ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Замимаи 1 ба амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024, № АП-479

Замимаи 1 ба амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024, № АП-479

05 январ 2024, Ҷумъа
107
0



НИЗОМНОМАИ
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман»
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1.  Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» (минбаъд – Озмун) бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва сарояндагӣ, тасвирӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва зебоишиносӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ, ки инъикоскунандаи фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷикро таҷассум намоянд, гузаронда мешавад.
2. Мазмун ва ғояи асосии суруду оҳанг, асарҳои мусиқӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн, ки ба Озмун пешниҳод мешаванд, тараннуми шахсиятҳои барҷастаи халқи тоҷик, дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои милливу мероси пурғановати ниёгон, табиати зебоманзари Тоҷикистон ва эҳё намудани ҳунарҳои мардумиро дар бар мегирад.
 
2. САРПАРАСТ ВА МАСЪУЛОНИ ОЗМУН
3.  Сарпарасти Озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
4.  Масъулони баргузории Озмун вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, Кумитаи телевизион ва радио, иттифоқҳои композиторон, рассомон ва дизайнерони Тоҷикистон мебошанд.
5.  Кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оила ҷиҳати ҷалби наврасон, ҷавонон ва занони боистеъдод ба Озмун мусоидат менамоянд.
6.  Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, раёсат, шуъба ва бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, фарҳанг, маориф, ҷавонон ва варзиш, занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ масъули ташкил ва баргузории Озмун мебошанд.
 
3. КОМИССИЯИ ОЗМУН
7.  Барои гузарондани Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» комиссияи ҷумҳуриявӣ (минбаъд – комиссияи Озмун) таъсис дода мешавад, ки ҳайати он бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегардад.
8.  Ваколати комиссияи Озмун:
- таҳияи ҷадвали баргузории Озмун ва назорати он;
- тасдиқи тартиб, талабот ва тавзеҳот оид ба Озмун;
- пешниҳоди ҳайати ҳакамон барои даврҳои дуюм ва сеюми Озмун;
- якҷо бо ҳайати ҳакамон гузарондани семинари машваратӣ;
- муайян намудани ҷойи баргузории даври дуюми Озмун дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;
- назорати риояи талабот ва пешниҳоди тавсияҳо ба довталабони Озмун;
- омӯзиш ва тавсияи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшудаи иштирокчиёни Озмун ба даври сеюм;
- баррасии пешниҳодҳои ҳайати ҳакамон ва арзу шикояти довталабону иштирокчиён;
- тасдиқи протокол ва эълони натиҷаи хулосаи ҳайати ҳакамони даври сеюми Озмун;
- ҷамъбасти натиҷаи Озмун ва пешниҳоди он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маълумот ва шиносоӣ.
9.  Комиссияи Озмун дар ҳолати ҷавобгӯ набудани хулосаи ҳайати ҳакамон ба талаботи Низомномаи мазкур, инчунин дар ҳолатҳои истисноӣ ва ё муайян гардидани иштибоҳоти техникӣ ҳуқуқи бекор кардани онро дорад. Ҳамчунин, дар сурати ба вуҷуд омадани мушкилоте, ки дар Низомномаи мазкур пешбинӣ нашудаанд, комиссияи Озмун ваколати ҳалли онро дорад.
 
4. ТАРТИБИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУН
10.  Озмуни мазкур дар се давр гузаронда мешавад:
- даври якум - моҳи апрели соли 2024 дар маркази шаҳру ноҳияҳо;
- даври дуюм - моҳи июни соли 2024 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;
- даври сеюм - нимаи дуюми моҳи сентябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, бо супурдани ҷоизаву дипломҳо ҷамъбаст мешавад.
11.  Корҳои ташкилӣ барои баргузор кардани даври якум ва дуюми Озмун ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо вогузор мегардад.
12.  Протоколи даври дуюми Озмун бо имзои раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ва раиси ҳакамон ба комиссияи Озмун пешниҳод мешавад.
13.  Ҳуҷҷатҳои ғолибони даври дуюм аз ҷониби ҳайати ҳакамон бо протоколҳои расмӣ тасдиқ шуда, барои иштирок дар даври сеюм ба комиссияи Озмун пешниҳод карда мешаванд.
14.  Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ғолибони даври дуюм ба даври сеюм то 1 август муқаррар карда мешавад.
15.  Рафти даврҳои Озмун тавассути васоити ахбори омма ва шабакаҳои телевизиону радио ба таври васеъ инъикос мешаванд.
 
5. ШАРТҲОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН
16.  Ба Озмун, қабл аз ҳама, асарҳои тозаэҷоди оҳангсозон-бастакорон ва рассомони ватанӣ, инчунин асарҳо аз осори беҳтарини мусиқии классикӣ, беҳтарин мусаввараҳои классикии навъҳои санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои мардумии ватаниву ҷаҳонӣ дар жанрҳои мусиқии анъанавӣ, академӣ ва эстрадӣ пешниҳод мешаванд.
17.  Озмун дар байни гурӯҳҳои зерин доир мегардад:
-     хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии мусиқии касбӣ, мактабҳои санъат ва рассомии бачагона, инчунин коллеҷи санъат, коллеҷи рассомӣ ва муассисаҳои олии касбӣ, сарояндагону навозандагони филармонияҳои халқӣ, театрҳои халқӣ, дастаҳои ҳунарии назди раёсат, шуъбаву бахшҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, ансамблҳои ҳунарӣ, оилавӣ (минбаъд – гурӯҳи касбӣ);
- хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ғайрисоҳавӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, намояндагони касбу кори гуногуни ғайрисоҳавӣ (минбаъд – гурӯҳи ҳаваскорон);
- шаҳрвандони  кишварҳои  хориҷӣ,  ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил ё кору фаъолият доранд.
18.  Барои ҳар як гурӯҳ меъёрҳои Озмунро комиссияи Озмун дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанг муқаррар менамояд.
19.  Довталабоне, ки дар даври якуми Озмун тибқи радабандии синнусолӣ ба қайд гирифта мешаванд, то даври сеюм ба ҳамин тартиб иштирок менамоянд.
20.  Дар Озмун шахсони шинохтаи санъати мусиқӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн, сарояндагону навозандагон, рассомону дизайнерони унвондору касбӣ ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти соҳаи санъати касбӣ иштирок намекунанд.
21.  Ҳамзамон, як шахс дар ду номинатсия ширкат варзида наметавонад.
22.  Ғолибони Озмун бо Шоҳҷоиза, ҷоизаҳои якум, дуюм ва сеюм, диплом ва мукофотпулиҳо сарфароз гардонда мешаванд.
23.  Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» (лауреатҳои Шоҳҷоиза, ҷоизаҳои якум, дуюм ва сеюм) баъди се сол ҳуқуқи иштирок дар Озмунро пайдо мекунанд.
24.  Радабандии синнусолӣ ба таври зайл сурат мегирад:
1) номинатсияи оҳангсозӣ-бастакорӣ:
-  аз 18 то 35-сола;
2) номинатсияҳои сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн:
-  аз 12 то 17-сола;
-  аз 18 то 35-сола.
25.  Дар Озмун истифодаи фонограмма қатъиян манъ аст.
26.  Теъдоди иштирокчиёни даври якум бемаҳдуд буда, ғолибони даври якум ба даври дуюм ва ғолибони даври дуюм ба даври сеюм роҳ меёбанд.
27.  Миёни роҳбари муассисаи таълимӣ, омӯзгор ва довталаб (дар шахси падару модар ва ё сарпарасти ӯ) шартнома ҷиҳати омода намудани довталаб ба имзо расонда мешавад. Шакли шартномаро Вазорати фарҳанг омода карда, ба ҳамаи муассисаҳои таълимӣ мерасонад.
28.  Баромади иштирокчиёни Озмун дар даврҳои дуюм ва сеюм тибқи қуръапартоӣ сурат мегирад.
29.  Иштирокчиёни номинатсияи санъати тасвирӣ ва дизайн дар ҳама даврҳои Озмун асарҳои худро пешниҳод менамоянд.

6. НОМИНАТСИЯҲО ВА ТАЛАБОТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ОЗМУН
30.  Озмун аз рӯйи номинатсияҳои зерин гузаронда мешавад:
- оҳангсозӣ-бастакорӣ;
- сарояндагӣ;
- навозандагӣ;
-  санъати тасвирӣ;
-  дизайн.
31.  Дар панҷ номинатсия асарҳое пешниҳод мегарданд, ки дар мавзуи зебоии табиати Тоҷикистон, ишқу ҷавонӣ, васфи Ватану ватандӯстӣ, ғояҳои истиқлолу озодӣ, сулҳу субот, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, тараннуми симоҳои барҷастаи миллат, ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада, об ҳамчун манбаи ҳаёт, ободӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра таълиф шудаанд.
32.  Ба Озмун дар номинатсияи санъати тасвирӣ асарҳое қабул карда мешаванд, ки дар рӯйи матоъ (холст) ё коғаз сохта шудаанд. Барои офаридани асар аз навъҳои зерини масолеҳ бояд истифода карда шавад: чӯб, метал, хокаи махсус, гил, гуаш, акрил, рангҳои равғанӣ, акварел, пастел, қаламҳои ранга ва сиёҳ.
33.  Нусхабардории асарҳои рассомони дигар аз сомонаҳои интернетӣ қатъиян манъ аст. Асари офаридашуда бояд бе ёрии падару модарон ва устодон тартиб дода шуда, дар қисмати пушти он маълумоти зерин қайд карда мешавад: номинатсия, номи асар, насаб, ном, номи падар, синну соли иштирокчии Озмун, номи муассиса, суроғаи ҷойи истиқомат ва роҳбар (омӯзгор).
34.  Ҳаҷми корҳои пешниҳодшаванда бояд андозаи 50х60, 50х70, 60х80, 70х90 ва 80х100 см бошад.
35.  Ҳар як иштирокчӣ метавонад ба Озмун на бештар аз 3 (се) асар пешниҳод намояд.
36.  Аз иштирокчиёни номинатсияҳои санъати тасвирӣ ва дизайн (аз даври аввал то даври ниҳоии Озмун) ба таври ҳатмӣ дар назди ҳайати ҳакамон супурдани имтиҳони маҳорат талаб карда мешавад.
37.  Асарҳое, ки дар даври ниҳоии Озмун соҳиби Шоҳҷоиза, ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардидаанд, ба соҳибонашон баргардонда намешаванд.
38.  Асарҳои ғолибони даври сеюми Озмун ба Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда мешаванд.
39.  Дар Озмун ба асарҳои тозаэҷод, симои зоҳирӣ ва сарулибоси саҳнавии иштирокчиён афзалият дода шуда, ба такрори суруду оҳангҳо, асарҳои рассомӣ ва дизайнерӣ дар даврҳои Озмун роҳ дода намешавад.
40.  Ҳар як номинатсия дорои талаботи махсуси касбӣ мебошад.
1) талаботи номинатсияи оҳангсозӣ-бастакорӣ:
- дар ин номинатсия иштирокчиён бояд дорои таҳсилоти миёнаи махсуси мусиқӣ ва олии мусиқӣ, инчунин намояндагони мактаби суннатии устод-шогирд (бо нишондоди мушаххаси мактаб ва устод) бошанд;
- иштирокчиёни номинатсияи оҳангсозӣ-бастакорӣ асарҳои худро метавонанд дар жанрҳои дилхоҳи худ бо истифодаи жанрҳои камеравӣ, сюита, сонатино, вариатсия, пйеса, романс, суруд, кантата, инчунин дар жанрҳои хосаи мусиқии анъанавӣ ва мусиқии эстрадӣ пешниҳод намоянд;
- иштирокчӣ ба ҳар давр як асар (ҳамагӣ 3 асар)-ро пешниҳод менамояд. Дар ин номинатсия аз довталаб санҷиши тахассусӣ гирифта мешавад. Тақризи касбӣ ба ҳар як асари пешниҳодшуда ҳатмӣ мебошад;
- асарҳо дар шакли клавир, партитура ё сабти нотавии шакли дигар (хусусан барои жанрҳои суннатӣ) ба комиссияи Озмун пешниҳод карда мешаванд;
- дар даври дуюм ва даври сеюм асарҳо дар шакли мусиқии зинда (иҷрои амалӣ) баррасӣ мегарданд;
- ҳангоми баҳогузорӣ ба техникаи оҳангсозӣ-бастакорӣ (тарзи созбандӣ, фактура, хусусиятҳои драматургиву композитсионӣ), мутобиқати мавзуъ ба жанр, ҳамоҳангии матни шеърӣ ба мусиқӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад;
- хоҳишмандон аз гурӯҳи ҳаваскорон барои иштирок кардан дар ин бахш бо тариқи ариза муроҷиат намуда, баъди гузаштан аз санҷиши тахассусӣ имкони иштирокро пайдо менамоянд;
2) талаботи номинатсияи сарояндагӣ:
- дар иҷрои барномаи сароянда маҳорати касбӣ, талаффузи бурро, тарзи баён, нафаси равон, диапазони васеи овоз, тақсимбандии дурусти ҳиҷоҳо, саҳназебӣ, либоси саҳнавӣ, одоб ва ҳаракати саҳнавӣ, ҷалби шунаванда ва самимияти сарояндагӣ ба эътибор гирифта мешаванд;
- иштирокчӣ ба ҳар даври Озмун як асар (ҳамагӣ 3 асар)-ро дар жанрҳои гуногун пешниҳод менамояд;
- иштирокчӣ метавонад барномаи худро аз асарҳо дар жанрҳои суруд, романс, ария, ариозо, жанрҳои дигари мусиқии камеравии вокалӣ аз осори композиторони ватанӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин жанрҳои дахлдори мусиқии суннатӣ (аз шашмақом, фалак, мақомҳои маҳаллӣ ва ғайра) ва мусиқии эстрадӣ мураттаб созад;
- дар ин номинатсия пешниҳоди силсилавӣ низ иҷозат дода мешавад;
- тарҷумаи таҳтуллафзии матни шеъру суханҳои сурудҳои бо забонҳои дигар иҷрошаванда ҳатман пешниҳод карда шаванд;
- дар пешниҳоди сарояндагӣ ба шеърҳои муосир, хусусан истифодаи шеърҳо аз баёзҳои тозанашр афзалият дода мешавад;
3) талаботи номинатсияи навозандагӣ:
- дар баромади навозанда маҳорати касбӣ, интихоби арзишманди асари мусиқӣ, мазмун ва жанри асар, хушсадоӣ, техникаи садобарорӣ, дилнишинии сабки навозандагӣ, одоби саҳнавӣ, симои зоҳирӣ, эҳсосоти зарбиву оҳангӣ, самимият ва аслияти сабки навозандагӣ ба эътибор гирифта мешаванд;
- иштирокчӣ ба ҳар давр як асар (ҳамагӣ 3 асар)-ро пешниҳод менамояд, ки онҳо бояд ба жанрҳои гуногун тааллуқ дошта бошанд;
- иштирокчӣ метавонад барномаи худро аз асарҳо дар жанрҳои гуногуни мусиқии полифонӣ, соната, вариатсия, консерт, пйесаи консертӣ, жанрҳои дигари мусиқии камеравии созӣ аз осори композиторони ватанӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин жанрҳои дахлдори мусиқии суннатӣ (аз шашмақом, фалак, мақомҳои маҳаллӣ ва ғайра) ва мусиқии эстрадӣ мураттаб созад;
- дар ин номинатсия пешниҳоди силсилавӣ низ иҷозат дода мешавад;
- дар пешниҳоди навозандагон ба сабақҳои аслии санъати навозандагии тоҷик афзалият дода мешавад;
4) талаботи номинатсияи санъати тасвирӣ:
 - дар иҷрои барномаи санъати тасвирӣ маҳорати рассомӣ, интихоби асар, мазмуни асари офаридашуда, масолеҳи истифодашуда ҳангоми офаридани асар ба эътибор гирифта мешаванд;
- иштирокчӣ ба ҳар давр як асар (ҳамагӣ 3 асар)-ро пешниҳод менамояд, ки онҳо бояд ба мавзуъҳои гуногун бахшида шуда бошанд;
 - иштирокчии номинатсияи санъати тасвирӣ метавонад асари худро аз рӯйи равияҳои рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, графика, миниатюра, санъати ороиши амалӣ, кулолгарӣ, маҳсулоти бадеӣ аз метал, коркарди бадеии чӯб, коркарди масолеҳи сангӣ, бофандагӣ, гаҷкорӣ, наққошӣ пешниҳод намояд;
5) талаботи номинатсияи дизайн:
- дар иҷрои барномаи дизайнерӣ касбияти дизайнерӣ, диди нав, навоварӣ, эҷоди асарҳои мубрам ба эътибор гирифта мешаванд;
- иштирокчӣ ба ҳар давр як асар (ҳамагӣ 3 асар)-ро пешниҳод менамояд, ки онҳо бояд ба мавзуъҳои гуногун бахшида шуда бошанд;
- иштирокчии номинатсияи дизайн метавонад асарҳои худро дар равияҳои батика, гобелен, кошинкорӣ, мӯд, витраж, зебосозии либос, реклама, дизайни графикӣ ва ғайра пешниҳод намояд.
41.  Регламенти баромади довталаб дар даври дуюм то 10 дақиқа ва дар даври сеюм то 20 дақиқа муайян мегардад.
 
7. ҲАЙАТИ ҲАКАМОН
42.  Ҳайати ҳакамони даври якум аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби мусиқишиносон, композиторон, санъатшиносон, омӯзгорони муассисаҳои махсуси санъати мусиқӣ дар мувофиқа бо Вазорати фарҳанг интихоб гардида, ҳайати ҳакамони даврҳои дуюму сеюм бо пешниҳоди Вазорати фарҳанг, иттифоқҳои композиторон, рассомон ва дизайнерон аз ҷониби комиссияи Озмун тасдиқ карда мешаванд. Шахсе, ки шогирд ё узви оилаи ӯ дар Озмун иштирок мекунад, ҳуқуқи ба ҳайати ҳакамон шомил гардиданро надорад.
43.  Ҳайати ҳакамон аз рӯйи меъёри то 10 хол ғолибонро муайян мекунад.
44.  Ҳайати ҳакамон барои ҷобаҷогузории дурусти асарҳои мусиқӣ, санъати тасвирӣ ва дизайни пешниҳодгардида дар жанрҳои мувофиқи вобаста ба номинатсиҳои Озмун уҳдадор мебошад.
 
8. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИИ ОЗМУН
45.  Хароҷоти даврҳои якум, дуюм ва сеюми Озмун вобаста ба сафарбаркунии ғолибон ва омӯзгорони онҳо, буду бош дар маҳали баргузории Озмун аз ҳисоби буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва дигар сарчашмаҳои маблағгузории бо қонунгузорӣ манъ нагардида пардохт карда мешавад.
46.  Ғолибони даври якуму дуюми Озмун ва омӯзгорони онҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, ба таври моддию маънавӣ ҳавасманд гардонда мешаванд.
47.  Омӯзгороне, ки шогирдони онҳо дар даври сеюми Озмун сазовори ҷойҳои якум мегарданд, бо нишони фахрии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии  Тоҷикистон» сарфароз гардонда мешаванд.
48.  Ғолибони Шоҳҷоиза, ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври сеюм аз номинатсияи оҳангсозӣ-бастакорӣ пас аз хатми муассисаи олии касбии соҳавӣ ба аъзоии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон пешниҳод мегарданд.
49.  Омӯзгороне, ки шогирдони худро дар радабандии синнусолии аз 12 то 17-сола аз даври якум то даври сеюми Озмун омода менамоянд ва дар даври ниҳоӣ онҳо соҳиби Шоҳҷоиза, ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро сазовор мешаванд, аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои пулӣ қадр мешаванд.
50.  Омӯзгорони иштирокчиён дар он сурат ҳавасманд гардонда мешаванд, ки ҳуҷҷати тасдиқкунандаи муассисаро дар хусуси омӯзгори воқеӣ будан пешниҳод намоянд.
51.  Ба ғолибони даври сеюм ва омӯзгорони онҳо тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоиза ва мукофоти пулӣ дода мешаванд.
52.  Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо тартиби додани мукофот ва ҷоизаро барои ғолибони даври якум ва дуюми Озмун раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо тасдиқ ва амалӣ менамоянд.
53.  Ҷиҳати ҳавасмандгардонии ғолибони ҳамаи даврҳои Озмун ва омӯзгорони онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷалби сарпарастон иҷозат дода мешавад.
 
9. ТАРТИБИ ИШТИРОК ДАР ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУН
54.  Барои иштирок дар даври сеюми Озмун ба комиссияи Озмун ҳуҷҷатҳои зерин ба таври ҳатмӣ дар шакли хаттӣ ва электронӣ пешниҳод карда мешаванд:
1) барои рассомон ва дизайнерон:
- маълумот дар бораи довталаб;
- нусхаи шиноснома (шаҳодатномаи таваллуд);
- маълумотнома аз роҳбари муассисаи таълимӣ;
- 4 дона сурати 3х4;
- асарҳое, ки аз даври дуюми Озмун гузаштаанд;
- нусхаи диплом оид ба таҳсилоти махсуси миёна ва ё олии рассомӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн (барои гурӯҳи касбӣ);
2) барои оҳангсозӣ-бастакорӣ, сарояндагон ва навозандагон:
- маълумот дар бораи довталаб;
- нусхаи шиноснома (шаҳодатномаи таваллуд);
- асарҳо дар шакли ҳомили электронӣ;
- сабти нотавӣ (тибқи талаботи Озмун);
- матни шеърҳо дар се нусха;
- нусхаи диплом оид ба таҳсилоти махсуси миёна ва ё олии мусиқӣ (барои гурӯҳи касбӣ).
55.  Ҳуҷҷатҳо оид ба ҷамъбасти даври сеюм бо протоколҳои расмӣ аз ҷониби ҳайати ҳакамон тасдиқ гардида, комиссияи Озмун онро баррасӣ менамояд.
56.  Довталабоне, ки дар даври сеюм ғолиб намебароянд, бо диплом ва ифтихорнома сарфароз гардонда мешаванд.
 
10. ТАРТИБИ ДАРЁФТИ ШОҲҶОИЗА
57.  Дар даври сеюм ба ҳар як номинатсия як Шоҳҷоиза ҷудо карда мешавад.
58.  Ба ғолиби беҳтарин Шоҳҷоиза дода мешавад.
59.  Шоҳҷоиза ба иштирокчие дода мешавад, ки дар оҳангсозӣ-бастакорӣ, суруд хондану мусиқӣ навохтан, офаридани асарҳои тасвирӣ ва ҳунарҳои наққошиву дизайнерӣ маҳорат ва истеъдоди фавқулода дошта, маҳорату истеъдод ва касбияти ӯ аз ғолиби ҷойи якум болотар аст.
 
11. ИМТИЁЗҲО
60.  Соҳиби Шоҳҷоиза ва ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми Озмун тавассути барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ муаррифӣ гардида, ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо менамоянд.
61. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, ки соҳиби Шоҳҷоиза ва ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми Озмун шудаанд, барои таҳсил дар марказҳои бачагонаи рассомӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус, миёнаи касбӣ ва олии касбии соҳаи фарҳанги кишвар, инчунин ба ихтисосҳои омӯзгории равияи санъати тасвирӣ ва мусиқӣ ба муҳлати се сол бе супурдани имтиҳонҳо дар гурӯҳҳои ройгон ҳуқуқи таҳсил доранд.
62.  Иштирокчиёни даври сеюми Озмун (хонандагони синфҳои 9 ва 11) дар соли ҷорӣ ба ихтисосҳои соҳаи фарҳанг ва омӯзгории равияи санъати тасвирӣ ва мусиқии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус, миёнаи касбӣ ва олии касбии кишвар бе супурдани имтиҳон ба гурӯҳҳои ройгон қабул карда мешаванд. Тартиби қабули ғолибон ва иштирокчиёни даври сеюми Озмунро Вазорати маориф ва илм тибқи муқаррарот муайян менамояд.
63.  Вазорати фарҳанг протокол ва санадҳои ғолибони Озмунро дар асоси таҳияи тартиби махсус барои 10 сол нигоҳдорӣ намуда, баъдан ба бойгонӣ месупорад.

Замимаи 2
ба амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 январи соли 2024, № АП-479
 Ҳайати комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии 
«Тоҷикистон – Ватани азизи ман»:
 
муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) - раиси комиссияи Озмун;
вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини раиси комиссияи Озмун;
раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини раиси комиссияи Озмун;
муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон - котиби Комиссияи Озмун.
Аъзои комиссияи Озмун:
сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;
раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон;
ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода;
ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон;
раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон;
раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон;
раиси Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистон.



ШАРҲИ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН» ДАР СОЛИ 2024
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 инҷониб баргузор шуда, мақсади Озмун муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, таблиғ ва эҳёи санъати миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, маҳорати касбии ҳунари мусаввирӣ, ҳайкалтарошӣ, ороишгарӣ ва либосдӯзӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ мебошад.
Дар соли 2024 ба Озмун номинатсия нав – оҳангсозӣ-бастакорӣ ворид карда шуда, интизор меравад, ки ба ин восита истеъдодҳои ҷавон дар санъати касбии мусиқии миллӣ рӯйи кор меоянд.
Ба шарофати  сулҳу субот ва рушди иқтисодиёти кишвар,  имрӯз  миллатҳои гуногун, бахусус аз кишварҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг, дар Тоҷикистон таҳсил ва фаъолият дошта, аз суруду мусиқии халқи тоҷик ва санъати тасвирӣ бархӯрдоранд. Ба ин хотир, дар Озмуни соли ҷорӣ шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил ё фаъолият доранд, метавонанд иштирок намоянд.
Бо дастури Пешвои миллат ба соҳибони Шоҳҷоиза ва ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми Озмун дар баробари мукофоти пулӣ, инчунин имтиёзҳои дигар низ пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла, онҳо ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо намуда, тавассути барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ муаррифӣ мегарданд. Ғолибони даври ҷумҳуриявии Озмун метавонанд ба ихтисосҳои омӯзгории равияи санъати тасвирӣ ва мусиқии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус, миёнаи касбӣ ва олии касбии кишвар ба муҳлати се сол бе супурдани имтиҳон дар гурӯҳҳои ройгон дохил шаванд.
Ҳамчунин, мувофиқи дастури Пешвои миллат соли 2024 барои иштирокчиёни Озмун имтиёзи махсус пешбинӣ гардидааст, ки тибқи он довталабони даври ҷумҳуриявӣ (хонандагони синфҳои 9 ва 11) ба ихтисосҳои соҳаи фарҳанг ва ихтисосҳои омӯзгории равияи санъати тасвирӣ ва мусиқии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар бе супоридани имтиҳон ба гурӯҳҳои ройгон қабул карда мешаванд.



Замимаи 1 ба амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024, № АП-480

