ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО
Марди муштзӯре, ки завлонабадаст шуд
Дар ноҳияи Рашт кормандони милитсия марди 39-солаеро дастгир карданд, ки дар қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ гумонбар дониста мешавад.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, гумонбаршаванда 4-уми марти соли 2026 дар Ҷамоати деҳоти Ҳоити ноҳияи мазкур бо марди 41-солаи сокини ҳамин ноҳия муноқиша карда, ӯро латукӯб намудааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида зарари вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст, ки ҳоло аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Боздошти дузде, ки модарро дар ғафлат гузошт
Зани куҳансоле дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба ШВКД дар ноҳия муроҷиат намуда, аз кормандони милитсия хостааст, то дуздонеро пайдо кунанд, ки як сар чорвои калони ӯро бо гӯсолааш аз оғил рабудаанд.
Ҳодисаи дуздии чорво 6-уми март дар дили шаб рух дода, ҳоло гумонбари асосӣ дар ин ҷиноят аъзои ҳамин оила дониста мешавад. Дар ин робита, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ муайян карданд, ки ҷинояти мазкурро писари соҳибхона (пиразани 77-сола) – марди 38-сола содир намудааст.
Бино ба иттилои сомонаи ВКД, зарари расондашуда 15 ҳазор сомониро ташкил дода, аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот оғоз шудааст.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”
