ҶУМҲУРИЯТ » Слайдер » ИҶЛОСИЯИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ

ИҶЛОСИЯИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ

17 июл 2024, Чоршанбе
27
0

 

Аз сабзгардонӣ то ҷалби сармояи мустақим

Таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум, доир гардид.

Нахуст, вакилон рафти иҷрои қарори раиси шаҳри Душанбе аз 12-уми сентябри соли 2023, №479, «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2023 ва баҳори соли 2024 дар шаҳри Душанбе»-ро мавриди баррасӣқарор дода, дар робита ба ин муовини раиси шаҳри Душанбе гузориш дод. 

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовини раиси шаҳри Душанбе якҷо бо раисони ноҳияҳо ва дигар сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки корро дар самти ободонию сабзкорӣ, беҳбудбахшии вазъи санитарӣ, шинондани гулҳои мавсимӣ, сабзазоркунӣ ва тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаю хиёбонҳо, боғу гулгаштҳо ва атрофи шоҳроҳҳои даромади шаҳр тақвият бахшанд.

Дастур дода шуд, ки бахшида ба истиқболи Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ рӯзҳои шанбе ва якшанбе бо ҷалби кормандони ташкилоту корхонаҳо, муассисаҳои маорифу  тандурустӣ ва аҳли ҷамоатчигии пойтахт барои тозаю озода намудани кӯчаю хиёбонҳо, шаҳраку маҳаллаҳо ҳашарҳо ташкил намоянд.

Дар идомаи иҷлосия вакилон рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми июни соли 2023, №586, «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ»-ро мавриди баррасӣқарор дода, вобаста ба масъалаи мазкур гузориши муовини раиси шаҳри Душанбе шунида шуд.

Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ба масъулон ва сохторҳои дахлдор ҷиҳати вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар тамоми соҳаҳо ва таҳти назорат қарор додани ҷараёни иҷрои он дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳамзамон, масъулон дастур гирифтанд, ки вобаста ба тақвият бахшидани корҳо дар самти бо тариқи ғайринақдӣ пардохт кардани андозҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва ҳамаи намуди хизматрасонӣ дар тамоми ташкилоту корхонаҳои ҳудуди пойтахт қатъи назар аз шакли моликият пайваста тадбирҳои таъхирнопазир андешида шавад.

Сипас, ҷараёни татбиқи Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин соҳа муҳокима гардида, вобаста ба ин масъала ҳисоботи муовини  раиси шаҳри Душанбе шунида шуд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовини раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, якҷо бо раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва сохторҳои дахлдор дастур доданд, ки вобаста ба иҷрои Стратегия ва нақшаи чорабиниҳои Мақомот оид ба эълон намудани солҳои 2022-2026 Солҳои рушди саноат, бунёди коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои нави кор, тақвият бахшидани рушди содирот ва васеъ намудани имкониятҳои содиротӣ ва дар муҳлати муайяншуда ба истифода додани корхонаҳое, ки ифтитоҳашон ба нақша гирифта шудааст, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Вакилон дар идома ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2024 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюмро матраҳ намуданд. Дар ин робита, гузориши муовини якуми раиси шаҳри Душанбе шунида шуд.

Дар ҷамъбасти иҷлосия раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҳозирон даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати пешвози сазовори Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои ободониву зебогардониро дар пойтахт ҷоннок намуда, баҳри таҳким бахшидани рушди самтҳои ҳаётан муҳими шаҳрдорӣ камари ҳиммат банданд.   


Л. ШАРИФЗОДА,

«Ҷумҳурият»

 Санаи нашр: 17.07.2024 №: 135


Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив