ШАМСИДДИН ШОҲИН. АЗ ДАСТОВАРДҲОИ МАОРИФЧИЁНИ НОҲИЯ ДАР СОЛИ 2026

23 октябр 2026, Ҷумъа
0



Соли 2026 барои соҳаи маорифи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бобарор буд. Дар соли Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар баробари садҳо иншооти соҳаҳои гуногун, ифрасохтори соҳаи маориф низ беҳтар гардида, барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон шароити муосир фароҳам оварда шуд.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Баҳодур Давлатзода дар суҳбат ба хабарнигори рӯзнома иттилоъ дод, ки бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид як муассисаи томактабӣ ва муассисаҳои таълимӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Муассисаи томактабӣ дар деҳоти Терай бо тарҳи муосир бунёд гардида, дар он 4 гурӯҳ фаъолият мекунад ва барои 100 кӯдак пешбинӣ гардидааст. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 дар маркази ноҳия барои 340 хонанда дар ду баст, МТМУ №30 барои 340 хонанда дар ду баст, 4 синфхонаи иловагӣ дар назди МТМУ №22 дар деҳоти Саричашма барои 192 хонанда, 4 синфхонаи иловагӣ дар МТМУ №36 дар деҳоти Лангардара барои 192 хонанда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Айни замон дар назди 5 муассисаи таълимӣ сохтмони синфхонаҳои иловагӣ бомаром идома дорад.
Номбурда иттилоъ дод, ки дар ноҳия, маҷмуан, 51 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд. Шумораи хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ба 11 ҳазору 485 нафар расидааст, ки 5363 нафарашро духтарон ташкил медиҳад.
Баҳодур Давлатзода гуфт, боиси ифтихор ва сарфарозист, ки хонандаи синфи 11-и МТМУ №1-и ноҳия Мадина Сайдализода ҳам дар даври вилоятӣ ва ҳам ҷумҳурявии Озмуни “Хонандаи сол” фаъолона иштирок намуда, мақоми аввалро касб кард.


Суннати СОДИҚ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 23.10.2026 №: 205