ТОҶИКИСТОН – ЧИН. ҚАДАМИ НАВ ДАР ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТӢ

09 сентябр 2026, Чоршанбе
23



Семинари омӯзишие, ки дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин барои мутахассисони вазорату идораҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Тиҷорати электронии фаромарзӣ ва идоракунии занҷираҳои байналмилалии таъминот» роҳандозӣ шуда буд, ҷамъбаст гардид. Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур ба баланд бардоштани дониш, такмили малакаҳои касбӣ ва табодули таҷриба дар самтҳои муҳими иқтисоди муосир равона шуда, имконияти хуберо барои шиносоӣ бо таҷрибаи пешрафтаи Чин фароҳам овард.

Бо дарназардошти ин, иштирок дар семинар барои мутахассисони Тоҷикистон муҳим буд. Дар давоми омӯзиш онҳо бо таҷрибаи Чин дар самти тиҷорати электронии фаромарзӣ, идоракунии занҷираҳои байналмилалии таъминот, логистика, рақамикунонии равандҳои тиҷоратӣ, маркетинги байналмилалӣ, брендинг, таҳқиқи бозор ва истифодаи хизматрасониҳои рақамӣ шинос шуданд. Машғулиятҳои назариявӣ ба амалия пайваст гардида, барои такмили донишҳои касбӣ ва дарки равандҳои муосири тиҷорати электронӣ замина фароҳам оварданд.

Дар маросими ҷамъбасти семинар мудири Маркази ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва мубодилаи илмӣ-техникии «Син Юан» Ли Мин аз иштироки мутахассисони тоҷик дар барномаи омӯзишӣ изҳори қаноатмандӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, баргузории чунин чорабиниҳо барои таҳкими робитаҳои касбӣ, табодули донишу таҷриба ва густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Чин аҳамияти муҳим дорад.


Мудири бахши ҳисобдории марказии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Искандар ва муовини директори КВД “Маркази хизматрасонии маҳфуздорандаи ҳисоботи молиявӣ”-и Вазорати молия Зарина Абдулмаҷидзода ба ҷониби Чин барои сатҳи баланди ташкили барномаи омӯзишӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои табодули таҷриба изҳори сипос намуданд.


Таъкид гардид, ки донишҳои андӯхташуда метавонанд дар фаъолияти минбаъдаи мутахассисон, аз ҷумла дар самти рақамикунонии равандҳои тиҷоратӣ, такмили хизматрасониҳои тиҷоратию логистикӣ ва рушди робитаҳои иқтисодии байналмилалӣ, истифода шаванд.

Дар доираи семинар иштирокчиён аз шаҳрҳои Урумчӣ ва Сиан дидан намуда, бо фаъолияти як қатор корхонаҳо шинос шуданд. Чунин боздидҳо ба иштирокчиён имкон доданд, ки дар мисоли фаъолияти ширкатҳои чинӣ роҳҳои татбиқи амалии технологияҳои муосирро дар соҳаҳои тиҷорат ва логистика аз наздик мушоҳида намоянд. Ҳамзамон, дар ҷараёни вохӯриҳо масъалаҳои такмили ҳамкориҳои тиҷоратӣ, рушди бозорҳои нав ва истифодаи васеи имкониятҳои рақамӣ баррасӣ шуда, миёни иштирокчиён табодули афкор сурат гирифт.

Таҷрибаи Чин дар рушди тиҷорати электронӣ нишон медиҳад, ки рақамикунонӣ метавонад на танҳо воситаи содагардонии амалиёти тиҷоратӣ, балки яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ бошад. Дар ин раванд рушди инфрасохтори рақамӣ, ташкили низоми самараноки логистикӣ, такмили расмиёти гумрукӣ, истифодаи платформаҳои электронии савдо ва омода намудани кадрҳои баландихтисос аҳамияти хос дорад.

Барои Тоҷикистон низ рушди тиҷорати электронӣ ва истифодаи имкониятҳои иқтисоди рақамӣ аз самтҳои муҳими рушди иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Мавқеи ҷуғрофии кишвар, иқтидори транзитӣ, имкониятҳои рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва зарурати васеъ намудани дастрасии соҳибкорон ба бозорҳои хориҷӣ тақозо менамоянд, ки усулҳои муосири ташкили фаъолияти тиҷоратӣ бештар истифода шаванд. Дар ин замина, омӯзиши таҷрибаи давлатҳои пешрафта метавонад барои такмили равандҳои мавҷуда ва ҷорӣ намудани таҷрибаҳои муосир заминаи мусоид фароҳам оварад.

Дар анҷоми чорабинӣ ба иштирокчиён сертификат супурда шуд. Муҳим он аст, ки дониш ва таҷрибаи андӯхташуда дар фаъолияти минбаъда мавриди истифода қарор гирифта, барои ҷорӣ намудани усулҳои муосири фаъолият ва рушди робитаҳои касбӣ хизмат намояд.

Ҳамин тавр, семинари омӯзишӣ на танҳо барои баланд бардоштани иқтидори касбии мутахассисони тоҷик, балки ҳамчун қадами муассир дар роҳи густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Чин аҳамияти муҳим дорад.


Кароматулло АТО, «Ҷумҳурият»,
Душанбе – Урумчи – Душанбе

Санаи нашр: 08.09.2026 №: 176