ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲУҶҶАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ВА ИМЗОИ ЭЛЕКТРОНӢ.  ҚАБУЛИ ҚОНУНИ НАВ ТАЛАБОТИ ЗАМОН АСТ

ҲУҶҶАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ВА ИМЗОИ ЭЛЕКТРОНӢ.  ҚАБУЛИ ҚОНУНИ НАВ ТАЛАБОТИ ЗАМОН АСТ

21 феврал 2023, Сешанбе
105
0
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалишавии чорабиниҳои гуногун дар самти иҷрои муқаррароти Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (30 декабри соли 2011) идома доранд. Мутобиқи Консепсия, ба сифати қисматҳои асосии инфрасохтори электронӣ гардиши воситаҳои имзои электронӣ – рақамӣ, ҳуҷҷатгузории электронӣ, савдои электронӣ ва дигар унсурҳо эътироф мешаванд. Инчунин, афзалиятҳои асосӣ ва самтҳои ташаккули ҳукумати электронӣ таъсиси заминаи зарурии меъёрии ҳуқуқӣ ва рушди қонунгузорӣ, ки истифодаи имзои электрониро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намуда, бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ҳамоҳанг менамоянд, баромад мекунад.  
Ин матлабро Умед Солеҳзода, муовини вазири саноат ва технологияҳои нав, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ” (8 боб, 38 модда) дар Маҷлиси намояндагон иброз дошт. 
Дар ҳамин замина Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ (23 декабри соли 2022) чунин супориш дода буданд: “Аз 1-уми июли соли 2023 пардохти андозҳо ва боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии давлатӣ пурра ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда шавад”. Гузашта аз ин, ҷиҳати беҳтар гардондани хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ ба дигар мақомотҳо низ дастурҳои мушаххас дода шуданд. Иҷрои ин супоришҳо истифодаи васеи имзои электронӣ ва ҳуҷҷатҳои электрониро тақозо менамояд. 
- Дар шароити имрӯза масоили марбут ба истифодаи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронии рақамӣ тибқи ду санади қонунгузорӣ – қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ” (10 майи соли 2002) ва “Дар бораи имзои электронии рақамӣ” (30 июли соли 2007) мавриди танзим қарор мегирад. Ин санадҳо барои танзими муносибатҳои гуногуне, ки дар раванди истифодаи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронии рақамӣ, аз ҷумла муносибатҳо оид ба истифодаи имзои электронии рақамӣ дар ҳуҷҷати электронӣ, сохти ҳуҷҷати электронӣ, имконияти истифодаи ҳуҷҷати электронӣ дар раванди ҳуҷҷатгузории субъектони алоҳида, хусусиятҳо, истифодаи калидҳо, асосҳои эътиборнокии имзои электронии рақамӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба онҳо ба миён меоянд, равона шудаанд, – иброз дошт У. Солеҳзода.
Қонунҳои фавқуззикр, асосан, ду паҳлуи як масъалаи умумӣ – истифодаи ҳуҷҷати электронӣ, яъне ҳуҷҷате, ки бо истифода аз имзои электронии рақамӣ тасдиқ карда шудааст, мавриди танзим қарор медиҳанд. Зиёда аз ин, новобаста аз амали ин қонунҳо, дар муносибатҳои марбут ба истифодаи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронии рақамӣ, як қатор саволҳо ва мушкилӣ дар таҷриба ба миён меоянд, ки дар маҷмуъ, садди роҳи истифодаи васеи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронии рақамӣ мегарданд. 
Дар иртибот ба ин, муовини вазир чунин гуфт: “Бо назардошти аз байн бурдани чунин холигӣ дар танзими ҳуқуқии муносибатҳои дахлдор лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» мутобиқи Протоколи ҷаласаи XXI Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ (25 феврали соли 2021) ҷиҳати истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ ва корбарии электронӣ дар раванди ҳуҷҷатгузориҳои давлатӣ, молиявию бонкӣ, андозу гумрук ва дигар соҳаҳо, бо ин васила ҷорӣ намудани ҳуҷҷатҳои электронӣ ва истифодаи васеи имзоҳои электронӣ дар раванди чунин ҳуҷҷатгузориҳо, таҳия гардид”.
Ба андешаи ӯ, лоиҳаи Қонун барои аз байн бурдани хароҷоти субъектони муносибатҳои дахлдор, аз ҷумла мақомоти давлатӣ, инчунин, барои таъсиси шахсони ҳуқуқии нав ва ҷойҳои кории холии нав заминаи ҳуқуқиро ба миён хоҳад овард.
– Қабул гардидани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» идомаи мантиқии татбиқи ҳадафҳои дар Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида мебошад. Ҳамзамон, мукаммалсозии қонунгузорӣ дар самти рақамикунонӣ яке аз мавзуъҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи байналмилалии ҷумҳуриамон маҳсуб ёфта, сатҳу сифати хизматрасониҳоро ба мардум беҳтар мегардонад. Хусусан, ба шаффофият ва бидуни омили инсониву бо сарфаи вақт пешниҳоду гирифтани маълумот мусоидат менамояд. Барои мисол, дар шароити ҳозира зиёда аз 60 намуди хизматрасонии низоми андозсупорӣ тариқи электронӣ роҳандозӣ гардида, наздики 145 ҳазор субъектҳои хоҷагидор эъломияҳои андозии худро электронӣ пешниҳод менамоянд, – гуфт Комрон Исмоилзода, вакили парлумон.
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, 
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 20.02.2023 №: 39
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив