ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОМИ ШАНБЕ

ШОМИ ШАНБЕ

26 июл 2024, Ҷумъа
29
0
40 СОЛ  ДАР АСОРАТИ ҚАҲВАИ ШӮР 
Ҷавоне духтари номзадашро ба тарабхона даъват кард ва ду қаҳва фармуд. Ҳангоме ки ба чашмони маҳбубааш бо ҳавас менигарист, пешхизматро наздаш хонда, хоҳиш намуд, ки ҳамроҳи қаҳва намак ҳам биёрад. Чун пешхизмат дархосташро иҷро кард, андаке намакро ба қаҳвааш ҳамроҳ намуда, нӯшид. Духтар бо тааҷҷуб пурсид:
– Қаҳваро шӯр менӯшӣ?
Ҷавон посух дод:
– Оре. Дар кӯдакӣ хонаамон наздики баҳр буд ва ман канори он бозӣ мекардам, аз ин рӯ, ба таъми шӯраш одат намудам. Қаҳваи шӯр маро ба айёми ширини бачагиям мебарад. 
Пас аз муддате дилдодагон ақди никоҳ бастанд ва 40 сол ҳамсараш барояш қаҳваи шӯр омода месохту вай бо эҳсоси гуворо онро нӯши ҷон мекард. Танҳо пеш аз вафот ӯ ба ҳамсараш ба чунин маънӣ нома навишт: «Азизам! Маро бубахш, ки чил сол бароят дурӯғ гуфтам. Он рӯз аз шӯри ишқ чунон дар ҳаяҷон будам, ки иштибоҳан ба ҷои шакар намак фармудам. Чиҳил сол сабр мекардам ва нагуфтамат, ки бадтарин чиз дар дунё қаҳваи шӯр аст. Аммо, агар бори дигар ба дунё биёям, тамоми умр ба хотири чашмони пур аз меҳру муҳаббатат боз ҳам шӯртарин қаҳваи дунёро хоҳам нӯшид”.
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
ПЕШГӮИИ НОДУРУСТ ШАБАКАИ ТЕЛЕВИЗИОНИРО БА СУД БУРД
 
Бонуе дар Исроил яке аз  шабакаҳои телевизиониро барои пешгӯии нодурусти вазъи ҳаво ба суд дода, ҷубронпулӣ гирифт.
Гап сари он аст, ки тавассути телевизион вазъи ҳаворо гарму офтобӣ пешгӯӣ мекунанд. Вале баръакси он, ҳаво сарду боронӣ мешавад. 
Бону дар суд арз мекунад, ки телевизион бо ин хабари нодуруст ӯро ба иштибоҳ бурд, ки дар натиҷа зери борони шадид қарор гирифт ва ба бемории зуком гирифтор шуда, барои дармони саломатиаш маблағ сарф кардааст.
Ин ваҷҳ сабаби он гардид, ки суд даъвои ӯро қонеъ созад. 
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
 
120 000 ДОЛЛАР  БАРОИ ОШКОРИ ЯК ҲАҚИҚАТ
Ҷои пинҳон нест, ки инсонҳо барои зебо будан пайваста талош мекунанд. Ба ин хотир,  ба корҳое даст мезананд, ки боиси ҳайронӣ мегардад. 
Чунин ҳолати ғайриинтизор ба як оила дар Ҷумҳурии Мардумии Чин рух дод. Мард завҷаашро барои таваллуди тифли дуруштсурат ба суд дод. Барои ӯ тааҷҷубовар он буд, ки чи тавр аз зани зебо фарзанди безеб ба дунё омадааст. 
Дар рафти мурофиаи судӣ маълум шуд, ки зан пеш аз ошноӣ ва издивоҷ бо шавҳараш, ба хотири зебоӣ борҳо ҷарроҳии пластикӣ мегузаронад. Баъди ошкор шудани ин ҳақиқат, оила пош нахӯрд, вале суд ҳукм баровард, то зан ба шавҳараш (ҷабрдида) 120 000 доллари ИМА пардохт намояд.
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО...
МАРО БУБАХШЕД ҶАНОБ
Қиссаи узрхоҳии шоҳбону аз ҷаллод
Гоҳе ҳам мешавад, ки таърихнависон баъзе аз воқеаҳоро таҳриф мекунанд, ки амали бениҳоят нангин аст. Масалан, қиссае ҳаст, ки вақте ба шоҳбонуи Фаронса Мария Антуанетта хабар медиҳанд, ки аҳолии камбизоат аз гуруснагӣ мурдан дорад, гӯё ӯ гуфта бошад:  “Агар мардум нон надорад, пирожнӣ хӯрад”. 
Шоҳидони ҳол, ки шоҳбонуро аз наздик медонистанд, бо як далели аҷиб туҳмат будани ин бофтаҳоро собит намуданд, ки чунин аст: “16-уми октябри соли 1793 расо соати 12:15 мебоист Мария Антуанеттаро ба дор меовехтанд. Ҳангоми наздик шудан ба ҷойи қатл, шоҳбону пойи ҷаллодро нохост зер карда мемонад. Бовар нокарданист, вале далел аст, ки ӯ узрхоҳона мегӯяд: “Маро бубахшед ҷаноб, нохост шуд, қасдан накардаам”. Ана ин аст фаросати як бонуи сиёсатмадор.
 
Таҳияи С. РАҲМОНЗОДА
 
 
 
АГАР ДАСТРАСӢ  БА ИНТЕРНЕТРО НАДОШТА БОШАНД…
 
Боре сотсиологҳои амрикоӣ миёни аҳолӣ пурсише гузаронданд, ки агар онҳо дастрасӣ ба интернетро надошта бошанд, чӣ хоҳанд кард? 
Бино ба иқрори 67 дарсади  пурсидашудагон, онҳо манзили истиқоматии худро иваз карда, ба ҷое хоҳанд рафт, ки дастрасӣ ба интернет бошад. Чунки барояшон зиндагӣ бе шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус Facebook ва Twitter, ғайриимкон аст. 
14 дарсади дигар изҳор намуданд, ки бе интернет таназзул ёфта, гирифтори беморӣ хоҳанд шуд. 
Аммо, дар ҳамин ҳол, 11 фоизи боқӣ гуфтанд, ки хеле хушҳол мешаванд, зеро ба ақидаи онҳо маҳз интернет муносибати хешутабориро аз байн мебарад.
Таҳияи Гулнисо САЪДОНШО
 
 
ОҚИБАТИ НЕКӢ НЕКИСТ!
Паранда вақте зинда аст, мӯрчаҳоро мехӯрад. Вақте ки паранда мемирад, мӯрчаҳо онро мехӯранд. 
Бо мурури вақт, шароит низ метавонад тағйир ёбад. Ҳеҷ гоҳ ба касе дар зиндагӣ  беэътиноӣ накунед ва ба касе зарар нарасонед. Шояд шумо имрӯз тавоноед, аммо дар хотир доред, ки вақт аз шумо дида қавитар аст! Аз як дарахт ҳазорҳо гӯгирд сохтан мумкин аст ва як гӯгирд метавонад миллион дарахтро бисӯзонад. 
Нагузоред, ки як рафтори ноҷо хубиҳои зиёдатонро маҳв созад ва дилҳои мардумро аз шумо сард намояд. Пас, ҳамеша некӣ кунед ва бар ивазаш ҳамеша некӣ бинед!  
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
 
МАЙКЛ ФЕЛПС –  БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАРИ АСРИ XXI
 
Тибқи фарзияи шабакаи варзишии ESPN (ИМА) шиновари маъруфи амрикоӣ,  чемпиони 23-каратаи олимпӣ ва чемпиони 26-каратаи ҷаҳон Майкл Фелпс миёни беҳтарин варзишгарони асри XXI мақоми аввалро касб намуд. 
Тавре зикр мегардад, дар мақоми дувум теннисбози амрикоӣ хонум Серена Уилямс ва ҷои сеюм футболбози машҳури аргентинӣ, барандаи ҳашт ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» Лионел Месси қарор доранд. 
Футболбози дигари машҳур Криштиану Роналдуи португалӣ бошад, танҳо ҷои 13-умро гирифт, ки, эҳтимол, боиси ғазаби мухлисонаш хоҳад шуд.
 
Фароҳамсоз Ш. ШОКИР
 
 
МА САНСАО.  АЗ Ӯ МЕБОЯД ИБРАТ ГИРИФТ! 
Дар замоне ки таваҷҷуҳ ба ҳифзи табиат ҳарчи бештар мегардад, собиқ сарбози Қувваҳои Мусаллаҳи Чин Ма Сансаои 70-сола, ба танҳоӣ ҷангалзоре бунёд карда, як гӯшаи диёрашро сарсабз гардонд. 17 ҳазор дарахт ҳосили заҳмати 19-солаи ин марди табиатдӯстдор мебошад. 
Ма Сансао бар асари беморӣ ду пояшро аз даст дода, аз соли 2000 худро ба шинондани дарахт андармон кард. Ӯ сокини музофоти Хэбей асту ҳар рӯз аз соати панҷи саҳар роҳ мегирад ҷониби кӯҳи паҳлуи деҳааш. 
Ба иқрори худаш, ӯ маҳз дар ҳамин ҷо оромиш меёбад ва аз кораш лаззат мебарад: «Ман бе дарахтон зиндагии худро тасаввур карда наметавонам. Онҳо барои ман мисли сарбозонам азизанд», – мегӯяд ӯ.    
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА
 
 
 
ФОҶИАИ ТАНКРЕД МЕЛЕ
Танкред Мелеи фаронсавӣ, яке аз машҳуртарин намояндагони варзиши экстремалӣ (хавфнок), ҳангоми машқу тамрини гузариш аз болои ресмоне, ки ду болун (воздушный шар)-ро ба ҳам мепайваст аз баландии 30 метр афтода, ба ҳалокат расид.
Тавре нашрияи Daily Mail иттилоъ медиҳад, ин ҳодиса 5-уми январи соли 2016 дар департаменти Дроми Фаронса ба вуқуъ пайваста, Меле ҳамагӣ 32 сол дошт.
Қобили зикр аст, ки тули умри кӯтоҳи худ Танкред Меле борҳо амалҳои хатарнокро иҷро намуда, аз чанголи марг мераҳид, ки, ҳатто, ба ӯ лақаби “Намиранда”-ро лоиқ дониста буданд.
Таҳияи Муҳаммадамин НОЗИМ
 
 
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
ИХТИЁРӢ
 
– Ало, комиссариати ҳарбӣ?
– Бале.
– Ман омодаам ихтиёран ба хизмат равам.
– Офарин, ҳоло дар куҷоед?
– Дар ҳабси пешакӣ. 
Аз русӣ тарҷумаи Ҳ. РАҲМОНЗОДА
 
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
 
БАРОИ АНДЕША
Аз пурсиши сотсиологӣ:
Туҳфаи занҳо ба мардон дар 23-юми феврал:
– Ҷуроб – 50%.
– Галстук – 50%. 
– Дигар туҳфаҳо – 0%.
 
 
Аз русӣ тарҷумаи Ф. РАҲМОНЗОДА
 
 
 
 
 
 
2024 – СОЛИ ОЛИМПӢ
2 РӮЗИ АНТРОПОЛОГӢ дар III Бозиҳои олимпӣ
 
Дар III Бозиҳои олимпӣ (Сент Луис-1904, ИМА) аввалин ва, ҳамзамон, охирин маротиба ва танҳо ду рӯзи антропологӣ – мусобиқа барои “халқҳои қафомонда” гузаронда шуд. 
Дар ин бора расман чунин маълумот дода шуд: “Намояндагони қавмҳои ваҳшӣ ва қафомонда худро ҳамчун варзишгарони заиф нишон доданд, исбот шуд, ки тавонмандии онҳо аз нав баҳо дода шавад”. 
Қобили зикр аст, ки бунёдгузори Бозиҳои олимпии муосир Пйер де-Кубертен фавран ин “маърака”-ро маҳкум кард.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
 
 
 
“ҲАҚҚИ БАДБИНИИ МЕҲАНАМРО ФАҚАТ МАН ДОРАМ, НА БЕГОНАЕ”
 
Дар як номаи шоири номвари рус Александр Сергеевич Пушкин ба шоир ва мунаққиди адабиёт Пётр Андреевич Вяземский ин ҳарфҳои ошиқонаро дар бораи меҳандӯстӣ мехонем, ки хеле омӯзандаанд: 
“Ман, албатта, метавонам чӣ қадаре хоҳам Россияро зери тозиёнаи танқид гирам, аммо шунидани чунин танқидро аз бегонагон тамоман хуш надорам. Ҳатто, метавонам зодгоҳамро саропо бад бинам, вале агар ин эҳсосро бегонае низ дошта бошад, сахт нороҳат мешавам. Ҳаққи бадбинии Меҳанамро фақат ман дорам, на бегонае”.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
 
 
10 НӮШИДАНИЕ, КИ КАСРО ҶАВОН НИГОҲ МЕДОРАД
8. ШАРБАТИ САБЗӢ
 
Шарбати сабзӣ давои хубе барои беҳтар кардани хотира аст. Ин хосияти афшураи сабзӣ туфайли лютеолини дар таркиби он мавҷудбуда мебошад, ки таъсири антиоксидантӣ, зидди аллергия, зидди илтиҳоб, зидди варамҳо дорад. 
Тадқиқотҳои илмӣ нишон доданд, ки лютеолин дар муолиҷаи мушкилоти марбут ба пиршавӣ, бемории алсгеймер ва склероз хеле муассир аст.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
РЕКОРДИ ҶАҲОНИИ САРА
Миёни чорпоён гепард (онро леопарди шикорӣ низ мегӯянд) ҳайвони тезсуръаттарин эътироф мегардад. Тибқи иттилои коршиносон, ба ҳисоби миёна суръати гепард 110 километр-соатро ташкил медиҳад.  
Дар ҳамин ҳол, мувофиқи маълумоти сомонаҳои интернетӣ, 20-уми июни соли 2012 гепарди 11-сола бо лақаби Сара дар боғи ҳайвоноти шаҳри  Cинcиннaтии иёлати Огайои ИМА дар давидан миёни ҳайвонот ба масофаи 100 метр рекорди ҷаҳонӣ гузошт. Тавре гуфта мешавад, Сара масофаи мазкурро дар 5,95 сония тай намуд.
Фароҳамсоз Ш. ШАФОАТУЛЛО
 
 
 
ҶАВОБИ САЗОВОР
Зани нотавоне, ки зиндагии камбағалона дошт, тавассути барномаи радиоие  аз Худо ёрӣ хост. 
Марди беимоне, ки ба барнома гӯш медод, хост пирзанро истеҳзо кунад. Аз ин рӯ, нишонияшро ёфта, тавассути ёвараш ба кампир кумак фиристод ва таъкид кард: 
– Агар зан пурсад, ки ин ғизоҳоро кӣ дод, бигӯ, ки шайтон!
Вақте ёвар ба хонаи зан расиду савғотиҳоро дод, пирзан аз Худо шукр карда, пас гашт. 
Пас, ёвари он мард пурсид: 
– Чаро фиристонандаи савғотиҳоро намепурсӣ?
Зан гуфт: 
– Муҳим нест. Вақте Худо амр диҳад, шайтон ҳам фармонбардорӣ мекунад.
Таҳияи Лола РИЗОӢ
 
 
 
МУВАФФАҚИЯТ
ГАРДАНИ ДАРОЗ – РАМЗИ ЗЕБОӢ 
Дар Таиланд намояндагони гурӯҳи этникии Карен зиндагӣ мекунанд, ки зебоии занону духтарони онҳо гардани дароз ба ҳисоб меравад. Ин ҷо духтарон бояд аз синни 5-солагӣ ба гарданашон ҳалқаҳои мисин пӯшанд. Онҳо метавонанд дар гардан то 25 дона ҳалқа овезанд, ки ҳар яки он аз 5 то 10 килограмм мебошад. Ба ҳамин хотир, гарданашон дароз мешавад.  Илова бар ин, занон ҳалқаҳоро то охири умр мепӯшанд ва ҳатто вақти оббозӣ онҳоро бадар намекунанд.
Зане, ки гардани дароз дорад, тули умри худ ҳамагӣ се маротиба ҳалқаҳоро берун меоварад: аввал, вақте ки шавҳар мекунад, сониян, ҳангоме ки фарзанд ба дунё меорад ва савум, дар рӯзи вафот. 
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
 
 
 
Мусаввараи Моно Лизаро чӣ бештар маъруф кард? 
 
Бино ба яке аз фарзияҳо, мусаввараи Леонардо да Винчи «Мона Лиза»-ро дуздии он маъруф кард. Чуноне гуфта мешавад, албатта, қабл аз ин  ҳодиса  мусаввара шуҳрат дошт, вале пас аз он ки, 21-уми августи соли 1911 Винченсо Перуҷа шоҳкории Леонардо да Винчиро аз Осорхонаи Лувр медуздад,  асар маъруфияти боз ҳам бештар пайдо намуд. 
Манзур аз ин гуфтаҳо он аст, ки чун инсон ногаҳон чизеро аз даст диҳад, танҳо ҳамон вақт арзиши аслияшро дарк хоҳад кард!
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 
 
 
ДУШВОРТАРИН ЗАБОНҲОИ ДУНЁ
 
Дар натиҷаи таҳқиқотҳои бисёрсола, муҳаққиқони Пажӯҳишгоҳи хадамоти хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба хулоса омаданд, ки русӣ, венгерӣ, японӣ, арабӣ ва хитоӣ душвортарин забонҳои дунё ба ҳисоб мераванд. Дар ин бора сомонаи kipmu.ru иттилоъ додааст.
Тавре зикр мегардад, барои омӯзиши қоидаҳои одитарини ин забонҳо ба донишҷӯёне, ки забони модариашон англисӣ мебошад, 1100 соат зарур аст. 
Дар ҳамин ҳол таъкид мешавад, ки дар мушкилӣ миёни онҳо забони хитоӣ аз ҳама душвортарин ба ҳисоб меравад. 
 
Фароҳамовар Ш. ШОКИР
 
ҲАФТ МУЪҶИЗАИ  ОЛАМ
МУҶАССАМАИ  КОЛОСИ РОДОС
Муҷассамаи бузурги биринҷии Колоси Родос яке аз ҳафт муъҷизаҳои олам шинохта мешавад. Он дар асри III пеш аз милод дар шаҳри Родос сохта шуда, муаллифаш меъмори машҳури Юнони Қадим Харес мебошад. 
Муҷассама ба ифтихори пирӯзии мардуми он бар душманонашон эъмор гардида, рамзи қудрат ва бузургии шаҳри Родосро ифода менамояд. Сохтмони он тақрибан 12 сол тул кашид. 
Мутаассифона муҷассамаи Колос соли 226 пеш аз милод бар асари заминларзаи шадид нобуд мегардад. 
Гарчанде ки айни замон аз муҷассамаи Колос асаре намондааст, аммо он ҳамчун яке аз маъруфтарин рамзҳои бостонӣ, ёдоварӣ аз қудрат ва бузургии тамаддунҳои қадима боқӣ мемонад.
Фароҳамсоз Руҳафзо МУРОДОВА
 
 
ГУФТОРИ БУЗУРГОН
Пауло Коэлйо, нависанда ва шоир (Бразилия):
Дар дили инсон некиву бадӣ ҳамеша дар ҷидоланд, зеро дил арсаи набарди фариштагону шаётин аст.
Эрих Мария Ремарк, нависанда (Олмон): 
На ҳамеша шахси гунаҳкор узр мепурсад. Танҳо нафаре ба ин қодир аст, ки риштаҳои дӯстӣ барояш авлотаранд.
Фёдор Достоевский, нависанда (Россия):
Надонистан не, наомӯхтан айб аст.
Фароҳамовар Шафоатулло АБДУЛЛО
Санаи нашр: 26.07.2024 №: 140
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив