ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОЗАРБОЙҶОН

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОЗАРБОЙҶОН

24 ноябр 2023, Ҷумъа
14
0


23-юми ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар саммити Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ аз шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ба шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар карданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони мудофиа, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Санаи нашр: 24.11.2023 №: 233
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив