ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИСТИФОДАИ ЭЛЕКТРОМОТОРОЛЛЕРҲО БО МАҚСАДИ ТОЗАГИИ МУҲИТИ ЗИСТ

ИСТИФОДАИ ЭЛЕКТРОМОТОРОЛЛЕРҲО БО МАҚСАДИ ТОЗАГИИ МУҲИТИ ЗИСТ

26 июл 2024, Ҷумъа
29
0
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист 14 электромотороллери партовкашон тақдим намуд. Икдоми мазкур барои осон кардани кори бахшҳои коммуналӣ ва ҳифзи муҳити зисти вилоят роҳандозӣ гардид. 
Электромотороллерҳо, асосан, дар вақти  тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар тангкӯчаҳо истифода мешаванд. Ба ғайр аз электромотороллерҳо, дар доираи муҷаҳҳазгардонии системаи ҳифзи муҳити зист бо технологияи муосир, инчунин, нуқтаҳои партовнигоҳдории шаҳри Бохтар бо таҷҳизоти замонавӣ, аз ҷумла камераҳои мушоҳидавӣ ва қуттиҳои партовҷамъкунӣ, таъмин мешаванд.
Маҳмадшариф Мирзода, сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бохтар, дар ин бора изҳор дошт, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зист барои тоза нигоҳ доштани муҳити атроф дар маҳаллаи Истиқлоли шаҳр як нуқтаи партовнигоҳдориро ба расмият дароварда, дар он камераҳои мушоҳидавӣ насб намуд. Баъд аз беҳтар шудани тарзи нигоҳдории партовгоҳ дар маҳаллаи Истиқлол, сокинони ноҳияҳои Вахш ва Кӯшониён низ метавонанд бемонеа аз нуқтаи партовнигоҳдорӣ истифода баранд. 
Ба гуфтаи номбурда, шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бохтар дар самти муомилот бо партовҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида, корҳои назоратӣ мебарад. Аз ҷониби шуъбаи мазкур дар самти муомилот бо партовҳо 43 ҳолати (108 ҳолат дар ҳамаи самтҳои фаъолият) қонунвайронкунӣ ошкор гардида, барои баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда мешаванд. 
Самти муомилот бо партовҳо ҳанӯз аз масъалаи муҳими бахши коммуналӣ ва муҳити зист ба ҳисоб рафта, барои ба танзим даровардани истифода, безараргардонӣ ва коркарди партовҳо масъулони соҳа тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Шаҳрвандони ҷумҳуриро зарур аст, ки дар навбати худ, дар истифода ва интиқоли партовҳо масъулияти бештар ҳис намуда, муҳити атрофро тоза нигоҳ доранд. 
Дар робита ба ин,  раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода дар ҷаласаи шурои Кумита ба масъулон ҷиҳати амалигардонии нақшаҳои амал, ҳамчунин, ҳарчи зудтар бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта, масъулиятшиносӣ дар фаъолияти хизмати давлатӣ, риояи талаботи хизмати давлатӣ дар пешбурди ҳифзи муҳити зист, таъмини амнияти экологӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод. 
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 26.07.2024 №: 140
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив