ҶУМҲУРИЯТ » ҶАЛАСАҲО » ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ. ТАСВИБИ СОЗИШНОМАЕ, КИ МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ҲАМОҲАНГ МЕСОЗАД

ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ. ТАСВИБИ СОЗИШНОМАЕ, КИ МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ҲАМОҲАНГ МЕСОЗАД

04 март 2024, Душанбе
23
0


Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар ҷаласаи навбатӣ Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар муқовимат бо коррупсияро ба тасвиб расонданд.
Барот Расулӣ, муовини аввали директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни муаррифии Созишнома иброз дошт, ки ҳанӯз соли 2019 бо мақсади муқовимати дастаҷамъона бо ин зуҳуроти номатлуби фаромиллӣ, ҳамоҳансозии фаъолияти мақомоти зиддикоррупсионӣ ва баланд бардоштани иқтидори кишварҳои иштирокдори ИДМ дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ИДМ лоиҳаи Созишномаи мазкур таҳия ва барои мувофиқа ба ҷонибҳо пешниҳод шуда буд. 
Мавриди зикр аст, ки Созишнома баъд аз мувофиқа ва ҷонибдории тарафҳо 4-уми октябри соли 2022 аз ҷониби Сарвари давлат зимни сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расид. Ҳадафи ин санад аз баланд бардоштани самаранокии талошҳои миллӣ ва ҳамкории аъзои давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Дав-латҳои Мустақил дар самти муқовимат ба коррупсия маҳсуб ёфта, аз 5 фасл ва 33 модда иборат мебошад. Дар Созишнома вазифа ва самтҳои асосии ҳамкории тарафҳо, таҳия ва татбиқи сиёсати ҳамоҳангшуда, барномаҳо ва чорабиниҳои муштарак оид ба муқовимат ба  коррупсия, мутобиқгардонии қонунгузории миллӣ, ҳамкории байналмилалӣ дар самти табодули маълумот вобаста ба ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, инчунин, раванди ошкорсозӣ, ба ҳабс гирифтан ва мусодираи молу мулке, ки аз натиҷаи содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ ба даст оварда шудаанд, муқаррар шудааст.
Яке аз самтҳои муҳиме, ки онро Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар муқовимат бо коррупсия ба танзим медарорад, табодули маълумот, раванди ба ҳабс гирифтан ва мусодираи молу мулки аз натиҷаи содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ бадастоварда мебошад. То имрӯз санади меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки ин равандро ба танзим дарорад, таҳия нагардидааст. Тасдиқи Созишномаи мазкур имкон медиҳад, ки дар сурати аз тарафи мақомоти қудратии тарафҳо муайян намудани ҳолати мавҷудияти молу мулки ғайриқонунӣ бадастовардаи ҷинояткорон онҳо дар ҳудуди давлатҳои иштирокдори ИДМ ба ҳабс гирифта мешаванд ва молу мукл мусодира мегардад. Созишонома аз ҷониби Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба имзо расидааст.  

Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 04.03.2024 №: 44
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив