САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ

15 октябр 2026, Панҷшанбе
15


13-уми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои гуногун ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон ба ноҳияи Шаҳринав ташриф оварданд.
Боздиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Шаҳринав оғоз гардид.
Дар Марказ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, бинои Кохи наҷотро ифтитоҳ намуда, аз осорхонаи он боздид намуданд.
Иншооти навбунёд дуошёна буда, ҷавобгӯ ба талаботи муосир сохта шуда, аз маҷлисгоҳи барҳаво, осорхонаи Пешвои миллат ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат аст.
Маҷлисгоҳи Кохи наҷот барои 366 ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, бо шароити муосири баргузории ҷаласаҳо, ҳамоишҳо, машғулиятҳои таълимию методӣ ва чорабиниҳои соҳавӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Осорхонаи Пешвои миллат дар бинои мазкур марҳалаҳои муҳими эҳёи давлатдории навини тоҷиконро бозтоб намуда, таҷассумгари роҳи пуршарафи Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии Сарвари маҳбуби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Аксҳо ва экспонатҳои он аз талошҳои хастагинопазир ва хизматҳои таърихии Роҳбари давлат дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, барқарорсозии сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, бунёди давлати муосири тоҷикон ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳикоят мекунанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо шароити иншооти навбунёд, ба масъалаҳои истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамгардида, баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии кормандон ва тақвияти корҳои таълимию тарбиявӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Баъди ифтитоҳи Кохи наҷот ва шиносоӣ бо осорхона, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 иншооти муҳими Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, аз ҷумла бинои маркази таълимию кинологӣ, маркази идоракунии машқгоҳ, машқгоҳи таълимию амалӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагон, паноҳгоҳи мудофиаи гражданӣ, шаҳраки муваққатӣ барои ҷойгиркунии аҳолии аз офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулода зарардида, хобгоҳ, бунгоҳи тиббӣ ва ошхона, хобгоҳ барои дастурдиҳандагон ва наҷотдиҳандагони миллӣ ва хориҷӣ, гармхонаҳои хоҷагии ёрирасон, варзишгоҳ ва ҳаммомро ба тариқи фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Нахуст, бинои маркази таълимӣ-кинологии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид.
Иншоот бо тарҳи муосир бунёд шуда, дар он барои кору фаъолият ва омӯзиши сагҳои хизматӣ ҷиҳати иштирок дар корҳои ҷустуҷӯйӣ ва наҷотдиҳӣ шароити созгор фароҳам овардаанд. Бинои таълимӣ дорои 12 ҳуҷраи корӣ ва синфхонаҳои барҳавои омӯзишӣ барои сагҳо мебошад. 10 сагхона ва 10 ҳуҷраи дигар бо лавозимоти омӯзишӣ барои кинологон пешбинӣ мегардад.
Ба таври фосилавӣ дар ҳудуди Марказ бинои маркази идоракунии машқгоҳ ифтитоҳ шуд. Иттилоъ доданд, ки иншооти мазкур маркази омӯзишӣ-намунавӣ ба шумор рафта, аз ҳуҷраи мушоҳидавӣ рафти машқҳои амалии наҷотдиҳандагон дар майдони омӯзишӣ назорат мешавад. Марказ дорои 4 ҳуҷраи корӣ, ошхонаи замонавӣ ва даҳлези мушоҳидавӣ ва толор барои машқу тамрини наҷотдиҳандагон мебошад. Дар ин ҷо, ҳамзамон, синфхонаҳои таълимии саҳроӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар ҳудуди Марказ панҷ синфхонаи таълимии саҳроӣ бо тамоми шароити зарурӣ ташкил гардидааст, ки барои дар як вақт ба омӯзиш фаро гирифтани 300 нафар пешбинӣ мегардад.
Синфхонаҳо ҳамчун пойгоҳи махсуси таълимӣ ва тамринӣ барои такмили донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалии сарбозону афсарони сохторҳои Кумита ва дигар ниҳодҳои қудратии кишвар хизмат мекунанд.
Дар ҳудуди пойгоҳҳои таълимӣ шаҳракҳои муҳандисӣ, тактикӣ ва минаҷӯйӣ ташкил гаштанд. Дар ин ҷо сарбозону афсарон ба таври амалӣ усулҳои сохтани истеҳкому паноҳгоҳҳо, бунёди монеаҳои гуногун ва кандани хандақро дар шароити ба воқеият наздик меомӯзанд.
Ҳамчунин, шунавандагони курсҳои омӯзишӣ усулҳои безараргардонии минаҳо, омодагии тактикӣ, ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологӣ, инчунин, чораҳои безараргардонии абрҳои жолаоварро аз худ мекунанд. Ба барномаи омӯзишӣ тарзу усулҳои кӯчондани аҳолӣ аз минтақаҳои хатарнок ба мавзеъҳои бехавф ва ташкили таъминоти аввалиндараҷаи ҳаёт низ дохил мешаванд.
Ҳамчунин, барои баргузории чорабиниҳои сафороӣ, машқҳои низомӣ ва гузашти тантанавии ҳайати шахсӣ майдон ба истифода дода шуд. Иттилоъ доданд, ки майдон яке аз иншооти муҳими таълимӣ ва хизматӣ ба шумор рафта, барои ташкили машғулиятҳои сафороӣ, омӯзондани ҳаракатҳо, иҷрои фармонҳои фармондеҳон ва омодасозии ҳайати шахсӣ ба чорабиниҳои расмии ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар идома дар ҳудуди Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ машқгоҳи таълимию амалӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагон ба истифода дода шуд.
Машқгоҳ дар масоҳати беш аз 10 гектар бунёд гашта, дорои 20 марҳалаи омӯзишӣ ва омодагии наҷотдиҳандагон ҳангоми офатҳои табиӣ мебошад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки чунин машқгоҳи замонавӣ бо имкониятҳои васеи машқу омодагии наҷотдиҳандагон дар минтақа беназир аст.
Дар ин ҷо бо иштироки наҷотдиҳандагони кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ машқҳои муштараки Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Қазоқистон, Беларус ва Қирғизистон баргузор шуд.
Мошинҳои махсуси наҷотдиҳӣ барои бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти техногенӣ ва ғаввосӣ, нуқтаи таълимии бартарафсозии садамаҳои нақлиётӣ, обутоби ҳолати варзишии наҷотдиҳандагон аз имкониятҳои дигари машқгоҳи мазкур мебошад.
Дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ паноҳгоҳи мудофиаи гражданӣ ифтитоҳ гардид. Паноҳгоҳи мудофиаи гражданӣ ҳамчун иншооти таъиноти махсус барои ҳимояи аҳолӣ дар ҳолатҳои зарурӣ пешбинӣ шуда, мавҷудияти чунин иншоот баҳри таъмини амнияти шаҳрвандон ва омодагӣ ба ҳолатҳои эҳтимолии фавқулода аҳамияти зиёд дорад.
Шаҳраки муваққатӣ барои ҷойгиркунии аҳолии аз офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулода зарардида аз иншооти дигари Марказ мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки шаҳрак дар масоҳати 1 гектар бунёд ёфта, дар ҳудуди он 68 хайма барои 800 нафар ҷойгир аст. Шаҳрак дорои инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла шифохонаи саҳроӣ барои хизматрасонии тиббии касбӣ ба зарардидагон ва гузарондани амалиёти ҷарроҳӣ, ошхона барои 800 нафар ва иншооти ёрирасон, мебошад.
Ҳамчунин, 3 иншооти дигар: хобгоҳ, бунгоҳи тиббӣ ва ошхона, ки дар ҳудуди ҳамин Марказ бунёд шудааст, ифтитоҳ гардид. Бунёди хобгоҳи замонавӣ бо 600 кати хоб, 15 ҳуҷраи корӣ, 6 синфхонаи таълимӣ, насби камераҳои назоратӣ ва дигар иншооти зарурӣ имкон фароҳам меорад, ки сарбозону афсарон фаъолиятро дар шароити замонавӣ идома дода, дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ, техногенӣ ва ҳифзи аҳолӣ талоши бештар кунанд. Дар назди хобгоҳ ошхона барои 300 кас бунёд шудааст.
Бунгоҳи тиббӣ барои сарбозон иншооти навбатӣ дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ мебошад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бунгоҳи тиббӣ дорои 14 кат, ҳуҷраҳои ҷарроҳӣ, доругузаронӣ, дорухона, ошхона ва иншооти ёрирасон мебошад. Дар Марказ хобгоҳ барои дастурдиҳандагон ва наҷотдиҳандагони миллӣ ва хориҷӣ бо 17 ҳуҷра ва 80 ҷойи хоб бунёд ёфт.
Ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Марказ, ҳамчунин, гармхонаҳои хоҷагии ёрирасон, варзишгоҳ барои бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол ва варзиши сабук, ҳаммом ва дигар иншоот муаррифӣ гардид, ки бо сифати баланди меъморӣ бунёд шудаанд.
Пас аз ифтитоҳи фосилавии як қатор иншоот, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идома аз бинои нави таълимӣ ва синфхонаҳои он, ки дар ҳудуди Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бунёд шудааст, боздид намуданд.
Бино бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби шарикони рушд дар идомаи тадбирҳои ободонӣ ба муносибати Ҷашни таърихӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ эъмор гашта, дар он барои ҳайати шахсӣ ва омӯзиши амалии шунавандагон шароити арзандаи корӣ фароҳам овардаанд.
Зимни шиносоӣ бо синфхонаҳои бинои нави таълимӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншоот аз 20 ҳуҷраи барҳавои муҷаҳҳаз бо лавозимоти омӯзишӣ, аз ҷумла ҳуҷраҳои ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологӣ, расондани ёрии аввалияи тиббӣ, омодагии техногенӣ, омодагии кӯҳнавардӣ, воситаҳои алоқа, мудофиаи гражданӣ, равоншиносӣ, китобхонаи электронӣ ва ҳуҷраҳои назариявӣ ва амалӣ, иборат мебошад.
Дар иншооти тозабунёд барои шунавандагони дараҷаҳои гуногун барномаҳо ва синфхонаҳо бо тамоми лавозимоти таълимӣ фароҳам гардида, дар се сатҳ омӯзиш ба роҳ монда мешавад.
Марказ имкон фароҳам меорад, ки дар он ҳайати роҳбарикунандаи вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои пешгирии офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулода аз омӯзиш гузаранд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди чунин иншоотро барои баланд бардоштани малакаи касбии наҷотдиҳандагон, омода кардани кадрҳои соҳавӣ ва ҳифзи саривақтии сокинон аз офатҳои табиӣ ва техногенӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо бо фаъолияти бинои омодасозии ғаввосон шинос шуданд.
Иншооти мазкур яке аз бахшҳои муҳими Марказ ба шумор рафта, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардид. Дар бино ду ҳавзи шиноварӣ бо умқи 4,8 ва 15 метр, се синфхонаи таълимӣ ва тамринӣ, маҷлисгоҳ бо 20 ҷойи нишаст мавҷуд аст. Иншоот бо таҷҳизоти зарурии махсуси ғаввосӣ таъмин мебошад.
Бино дорои як қатор бахшҳои махсус, аз ҷумла ҳавзи шиноварӣ бо низоми муосири софкунӣ, бахши омӯзиши ғаввосӣ дар умқи зиёд барои иҷрои машқҳои мураккаби зериобӣ, синфхонаҳои муҷаҳҳаз барои омӯзиши назариявӣ ва нуқтаи марказии назорати корҳои ғаввосӣ мебошад. Фароҳам овардани чунин шароит имкон медиҳад, ки мутахассисони соҳа дар сатҳи баланд омода шаванд.
Технологияи муосири дар иншоот насбгардида имкон медиҳад, ки раванди машқҳо ҳам дар зери об ва ҳам дар хушкӣ тавассути камераҳои махсус ба таври мустақим назорат гарданд. Ин низом ба баланд бардоштани самаранокии омӯзиш ва таъмини бехатарии афсарону наҷотдиҳандагон ҳангоми машғулиятҳо мусоидат менамояд.
Бунёди иншооти мазкур бо назардошти мавқеи ҷуғрофии кишвар, мавҷудияти ҳавзҳои гуногуни обӣ, кӯҳҳо ва хусусиятҳои иқлимии Тоҷикистон амалӣ шудааст. Ин омилҳо барои омодасозии ғаввосон ҷиҳати иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар шароити гуногун муҳим мебошад. Дар иншоот, инчунин, барокамера ё камераи фишорӣ аст, ки дар раванди омодасозии ғаввосони касбӣ ва таъмини бехатарии фаъолияти онҳо нақши муҳим дорад.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки ин таҷҳизот барои муолиҷаи ғаввосоне истифода мешавад, ки баъди иҷрои корҳои тулонии зериобӣ дар умқи зиёда аз 10 метр ба барқарорсозии ҳолати саломатӣ ниёз пайдо мекунанд.
Таъкид гардид, ки иншооти мазкур бо чунин имконоти муосир нахустин бинои махсус барои омодасозии ғаввосон дар кишвар ба шумор рафта, барои тарбияи наҷотдиҳандагони касбӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагии онҳо мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулон барои истифодаи самараноки имконоти фароҳамгардида, баланд бардоштани сифати омодасозии ғаввосон ва тарбияи мутахассисони соҳибтаҷриба дастуру тавсияҳои мушаххас доданд.
Дар идомаи боздид аз Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ - методӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои қабули меҳмононро ба истифода доданд.
Бино аз 18 ҳуҷра иборат буда, барои 25 нафар дар як вақт пешбинӣ мегардад. Он бо назардошти талаботи муосир бунёд ёфта, барои пазироии меҳмонони хориҷӣ ва ташкили шароити зарурӣ ҷиҳати анҷом додани фаъолияти корӣ пешбинӣ мешавад.
Дар дохили бино толорҳои вохӯриҳои расмӣ ва видеоконфронсҳо, ҳуҷраҳои корӣ, истиқоматӣ ва ошхона ҷойгир буда, барои таъмини фаъолияти муназзам ва хизматрасонии босифат нақши муҳим мебозанд.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки толорҳои мулоқот барои баргузории вохӯриҳои расмӣ, музокироти дуҷонибаву бисёрҷониба ва баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳуҷраҳои кории бино барои ташкили фаъолияти маъмурӣ, омодасозии ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ҳамоҳангсозии вохӯриҳо ва иҷрои дигар корҳои вобаста ба пазироии меҳмонон хизмат менамоянд.
Иншооти истиқоматӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои будубош ва истироҳати меҳмонон пешбинӣ мегардад. Дар бинои қабули меҳмонон ошхона мавҷуд аст, ки метавонад дар як вақт то 54 нафарро қабул кунад.
Дар баробари ин, истифодаи самараноки имкониятҳои иншоот, нигоҳдории он ва ба роҳ мондани хизматрасонии босифат аз коргарон масъулияти зиёд талаб менамояд.
Ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нуқтаи фармондеҳӣ - мушоҳидавӣ ва намоиши ҷараёни тамрини махсуси “Скала – 2026” бо иштироки воҳидҳои наҷотдиҳии мақомоти ваколатдори давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода дар мавзуи “Бартараф намудани оқибатҳои заминларзаи харобиовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” боздид намуданд.
Қобили зикр аст, ки дар машқҳои мазкур аъзои кишварҳои СААД, аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларус, ширкат варзиданд. Наҷотдиҳандагони ин кишварҳо дар доираи амалиёти наҷотдиҳиву бартарафсозии оқибатҳои ҳолати фавқулода фаъолият намуданд.
Мувофиқи матлаби ба машқҳо пешбинигардида гӯё дар минтақаи шартии машқ ҳолати фавқулодаи табиӣ, аз қабили заминларза, ба амал омадааст. Ҳамзамон, дар рафти машқҳо ҳолатҳои фавқулодаи техногенӣ ба амал меоянд.
Наҷотдиҳандагони кишварҳо дар ҳамоҳангӣ бо техникаву таҷҳизоти махсуси наҷотдиҳӣ ба амалиёти бартарафсозӣ сафарбар мешаванд.
Зимни баргузории машқҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рафти баргузории машқҳои наҷотдиҳӣ дидан карда, ба омодагӣ ва маҳорату малакаи касбии наҷотдиҳандагони тоҷик ва дар ҳамоҳангӣ бо ҳамкасбони хориҷӣ бомуваффақият кор карданашон баҳои баланд доданд.


Ифтитоҳи 6 иншооти таъиноти гуногун
13-уми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.
Бо ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №58 дар деҳаи Ҷавонони деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав барои 720 хонанда дар ду баст заминаи таълимӣ муҳайё гардид. Муассиса аз 12 синфхонаи барҳаво иборат буда, дар он тамоми лавозимоти хониш фароҳам аст.
Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳринав дар идомаи тадбирҳои ободонӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо санъати баланди меъморӣ мавриди истифода қарор гирифт. Иттилоъ дода шуд, ки иншоот аз 12 ҳуҷра ва толори асосӣ бо 400 ҷойи нишаст иборат буда, дар он барои тамрину омодагии ҳунармандон ва баргузории ҷашну чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ шароити мусоид фароҳам мебошад. Бинои навбунёд барои аҳли фарҳанг ва сокинони ноҳия дастоварди хуби фарҳангӣ ба шумор меравад.
Ҳамзамон, дар ҳамин ҷо маркази ташхисию табобатии «Табиб – 2013» ифтитоҳ ёфт. Марказ барои қабули то 30 бемор дар як вақт пешбинӣ гардида, бо назардошти талаботи соҳа ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ташхису табобати беморон бунёд шуд. Пас аз ба фаъолият оғоз намудани иншооти соҳаи тандурустӣ, 30 мутахассис соҳиби кори доимӣ гардида, ҷиҳати беҳтарсозии сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ саҳми назаррас мегузоранд. Дар марказ ҳуҷраи қабул, толорҳои тавонбахшӣ, варзиш, ҳуҷраҳои кории табибони бемориҳои дарунӣ, аз ҷумла духтури занона, асабшинос, ҷарроҳ ва ҳуҷраҳои ёрирасон, ҷой гирифтаанд.
Корхонаи истеҳсоли профилҳои пластикии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи Осиё» аз иншооти навбатии саноатӣ дар ноҳияи Шаҳринав мебошад, ки ифтитоҳ гашт. Ҳоло дар корхона 20 мутахассис ба кор ҷалб шуда, дар он истеҳсоли 10 намуди профилҳои пластикӣ ва дару тирезаҳои гуногун ба роҳ монда шудааст. Маҳсулот бо назардошти талаботи бозори дохилӣ ва эҳтиёҷоти соҳаи сохтмон омода гардида, барои фурӯш, асосан, ба ноҳияи Шаҳринав ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар пешниҳод карда мешавад.
Дар ҳамин ҷо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хишти Шаҳринав», ки иқтидори истеҳсолии он дар як сол 90 миллион хишт мебошад, расман оғоз бахшиданд. Тавре иттилоъ дода шуд, иншоот бо мақсади амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва таъмини талаботи бозор аз тарафи соҳибкори ватанӣ Имомалӣ Шоев бунёд гардида, дар он 50 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин аст.
Ба истифода додани майдончаи болопӯшида ва толори варзиш дар назди МТМУ №11 дар деҳаи Ободон сокинону ҷавононро хушҳол намуд. Майдонча бо паҳноии 20 метр ва дарозии 40 метр бунёд шуда, дар он барои машғул шудан ба машқу тамрин, аз ҷумла бозии футбол, шароити мусоид фароҳам аст. Ҳоло аз майдончаи варзиш сокинони деҳаҳои Ободон, Шарафи 1 ва Шарафи 2 истифода менамоянд.
Пас аз шиносоӣ бо шароити як қатор иншооти навбунёд, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам вусъат бахшидани тадбирҳои ободонӣ, бунёди муассисаву корхонаҳои саноатӣ, фароҳам овардани шароити арзанда барои сокинон дар деҳот, таъсиси ҷойҳои нави кор ва бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ дар замири насли наврас ба масъулон дастуру тавсияҳои мушаххас доданд.
Ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Шаҳринав бунёди 297 иншоот дар назар буд. То таҷлили Ид 318 иншоот, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсолӣ ва иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва фарҳанг, ба истифода дода шуданд, ки 108 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.

Санаи нашр: 14.10.2026 №: 200