкили нуқтаҳои хӯроки умумӣ, дигар намудҳои хизматрасонӣ ва иҷрои корҳо истифода мешаванд - 60;

- барои объектҳои ғайриманқуле, ки бо мақсади амалӣ наму­дани дигар намудҳои фаъолият истифода мешаванд - 45.

3. Вобаста ба маҳалли ҷойгиршавии объектҳои ғайриманқули дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда коэффитсиентҳои зери­ни танзимкунанда пешбинӣ карда шаванд:

- ҳудуди кӯчаҳои марказӣ ва марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо - 1,0;

- ҳудуди шаҳраку деҳот - 0,8;

- мавзеъҳои дигари берун аз ҳудуди кӯчаҳои марказӣ, марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот - 0,6.

Моддаи 24. Муқаррарот оид ба пардохти маблағ тибқи санадҳои судӣ ва ба буҷет ворид намудани ҷаримаҳо ва пардохтҳои дигар ҳангоми риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррар карда шавад, ки пардохти ҷуброни зараре, ки аз тарафи кормандони мақомоти ҳокимият, идоракунии давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилоти дигари давлатӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ расонида шудааст, аз ҳисоби маблағҳои нақшаи ягонаи даромад ва хароҷоти онҳо амалӣ карда мешавад.

2. Муқаррар карда шавад, ки маблағҳои аз ҳисоби татбиқи чораҳои маҷбуркунӣ барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла аз ҳисоби мусодираи молу мулк, ҷарима, фоиз, ҷубронпулӣ воридшуда ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешаванд.

3. Маблағи ҷуброни зарари молиявӣ (қоидавайронкунии молиявӣ), ки дар натиҷаи риоя накардани интизоми молиявӣ аз тарафи мақомоти назоративу санҷишӣ ошкор карда шудаанд, ба истиснои маблағҳои андозҳои ҳисобшуда, ба суратҳисоби алоҳидаи дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати моли­яи Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодашуда, бо рамзи мақоми дахлдор ворид карда мешаванд. Маблағҳои барқароркардашудаи зарари молиявӣ (қоидавайронкунии молиявӣ) танҳо маблағҳое эътироф мегарданд, ки ба суратҳисоби мазкури дар Сарраёсати хазинадо­рии марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодашу­да ворид гардидаанд.

4. Маблағи ҷаримаҳо барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз зернизоми «Баҳисобгирии автоматикунонидашудаи вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» ситонидашаванда, ки 50 дарсади он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад, дар давраи амали созишномаи сармоягузории дахлдор ба Кор­хонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.

5. Дар доираи созишномаи сармоягузории шарикии давлат ва бахши хусусӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкати «RexGen Co.Ltd»-и Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ, ки 14 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, маблағи ҷаримаҳо барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз лоиҳаи «Низоми зеҳнии сабти аксу видео­ии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ дар нуқтаҳои истгоҳи нақлиёти маршрутӣ ва хатҳои махсуси ҳаракати барои воситаҳои нақлиёти маршрутӣ пешбинишуда, тавассути воситаҳои махсуси низоми худидоракунӣ дар соҳаи нақлиёт дар кӯчаву роҳҳои авто­мобилгарди шаҳри Душанбе» дар давраи амали созишнома ба суратҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ду­шанбе гузаронида мешавад.

Моддаи 25. Тасдиқи ҳисобот оид ба иҷрои буҷети давла­тии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023

1. Ҳисобот оид ба иҷрои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 аз рӯйи даромад ба маблағи 43903429 ҳазор сомонӣ, аз рӯйи хароҷот ба маблағи 41532612 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии даромад нисбат ба хароҷот ба маблағи 2370817 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.

2. Хароҷоти воқеии буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 барои уҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла барои пардохти қарзи асосии беруна, бо дарназардош­ти хизматрасонии он, ба маблағи 1776523 ҳазор сомонӣ тасдиқ карда шавад.

Моддаи 26. Муқаррарот оид ба ворид намудани тағйирот ба буҷети давлатӣ

1. Дар ҳолати барзиёд ё кам иҷро гардидани қисми даро­мади буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2025 мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бе тағйир додани ҳаҷми касри буҷет тағйирот ворид намояд.

2. Бо сабаби тағйир ёфтани ҳаҷми истеҳсолот (мол, кор ва хизматрасонӣ), сатҳи нархҳо, меъёри андоз, заминаи андозбандӣ, инчунин тағйирёбии сохтории ташкилотҳои буҷетӣ, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисмҳои даромад аз рӯйи намуди андозҳо, низоми махсуси андозбандӣ, пардохтҳои ғайриандозӣ, сарчашмаҳои даромад ва моддаҳои хароҷоти дигари буҷетҳои дахлдор тағйироти зарурӣ ворид намуда, бо тартиби муқарраргардида дар байни буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷетҳои маҳаллӣ, буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳисоби байниҳамдигарӣ мегузаронад.

3. Мақомоти молия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадах­шон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ҳисобҳои байниҳамдигариро метавонанд байни буҷетҳои маҳаллии дахлдор амалӣ намоянд.

4. Мақомоти молия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадах­шон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тағйироти уму­мии қисми даромад ва хароҷоти солонаи буҷетҳои маҳаллиро дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи дахлдор пешниҳод менамо­янд.

Моддаи 27. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2025 мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 7 декабри соли 2024, № 2115

ҚАРОРИ

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2026-2027

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети дав­латии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» қабул карда шавад.

2. Дурнамои нишондиҳандаҳои даромад ва хароҷоти Буҷети давлатӣ барои:

- соли 2026 аз рӯйи даромад ба маблағи 53422250 ҳазор сомонӣ, аз рӯйи хароҷот ба маблағи 54922538 ҳазор сомонӣ ва касри буҷет ба маблағи 1500288 ҳазор сомонӣ ё 0,8 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ;

- соли 2027 аз рӯйи даромад ба маблағи 57626266 ҳазор сомонӣ, аз рӯйи хароҷот ба маблағи 59315842 ҳазор сомонӣ ва касри буҷет ба маблағи 1689576 ҳазор сомонӣ ё 0,8 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ муайян карда шавад.

3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи миёнамуҳлат қарорҳоеро, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузориро талаб менамоянд, дар доираи нишондиҳандаҳои муқаррарнамудаи хароҷоти Буҷети давлатӣ барои солҳои 2025-2027 қабул намояд. Ҳангоми пешниҳод намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» мувофиқи тағйирёбии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва рушди соҳаҳои иқтисодиёт нишондиҳандаҳои Буҷети давлатиро ба­рои солҳои 2027-2028 аниқ намояд.

4. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ назорати иҷрои буҷетро ба роҳ монда, истифодаи мақсадноку сама­рабахши маблағҳои буҷетиро аз ҷониби маблағгирандагон таҳлил ва ҳангоми зарурат натиҷаи таҳлилро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

5. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатии муқарраршудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли 2025 ба маблағи 49582169 ҳазор сомонӣ ва ҳаҷми умумии хароҷот ба маблағи 51591423 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии хароҷот нисбат ба даромад дар ҳаҷми 2009254 ҳазор сомонӣ барои иҷро қабул намояд;

- маблағгузории чорабиниҳои дар буҷет пешбинишударо дар доираи маблағҳои тасдиқшуда мутаносибан ба даромади воқеӣ таъмин намояд;

- бо мақсади кам кардани бақияпулӣ аз рӯйи пардохти андозҳо ва пардохтҳои иҷтимоии солҳои гузашта, бо дар­назардошти зарурати ихтисор кардани қарзи ташкилотҳои буҷетӣ аз корхонаҳо ва ташкилотҳо, ки то 1 январи соли 2025 ба вуҷуд омадааст, инчунин қарзи ташкилотҳои буҷетӣ аз рӯйи андозҳо, бо тартиби муқарраргардида бе тағйир додани иҷрои воқеии даромад ва хароҷоти буҷет ҳисоббаробаркуниро бай­ни онҳо гузаронад;

- оид ба иҷрои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба­рои соли 2025 ҳар се моҳ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд;

- дар бораи истифодаи маблағҳои Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи солона пешниҳод намо­яд;

- тавассути воситаҳои ахбори омма ҳар се моҳ аз рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025 маълумот диҳад.

6. Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки пӯшондани касри буҷети ҷумҳуриявиро бо роҳи фурӯши коғазҳои қиматноки давлатӣ, инчунин ҷалби грантҳо ва қарзҳои имтиёзнок аз созмонҳои байналмилалии молиявӣ амалӣ намояд.

7. Бонки миллии Тоҷикистон:

- якҷо бо Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгу­зории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Кумитаи андо­зи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бонкҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи меъёрҳои муқаррарнамудаи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» сари вақт ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ гузарондани ан­дозу даромадҳоро таъмин намояд;

- аз рӯйи амалиёти вобаста ба хизматрасонии уҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати агенти Вазорати мо­лияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, иҷрои ҳисобу китоб ва пардохтҳоро оид ба уҳдадориҳои қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд;

- бо мақсади сари вақт иҷро кардани пардохтҳои асъории Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025 мубо­дилаи маблағҳои буҷетиро ба асъори хориҷӣ мувофиқи дар­хости Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи қурби расмии асъор таъмин намояд;

- барои тамдид намудани муҳлати пардохти қарзи Вазора­ти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар соли 2020 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҷудо карда шудааст, дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то оғози соли навбатии молиявӣ шартномаи дахлдор ба имзо расонад.

8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия вогузор карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии

Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА

ш. Душанбе, 4 декабри соли 2024, № 1487

Санаи нашр: 13.12.2024 №: 243
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив