ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАТАНДОРӢ. РИСОЛАТЕСТ, КИ САДОҚАТ МЕХОҲАД

ВАТАНДОРӢ. РИСОЛАТЕСТ, КИ САДОҚАТ МЕХОҲАД

24 феврал 2023, Ҷумъа
47
0
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, аз 23 декабри соли 2022 беш аз ҳама бар зарурати ваҳдати миллӣ  таъкид шуд. Пешвои миллат барои рӯшан шудани аҳамияти ваҳдати миллӣ ва зарурати он дар ин замони пурошуб ва бесуботу ноором ба нуктае ишора карданд, ки имрӯзҳо дар сархати мақолаҳои таҳлилии коршиносон қарор гирифтааст. Мазмуни суханони Сарвари давлат ин буд, ки мо имрӯз ба андозаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон силоҳу муҳимоти ҷангӣ, аз ҷумла силоҳи ҳастаӣ надорем, вале иттиҳод, ҳамбастагӣ ва якдилии мо силоҳи ҳастаии мо буда, ин иттиҳоду ҳамбастагӣ моро аз ҳар хатаре эмин медорад.
Бузургтарин хидмати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллати тоҷик, таъмин ва таҳкими ваҳдати миллии сартосарӣ ва аз парокандагиву нифоқ берун овардани халқи тамаддунофари тоҷик мебошад, ки пас аз сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба он гирифтор шуда буд. Воқеан, бо иттиҳоду ҳамбастагӣ ва иттифоқу сарҷамъӣ метавон ҳар мушкилеро пушти сар кард ва ба қуллаи баланди  муроду хушбахтӣ расид. Гузашта аз ин, мояи ифтихори мо тоҷикон аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар минтақа беш аз ҳама ташаббусҳои байналмилалии ҷониби Тоҷикистон аз тарафи Маҷмаи умумии Созмони Миллали Муттаҳид қабул ва дастгирӣ ёфтаанд. Чунонки дар Паём ҳам таъкид шуд: “14-уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард”.
Ин ташаббуси навбатии байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо иттифоқи оро қабул гардид, барои коҳиши обшавии бошиддати пиряхҳо, ки манбаи обҳои поку ширини ошомиданӣ мебошанд, мусоидат хоҳад кард. Дар ин робита, мувофиқ ба қатъномаи қабулшуда дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзуъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад, ки ин амр кишвари ташаббускор ва ғамхор будани Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои муҳими сайёра нишон медиҳад. 
Мавзуи бисёр муҳими дигаре, ки Пешвои миллат ба он ишора карданд, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳифзи арзишҳои Истиқлоли давлатӣ мебошад. Сарвари давлат дар ин замина таъкид карданд, ки ҳар фарди тоҷик бояд мафҳумҳои “ватандӯстӣ” ва “рушд”-ро шиори  кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳад: “Ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем. Илова бар ин, ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарастӣ ҷомеа бошад”. Албатта, бидуни ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ мо наметавонем арзишҳо ва дастовардҳои Истиқлоли давлатиро ҳифзу ҳимоят кунем.
Ҳар миллат ва ҳар кишваре бо чеҳраи хоси худ дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ, шинохта ва эътироф мешавад. Бино бар ин, ибтикорот ва кӯшишҳои ҷониби Тоҷикистон барои аз тарафи ниҳоди фарҳангии Созмони Миллали Муттаҳид – ЮНЕСКО ба расмият шинохтан ва дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифтани Наврӯз, Меҳргон, Сада ва дигар расму оин, анъанаҳои миллати мо, ки таърихи чандинҳазорсола доранд, барои шинохти ҳарчи беҳтар ва бештари миллати тоҷик дар ҷаҳон мусоидат хоҳанд кард.
 
Ғозибек САФАРЗОДА,
раиси суди ноҳияи Тоҷикобод
Санаи нашр: 24.02.2023 №: 43
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив