ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. ҚОНУНИ НАВ МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР, ОМӮЗГОР ВА ҶОМЕАРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. ҚОНУНИ НАВ МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР, ОМӮЗГОР ВА ҶОМЕАРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

26 июл 2024, Ҷумъа
1 136
0
Дар таҳрири нав қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи  кӯдак» миёни ҷомеа назарҳои гуногунро  ба бор овард. Ҳол он ки Қонуни мазкур муқаррароти Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятиро такмил дода, уҳдадориҳои падару модар ва омӯзгорро мушаххас намудааст. Барои рӯшанӣ андохтан ба баъзе паҳлуҳои  ин санад, суҳбате доштем бо сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Шарофиддин Асомиддинзода, ки фишурдаи онро манзур мегардонем. 
– Муҳтарам Шарофиддин Асомиддинзода, зарурати қабули Қонунро дар таҳрири нав дар чӣ мебинед?  
– Қонуни мазкур таълиму тарбияи кӯдакро дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ танзим намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак равона гардидааст. Он ҳамчун санади муҳими меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар самти таълиму тарбияи кӯдак ба ҳисоб рафта, барои амалисозии уҳдадориҳои омӯзгор, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар намудаанд, мусоидат менамояд. Президенти мамлакат аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ истифода намуда, зарур донистанд, ки номи қонунро ба матни он мувофиқ намоянд. Бояд гуфт, ки калимаҳои “падару модар” аз он хориҷ шуда, калимаи «фарзанд» ба «кӯдак» иваз карда шуд.
То ин муддат моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки аз як қисм иборат буд, барои иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба парасторӣ, таълим ва тарбияи ноболиғон, ҷавобгарии маъмуриро пешбинӣ мекард. Ба таври умумӣ муайян будани ин ҷавобгарӣ, самаранокии татбиқи Қонунро то андозае аз байн бурда, барои пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат карда натавонист. Аммо баъди дар таҳрири нав қабул гардидани ин Қонун (20-уми июни соли равон), масъалаҳои муқаррар намудани ҷавобгарии маъмурӣ дар доираи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар шакли васеъ пешбинӣ гардид. Чунончи, тибқи қисми 3 моддаи 90 ин Кодекс, омӯзгор танҳо дар ҳолати дар раванди таълиму тарбия нисбат ба кӯдак истифода бурдани зӯроварӣ, инчунин, назорат накардани кӯдак, ки дар натиҷа ӯ зӯровариро нисбат ба дигар ашхос истифода барад, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад. Пештар барои вайрон кардани дилхоҳ уҳдадорӣ дар таълиму тарбияи кӯдак, нисбат ба омӯзгор татбиқ намудани ҷавобгарии маъмурӣ имкон дошт. Айни ҳол ин модда мушаххас ва дар ҳолати муайян ҷавобгариро муқаррар менамояд. 
 
– Яъне, Қонуни мазкур ба омӯзгор сабукӣ дода, уҳдадориҳои волидонро мукаммалтар менамояд? 
– Бале. Барои бе китоби дарсӣ ё либоси тавсиявии мактабӣ омадани хонанда ба дарс танҳо падару модар масъуланд. Агар хонанда дар кӯча ва ё берун аз муассисаи таълимӣ ҷанҷолу занозанӣ кунад, пас дар ин ҳолат низ падару модар ҷавобгаранд. Масъулияти ба дарс омадан ва аз дарс нагурехтани фарзанд низ бар дӯши волидон аст. Омӯзгор дар ин ҳолат вазифадор аст, ки дар журнали синфӣ набудани хонандаро қайд намояд. Дар амалия ҳангоми берун аз муассисаи таълимӣ ҷанҷол ё занозанӣ кардани хонанда, омӯзгорон бори масъулият мекашанд, ки ин ғайриқонунист. Ин ҳолатҳо бештар аз ҳуқуқҳои худашонро надонистани омӯзгорон сар мезанад. 
Аз ҷониби дигар, таълиму тарбияи кӯдак на танҳо кори муассисаи таълимӣ ва омӯзгор, балки кори дастаҷамъӣ буда, асосан, аз ҷониби оила, муассисаи таълимӣ ва ҷомеа амалӣ мегардад. Тағйиру иловаҳо ба сохтори Қонуни мазкур аз як тараф мазмуни Қонунро мукаммал намояд, аз тарафи дигар ҳуқуқ ва уҳдадориҳои се ниҳод: оила, муассисаи таълимӣ ва ҷомеаро, ки дар раванди таълим ва тарбияи кӯдак нақши калидӣ доранд, дақиқ ва возеҳу мушаххас менамояд. Аз ҷумла, мувофиқи моддаи 6 Қонуни мазкур мақомот ва ташкилоте, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро баррасӣ мекунанд, метавонанд иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, раисони маҳаллаҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигарро дар амалишавии сиёсати давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак ҷалб намоянд. Акнун роҳбарони синф берун аз муассисаи таълимӣ барои таълиму тарбияи кӯдак вазифадор нестанд.
 
– Айни замон татбиқи Қонун чӣ гуна ҷараён дорад? 
– Дар шаш моҳи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ  тибқи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба падару модарон ва шахсони онҳоро ивазкунанда 24 544 протоколи маъмурӣ тартиб дода, ба судҳои шаҳру ноҳияҳо ирсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 165-то зиёд мебошад. 
Инчунин, дар ҳамин давра дар мамлакат аз ҷониби ноболиғон 332 ҷиноят содир гашт, ки нисбат ба соли сипаришуда 74 ҳолат зиёд аст. Ин ҷиноятҳоро 379 ноболиғ содир кард, аз ҷумла  10 нафар духтар. Ин рақамҳо бозгӯи онанд, ки ҳам падару модарон ва ҳам омӯзгорон нисбат ба таълиму тарбияи кӯдакон саҳлангорӣ кардаанд. Сабаби дигараш, ҳамкории зич надоштани падару модарон бо муассисаҳои таълимиву омӯзгорон аст. Бояд зодмандону муаллимон бо ҷомеаи шаҳрвандӣ якҷоя кор баранд ва наслеро тарбия намоянд, ки тавонад дар ободиву пешрафти диёр саҳми хешро гузорад. 
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият» 
Санаи нашр: 26.07.2024 №: 140
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив