ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАОРИФ. МУШКИЛИ НОРАСОИИ КАДРҲО БАРТАРАФ МЕШАВАД

МАОРИФ. МУШКИЛИ НОРАСОИИ КАДРҲО БАРТАРАФ МЕШАВАД

26 июл 2023, Чоршанбе
60
0
Тавре ҳамагон шоҳидем, тайи солҳои ахир дар соҳаи маориф масъалаи таъминоти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо омӯзгорон аз мушкилоти  аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. 
 
Дилбар Алихонзода, сармутахассиси раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илм, иттилоъ дод, ки бино ба маълумоти ситоди доимоамалкунандаи Вазорат ба ҳолати 9 июни соли 2023 дар кишвар 774 омӯзгор намерасад. Ба гуфтаи ӯ, муассисаҳои таълимӣ, асосан, ба омӯзгорони фанҳои математика, физика, химия, технологияи иттилоотӣ, география ва забонҳои англисиву русӣ ниёз доранд. 
Анвар Бобоев, мудири бахши муҳоҷирати аҳолии  Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, камии маоши омӯзгоронро яке аз сабабҳои аслии норасоии онҳо дар макотиби миёна медонад. Маҳз ба ҳамин сабаб, омӯзгорон тарки касби хеш карда, рӯ ба муҳоҷират меоранд, таъкид дошт ӯ.
Абдураҳмон Қурбонов, сардори раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сабаби дигари норасоии кадрҳои омӯзгориро аз синни 63 ба нафақа баромадани кормандон меҳисобад. Ба ақидаи ӯ, кормандони солхӯрда кадрҳои баландихтисосанд, аз ин рӯ, онҳоро пас аз ба синни нафақа расидан, на бояд дарҳол ҷавоб дод. Баръакс, барои идомаи фаъолият ба онҳо бояд тамоми шароитро муҳайё намуд, то мутахассисони ҷавон аз ин кадрҳои кордида таҷриба андӯзанд. 
Дар ҳамин ҳол Дилбар Алихонзода, иброз дошт, ки бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта дар ин самт баъзе пешравиҳо ба назар  мерасанд. Аз ҷумла, соли таҳсили 2022-2023 аз ҳисоби шахсони аз муҳоҷирати меҳнативу рухсатии нигоҳубини кӯдакон баргашта ва хатмкардагони  гурӯҳҳои ғоибхон 2808 омӯзгор ба кор баргардонда шуданд ва як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки аз норасоии муаллим танқисӣ мекашиданд, то андозае таъмин гаштанд. 
Ба андешаи Дилбар Алихонзода проблемаи норасоии омӯзгорон тадриҷан ҳалли худро хоҳад ёфт, зеро он пайваста таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Аз ҷумла, баҳри рафъи он як қатор имтиёзҳо муқаррар шудаанд. Масалан, мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2006, ба омӯзгорони ҷавоне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ кор мекунанд, барои сохтмони хонаи истиқоматӣ бе навбат қитъаи замин ҷудо карда мешавад. Инчунин, вобаста ба имконият, ноҳияҳо метавонанд барои боғдорӣ ва полизкорӣ ба онҳо қитъаи замин тақсим намоянд. Ҳамзамон, ба омӯзгорони ҷавон аз ҷониби бонкҳо қарзҳои имтиёзнок дода мешаванд. Ва бояд гуфт, ки танҳо давоми соли таҳсили 2022-2023-юм 128 муаллим соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ, 9 муаллим бо қитъаи замин барои полизкориву боғдорӣ таъмин гардида,  315 муаллим аз қарзҳои имтиёзнок бархӯрдор шуд. Дар баробари ин, барои мутахассисони ҷавон дигар имтиёзҳо низ, пешбинӣ шудаанд, ки метавонанд аз онҳо  самаранок истифода баранд.  Бо дарназардошти ин, бо бовар метавон гуфт, ки ояндаи наздик проблемаи мазкур аз байн меравад. 
 
Дилноз Ҳукматуллоева, " Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 25.07.2023 №: 151
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив