ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САФАРИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ БА МИНТАҚАИ РАШТ

САФАРИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ БА МИНТАҚАИ РАШТ

23 июл 2024, Сешанбе
19
0

Вазири корҳои дохилӣ Рамазон  Раҳимзода зимни сафари хизматӣ ба ноҳия ва минтақаи Рашт бо зиёиён, аҳли ҷамоат, ҳайати шахсии раёсати ВКД дар ин минтақа, кормандони дастаи таъиноти махсуси милитсия ва гурӯҳи "Алфа"-и КДАМ вохӯрд. 


Зимни суҳбату вохӯриҳо вазир вобаста ба мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ҷомеа, аҳли зиё, олимон ва ходимони дини кишвар сухан ронда, таъкид дошт, ки дар роҳи мубориза бо ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, таълимоти ғайриқонунии динӣ, хурофотпарастӣ ва ҳама гуна таҳдиду хатарҳои замони муосир фаъолияти хизматии хешро пурзӯр намуда, ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳанд.

Санаи нашр: 23.07.2024 №: 138
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив