ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЛЛА. МОДАРОНИ ҶАВОН ОНРО ФАРОМӮШ КАРДААНД?

АЛЛА. МОДАРОНИ ҶАВОН ОНРО ФАРОМӮШ КАРДААНД?

09 январ 2024, Сешанбе
15
0


Рӯзноманигори Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – “Ҷумҳурият” Бузургмеҳри Баҳодур дар мақолаи “Алла. Модарони ҷавон онро фаромӯш кардаанд?” дар мавриди яке аз анъанаҳои шифоҳии мардуми тоҷик – алла иттилоъ дода, нигоштааст, ки Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанг доир ба ин падидаи мардумӣ тафсилоти мукаммал намедиҳад ё хомӯширо пеша кардааст. 
Дар ин робита маълумот медиҳем, ки кормандони Маркази мероси фарҳангии тоҷикони Пажӯҳишгоҳи мо тадқиқоти пайвастаро ба роҳ мондаанд. Инчунин, омӯзиши алла, ки умри ниҳоят тӯлонӣ дошта, зери садояш фарзандони ҷасуру далер ва шуҷои Ватан ба воя расидаанд, аз назар дур намондааст. Ходимони мо дар бораи таърих, аҳамият ва ҷанбаҳои фарҳангиву тарбиявии он дар ВАО, хусусан телевизиону радио борҳо суханрониҳо карда, мусоҳибаҳо гузарондаанд. Аз ҷумла, Барномаи давлатии ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ барои солҳои 2021-2025, ки дар Вазорати фарҳанг тасдиқ шудааст, ба ҳамин самт равона гардидааст. Натиҷаи онро дар мақолаву маҷмуаҳо ва феҳристҳое, ки аз ҷониби ПИТФИ интишор ёфтаанд, мушоҳида метавон кард. Шуруъ аз соли 2014 Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ ба табъ мерасад, ки дар унсурҳои мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик бо тавсифи мухтасар ва вазъи кунуниашон дарҷ гардидаанд. Суруди анъанавии “алла” аз унсурҳои фаъол ба шумор рафта, омӯзишу таҳқиқи он низ ба таври мунтазам идома дорад.
Коршиносони Пажӯҳишгоҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба Рӯйхати репрезентативии ЮНЕСКО шомил намудани намунаҳои фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик тавассути мактуби расмӣ рӯйхатеро пешниҳон карданд, ки дар он суруди алла низ шомил аст. Ба хулосае омада шуд, ки Ҳукумати мамлакат дар солҳои баъдӣ алларо ҳамчун намунаи мероси фарҳанги ғайримоддӣ ба ЮНЕСКО пешниҳод кунад. Айни ҳол кормандони Маркази мероси фарҳангии тоҷикон барои омӯзиши пурра ва таҳияи ҳуҷҷатҳои зарурӣ тадқиқот бурда истодаанд.  
Дар асоси мактуби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, №1/24-2(6469) аз 07.03.2023 дар бораи номинаи “Алла” аз моҳи апрели соли 2023 ҷиҳати таҳияи ҳуҷҷатҳо бо ҷалби коршиносон аз Пажӯҳишгоҳи мазкур, Кумитаи кор бо занон ва оила, мутахассисони сурудҳои халқӣ гирдоварии мавод, аксҳо ва сабтҳои видеоӣ, мактубҳои ҷонибдориву ҳамовозӣ ба роҳ монда шудааст.
Мақсад аз таҳияи номинаи мазкур, на танҳо тарғиби фарҳанги миллӣ, балки баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона ва расидан ба қадру манзалати зан-модар мебошад. Албатта, на фақат барои сабти ном кардан дар Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО, пеш аз ҳама, барои эҳёи эҷодиёти шифоҳии мардум ва василаи тарбия будани он, алла ва аллагӯйӣ мавриди таваҷҷуҳи мост. Дар ин радиф, бояд коршиносони сохторҳои дигар, хосатан мардум, ки беҳтарин довар ва талқинкунандаи фарҳангу тамаддуни ниёгон маҳсуб меёбанд, дасти ёрӣ дароз намоянд. Бибиҳову модарони мо сурудани таронаҳои алларо байни ҷавондухтарону занон тарғиб намуда, матнҳои хубу ҷаззоб ва аҳамияти бузурги тарбиявӣ, эстетикӣ ва фарҳангӣ доштани алларо фаҳмонанд. 

Лайло НОСИРОВА, ходими илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот

Санаи нашр: 09.01.2024 №: 5-7
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив