ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДАР МАСИРИ РУШД. БАРДОШТ АЗ НОҲИЯИ НОСИРИ ХУСРАВ

ДАР МАСИРИ РУШД. БАРДОШТ АЗ НОҲИЯИ НОСИРИ ХУСРАВ

01 ноябр 2023, Чоршанбе
12
0


Нақшаи қисми даромади буҷет бо ба назар гирифтани андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 105 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 10,8 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 515,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилоятӣ ба буҷети ноҳия 15,8 миллион сомонӣ ё ба андозаи 100 дарсад маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ворид гардиданд. Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 26,8 миллион сомонӣ ё 100 фоиз иҷро шуд. Бақияи қарзи андозҳо ба ҳолати 1-уми октябри соли 2023-юм, 1,6 миллион сомониро ташкил дод ва он нисбат ба 1-уми январи соли 2023-юм, 24,3 ҳазор сомонӣ кам шудааст, – иброз дошт Маҳмадаюб Шарифзода, раиси ноҳияи Носири Хусрав.
Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1-уми октябри соли 2023 дар ноҳия 2320 соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 1823 субъект ҳамчун хоҷагии деҳқонӣ, 301 субъект бо тариқи патент ва 196 субъект бо тариқи шаҳодатнома фаъолият менамоянд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки фаъолияти 86 субъект нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 зиёд шудааст.
Ба ҳолати имрӯза дар ноҳия 3 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 35 миллион доллари ИМА амалӣ шудааст.
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Носири Хусрав барои солҳои 2021 – 2025-ум 94 лоиҳаро ба маблағи 88,3 миллион сомонӣ дар бар гирифта, ба ҳолати 1-уми октябри соли соли 2023 ба маблағи умумии 18,9 миллион сомонӣ ё 21,5 дарсад аз арзиши умумии лоиҳаҳои дар Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия пешбинишуда, аз худ карда шудааст. Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ ба 628,7 миллион сомонӣ расонда шуд, ки афзоиши он нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 2,7 фоизро ташкил менамояд.
Соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 9997 гектар зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла 3650 ғалладонагиҳо, 3296 зироатҳои техникӣ, 3270 пахта, 725 сабзавот, 188 картошка, 664 полизиҳо ва 1474 гектар зироатҳои хӯроки чорво, кишт шуд. Ҷамъоварии зироатҳои кишоварзӣ аз ҳисоби ғалладонагиҳо 23662 тонна (104,3 фоиз), картошка 3459 тонна (85 фоиз), сабзавот 28075 тонна (105,3 фоиз), зироатҳои полизӣ 30774 тонна (107,3 фоиз), зироатҳои хӯроки чорво 15377 тонна (103,3 фоиз), меваҷот 5478 тонна (128,4 фоиз) ва ангур 1050 тонна (77,2 фоиз)-ро ташкил дод.
Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории ноҳия 19905 сар чорвои калон, аз ҷумла 9871 сар моли ширдеҳ, 49796 сар гӯсфанду буз, 475 сар асп, 42732 сар паранда ва 430,0 оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 аз 1,1 то 5,4 дарсад зиёд мебошад. Дар ин давра 3958 тонна гӯшт, 6566 тонна шир ва 567,3 ҳазор дона тухми мурғ, 74,8 тонна пашм, 3,9 тонна пилла, 8,6 тонна асал ва 2,6 тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2022 истеҳсоли гӯшт 272 тонна, шир 310 тонна, тухми мурғ  68,1 ҳазор дона ва пашм 4,2 тонна бештар аст. Дар соҳаи моҳипарварӣ низ муваффақиятҳо назаррасанд ва ягона хоҷагии моҳипарварӣ дар 0,50 гектар замин ҳавзи моҳиро дорост. Дар ин давра 2,6 тонна моҳӣ истеҳсол гардид. 
Дар соҳаи парандапарварӣ имтиёзҳое, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардиданд, ҷиҳати рушди бемайлони ин соҳа мусоидат намуданд. Аз ҷумла, баҳри афзудани истеҳсоли маҳсулоти гӯшт ва тухми мурғ ба ҳолати 1-уми октябри соли 2023, саршумори паранда ба 42,7 ҳазор сар расонда шуда, 23 ҳазор сари онро мурғҳои тухмдеҳ ташкил медиҳад. Инчунин, 1 фермаи мурғпарварии дорои 10 ҳазор сар мурғи гӯштӣ ба маблағи 1,1 миллион сомонӣ бо теъдоди 4 адад ҷойи корӣ ба истифода дода шуда, дар давоми нуҳ моҳи соли равон корхона ба миқдори 12 тонна гӯшти мурғ истеҳсол ва ба бозорҳои дохилӣ пешкаш намуд.     
Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ташкил намудани корҳои сабзазоркунӣ, ободонӣ ва гулшинонӣ дар соли 2023-юм 17070 бех ниҳолҳои сояафкан, ҳамешасабз, ороишӣ шинонда шудааст, ки 100,4 дарсади нақшаро ташкил намуда, дар ин давра 47000 бех гулу гулбуттаҳо шинонда шуд ва дар майдони 3000 метри мураббаъ кишти алафҳои ҳамешасабз ба анҷом расид. 
Дар самти ҷангалпарварӣ ҳамагӣ 18064 гектар замин мавҷуд аст ва аз ин 17779 гектар замини чарогоҳ, 65 гектар боғҳои мевадиҳанда, 12 гектар заминҳои корами обӣ ва ғайра ташкил медиҳанд. Инчунин, 2391 гектар заминҳои фонди давлатии ҷангаланд ва дар онҳо дарахтони писта парвариш мешаванд. Майдони умумии заминҳои ноҳияи Носири Хусрав 81 ҳазору 109 гектарро ташкил медиҳад ва 14212 гектари он замини обист. Аз он 7377 гектар корами обӣ дар истифодаи хоҷагиҳои кишоварзӣ ва теъдоди заминистифодабарандагон 1956 нафар мебошад.

Дар ноҳия 5 Ассотсиатсияи истифодабарандагони об бо фарогирии 1644 хоҷагии деҳқонӣ ва аҳолии ҷамоатҳои деҳоти ноҳия дар майдони 7504 гектар замин дар самти таъминоти оби полизӣ, таъмири иншоотҳо, заҳбуру заҳкашҳо ва шабакаҳои обёрӣ тибқи шартнома хизмат мерасонад. Ноҳия дорои 15 адад иншооти гидротехникӣ, 20 - то обченкунак, 12-то истгоҳи обкаш, аз ҷумла дар дохили хоҷагӣ, 11 адад ва байни хоҷагӣ 1-то 418,5 километр заҳбуру заҳкашҳо ва 505 километр шабакаҳои обёрикунанда мебошад. Тибқи ҳисоботҳои пешниҳодшуда дар давоми нуҳ моҳи соли равон дар доираи маблағҳои ҳаққи хизматрасонии об ҳамагӣ дар масофаи 9 километр шабакаҳои обёрикунанда ба маблағи 41673 сомонӣ ва масофаи 2,8 километр заҳбуру заҳкашҳо ба маблағи 66928 сомонӣ тоза карда шудааст, ки дар натиҷа 90 гектар ҳолати мелиоративии заминҳо беҳтар гардид. 
Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 18 миллион 827 ҳазор сомонӣ (63,7 фоиз)-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022, ҳаҷми истеҳсол 10,5 миллион сомонӣ коҳиш ёфтааст. Сабаби асосии коҳишёбии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба фаъолият накардани Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Навбаҳор” марбут аст, яъне саҳми корхона дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳамин давраи соли гузашта зиёда аз 10 миллион сомонӣ мебошад.
Дар ноҳия 4 -то корхонаи хурди саноатӣ, аз ин 3 адад доимӣ ва 1-то мавсимӣ фаъолият менамояд. Бо мақсади рушди соҳаи саноат ва ташкили корхонаҳои гуногуни саноатӣ кӯшиш ба харҷ дода, дар аввали соли 2023-юм 1-то фермаи мурғпарварии дорои 10 ҳазор сар мурғи гӯштӣ ба маблағи 1,1 миллион сомонӣ бо теъдоди 4 адад ҷойи корӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин давра аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия дар ҳаҷми 14,7 миллион кВт/соат ба маблағи 3,2 миллион сомонӣ қувваи барқ истифода намудаанд. Ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда 115 фоиз, аз ҷумла аз ҳисоби аҳолӣ 100 дарсадро, ташкил медиҳад.
Дар ин давра сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ 14,8 миллион сомонист, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2022-юм 9,1 миллион сомонӣ ё 2,6 баробар афзудааст. Аз ҷумла, корҳои сохтмону васлкунӣ ба маблағи 14,4 миллион сомонӣ иҷро шудаанд ва ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-ум 2,8 баробар зиёд гардид. Заминҳои ба манзилҳои истиқоматӣ тақсимшуда масофаи 5724 метри мураббаъро ташкил медиҳанд ва нисбат ба муқоисаи давраи соли рафта 882 метри мураббаъ ё 18,2 дарсад афзудааст. Масофаи умумии роҳҳои автомобилгарди ноҳия 104,9 километрро ташкил дода, аз он 33 километр роҳҳои байналмилалӣ, 12 километр роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва 59,9 километр роҳҳои маҳаллӣ мебошанд. 
Барои таъмиру нигоҳдории онҳо аз буҷети маҳаллӣ 33,6 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, дар 0,06 километр таъмири асосӣ, 58 километр таъмири ҷорӣ гузаронда шуда, 6-то пул ва 7-то қубури зери роҳ таъмир гардидааст. Инчунин, бо дастгирии Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масофаи 1296 метр роҳи асосии ҳудуди шаҳраки Баҳор мумфарш гардида, бо ҷалби шаҳрвандон ва соҳибкорон дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ноҳия 3 километр роҳҳо ба маблағи 240 ҳазор сомонӣ сангфарш ва 2 километр роҳ ба маблағи 800 ҳазор сомонӣ мумфарш шуданд. Дар ноҳия 32 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 25 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 1 гимназияи давлатӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо 11 ҳазору 370 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, 754 нафар омӯзгор машғули таълиманд. Инчунин, дар ноҳия 6 муассисаи томактабӣ ва 25 маркази инкишофи нутқи кӯдак дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мавҷуд мебошад.
 Тавассути Маркази миллии тестӣ ба ҳолати 1-уми октябри соли 2023 аз 517 нафар хатмкунанда 348 нафар барои идомаи таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ, коллеҷҳо ва литсейҳои касбии техникӣ дохил шуд. Дар ноҳия 13 муассисаи соҳаи фарҳанг, аз ҷумла 1 хонаи фарҳанг, 2 клуб, 1 китобхонаи марказӣ, 1 китобхонаи бачагона, 5 китобхонаи деҳотӣ, 1 боғи фарҳанг, 1 осорхона ва 1 мактаби санъати бачагона фаъолият менамояд. Дар 7 китобхона 15,6 ҳазор нусха китоб мавҷуд буда, аз ин шумора 7,3 ҳазор нусха китоб бо забони давлатӣ, 8,2 ҳазор нусха бо забони русӣ ва 0,2 ҳазор нусха бо забонҳои дигар мебошанд. 
Соли равон аз ҳисоби маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот”-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмири бинои қасри фарҳанг 752 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки, аллакай, корҳои  сохтмонии он оғоз гардидаанд ва то ин давра ба маблағи 370 ҳазор сомонӣ корҳои таъмирӣ ба анҷом расидаанд. 
Ноҳия дорои 33-то муассисаи соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла 1 беморхонаи марказӣ бо 120 кат, 1 беморхонаи рақамӣ бо 35 кат, 1 маркази саломатии ноҳиявӣ, 4 маркази саломатии деҳотӣ, 21 адад бунгоҳи тиббӣ, марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, вируси норасоии масунияти одам, пешгирии бемориҳои сил, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва солимии репродуктивӣ мебошад. Беморхонаи марказӣ аз 7 шуъбаи бистарикунонӣ, 3 ҳуҷраи ташхисию ёрирасон иборат аст. 
Тибқи маълумот шумораи ҷавонон дар ноҳия 16226 нафарро ташкил намуда, аз он 8197 нафар духтарон мебошанд. Дар ноҳия 74 майдончаи варзиш, 5 толори варзиш ва 1 варзишгоҳ фаъолият дорад. Варзишгарони ноҳия дар 7 мусобиқаи варзишии вилоятӣ иштирок намуда, сазовори 8 медали тилло, 5 медали нуқра, 7 медали биринҷи, дар умум, 20 медал гардиданд. Инчунин, варзишгарони ноҳия дар 9 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда 18 медали тилло, 13 медали нуқра, 12 медали биринҷӣ дар маҷмуъ, 63 медалро ба даст оварданд. 
Вобаста ба имкониятҳои сайёҳӣ зикр кардан ба маврид аст, ки дар ноҳия 1 осорхона, 31 мавзеи таърихӣ-бостоншиносӣ мавҷуд буда, теъдоди сайёҳони хориҷии ба ноҳия воридшуда дар давоми 9 моҳи соли 2023, 10 ҳазор нафарро ташкил дод, ки аз ҷумла: сайёҳони хориҷӣ 1200 ва сайёҳони дохилӣ 8800 нафар мебошанд ва ин нишондод нисбат ба нуҳ моҳи соли пеш 4 ҳазор нафар сайёҳ зиёд аст. Тибқи нақшаи чорабиниҳо дар ноҳияи Носири Хусрав бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таъмиру бунёди 112 иншоот (соли 2022 33 иншоот) ба нақша гирифта шуда, 33 иншоот ё 100 фоиз ва аз аввали таҳияи нақша - чорабиниҳо ҳамагӣ 52-то иншооти ҷашнӣ (46,4 фоиз) ба маблағи 5,2 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд.
Дар давоми нуҳ моҳи соли равон 4 адад иншооти муҳими ҷашнӣ, аз инҳо 1-то фермаи мурғпарварии дорои 10 ҳазор сар мурғи гӯштӣ ба маблағи 1,1 миллион сомонӣ бо 4 ҷойи корӣ, 1 тарабхона дар маркази шаҳраки Баҳор ба маблағи 450 ҳазор сомонӣ, 1 меҳмонхона дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дорои се ҳуҷра ва 6 кати хоб ба маблағи 180 ҳазор сомонӣ, 1 нуқтаи таъмири техникӣ ба маблағи 100 000 сомонӣ бо 2 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
Рафти корҳои бунёдкорӣ ва ободонӣ, аз ҷумла тозагӣ ва сабзазоркунӣ вусъат ёфта, дар натиҷаи фаъолияти гурӯҳҳои кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бо ташаббуси аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия ба миқдори 17070 бех ниҳол, аз ҷумла 8050 бех сояафкан, 5000 ҳамешасабз, 4020 ороишӣ, 47000 гулу гулбуттаҳо, аз он 6000 бех лола, 10000 садбарг, 31000 бех дигар гулҳо ва 15000 дона қаламчаи садбарг ва чанор шинонда, дар масоҳати 3000 метри мураббаъ кишти алафҳои ҳамешасабз анҷом гирифт. 
Бояд зикр намуд, ки ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия қарори раиси ноҳия оид ба баргузор намудани озмуни ноҳиявӣ ҷиҳати муайян намудани хона, оила, кадбону, деҳа, маҳалла ва деҳоти беҳтарин дар сатҳи ҷамоатҳо ва ноҳия ба тавсиб расид ва низомномаву ҳайати комиссия таъсис дода шуд. Вобаста ба таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, тадбирҳои зарури андешида шуданд. Роҷеъ ба масъалаи мазкур қарори дахлдори раиси ноҳия қабул гардид ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳия ва тасдиқ гардид. 

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 31.10.2023 №: 215
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив