ИНСОНИЯТ ПЕШОРӮИ МУАММОҲОИ ЗАМОНИ МУОСИР
“Вазъи ноором ва равандҳои пуртазоду мураккаб дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, ки пайомадҳои буҳронии сиёсиву иқтисодӣ доранд, ҳамоно боиси нигаронӣ мебошанд”,- чунин таъкид карданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми нави худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2024. Воқеан, ҷамъияти инсонӣ аз вақти ба вуҷуд омаданаш то имрӯз бо носозиҳои бешумори барояш даҳшатноку харобиовар дучор гардидааст. Ин носозиҳои ҳаёти инсонро аз рӯйи хусусиятҳояш метавон ба ду гурӯҳ ҷудо намуд. Яке носозиҳои хислати табиӣ дошта, яъне заминҷунбиҳо, обхезиҳо, хушксолиҳо ва ғайра. Дигаре буҳронҳои хусусияти иҷтимоӣ дошта мебошанд, ки аз фаъолияти худи инсон бармехезанд. Масъалаҳое, ки ба гурӯҳи дуюм дохил мешаванд, албатта, аз ҷиҳати миқёсу дараҷа ва мазмуну мундариҷа гуногунанд. Қисми зиёди масъалаҳое, ки ба ин гурӯҳ шомиланд, ба як ё якчанд халқу миллат ва мамлакатҳои алоҳида тааллуқ доранд.
Ҳамзамон, инсоният имрӯз оид ба чунин масъалаҳои хусусияти иҷтимоӣ дошта сухан меронад, ки онҳо муаммоҳои глобалӣ, умумисайёравӣ ва умумиҷаҳонӣ ном доранд.
Муаммоҳои умумиҷаҳонӣ ё муаммоҳои глобалии замони ҳозира гуфта як қатор масъалаҳои мураккаби замонаро меноманд, ки тобеияти ҷуғрофиашон хеле васеъ буда, бо манфиатҳои ҳаётии кунунӣ ва минбаъдаи тамоми инсоният зич алоқаманданд ва баҳри ҳал гардиданашон муштаракона тадбир андешидану амал кардани ҳамаи давлатҳо, халқу миллатҳо зарур аст.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Ҷомеаи байналмилалӣ ҳанӯз дар масири дарёфти роҳҳои муносиби ҳалли хавфу таҳдидҳои глобалии марбут ба тағйири иқлим қарор дорад”. Дар тамоми марҳалаҳои таърихи инсонӣ байни ҷамъият ва табиат таъсири мутақобилаю муносибатҳои тарафайн ҷой доранд. Таъсири мутақобилаи байни ҷамъият ва табиат асосан дар раванди истеҳсолот сурат мегирад. Азбаски эҳтиёҷоти моддию маънавии ҷамъият рӯз аз рӯз меафзояд, бинобар он фаъолияти табиатро мақсаднок дигаргунсозии инсоният низ торафт вусъат меёбад.
Пайваста бо инкишофи қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷамъият имкониятҳои аз таъсири қувваҳои стихиявии табиат худро муҳофизат карда тавонистани инсон васеъ гардиданд, шароити нисбат ба пешина хубтари зиндагӣ, ривоҷи илму техника, пешрафти маданият, болоравии дараҷаи шуурнокӣ ва тағйироти бузурги дигар дар ҳаёти одамон ба вуҷуд омаданд.
Вале, дар баробари ин, тамоили прогрессивӣ дар муносибати байниҳамдигарии ҷамъият ва табиат тамоили дигар - тамоили манфӣ, тамоили хатарнок низ ҷараён гирифт. Яъне, баробари хеле вусъат ёфтани миқёси фаъолияти одам ва васеъ шудани андозаи ҳукми инсон аз болои равандҳои табиӣ дар муносибатҳои байни инсону табиат шиддатнок гардидани номувофиқатӣ низ ба амал омад, ки ин бениҳоят ташвишовар аст. Вайрон шудани мувозинати байни равандҳои гуногун дар табиат, торафт кам гардидани сарватҳою захираҳои табиӣ, ифлосшавии муҳити зисти инсон бо миқдори зиёди партовҳои саноатӣ, моддаҳои радиоактивӣ ва ғайра - чунин аст, аз ҷумла, самараи манфие аз муносибатҳои байни инсону табиат, ки имрӯз ба ҳастии худи инсон ба таври ҷиддӣ таҳдид мекунад.
Маҳз бо чунин зиддиятҳои дар системаи муносибатҳои мутақобилаи ҷамъият ва табиат бавуҷудомада моҳияти муаммои глобалии экологӣ, моҳияти муаммои ҳифзи муҳити зист муайян карда мешавад.
Ҳамин тавр, муаммоҳои глобалӣ натиҷаи зиддиятҳои тезутунди тараққиёти нобаробару ноҳамвори иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ, илмию техникӣ, демографӣ, экологӣ, фарҳангӣ, натиҷаи инкишофи ноҳамвори тамаддуни ҷаҳонӣ мебошанд. Ҳаллу фасли ҳарҷонибаи муаммоҳои глобалӣ кор карда баромадани стратегияи мушаххаси дарозмуддати умумисайёравиро тақозо менамояд. Ин стратегияро, ки дар он манфиати ҳар давлат бо манфиатҳои тамоми инсоният ба ҳам пайваст мегардад, танҳо дар асоси коркарди илмӣ ва туфайли муоширати фаъолонаю оқилонаи ҳамаи давлатҳои ҷаҳон муайян кардан лозим аст. Қобили зикр аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол, миллати тамаддунофару фарҳангсози тоҷик имрӯз собитқадамона баҳри инкишофи ҳамкорию ҳамдигарфаҳмии байналхалқӣ ба хотири ҷустуҷӯ ва пайдо кардани роҳҳои ҳалли якҷояи муаммоҳои глобалии асри ХХI саҳмгузорӣ мекунад.
Некрӯз АКБАРОВ,
мутахассиси маркази дарёфт ва
рушди истеъдодҳои назди
шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