АЗ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ ТО ЧЕМПИОНАТҲОИ ҶАҲОНУ ОСИЁ. НАЗАРЕ БА ВАРЗИШИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

23 октябр 2026, Ҷумъа
0


Истиқлоли давлатӣ мояи ифтихор барои ҳар миллат маҳсуб мешавад. Маҳз бо шарофати истиқлол давлат дар ҷаҳон муаррифӣ гашта, ҳар миллат сарнавишташро худаш менависад. Тибқи гуфтаи бузургсолон, дар давраи шуравӣ варзишгарони мо бо мушкилӣ ба саҳнаҳои ҷаҳонӣ роҳ меёфтанд. Онҳоро лозим буд, ки аввал миёни 15 кишвари узви ИҶШС ғолиб омада, сипас дар ҳайати ин кишвар дар сатҳи ҷаҳон рақобат намоянд.
Ба шарофати истиқлоли Ватан, варзишгарони мо имкон пайдо карданд, ки дар чорабиниҳои сатҳи баланди варзишӣ Тоҷикистонро муаррифӣ намоянду кишвари мо мизбони бонуфузтарин мусобиқаҳои варзишӣ гардад.
Ҳукумати мамлакат соҳаи варзишро яке аз самтҳои афзалиятноки давлатӣ дониста, баҳри рушди он ва солимии насли наврасу ҷавон чораҳо меандешад. Дар ин навишта мо роҳи тайнамудаи соҳаи варзиши кишварро дар даврони соҳибистиқлолӣ – аз Бозиҳои олимпӣ то чемпионатҳои Осиё – мурур мекунем.


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ
Бозиҳои олимпӣ баландтарин қуллаи варзиш аст, ки ҳар чор сол як маротиба дар шаҳрҳои гуногун доир мегардад. Мизбони Бозиҳоро Кумитаи байналмилалии олимпӣ интихоб менамояд. Хушбахтона, дар кишвари мо баъзе намудҳои олимпӣ: варзиши сабук, ҷудо, гӯштӣ, бокс, футбол, шиноварӣ рушд кардаанд. Варзишгарони мо аз рӯйи ин намуди варзишҳо дар Бозиҳои олимпӣ ширкат кардаву медал ба даст овардаанд.
Нахустин Бозиҳои олимпӣ, ки варзишгарони мо зери Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ширкат карданд, Атланта – 1996 буд. Дар ин бозиҳо кишвари моро шаш варзишгар намояндагӣ карданд. Ҳайати олимпии Тоҷикистон дар Сидней – 2000 аз чор нафар, дар Афина – 2004 аз 7 нафар, дар Пекин – 2008 аз 15 нафар, дар Лондон – 2012 аз 16 нафар, дар Рио-де-Жанейро – 2016 аз 7 нафар, дар Токио – 2020 аз 10 нафар ва дар Париж – 2024 аз 14 нафар иборат буд. Умуман, аз соли 1996 то соли 2024-ум 59 варзишгари тоҷикистонӣ дар Бозиҳои олимпӣ аз рӯйи намудҳои тобистонаи варзиш ширкат карда, 7 медал: 1 тилло, 1 нуқра, 5 биринҷӣ ба даст овардаанд. Медали тиллоро гурзандоз Дилшод Назаров соли 2016 дар Рио-де-Жанейро сазовор гашт. Медали нуқра ба гӯштигири тарзи озод Юсуф Абдусаломов мутааллиқ аст, ки соли 2008 дар Пекин ба даст овард. Медалҳои биринҷиро ҷудочиён Расул Боқиев (Пекин – 2008), Темур Раҳимов, Сомон Маҳмадбеков (Париж – 2024), муштзанҳо Мавзуна Чориева (Лондон – 2012) ва Давлат Болтаев (Париж – 2024) мушарраф шудаанд.
Дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ бошад, солҳои 2002 (Солт-Лейк Сити, ИМА), 2006 (Турин, Италия), 2010 (Пекин, Чин) ва 2014 (Сочи, Россия) ду намояндаи Тоҷикистон Андрей Дригин ва Алишер Қудратов ширкат кардаанд.
Кумитаи байналмилалии олимпӣ аз соли 2012 Бозиҳои олимпӣ миёни наврасонро низ ба роҳ мондааст, ки варзишгарони мо ду медал: 1 нуқра ва 1 биринҷӣ гирифтаанд. Бозиҳои олимпии навбатӣ миёни наврасон имсол дар Сенегал баргузор мешавад.

ЧЕМПИОНАТҲОИ ҶАҲОН
Чемпионати ҷаҳон оид ба намудҳои гуногуни варзиш дуюм чорабинии варзишии сатҳи ҷаҳон маҳсуб меёбад. Вобаста ба намудҳои варзиш чемпионатҳо ҳар сол, дар ду ё чор сол як маротиба доир мегарданд. Масалан, Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар чор сол як маротиба, чемпионати ҷаҳонии варзиши сабук, бокс, шиноварӣ дар ду сол як маротиба ва бисёр намудҳо дар як сол як маротиба мегузаранд.
Варзишгарони мо аз соли 1993 дар чемпионатҳои ҷаҳон ширкат мекунанд. Аз рӯйи намудҳои олимпии варзиш парчамбардорони мо дар чор намуди варзиш 17 медал: 2 тилло, 4 нуқра, 11 биринҷӣ ба даст овардаанд.
Соли 1993 гурзпарто Андрей Абдувалиев дар Чемпионати ҷаҳонии варзиши сабук, дар риштаи гурзандозӣ, дар шаҳри Штутгарди Олмон ба гирифтани медали тилло мушарраф шуд. Ин натиҷаро ӯ соли 1995 дар шаҳри Гётеборги Шведсия такрор кард. Медалҳои нуқраро гӯштигири тарзи озод Юсуф Абдусаломов (Боку – 2007), гурзандоз Дилшод Назаров (Шанхай – 2015), ҷудочӣ Эмомалӣ Нуралӣ (Будапешт – 2025), муштзан Хусравхон Раҳимов (Дубай – 2025) сазовор гаштаанд. Дар бокс Абдусалом Ҳасанов (Бангкок-2003), Шералӣ Достиев (Мянян-2005), Анвар Юнусов (Боку – 2011), Мавзуна Чориева (Синхуандао – 2012), Баҳодур Усмонов (Тошкент – 2023), Акмал Убайдов (Дубай – 2025), ҷудокорон Расул Боқиев (Рио-де-Жанейро – 2007), Сомон Маҳмадбеков (Абу-Заби – 2024), Темур Раҳимов, Обид Ҷебов (Будапешт – 2025) ва гӯштигири тарзи озод Абдумаҷид Кудиев (Тирана – 2024) сазовори медалҳои биринҷӣ шудаанд.
Иштироки тими миллии футзали кишвар дар Чемпионати ҷаҳон – 2024, се маротиба иштироки тими мунтахаби футболи то 17-солаи Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон, медалҳои тиллои Сомон Маҳмадбеков ва Эмомалӣ Нуралӣ дар Чемпионати ҷаҳонии ҷудо миёни ҷавонон аз дастовардҳои дигари соҳаи варзиши Тоҷикистон мебошанд.


БОЗИҲОИ ОСИЁ
Бозиҳои Осиё низ мисли Олимпиада дар чор сол як маротиба баргузор мешавад. Ҳайати олимпии Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин Бозиҳо ширкат мекунад ва то имрӯз сазовори 51 медал: 8 тилло, 14 нуқра, 29 биринҷӣ гаштааст. Варзишгари маъруфи кишвар Дилшод Назаров дар гурзандозӣ 3 карат ғолиби Бозиҳои Осиё мебошад. 5 медали тиллои дигарро Ҷаҳон Қурбонов, Давлат Болтаев дар бокс, Сомон Маҳмадбеков дар ҷудо, Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар ММА ба даст овардаанд. Беҳрӯз Хоҷазода соли 2018 дар кураш медали нуқра, соли 2022 дар ҷудо медали биринҷӣ, Шакармамад Мирмамадов соли 2026 дар кураш медали нуқра, соли 2018 дар ҷудо медали биринҷӣ гирифтаанд. Гӯштигирони тарзи озод Лидия Карамчакова, Юсуф Абдусаломов, Шамил Алиев соли 2002, Зелимхон Юсуфов соли 2014, қайиқрон Шаҳриёр Даминов, самбочӣ Умед Ҳасанбеков соли 2018, соли 2026 Беҳрӯз Хуршедзода (71 кг) дар намуди ММА, Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) дар ҷудо, Ёсин Бобокалонов (-66 кг) дар кураш, Абдулмаҷид Кудиев (-65 кг) дар гӯштии тарзи озод ба гирифтани медалҳои нуқра мушарраф шудаанд. Медалҳои биринҷиро Исроил Исмоилзода солҳои 1994 ва 2002 дар каратэ, ҷудочӣ Расул Боқиев солҳои 2006, 2010, Комроншоҳ Устопириён соли 2018 дар самбо ва ҷудо, Хайрулло Назриев соли 1994 дар ҷудо, Абдусалом Ҳасанов, Меъроҷ Умаров соли 2002 дар бокс, Шокирҷон Раҷабов соли 2006 дар таэквон-до, Муродҷон Тӯйчиев соли 2010 дар гӯштии юнонӣ-римӣ, Алишер Гулов, Фарҳод Негматов, Моҳру Ҳалимова соли 2014 дар таэквон-до, соли 2022 Миҷгона Самадова дар бокс, Ҳақназар Назаров, Хайрандеш Муродзода дар кураш, соли 2026 Акмал Убайдов (60 кг), Парвиз Каримов (90 кг) дар бокс, Аҳлия Муъминова (-48 кг), Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг), Абубакр Шеров (-81 кг) дар ҷудо, Махсатулло Муъминов (55 кг) дар каратэ-до, Сарвар Абдушукуров (-66 кг) дар кураш, Айаал Белолюбский (57 кг) ва Виктор Рассадин (74 кг) дар гӯштии тарзи озод ба даст овардаанд.
Бозиҳои навбатӣ соли 2030 дар шаҳри Доҳаи Қатар баргузор хоҳад шуд.


ЧЕМПИОНАТҲОИ ОСИЁ
Дар замони соҳибистиқлолӣ, тибқи маълумоти дастрас, варзишгарони мо дар чемпионатҳои Осиё оид ба намудҳои гуногуни варзиш ширкат карда, ба дастовардҳо ноил гаштанд. Аз ҷумла, Нурулло Лоиқов ва Саидаҳтам Раҳимов соли 1996 дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Деҳлии Ҳиндустон медали биринҷӣ ба даст оварданд, ки аз аввалин медалҳои Тоҷикистон мебошанд. Умуман, дар чемпионатҳои Осиё оид ба намудҳои олимпии варзиш 63 варзишгари мо дар 7 намуди варзиш ба гирифтани 110 медал: 15 тилло, 35 нуқра, 60 биринҷӣ даст ёфтаанд.
Даҳҳо медал миёни наврасону ҷавонон дар чемпионатҳои Осиё, иштироки тими миллии футболи Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё – 2024 ва дуюмбора пайиҳам роҳхат гирифтани футболбозони мо ба мусобиқа, ки соли 2027 дар Арабистони Саудӣ доир мегардад, аз муваффақияти дигари соҳаи варзиши кишвар мебошанд.


РУШДИ ИНФРАСОХТОР ВА ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ
Пас аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар соли 1997, таваҷҷуҳи ҳам Ҳукумати мамлакат ва ҳам ҷомеа ба варзиш ва рушди инфрасохтори варзишӣ равона гардид. Дар баробари иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, Ҳукумати ҷумҳурӣ ба варзиши дохилӣ – оммавияти варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ – таваҷҷуҳ кард. Аз ҷумла, бо мақсади солимии аҳолӣ бо фармони Президенти ҷумҳурӣ аз 9-уми январи соли 2007 якшанбеи сеюми моҳи майи ҳар сол бо иштироки беш аз 500 000 нафар Дави миллӣ доир мегардад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2008 дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ дар Пекин ширкат намуда, соли 2009 Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуданд.
20-уми декабри соли 2010 Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарон мулоқот карданд, ки пас аз он иншооти зиёди варзишӣ бунёд ёфтанд. Маҷмааҳои варзишии Кумитаи андоз, Тоҷикстандарт, Хадамоти алоқа дар шаҳри Душанбе, Маҷмааи варзишии иборат аз варзишгоҳ бо 20 000 ҷойи нишаст, қасри варзиш ва ҳавзи шиноварӣ дар шаҳри Хуҷанд, Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ, Кохи олимпӣ дар шаҳри Душанбе, Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб, Суғд Арена дар шаҳри Хуҷанд ва ахиран Варзишгоҳи миллӣ дорои беш аз 30 000 ҷойи нишаст бо тарҳи муосир дар пойтахт аз ҳамин қабиланд.
Умуман, ба иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ба ҳолати 1-уми июли соли 2026 дар кишвар 11 280 иншооти варзиш фаъолият менамояд, ки 129-тоаш варзишгоҳ, 7861 майдончаи варзиш, 2321 толори варзиш, 107 ҳавзи шиноварӣ, 91 маҷмааи варзиш ва марказҳои солимгардонӣ ва 771 иншооти махсуси варзиш, аз қабили тир, фитнес, боулинг, билярд, каток, тенниси рӯйи миз мебошанд. Ин дар ҳолест, ки соли 1990 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 1000 иншооти варзиш ба қайд гирифта шуда буд.


ТОҶИКИСТОН – МИЗБОНИ МУСОБИҚАҲОИ САТҲИ БАЛАНД
Пас аз фароҳам кардани инфрасохтори варзишии дараҷаи байналмилалӣ, Тоҷикистон мизбони як қатор мусобиқаҳои байналмилалӣ гардид. Аз ҷумла, соли 2003 шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода мизбони Бозиҳои Осиёи Марказӣ шуданд. Дар ин бозиҳо, ки аз рӯйи 9 намуди варзиш ва бо иштироки варзишгарон аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон доир гашт, ҳайати олимпии кишвар сазовори 57 медал: 18 тилло, 22 нуқра, 17 биринҷӣ гашт. 2-11-уми августи соли 2014 дар маҷмааи варзишии Кумитаи андоз Чемпионати ҷаҳон оид ба таэкван-до (ITF) байни наврасон доир шуд. Аз соли 2009 Ниммарафони байналмилалии Душанбе, аз соли 2013 мусобиқаи ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон роҳандозӣ шуд, ки баъдҳо мақоми байналмилалӣ гирифтанд. Соли 2022 шаҳри Душанбе мизбони Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ, солҳои 2023 – 2026 мизбони Гран-при ва Гранд слам оид ба ҷудо, 2024 мизбони Чемпионати ҷаҳонии ҷудо миёни ҷавонони то 21-сола гардид, ки дар муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари варзишпарвару варзишдӯст дар ҷаҳон мусоидат карданд. Хусусан, мусобиқаҳои байналмилалии ҷудо дар сатҳи баланди ташкилӣ доир гаштанд ва моҳҳои октябр ва декабри соли равон пойтахти кишвар бори аввал мизбони Гран-прии ҷудо миёни ҷавонон ва мусобиқаи ситораҳои ҷудо интихоб шуд.
Даҳ соли охир мусобиқаҳои интихобии Конфедератсияи футболи Осиё дар синну соли гуногун миёни мардону бонувон дар Тоҷикистон мегузаранд. Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ бо роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои мизбонии Чемпионати Осиё оид ба футбол дар соли 2031 дархост додааст.
Ба шарофати истиқлоли давлатӣ, ба рушди варзиши ниёгон – гӯштии миллӣ низ таваҷҷуҳ карда шуда, бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ он соли 2022 мақоми байналмилалӣ гирифт. Соли 2023 дар шаҳри Душанбе аввалин Чемпионати Осиё ва дар арафаи 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштигирӣ баргузор шуданд. Дуюм Чемпионати ҷаҳонии гӯштигирӣ бошад, боз ҳам дар шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ доир гашт. Дар Чемпионати ҷаҳонии гӯштигирӣ соли 2023 варзишгарон аз 62 давлат ва соли 2025 аз 70 давлат ширкат доштанд.


ДАСТГИРИИ ВАРЗИШГАРОН
Заҳмату талошҳои варзишгарон – парчамбардорон, аз назари роҳбарияти олии давлат дур намонд. Соли 2015 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии сатҳи баланди варзиш таъсис ёфта, барандагони медалҳои Бозиҳои олимпиву Осиё ва чемпионатҳои ҷаҳону Осиё бо мукофтпулӣ ва қисман бо манзили истиқоматӣ таъмин гардиданд. Давоми солҳои 2015 – 2025 беш аз 350 варзишгар ва мураббиёни онҳо соҳиби Ҷоизаи Президенти мамлакат гардидаанд, ки маблағи умумӣ давоми 10 соли охир 10 миллиону 74 ҳазору 250 сомониро ташкил медиҳад. Ба се нафар ҷоизадори Бозиҳои олимпии Париж – 2024 дар баробари ҷоизапулӣ аз номи Пешвои миллат электромобил тақдим гашт. Ҳамчунин, ҳамаи ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ бо мукофоти давлатӣ – ордени Шараф сарфароз гардидаанд.
Таъин кардани маоши ҳармоҳа ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастгириҳои дигари роҳбарияти мамлакат маҳсуб меёбад. Дар асоси ин қарор, аз аввали соли 2024 моҳонаи чемпионҳои олимпӣ 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, барандагони зинаҳои дуюму сеюм мутаносибан 30 ва 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин шудааст.


Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 23.10.2026 №: 205