ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САФАРИ КОРИИ  ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА БЕЛАРУС

САФАРИ КОРИИ  ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА БЕЛАРУС

24 ноябр 2023, Ҷумъа
2
0
22-юми ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Ҷумҳурии Беларус ташриф оварданд.
Дар Фурудгоҳи миллии Минск Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Беларус ва дигар шахсони расмӣ самимона пешвоз гирифтанд.
Ба истиқболи меҳмони олиқадр майдони Фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ду кишвар оро ёфта, афсарони қаровули фахрӣ саф оростанд.
Санаи нашр: 24.11.2023 №: 233
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив