Х А Т Л О Н. ШУКӮҲИ "BOKHTAR-FOOD-2023"
24-25 май дар шаҳри Бохтар бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми 3-юми байналмилалии содиротии "Bokhtar-Food-2023" («Бохтар Фуд-2023») бо ширкати намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатии соҳавӣ, корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, шарикони рушд ва бахши хусусӣ, ширкату корхонаҳои дохиливу хориҷӣ баргузор гардид.
Дар Форум муҳокимаҳои панелӣ оид ба масъалаҳои таҳия ва ҷорӣ кардани стандартҳои байналмилалӣ, нақлиётӣ ва логистикӣ, пешбурд ва рушди содирот сурат гирифтанд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зикр намуд, ки баргузории Форуми байналмилалии “Бохтар Фуд-2023” ба рушди неруи содиротӣ бо истифода аз иқтидори мавҷудаи саноатию кишоварзӣ, муаррифии муҳити созгори сармоягузорӣ ва шароити мусоиди пешрафти соҳибкории вилоят равона гардидааст.
Тадбирҳои мазкур дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ба татбиқи афзалиятҳои стратегии кишвари азизамон нигаронда шудаанд.
– Як нукта боиси зикр аст, ки хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамкории судмандро бо ҶСК “Оби зулол” ба роҳ мондаанд. Ҷамъият танҳо дар давоми як моҳи охир ба маблағи 583 ҳазор сомонӣ барои коркард 292 тонна зардолу харид, – иброз дошт Давлаталӣ Саид.
– Аз ин лиҳоз, мо манфиатдорем, ки бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон корхонаҳои коркард ва бандубасти маҳсулоти кишоварзиро бо мақсади содирот ба бозорҳои дуру наздик ба роҳ монем. Бинобар он, ташкили марказҳои логистикӣ барои ҷамъоварии саривақтӣ, таъмини доимии бозор бо мева, танзими нарх ва афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ нақши калон мебозад. Мо барои соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати бунёди марказҳои логистикӣ тамоми шароитро фароҳам овардаем, – тазаккур дод Давлаталӣ Саид ва илова намуд, ки барои захираю нигоҳдории маҳсулот дар вилоят 66 сардхона бо ғунҷоиши 24025 тонна ва 61 анбор бо ғунҷоиши 1538 тонна маҳсулоти кишоварзӣ мавҷуд мебошад, ки соҳибкорону тоҷирон метавонанд аз ин иқтидорҳо васеъ истифода баранд.
Ишора шуд, ки дар натиҷаи татбиқи босамари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, имрӯз дар вилоят инфрасохтори рушдёфтаи нақлиётӣ, ду фурудгоҳи байналмилалӣ, роҳи оҳан ва роҳҳои заминии нақлиётӣ, ки ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ мебошанд, мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд.
Роҳҳои автомобилгарди аҳамияти байналмилалидоштаи Душанбе – Бохтар – Панҷи Поён – Афғонистон; Душанбе – Кӯлоб– Хоруғ– Кулма – Чин; Қизилқалъа – Ҷарбуҷа–Ӯзбекистон, Бохтар – Данғара – Кӯлоб ва дигар роҳҳои замонавии таҷдиду азнавсозигардидаи кишвар мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд, ки тавассути онҳо молу маҳсулот ҳамлу нақл мегарданд. Вилояти Хатлон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Афғонистон ҳамсарҳад мебошад ва соҳибкорону тоҷирон метавонанд ба воситаи ин давлатҳо молу маҳсулотро ба дигар давлатҳо содирот намоянд.
Дар ҳудуди вилоят 3 минтақаи озоди иқтисодӣ, аз ҷумла минтақаҳои озоди иқтисодии “Данғара”, “Панҷ” ва “Кӯлоб” фаъол буда, дар амалигардонии сиёсати давлатии рушди саноат ва саноатикунонии босуръат саҳм гузошта истодаанд.
Имрӯз вилояти Хатлон бо 40 давлати хориҷии дуру наздик ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст, гардиши савдои хориҷии вилоят дар соли 2022-юм 500 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, дар 4 моҳи соли ҷорӣ бошад, ба 140,7 миллион доллар расидааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои содироткунандагони ватанию хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварад.
Дар Форум директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода, сафири фавқулода ва мухтори ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер, роҳбари намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимлӣ, муовини раиси Агентии пешбурди содироти Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Алсабалӣ Ясер Абдуллоҳ, роҳбари намояндагии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Гуҷгелдиев ва дигарон вобаста ба масъалаҳои мавриди назар сухан карданд.
Дар ҳошияи Форум Намоишгоҳи «Бохтар Фуд-2023» баҳри муаррифии имкониятҳои истеҳсолӣ ва содиротии ҷумҳурӣ, тақвияти истеҳсолоти содиротӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ ва густариши муносибатҳои тиҷоратии харидорону содироткунандагон доир шуд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН,
"Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 30.05.2023 №: 113
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)