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» (минбаъд — Озмун) таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 баргузор мешавад.
2. Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар доир мегардад.
3. Озмун аз рӯйи шаш номинатсия баргузор мешавад:
- адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ;
- адабиёти классикии тоҷик;
- адабиёти муосири тоҷик;
- адабиёти ҷаҳон;
- эҷоди назм;
- эҷоди наср.
4. Довталабони номинатсияҳо ба гурӯҳҳои зерин ҷудо карда мешаванд:
1). Номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ (3 гурӯҳ):
- гурӯҳи якум - хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4);
- гурӯҳи дуюм - хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-8);
- гурӯҳи сеюм - хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 9-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11).
2). Номинатсияи адабиёти классикии тоҷик (4 гурӯҳ):
- гурӯҳи якум, хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4);
- гурӯҳи дуюм - хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11);
- гурӯҳи сеюм - донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо);
- гурӯҳи чорум - омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун.
3). Номинатсияи адабиёти муосири тоҷик (4 гурӯҳ):
- гурӯҳи якум - хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4);
- гурӯҳи дуюм - хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11);
- гурӯҳи сеюм - донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо);
- гурӯҳи чорум - омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун.
4). Номинатсияи адабиёти ҷаҳон (4 гурӯҳ):
- гурӯҳи якум - хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4);
- гурӯҳи дуюм - хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11);
- гурӯҳи сеюм - донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо);
- гурӯҳи сеюм - омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун.
5). Номинатсияи эҷоди назм (3 гурӯҳ):
- гурӯҳи якум - хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 9-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11);
- гурӯҳи дуюм - донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо);
- гурӯҳи сеюм - омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун.
6). Номинатсияи эҷоди наср (3 гурӯҳ):
- гурӯҳи якум - хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 9-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11);
- гурӯҳи дуюм - донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо);
- гурӯҳи сеюм - омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун.
2. САРПАРАСТ ВА МАСЪУЛОНИ ОЗМУН
5. Сарпарасти Озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
6. Масъулони баргузории Озмун вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ», Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошанд.
7. Кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар тарғиб, ҷалб ва ҷараёни баргузории Озмун иштирок мекунанд.
8. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор кардани даврҳои якум, дуюм ва сеюми Озмун масъул буда, ғолибон ва омӯзгорони онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд мегардонанд.
9. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, раёсату шуъбаҳои маориф, бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш, шуъба ва бахшҳои вилоятию минтақавии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон масъули ташкил ва баргузории Озмун мебошанд.
3. КОМИССИЯИ ОЗМУН
10. Барои гузарондани Озмун комиссияи Озмуни ҷумҳуриявӣ (минбаъд - комиссияи Озмун) таъсис дода шуда, ҳайати он бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
11. Ваколати комиссияи Озмун:
- таҳияи ҷадвали баргузории Озмун ва назорати он;
- тасдиқи тартиб, талабот ва тавзеҳот оид ба Озмун;
- пешниҳоди ҳайати ҳакамон барои даврҳои сеюм ва чоруми Озмун;
- барои ҳайати ҳакамон гузарондани семинари машваратӣ;
- назорати риояи талабот ва пешниҳоди тавсияҳо ба довталабони Озмун;
- муайян намудани ҷойи баргузории даври сеюми Озмун дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;
- омӯзиш ва тавсияи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшудаи довталабони Озмун ба даври чорум;
- таъсиси комиссияи аппелятсионӣ;
- баррасии пешниҳоди ҳайати ҳакамон ва арзу шикояти довталабон;
- тасдиқи протокол ва эълони натиҷаи хулосаи ҳайати ҳакамони даври сеюм ва чоруми Озмун;
- ҷамъбасти натиҷаи ниҳоӣ ва пешниҳоди он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шиносоӣ ва маълумот.
4. ТАРТИБИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУН
12. Озмун аз чор давр иборат буда, аз моҳи марти соли 2024 то моҳи ноябри соли 2024 ба таври зайл ташкил ва гузаронда мешавад:
- даври якум - моҳи март дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;
Эзоҳ: донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо) танҳо дар маҳале иштирок карда метавонанд, ки муассисаи таълимӣ ва ё илмиашон дар ҳамон маҳал қарор дорад.
- даври дуюм - нимаи аввали моҳи май дар маркази мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ноҳияҳо;
Эзоҳ: даври дуюми Озмун аз ҷониби намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат карда мешавад.
- даври сеюм - моҳи август дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;
- даври чоруми Озмун барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври сеюм моҳи ноябр дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» баргузор мегардад.
13. Протоколи ҳайати ҳакамони даври сеюм ба комиссияи Озмун бо имзои раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва раисони ҳакамон ба даври чорум пешниҳод мешавад.
14. Ҷойи баргузории даврҳои Озмун дар деҳот, шаҳрак, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ муайян карда мешавад.
15. Масъулияти баргузории даври якум, дуюм ва сеюми Озмун ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо вогузор карда мешавад. Шумораи ғолибони даври сеюми Озмун, ки ба даври чорум пешниҳод мешаванд, аз ҳар як номинатсия ва гурӯҳ набояд аз 6 нафар зиёд бошад.
16. Ҷараёни баргузории даврҳои якум, дуюм, сеюм ва чоруми Озмун тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос ва пахш карда мешавад.
17. Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ғолибони даври сеюм барои иштирок дар даври чорум ба комиссияи Озмун то 20-уми сентябр муқаррар карда мешавад. Масъулони баргузории Озмун вазифадоранд, ки то 1-уми октябр тамоми осори пешниҳоднамудаи довталабони номинатсияи назму насрро барои даври чоруми Озмун ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барои муҳокима ва таҳияи тақриз пешниҳод намоянд.
18. Миёни роҳбари муассисаи таълимӣ, омӯзгор ва довталаб (дар шахси падару модар ва ё сарпарасти вай) метавонад шартнома ҷиҳати омода намудани довталаб ба имзо расонида шавад. Намунаи шартномаро Вазорати маориф ва илм омода карда, ба раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо пешниҳод менамояд.
19. Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳо, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» ва Кумитаи телевизион ва радио масъули гузарондани маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони Озмун мебошанд.
5. ШАРТҲОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН
20. Дар Озмун аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар иштирок карда метавонанд.
21. Довталаби Озмун ба рӯйхати китобҳои хондашуда асарҳоеро бояд пешниҳод намояд, ки аз доираи китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ берун бошанд.
22. Дар вақти холгузорӣ ба миқдори асарҳои хондашуда, мухтасар баён кардан, дарки мазмуну муҳтавои асар, хониши ифоданок, шарҳу тавзеҳи калимаҳо бартарӣ дода мешавад. Довталаби Озмун ба ҳайати ҳакамон маҳорату малака, қобилияти хондан ва аз худ кардани осори адибонро пешниҳод менамояд.
23. Ҳайати ҳакамони Озмун аъзои фаъоли китобхона будани довталабро ба инобат мегиранд.
24. Ба мавзуъҳои Ватану ватандӯстӣ, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, тавсифи ғояҳои истиқлол, тараннуми дӯстию рафоқат, озодию осоиштагӣ, сулҳу субот, инъикоси саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ, мавзуи об ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, инсондӯстӣ, хайру саховат, накукорӣ, васфи ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада, Тиргон, ишқи поки инсонӣ, эҳсонкорӣ ва тасвири табиати зебои кишвар бартарӣ дода мешавад.
25. Пешниҳоди осори азбаршуда, асосан, бо забони тоҷикӣ сурат мегирад. Довталаби Озмун дар интихоби забон ҳангоми хондан ва аз худ кардани осори адабиёти кӯдакон ва наврасон, осори адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик ва адабиёти хориҷӣ (тарҷума ва ё асл) озод аст. Ба довталабе, ки осори бадеии адибони ҷаҳонро бо забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ ва ғайра) пешниҳод менамоянд, бартарӣ дода мешавад.
26. Довталаби Озмун метавонад аз намунаҳои эҷодиёти халқ, аз ҷумла афсона, қисса, рубоӣ, достон, чистон, тезгӯяк, латифа ва ғайра вобаста ба номинатсияи интихобкардааш истифода намояд.
27. Асарҳои ба Озмун пешниҳоднамудаи ғолибони даври сеюми номинатсияи эҷоди назму наср, ки ба даври чорум пешниҳод шудаанд, барои муҳокимаю баррасӣ ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фиристода мешаванд. Иттифоқи нависандагон то саршавии даври чорум хулосаи мутахассисонро ба комиссияи Озмун пешниҳод мекунад. Асарҳое, ки хулосаи Иттифоқи нависандагонро нагирифтаанд, ба даври чоруми Озмун қабул карда намешаванд.
28. Ба номинатсияи эҷоди назму наср асарҳое пазируфта мешаванд, ки қаблан ба ягон Озмуни дигар пешниҳод нашудаанд.
29. Дар даври чоруми Озмун довталаб шарҳи ҳоли мухтасари худ, рӯйхати асарҳои хонда ва азбаркарда (нусхаи чопии ашъори азёдкардашуда ва номгӯйи асарҳои насрии мутолиакардаашро бо зикри номи муаллиф) ба комиссияи Озмун дар се нусха ба таври ҳатмӣ дар шакли хаттӣ ва электронӣ пешниҳод менамояд. Зикри маълумоти зиёдатӣ, аз ҷумла мазмуни мухтасари асар, қаҳрамонони он, шакли пурраи шеъру ғазалу достон шарт нест.
30. Дар сурати ба талабот ҷавобгӯй набудани номгӯйи асарҳо, пурғалат будани дафтар, ҳамчунин, мукаммал набудани матни шеъру достонҳо ва ё изофанависӣ намудани миқдори матнҳои азбаркардашуда холи довталаб кам карда мешавад. Ҳакамон метавонанд, ки ба рӯйхати пешниҳоднамудаи довталаб маҳдуд нашуда, ба ӯ аз асарҳои дигари маълуму машҳури адибони муосиру классику ҷаҳон, вобаста ба номинатсияи иштироккардааш, савол диҳанд.
31. Агар довталаб хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар даврҳои якуму дуюм ва сеюм ба қайд гирифта шуда бошад ва дар даври чоруми Озмун донишҷӯйи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ шуда бошад, ҳамчун хонанда дар даври чоруми Озмун иштирок мекунад.
32. Ғолибони даври чоруми Озмун, ки сазовори ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва барандаи Шоҳҷоиза гардидаанд, то се сол дар Озмун ва минбаъд дар номинатсияи ғолибомадаашон ҳуқуқи иштирок карданро надоранд.
33. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо дар назди шуъба ва раёсатҳои маориф комиссияи қабули ҳуҷҷатҳои довталабони Озмунро таъсис дода, як нафарро ба таври ҳатмӣ котиби масъул таъин менамоянд. Котибони масъули комиссияҳои қабул ҳуҷҷатҳои довталабонро дар асоси бандҳои 29 ва 30 санҷида, дар асоси санад онро ба комиссияи ҷумҳуриявӣ пешниҳод мекунанд. Котиби масъули комиссия суроға, рӯз ва ҷойи баргузории Озмунро ба довталабон тавассути воситаҳои ахбори омма ва масъулон эълон менамояд.
6. ТАЛАБОТ БА ДОВТАЛАБОНИ ОЗМУН
34. Маҳорату истеъдоди довталабони Озмун аз рӯйи хондани осори манзум ва мансури бадеӣ муайян карда мешавад:
- барои довталабони Озмун хондани роман, повест, ҳикоя, новелла ва дигар жанрҳои адабӣ вобаста ба номинатсияи интихобкардааш иҷозат дода мешавад;
- довталаб дар хондани шеърҳо (ғазал, қасида, рубоӣ, дубайтӣ, порчаҳо аз достонҳо ва дигар жанрҳои лирикӣ) вобаста ба номинатсияи интихобкардааш озод аст;
- довталаби номинатсияи эҷоди назму наср асарҳои худро аз рӯйи навъҳои адабӣ, жанрҳо ва навъҳои анъанавӣ ё нав, адабиёти кӯдакону наврасон, насру драма пешниҳод менамояд.
35. Аз довталаби номинатсияи эҷоди назм таълифи як достони мукаммал дар вазнҳои анъанавӣ, 20 ғазал дар вазнҳои анъанавии арӯз, 20 рубоӣ, 10 дубайтӣ, 3 мухаммас, 2 мусаддас, 4 қасида, 5 шеъри сафед, 10 суруди ватандӯстона, 2 тарҷеъбанд, 2 таркиббанд талаб карда мешавад.
36. Аз довталаби номинатсияи эҷоди наср таълифи 5 ҳикоя, 5 афсона, 2 эссе (барои хонандагони синфҳои 9-11), 5 ҳикоя, 5 афсона, 2 эссе, 1 повест, 1 драма (барои гурӯҳҳои дигар) талаб карда мешавад. Барои пешниҳоди роман афзалият дода мешавад.
7. МЕЪЁРИ АРЗЁБӢ
37. Ҳайати ҳакамони Озмун ба дараҷаи маҳорат ва истеъдоди довталаб аз рӯйи меъёрҳои зерин баҳо медиҳанд:
- барои таваҷҷуҳ ба мавзуъҳои Ватану ватандӯстӣ, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, тавсифи ғояҳои истиқлолу озодӣ, инъикоси саҳм ва ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ, мавзуи об ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, инсондӯстӣ, хайру саховат, накукорӣ, васфи ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада ишқи поки инсонӣ, эҳсонкорӣ, дӯстию бародарӣ, сулҳу субот, бунёди роҳу нақбҳо ва иншооти бузурги аср, корнамоиҳои фарзандони фарзонаи миллат дар бунёдкорию ободонӣ;
- барои қобилияти нақл ва тарзи қироат, шарҳи мухтасари асар, маълумот оид ба қаҳрамонони асар, баёни лаҳзаҳои ҷолиби асар, қобилияти озодбаёнӣ ва санъати суханварӣ, ҳунари ровигӣ, қобилияти луғатдонӣ ва шарҳи маънои луғавии вожаҳо, дарки дурусти мазмун ва муҳтавои асар, таассурот аз хондани асар.
38. Ба ҳар як довталаб барои муаррифии китобҳои хондааш ва нақлу хондани шеърҳо на камтар аз 20 дақиқа вақт дода мешавад.
39. Бо мақсади баҳогузорӣ намудан ба истеъдоди довталабон ҷадвали 10-хола муқаррар карда мешавад. Дар вақти холгузорӣ ба миқдори асарҳои хондашуда, мухтасар баён кардан, дарки мазмуну муҳтавои асар, хониши ифоданок, шарҳу тавзеҳи калимаҳо ва ҷавобҳои пурра 10 хол, барои ҷавоби аз хуб болотар то 9 хол, барои ҷавоби хуб то 7-8 хол, барои ҷавоби миёна то 5-6 хол, барои ҷавоби аз миёна поёнтар то 3-4 хол, барои ҷавоби суст 1-2 хол гузошта мешавад.
40. Ҳангоми баҳогузорӣ ба маҳорати довталаби эҷоди назму наср тарзи интихоби мавзуву мундариҷа, риояи рукнҳои вазни арӯз, қофияву радиф, корбарии санъатҳои бадеӣ, интихоби таъбиру ибораҳо, миқдори луғату таъбирҳои нав ва мутобиқати шакл, бандубасти асари бадеӣ ва ба мазмуни асар диққат дода мешавад. Асарҳои пешниҳодкардаи довталабони номинатсияи эҷоди назму насрро аъзои ҳакамон инфиродӣ мутолиа карда, баъдан дар асоси хулоса ва тақризи пешниҳодшуда мавриди баҳогузорӣ қарор медиҳанд.
41. Довталаби бахши назм бояд дар мавзуъҳои пешниҳодшуда бадеҳатан шеър гуфта тавонад. Байти аввал аз ҷониби ҳайати комиссияи Озмун пешниҳод мегардад ва идомаи онро дар ҳамон вазну қофия довталаб хаттӣ ё шифоҳӣ ҷавоб медиҳад. Дар Озмун шахсоне метавонанд иштирок намоянд, ки аъзои Иттифоқи нависандагон набуда, шеърро хуб дарк менамоянд, завқи шоирӣ доранд, нозукиҳои шеърро аз бар кардаанд ва дар рӯзномаву маҷаллаҳои шаҳрӣ, ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ намунаи ашъорашон чоп шудааст. Довталаб намунаҳои шеъри худро дар шакли чопӣ ва электронӣ пешниҳод менамояд. Инчунин, довталаби бахши мазкур бояд аз шоирони классик, муосир ва ҷаҳон дар жанрҳои гуногун на камтар аз 3000 мисраъ аз ёд донад, рӯйхати ашъори азёднамудаашро пешниҳод намояд.
42. Қобилияти адиби насрнавис нахуст бо навиштани нақли хаттӣ санҷида мешавад. Мавзуи нақли хаттиро дар рӯзи оғози Озмун ҳайати комиссияи Озмун муайян мекунад.
43. Довталаби бахши наср бояд рӯйхати асарҳои мутолианамудаашро пешниҳод намояд ва муҳимтарин асарҳои адибони классикӣ, муосир ва машҳури ҷаҳонро мутолиа карда бошад.
 
8. ҲАЙАТИ ҲАКАМОН
44. Ҳайати ҳакамони даврҳои Озмуни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриро раиси комиссияи Озмун бо санади дахлдор тасдиқ менамояд. Ҳайати ҳакамон амалҳои зеринро иҷро мекунад:
- тибқи пешниҳоди комиссияи Озмун маҳорату истеъдоди довталабонро натиҷагирӣ мекунад;
- холҳоро муқаррар карда, бо овоздиҳии кушода ғолибро муайян менамояд;
- натиҷаи Озмунро дар протокол дарҷ карда, бо имзои аъзои ҳакамон тасдиқ менамояд.
45. Ҳайати ҳакамони даврҳои Озмуни шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо пешниҳоди комиссияи тадорукоти шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо тасдиқ карда мешавад.
46. Ба ҳайати ҳакамони даври Озмуни шаҳрӣ, ноҳиявӣ, деҳоту шаҳрак намояндагони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, омӯзгорон, шоирону нависандагон, олимону рӯзноманигорон, роҳбарони китобхонаҳо, аъзои ҷамъияти китобдӯстон ва иттифоқҳои касаба ворид мешаванд. Шахсе, ки шогирд ё узви оилаи ӯ дар Озмун иштирок мекунад, ҳуқуқи ба ҳайати ҳакамон шомил гардиданро надорад. Шумораи ҳайати ҳакамон бо раису аъзо бояд 5 нафар бошад.
47. Хулосаи ҳайати ҳакамони даври чорум дар комиссияи Озмун баррасӣ ва тасдиқ карда мешавад.
48. Комиссияи Озмун дар ҳолати ҷавобгӯй набудани хулосаи ҳайати ҳакамон ба талаботи Низомномаи мазкур (дар ҳолатҳои истисноӣ ва ё муайян гардидани иштибоҳоти техникӣ) ҳуқуқи бекор кардани онро дорад. Ҳамчунин, дар сурати ба вуҷуд омадани мушкилоте, ки дар Низомномаи мазкур пешбинӣ нашудаанд, комиссияи Озмун ваколати ҳалли онро дорад.
 
9. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИИ ОЗМУН
49. Хароҷоти баргузории даврҳои якум, дуюм, сеюм ва хароҷоти вобаста ба сафарбаркунии ғолибон ва омӯзгорони онҳо ба даври чоруми Озмун, будубоши онҳо дар маҳали баргузории Озмун аз ҳисоби буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва дигар сарчашмаҳои маблағгузории бо қонунгузорӣ манънагардида пардохт карда мешавад.
50. Ғолибони даври якум, дуюм, сеюми Озмун ва омӯзгорони онҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ба таври моддию маънавӣ ҳавасманд гардонда мешаванд.
51. Омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки шогирдони онҳо дар даври чоруми Озмун сазовори ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва ё барандаи Шоҳҷоиза мегарданд, бо нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон сарфароз гардонда мешаванд.
52. Падару модароне, ки фарзандони онҳо дар даври чоруми Озмун ғолиби ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ё барандаи Шоҳҷоиза мегарданд, бо нишони «Маърифатпарвар» ва «Ифтихорнома»-и Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» сарфароз гардонда мешаванд. Шакл, андоза ва тартиби супоридани нишонро Вазорати маориф ва илм таҳия ва тасдиқ менамояд.
53. Хароҷоти баргузории чорабинии даври чоруми Озмун аз суратҳисоби махсуси Вазорати маориф ва илм пардохт карда мешавад.
54. Ба ғолибони даври чоруми Озмун ва ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки дар даври чоруми Озмун ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ё Шоҳҷоизаро сазовор шудаанд, инчунин ба омӯзгорони онҳо тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоиза ва мукофоти пулӣ дода мешавад.
55. Рӯйхати ғолибони даври чоруми Озмун ва омӯзгорони онҳо аз тарафи комиссияи Озмун омода ва барои маълумот ва шиносоӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.
56. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо тартиби додани мукофот ва ҷоизаро раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо тасдиқ ва амалӣ менамоянд.
57. Барои ҳавасмандгардонии ғолибони ҳамаи даврҳои Озмун ва омӯзгорони онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалби сарпарастон иҷозат дода мешавад.
 
10. ТАРТИБИ ИШТИРОК ДАР ДАВРИ ЧОРУМИ ОЗМУН
58. Барои иштирок дар даври чоруми Озмун ба комиссияи Озмун ҳуҷҷатҳои зерин дар шакли хаттӣ ва электронӣ пешниҳод мешаванд:
- маълумоти мухтасар дар бораи довталаб;
- рӯйхати асарҳои мутолиашуда;
- ашъори азёдшуда;
- нусхаи чопӣ ва электронии шеърҳои азёдкарда, рӯйхати асарҳои насрии мутолиакарда бо зикри номи муаллиф;
- довталабони эҷоди назму наср тибқи талаботи бандҳои 40-41 Низомномаи мазкур намунаи эҷодиёт ва шеъру асарҳои азбаркардаи худро пешниҳод менамоянд;
- нусхаи протоколҳои ҳайати ҳакамони даврҳои якум, дуюм ва сеюми Озмун.
59. Ҳуҷҷатҳои ғолибони даври сеюми Озмунро ба даври чорум котиби масъули комиссияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба комиссияи Озмун пешниҳод менамояд.
 
11. ТАРТИБИ ДАРЁФТИ ШОҲҶОИЗА
60. Барои дарёфти Шоҳҷоиза довталабе метавонад иштирок намояд, ки дар даври чоруми Озмун дар гурӯҳи номинатсияи худ ҷойи якумро сазовор гардидааст.
61. Дар ҳолати муайян шудани ғолиби Шоҳҷоиза натиҷаи ҷойҳои ишғолкардаи ғолибони ҳамон гурӯҳи номинатсия як зина боло бардошта мешавад.
62. Баранди Шоҳҷоиза довталабе шуда метавонад, ки ба саволҳои иловагии ҳакамон ҷавоб дода тавонад, дафтари ӯ ҷавобгӯйи талаботи Низомномаи Озмун буда, рӯйхати асарҳои мутолианамуда ва азёдкарда мутобиқ ба синну сол ва гурӯҳи худаш бошад. Ҳангоми баҳо додан донистани забонҳо ва аъзои фаъоли китобхонаҳо будан, талабот ва нуктаҳои бобҳои 6 ва 7 Низомномаи мазкур ба эътибор гирифта мешавад.
 
12. ИМТИЁЗҲО
63. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 9-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11), донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр), ки дар даври чоруми Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 ё барандаи Шоҳҷоиза гардидаанд, ба ихтисоси интихобкардаашон ба муҳлати се сол бе супоридани имтиҳон тибқи тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба гурӯҳҳои ройгон қабул карда мешаванд.
64. Довталабони даври чоруми Озмун (хонандагони синфи 11) дар соли ҷорӣ ба ихтисосҳои омӯзгорӣ ва филологии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар бе супоридани имтиҳон ба гурӯҳҳои ройгон қабул карда мешаванд. Тартиби қабули ғолибон ва довталабони даври чоруми Озмунро Вазорати маориф ва илм тибқи муқаррарот муайян менамояд.
65. Вазорати маориф ва илм протокол ва санадҳои ғолибони Озмунро дар асоси таҳияи тартиби махсус барои 10 сол нигоҳдорӣ намуда, баъдан ба бойгонӣ месупорад.
 



Замимаи 2
ба амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 январи соли 2024, № АП-480
 
ҲАЙАТИ КОМИССИЯИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ 
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»:  
муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа), раиси комиссия;
вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси комиссия;
муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби комиссия.
Аъзои комиссия:
сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;
раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;
президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;
директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.


Шарҳи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2024
Таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии сокинони кишвар соли ҷорӣ низ Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад.
Ҷиҳати боз ҳам такмил ва таҳким бахшидани раванди баргузории Озмун ва ҳавасмандсозии бештари иштирокчиён дар соли 2024, ба Низомномаи Озмун тағйироту навгониҳо ворид шуданд.
Номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон ба номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ табдил дода шуд. Ин номинатсия яке аз фаъолтарин бахшҳои Озмун ба шумор рафта, довталабон, асосан, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд. Ба ин хотир, ҷиҳати бештар ҳавасманд намудани кӯдакону наврасон, номинатсияи мазкур ба се гурӯҳ ҷудо мешавад:
- гурӯҳи якум - хонандагони синфҳои 1-4;
- гурӯҳи дуюм - хонандагони синфҳои 5-8;
- гурӯҳи сеюм - хонандагони синфҳои 9-11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва синфҳои 10-11 муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ.
Бо назардошти хусусиятҳои синнусолии кӯдакону наврасон барои дарёфти Шоҳҷоиза, ки хондан ва аз бар намудани 70 фоизи осори назмию насрӣ аз рӯйи 4 номинатсия ба онҳо душвор буд, Шоҳҷоиза аз як адад ба чор адад зиёд карда шуд.
Шумораи ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм ба 126 нафар ва барандагони Шоҳҷоиза 4 нафар зиёд гардида, 130 нафар ғолибро ташкил медиҳад.
Тибқи дастури Пешвои миллат, соли ҷорӣ низ барои иштирокчиёни даври чумҳуриявии Озмун имтиёзи махсус пешбинӣ гардидааст, ки мувофиқи он, довталабони даври чоруми Озмун (хонандагони синфи 11) ба ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ ва филологии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар бе озмун ба гурӯҳҳои ройгон қабул карда мешаванд.
Бо назардошти тағйироти воридгардида, маблағи умумии мукофоти Озмун 4 570 000 (чор миллиону панҷсаду ҳафтод ҳазор) сомониро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 695 000 (шашсаду наваду панҷ ҳазор) сомонӣ зиёд пешбинӣ гардидааст.


Замимаи 4
ба амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 январи соли 2024, № АП-480
Рӯйхати адабиёти тавсияшаванда барои довталабони 
Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»
1. Номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ:
- хондани афсонҳои халқи тоҷик, латифа ва аз ёд кардани порчаҳо аз осори манзуму мансури шифоҳӣ, латифаю зарбулмасал, мақолҳои халқӣ, чистонҳо;
- хондани ҳикояҳо аз «Гулистон», «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ, «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, «Рисолаи дилкушо»-и Убайди Зоконӣ, «Таҳзиб-ус-сибён»-и Садриддин Айнӣ, порчаҳо аз осори манзуми шоирони барҷастаи классикӣ (Абуабдуллои Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Саъдии Шерозӣ, Сайидои Насафӣ ва дигарон), аз ашъори манзуму мансури бачагонаи устод Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Аминҷон Шукӯҳӣ, Пӯлод Толис, Ғаффор Мирзо, Сотим Улуғзода, Абдусалом Деҳотӣ, Боқӣ Раҳимзода, Баҳром Фирӯз, Гулназар Келдӣ, Муҳаммад Ғоиб, Раҳмат Назрӣ, Сафияи Носир, Эгами Нарзуллоҳ (Волӣ), Насим Раҷаб, Ғанӣ Ҷӯразода, Юсуфҷон Аҳмадзода, Наримон Бақозода, Алӣ Бобоҷон, Асад Гулзодаи Бухороӣ, Маҳмуд Диёрӣ, Мирсаид Миршакар, Шарифи Муҳаммадёр, Маҳбуба Неъматова, Убайд Раҷаб, Нӯъмон Розиқ, Ҷӯра Ҳошимӣ, Муродалӣ Собир, Абдусаттори Раҳмон, Салоҳиддини Садриддин, Азизи Азиз, Сайқал Самеъзода, Шодӣ Саттор, Болта Ортиқов, Ғаффоралӣ Сафар, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Муҳаммадалишоҳи Ҳайдаршоҳ, Бобо Ҳоҷӣ, Акобир Шарифӣ, Ато Мирхоҷа, Гулчеҳра Муҳаммадиева, Латофат Кенҷаева ва дигарон;
 
2. Номинатсияи адабиёти классикӣ:
- намунаҳои насри ривоятӣ аз «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт», «Чор дарвеш», «Ҳазору як шаб», «Тӯтинома», «Синдбоднома», «Калила ва Димна», «Самаки айёр», «Марзбоннома», «Абумуслимнома», «Доробнома» ва ғайра;
- осори насри классикӣ - «Корномаи Ардашери Бобакон», «Калила ва Димна», «Ёдгори Бузургмеҳр», «Сафарнома»-и Носири Хусрав, «Қобуснома»-и Унсурмаолии Кайковус, «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, «Бадоеъ-ул-вақоеъ» -и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, «Ахлоқи Муҳсинӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш ва ғайра;
- аз ёд кардани ашъори шоирон аз рӯйи жанр;
- на кам аз 100 ғазал аз Абуабдуллои Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ, Саноии Ғазнавӣ, Шайх Фаридаддини Аттор, Адиб Собири Тирмизӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Фахриддини Ироқӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Хоҷуи Кирмонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Алишер Навоӣ, Камолиддини Биноӣ, Бадриддини Ҳилолӣ, Абдураҳмони Мушфиқӣ, Абдулқодири Бедил, Зебуннисо, Соиби Табрезӣ, Сайидои Насафӣ, Абдулқодирхоҷаи Савдо, Шамсиддин Шоҳин, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ва дигарон;
- рубоӣ ва дубайтӣ -на кам аз 120 рубоӣ ва дубайтӣ аз Абуабдуллои Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ, Абуалӣ ибни Сино, Адиб Собири Тирмизӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Бобо Тоҳири Урён, Абусаиди Абулхайр, Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, Умари Хайём, Аттори Нишопурӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Алишер Навоӣ, Абдулқодири Бедил, Соиби Табрезӣ ва дигарон;
- қасида – на кам аз 100 байт аз Абуабдуллои Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ, Кисоии Марвазӣ, Абулқосим Унсурӣ, Анварии Абевардӣ, Абулҳасан Фаррухии Систонӣ, Абунаҷм Манучеҳрии Домғонӣ, Адиб Собири Тирмизӣ, Масъуди Саъди Салмон, Носири Хусрав, Хоқонии Шервонӣ, Ҳаким Саноии Ғазнавӣ, Камолиддин Исмоили Исфаҳонӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил, Шамсиддин Шоҳин ва дигарон;
- порча аз достон – на кам аз 150 байт аз Абуабдуллои Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ, Абумансури Дақиқӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Саноии Ғазнавӣ, Аттори Нишопурӣ, Низомии Ганҷавӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Хоҷуи Кирмонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Бадриддин Ҳилолӣ, Абдулқодири Бедил, Камолиддини Биноӣ, Фитрати Зардӯзи Самарқандӣ, Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ, Мирзо Содиқи Муншӣ, Шамсиддин Шоҳин ва дигарон;
- дигар навъҳои шеърӣ – қитъа, мухаммас, мусаммат, мусаллас, тарҷеъбанд, таркиббанд ва ғайра – 100 байт.
 
3. Номинатсияи адабиёти муосири тоҷик:
- аз ёд кардани рубоӣ, дубайтӣ, ғазал, порчаҳо аз достону маснавӣ ва сурудҳои халқӣ аз эҷодиёти даҳони халқ;
- осори насрии адибони муосир – ҳикояҳо, новеллаҳо, повестҳо, романҳо, намоишномаҳо, ёддоштҳо ва очеркҳои Садриддин Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Раҳим Ҷалил, Ҳаким Карим, Фотеҳ Ниёзӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Абдумалик Баҳорӣ, Пӯлод Толис, Баҳром Фирӯз, Ҷумъа Одина, Урун Кӯҳзод, Юсуф Акобиров, Сорбон, Саттор Турсун, Абдулҳамид Самад, Меҳмон Бахтӣ, Кароматуллои Мирзо, Гулрухсор, Иноят Насриддинов, Ато Ҳамдам, Бароти Абдураҳмон, Ҷонибеки Акобир, Шералӣ Мӯсо, Равшани Ёрмуҳаммад, Маъруф Бобоҷон, Бахтиёр Муртазо, Муҳаммадзамони Солеҳ, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Баҳманёр, Юнус Юсуфӣ, Муҳибуллои Қурбон, Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабизода), Марямбонуи Фарғонӣ, Мансур Суруш, Мирзо Насриддин, Диловари Мирзо, Абдуғаффори Абдуҷаббор, Маҷид Салим, Равшани Махсумзод, Ато Мирхоҷа, Анвар Олим, Аброри Зоҳир, Сироҷиддин Икромӣ, Сайид Раҳмон, Мирзо Шукурзода, Муаззама, Мутеулло Наҷмиддинов, Додохони Эгамзод, Наҷмиддини Шоҳинбод, Баҳром Фирӯз, Искандари Ҳамроҳқул, Шодон Ҳаниф, Расул Ҳодизода, Нарзулло Тиллозода, Давлатшоҳи Тоҳирӣ, Ҳоҷӣ Содиқ, Ҳакималӣ Назаралӣ, Абдуғаффори Партав, Маҳкам Пӯлод, Айюб Кенҷа, Истад Қосимзода, Сироҷиддин Қосимзода, Раҷаб Мардон, Ғаффор Мирзо, Султон Мирзошоев, Мирсаид Миршакар, Абдурауф Муродӣ, Тоҳири Муҳаммадризо, Бурҳон Ғанӣ, Муҳаммад Ғоиб, Карим Давлат, Абдусалом Деҳотӣ, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Матлубаи Ёрмирзо, Исроил Иброҳим, Ҳабиб Имодӣ, Қулмуҳаммади Абдулҳусейн, Ҳилолиён Аскар, Самад Ғанӣ, Саидаҳмади Зардон, Шоҳназир Назиров, Султонмуроди Одина, Муҳаммадраҳими Сайдар, Аъзам Сидқӣ, Ҳоҷӣ Содиқ, Тоҷӣ Усмон, Баҳодур Файзулло, Ибод Файзулло, Неъматуллои Худойбахш, Шарифи Халил ва дигарон;
- асарҳои драмавӣ аз Абулқосим Лоҳутӣ, Ғанӣ Абдулло, Нурулло Абдуллоҳ, Абдуғаффори Абдуҷаббор, Сафармуҳаммад Айюбӣ, Файзулло Ансорӣ, Абдусалом Атобоев, Тӯрахон Аҳмадхонов, Меҳмон Бахтӣ, Абдумалик Баҳорӣ, Муҳаммад Ғоиб, Ҷалол Икромӣ, Шамсӣ Қиём, Ҷумъа Қуддус, Фазлиддин Муҳаммадиев, Султон Сафар, Аъзам Сидқӣ, Мансур Суруш, Ҳоҷӣ Содиқ, Шодӣ Солеҳ, Нур Табаров, Ато Ҳамдам, Аминҷон Шукӯҳӣ, Сотим Улуғзода ва дигарон;
- ашъори шоирони муосир – на кам аз 100 ғазал, рубоӣ ва дубайтӣ ва порча аз достон аз эҷодиёти Садриддин Айнӣ, Туғрали Аҳрорӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Зуфархон Ҷавҳарӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Мирзо Турсунзода, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, Ҳайрат Шанбезода, Аминҷон Шукӯҳӣ, Муҳиддин Аминзода, Боқӣ Раҳимзода, Нодир Шанбезода, Мирсаид Миршакар, Абдусалом Деҳотӣ, Файзулло Ансорӣ, Ғаффор Мирзо, Ҳабибулло Файзулло, Ғоиб Сафарзода, Муъмин Қаноат, Қутбӣ Киром, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Мастон Шералӣ, Гулрухсор, Гулназар Келдӣ, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Жола Бадеъ, Абдулло Қодирии Мумтоз, Султон Шоҳзода, Ашӯр Сафар, Сайидалӣ Маъмур, Ширин Бунёд, Аскар Ҳаким, Ҳақназар Ғоиб, Салимшо Ҳалимшо, Саидҷон Ҳакимзода, Пиримқул Сатторӣ, Камол Насрулло, Раҳмат Назрӣ, Низом Қосим, Искандари Хатлонӣ, Зулфия Атоӣ, Муҳаммад Ғоиб, Мирзо Файзалӣ, Фарзона, Доро Наҷот, Назри Яздонӣ, Алимуҳаммад Муродӣ, Ҷамолиддин Каримзода, Зиё Абдулло, Рустам Ваҳҳобзода, Аҳмадҷони Раҳматзод, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Озарахш, Ато Мирхоҷа, Сиёвуш, Озар, Салими Зарафшонфар, Абдуҷаббори Суруш, Парда Ҳабиб, Давлат Сафар, Раънои Мубориз, Давлати Раҳмониён, Лаълҷубаи Мирзоҳасан, Муҳтарам Ҳотам, Сафар Амирхон, Назруллоҳи Азизиён, Одина Азимӣ, Нуқраи Суннатниё, Хайрандеш, Қувват Давлат, Олимхон Исматӣ, Сафар Аюбзодаи Маҳзун, Гурез Сафар, Шаҳрия, Усмон Шарифзода ва дигарон;
- дигар навъҳои шеърӣ – 100 байт аз шоирони муосири тоҷик;
 
4. Номинатсияи адабиёти ҷаҳон:
Тавсия барои хонандагони синфҳои 1-4 аз осори манзум ва мансури адабиёти бачагонаи ҷаҳонӣ:
- адибони рус: Александр Пушкин, Михаил Лермонтов, Иван Крилов, Иван Бунин, Александр Островский, Николай Гогол, Лев Толстой, Антон Чехов, Константин Ушинский, Алексей Толстой, Николай Носов, Иван Тургенев, Максим Горкий, Сергей Есенин, Виталий Бианки, Михаил Пришвин, Михаил Шолохов, Самуил Маршак, Валентин Катаев, Эдуард Успенский, Василий Шукшин, Сергей Михалков,  Аагния Барто, Аркадий Гайдар, Валентин Распутин, Расул Ғамзатов, Корней Чуковский, Виктор Драгунский, Валентина Осеева, Владимир Сутеев, Константин Паустовский, Борис Житков, Андрей Усачёв ва дигарон;
- адибони шарқ: Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ (Покистон), Халилуллоҳи Халилӣ (Афғонистон), Эраҷ Мирзо (Эрон), Фурӯғи Фаррухзод (Эрон), Содиқ Ҳидоят (Эрон), Нодири Нодирпур (Эрон), Бориқ Шафеӣ (Афғонистон), Робиндранат Такур (Ҳиндустон), Прем Чанд (Ҳиндустон) ва дигарон;
- адибони дигар: Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ (Ӯзбекистон), Ғафур Ғулом (Ӯзбекистон), Абдулло Қодирӣ (Ӯзбекистон), Чингиз Айтматов (Қирғизистон), Рюноскэ Акутагава (Япония), Азиз Несин (Туркия), Маликушшуаро Баҳор (Эрон), Нодар Думбадзе (Гурҷистон), Василий Гулеури (Гурҷистон), Ирма Маласидзе (Гурҷистон) Спиридон Вангели (Молдова), Эно Рауд (Эстония), Нино Накашидзе (Гурҷистон), Вайнилайтис Мартинас (Литва), Машётас Пранас (Литва),  Тсао Вэнсюан (Чин), Худойберди Тӯхтабоев (Ӯзбекистон), Азиза Ҷаъфарзода (Озарбойҷон), Хажак Гулназарян (Арманистон), Владимир Короленко (Украина), Сулаймон Сонӣ Охундзода (Озарбойҷон), Карл Фриш (Олмон), Марсел Эме (Франсия), Отфрид Пройслер (Олмон), Доналд Биссет (Англия), Даниел Дефо (Англия), Эдвард Лир (Англия), Виктор Гюго (Франсия), Ҳанс Кристиан Андерсен (Дания), Редярд Киплинг (Англия), Алан Милн (Англия), Ҷеймс Ҳэрриот (Англия), Ҷералд Даррелл (Англия), Клайв Люис (Ирландия), Фрэнсис Элиза Ходгстон Бернетт (Англия), Астрид Линдгрен (Шветсия), Александр Дюма (Франсия),  Ги де Мопассан (Франсия), Артур Конан Дойл (Англия), бародарон Грим (Олмон), Шарл Перро (Фаронса), Ҷанни Родари (Италия), Вилгелм Гауф (Олмон), Ҷонатан Свифт (Англия), Мария Тереса Андруэтто (Аргентина), Пйердоменико Баккаларио (Италия), Антуан де Сент-Экзюпери (Фаронса), Люис Кэрролл (Англия), Рудолф Эрих Распе (Олмон), Стивенсон Роберт (Шотландия), Селма Лагерлёф (Шветсия), Ҷон Бойн (Ирландия), Ҳолли Вебб (Англия), Жаклин Вудсон (ИМА), Русе Лагеркранс (Шветсия), Чарлз де Линт (Канада), Свен Нурдквист (Шветсия), Ури Орлев (Исроил), Мария Парр (Норвегия), Филип Пулман (Англия), Улф Старк (Шветсия), Нахоко Уэхаси (Ҷопон), Тод Штрассер (ИМА), Ҷоан Кэтлин Роулинг (Англия), Ҷек Лондон (ИМА), Эрнест Сетон-Томпсон (Канада), Эрнест Ҳемингуэй (ИМА), Марк Твен (ИМА), Габриэл Гарсиа Маркес (Колумбия), Ҷоэл Ҳаррис (ИМА), Кадоно Эйко (Ҷопон), Ло Ин (Чин), Чжан Юантсзе (Чин),  Маҳдӣ Озари Яздӣ (Эрон), Муҳаммад Аслонӣ (Эрон), Хусрави Бобохонӣ (Эрон), Шукӯҳи Қосимниё (Эрон), Калаҳари Фиребо (Эрон), Кришан Чандар (Ҳиндустон), Бкишам Сахни (Ҳиндустон), Рамврикша Бенипури (Ҳиндустон), Файз Аҳмади Файз (Покистон), Алӣ Сардор Ҷафри (Ҳиндустон), Нақиб Маҳфуз (Миср), Иброҳим ал-Куни (Либия) ва дигарон.
 
5. Тавсия барои гурӯҳҳои дигар:
- осори насрӣ ва аз бар кардани на кам аз 500 байт аз эҷодиёти адибони ҷаҳон. Аз ҷумла:
- адабиёти рус дар бахши назм, наср ва драма - Александр Пушкин, Михаил Лермонтов; дар бахши масал - Иван  Крилов, дар бахши назм, наср ва драма - Александр Грибоедов, Иван Бунин, Борис Пастернак, Александр Островский, Николай Гогол, Иван Тургенев, Фёдор Достоевский, Лев Толстой, Антон Чехов, Максим Горкий, Михаил Булгаков, Александр Блок, Владимир Маяковский, Анна Ахматова, Марина Светаева, Сергей Есенин, Андрей Платонов, Владимир Набоков, Иосиф Бродский, Михаил Шолохов, Александр Солженитсин, Василий Шукшин, Валентин Распутин, Андрей Волос ва дигарон;
- адабиёти Украина, Беларус ва назди Балтика дар бахши назм, наср ва драма - Максим Танк, Эдуардас Межелайтис, Янка Купала, Тарас Шевченко, Леся Украинка, Якуб Колас, Юстинас Мартсинкявичюс, Олес Гончар, Йонас Авижюс, Юрий Ритхэу ва дигарон;
- адабиёти Осиёи Марказӣ (ӯзбек, туркман, қазоқ, қирғиз) дар бахши назму наср ва драма - Абай, Алишер Навоӣ, Машраб, Увайсӣ, Нодира, Фурқат, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Ғафур Ғулом, Эркин Воҳидов, Олжас Сулаймонов, Абдулло Орипов, Абдулло Қодирӣ, Мухтор Авезов, Чингиз Айтматов ва дигарон;
- адабиёти Қафқоз дар бахши назму наср ва драма - Шота Руставели, «Довуди Сосунӣ», Мирзо Фатҳалӣ Охундов, Хачатур Абовян, Аветик Исаакян, Расул Ғамзатов, Отар Чиладзе, Самад Вурғун, Нодар Думбадзе, Грант Матевосян ва дигарон;
- адабиёти кишварҳои Амрико ва Канада дар бахши назм, наср ва драма - Филип Френо (ИМА), Генри Уодсворт Лонгфелло (ИМА), Уолт Уитмен (ИМА), Вашингтон Ирвинг (ИМА), Ҷеймс Фенимор Купер (ИМА), Эдгар Аллан По (ИМА), Марк Твен (ИМА), Теодор Драйзер (ИМА), Ҷек Лондон (ИМА), Фрэнсис Скотт Фитсҷералд (ИМА), Вилям Фолкнер (ИМА), Эрнест Ҳемингуэй (ИМА), Ҷон Стейнбек (ИМА), Маргарет Митчелл (ИМА), Грэм Грин (ИМА), Джером Сэлинджер (ИМА), Рэй Брэдбери (ИМА), Курт Воннегут (ИМА), Харпер Ли (ИМА), Эдгар Лоуренс Доктороу (ИМА) Кормак Маккарти (ИМА), Кен Кизи (ИМА), Стивен Кинг (ИМА), Ҷонатан Франзен (ИМА), Маргарет Этвуд (Канада), Элис Манро (Канада) ва дигарон.
- адабиёти Амрикои Лотинӣ дар бахши назм, наср ва драма - Габриэла Мистрал (Чили), Пабло Неруда (Чили), Жоржи Амаду (Бразилия), Габриэл Гарсиа Маркес (Колумбия), Хорхе Луис Борхес (Аргентина), Мигел Астуриас (Гватемала), Марио Варгас Лйоса (Перу), Хулио Кортасар (Аргентина), Карлос Фуэнтес, Хуан Рулфо (Мексика) ва дигарон;
- адабиёти кишварҳои Аврупо дар бахши назм, наср ва драма - Ҳомер, Софокл, Эсхил, Аристофан (Юнони қадим), Апулей (Рими бостон), Данте (Италия), Федерико Гарсиа Лорка (Испания), Ҷованни Боккаччо (Италия), Ҷеймс Ҷойс (Ирландия), Вилям Шекспир (Англия), Лессинг, Гердер, Шиллер, Иоганн Волфганг фон Гёте (Олмон), Виктор Гюго (Франсия), Ромен Роллан (Франсия), Франсуа Рабле (Франсия), Жан Расин, Молйер, Лафонтен, Волтер, Монтескё, Жан-Жак Руссо, Бомарше (Франсия), Калдерон (Испания), Голдони, Готси (Италия), Мигел Сервантес (Испания), Даниел Дефо (Англия), Валтер Скотт (Шотландия), Фредерик Стендал (Франсия), Ҷорҷ Байрон (Англия), Оноре де Балзак (Франсия), Александр Дюма (Франсия), Жорж Санд (Франсия), Ҳанс Кристиан Андерсен (Дания), Вилям Теккерей (Англия), Чарлз Диккенс (Англия), Гюстав Флобер (Франсия), Жюл Верн (Франсия), Эмил Золя (Франсия), Анатол Франс (Франсия), Ги де Мопассан (Франсия), Ҷорҷ Бернард Шоу (Англия), Артур Конан Дойл (Англия), Этел Лилиан Войнич (Англия), Редярд Киплинг (Англия), Марсел Пруст (Франсия), Вирҷиния Вулф (Англия), Франс Кафка (Австрия), Грэм Грин (Англия), Жан-Пол Сартр (Франсия), Албер Камю (Франсия), Дэвид Митчелл (Англия), Ҷоан Роулинг (Англия), Генрик Ибсен (Норвегия), Шарлотта Бронте (Англия), Эмили Бронте (Англия), Генрик Сенкевич (Литва-Лаҳистон), Морис Метерлинк (Нидерланд), Бернард Шоу (Англия), Томас Манн (Олмон), Герман Гессе (Олмон), Сэмюэл Беккет (Ирландия), Шарл де Костер (Белгия), Ярослав Гашек (Чехия), Уилям Голдинг (Англия), Кнут Гамсун (Норвегия), Лион Фейхтвангер (Олмон), Алберто Моравиа (Италия), Люис Кэрролл (Англия), Рафаэлло Ҷованолли (Италия), Болеслав Прус (Лаҳистон), Генрих Гейне (Олмон), Бертолт Брехт (Олмон), Томас Манн (Олмон), Герман Гессе (Олмон), Сомерсет Моэм (Англия), Ярослав Гашек (Чехия), Кадзуо Исигуро (Япония-Англия), Меша Селимович (Сербия-Босния ва Герсеговина), Жозе Сарамаго (Португалия), Олдос Хаксли (Англия), Эрих Мария Ремарк (Олмон), Эрнст Теодор Амадей Гофман (Олмон), Антуан де Сент-Экзюпери (Франсия), Ҷорҷ Оруэлл (Англия) ва дигарон;
- адибони Эрону Афғонистон, Ҳиндустон ва Покистон дар бахши назм, наср ва драма - Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ (Покистон), Маликушшуаро Баҳор (Эрон), Нимо Юшиҷ (Эрон), Эраҷ Мирзо (Эрон), Парвини Эътисомӣ (Эрон), Халилуллоҳи Халилӣ (Афғонистон), Зиё Қоризода (Афғонистон), Аҳмади Шомлу (Эрон), Суҳроби Сипеҳрӣ (Эрон), Нодири Нодирпур (Эрон), Бориқ Шафеӣ (Афғонистон), Фурӯғи Фаррухзод (Эрон), Нусрати Раҳмонӣ (Эрон), Восифи Бохтарӣ (Афғонистон), дар бахши наср — Муртазо Мушфиқ Козимӣ (Эрон), Содиқ Ҳидоят (Эрон), Бузург Алавӣ (Эрон), Симин Донишвар (Эрон), Ҳушанг Гулширӣ (Эрон), Маҳмуди Давлатободӣ (Эрон), Аббос Маъруфӣ (Эрон), Робиндранат Такур (Ҳиндустон), Прем Чанд (Ҳиндустон), Урҳон Помук (Туркия), Азиз Несин (Туркия) ва дигарон;
- адабиёти Осиё ва кишварҳои арабӣ дар бахши назм, наср ва драма - Рюноскэ Акутагава (Япония), Кобо Абэ (Япония), Лу Син (Чин), Мо Ян (Чин), Ҷуброн Халил Ҷуброн (Лубнон), Нақиб Маҳфуз (Ҷумҳурии Мисри Араб), Азиз Несин (Туркия), Иброҳим ал-Куни (Лубнон), Маҳмуд Саид (Ироқ), Муҳаммад Зифзоф (Марокаш) ва дигарон.



Замимаи 1
ба амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 январи соли 2024, № АП-481
НИЗОМНОМАИ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат»
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» (минбаъд – Озмун) таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор карда мешавад.
2. Озмун бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо тақсимот ба ду гурӯҳ дар алоҳидагӣ – муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шакли нав (литсейҳо, гимназияҳо ва муассисаҳои таълимии президентӣ ва хусусӣ), хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ (бакалаврон ва магистрон), ходимони илмӣ (ба истиснои докторони илм, профессорон, узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ), аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, докторантҳо аз рӯйи ихтисос ва докторантони ҳабилитат, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, муҳандисон, конструкторон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун баргузор мегардад.
3. Озмун аз рӯйи ҳафт номинатсия гузаронида мешавад:
- математика (арифметика, алгебра, геометрия);
- физика ва астрономия;
- химия;
- биология (ботаника, зоология, анатомия);
- география;
- технологияи иттилоотӣ;
- ихтироъкорӣ ва навоварӣ.
 
2. САРПАРАСТ ВА МАСЪУЛОНИ ОЗМУН
4. Сарпарасти Озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
5. Масъулони баргузории Озмун Академияи миллии илмҳо, вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ ва Саридораи геология мебошанд.
6. Кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва нашрияҳои давлатӣ дар тарғиб, ҷалб ва ҷараёни баргузории Озмун иштирок мекунанд.
7. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани даврҳои якум, дуюм ва сеюми Озмун масъул буда, ғолибон, омӯзгорон ва волидайни онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд мегардонанд.  
8. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, раёсат, шуъба ва бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оила ва дар муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ роҳбарони онҳо масъули ташкил ва баргузории Озмун мебошанд.
 
3. КОМИССИЯИ ОЗМУН
9. Барои гузаронидани Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» комиссияи ҷумҳуриявӣ (минбаъд – комиссияи Озмун) таъсис дода мешавад, ки ҳайати он бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегардад.
10. Ваколати комиссияи Озмун:
- таҳияи ҷадвали баргузории Озмун ва назорати он;
- тасдиқи тартиб, талабот ва тавзеҳот оид ба Озмун;
- муайян намудани ҷойи баргузории даври сеюми Озмун дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;
- тасдиқи ҳайати ҳакамон барои даврҳои сеюм ва чоруми Озмун;
- гузаронидани семинарҳои машваратӣ барои ҳайати ҳакамон ва масъулони гузаронидани Озмун дар тамоми даврҳо;
- назорати риояи талабот ва пешниҳоди тавсияҳо ба довталабони Озмун;
- омӯзиш ва тавсияи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшудаи иштирокчиёни Озмун ба даври чорум;
- таъсиси комиссияи аппелятсионӣ;
- баррасии пешниҳодҳои ҳайати ҳакамон ва арзу шикояти довталабон ва иштирокчиён;
- тасдиқ ва эълони натиҷаи хулосаи ҳайати ҳакамони Озмуни даври сеюм ва чорум;
- ҷамъбасти натиҷаи ниҳоӣ ва пешниҳоди он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маълумот ва шиносоӣ.
 
4. ТАРТИБИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУН
11. Озмун аз чор давр иборат буда, моҳҳои апрел-октябр ба таври зайл ташкил ва гузаронида мешавад:
- даври якум – моҳи апрел дар муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои илмӣ ва дигар ташкилотҳо;
- даври дуюм – нимаи дуюми моҳи май дар маркази шаҳр ва ноҳияҳо;
- даври сеюм – нимаи дуюми моҳи сентябр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;
- даври чорум – даври ҷумҳуриявӣ барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври сеюми Озмун моҳи октябр дар муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои таълимии сохтори Вазорати маориф ва илм баргузор мегардад.
12. Протоколи ҳайати ҳакамони даври сеюм ба даври чорум бо имзои раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва раиси ҳакамон ба комиссияи Озмун пешниҳод мешавад.
13. Ҷойи баргузории даврҳои якуму дуюм ва сеюми Озмун дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ аз тарафи роҳбарони онҳо муайян карда мешавад.
14. Масъулияти баргузории даври якум, дуюм ва сеюм ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ вогузор карда мешавад.
15. Ҷараёни баргузории даврҳои якум, дуюм, сеюм ва чоруми Озмун тавассути воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос ва пахш мегарданд. Ҷараёни баргузории даври чорум пурра тавассути телевизионҳои давлатӣ сабт ва намоиш дода мешавад.
16. Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври сеюм барои иштирок дар даври чорум ба комиссияи Озмун то    1-уми октябр муқаррар карда мешавад. Дар ҳар як даври Озмун 6 ғолиб: ҷойҳои якум – 1 нафар, дуюм - 2 нафар ва сеюм - 3 нафар муайян карда мешавад.
17. Миёни роҳбари муассисаи таълимӣ, омӯзгор ва довталаб (дар шахси падару модар ва ё сарпарасти вай) метавонад шартнома ҷиҳати омода намудани довталаб ба имзо расонида шавад.
18. Академияи миллии илмҳо, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио масъули раванди гузаронидани маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони даври чоруми Озмун мебошанд.
 
5. ШАРТҲОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН
19. Дар Озмун шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо ду гурӯҳ дар алоҳидагӣ – муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва муассисаҳои таълимии президентӣ ва хусусӣ), хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ (бакалаврон ва магистрон), ходимони илмӣ (ба истиснои докторони илм, профессорон, узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ), аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, докторантҳо аз рӯйи ихтисос ва докторантони ҳабилитат, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот (ба истиснои докторони илм, профессорон, узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ), муҳандисон, конструкторон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун иштирок карда метавонанд.
20. Шартҳои ташкил ва баргузории Озмун аз ҷониби комиссияи Озмун назорат карда мешавад.
21. Довталаб 10 рӯз пеш аз оғози Озмун санадҳои зеринро бо ариза ба комиссияи Озмун пешниҳод менамояд:
- маълумотномаи ягонаи довталаб (мувофиқи шакли аз ҷониби котиботи Озмун пешниҳодшуда);
- тарҷумаи ҳол (шакли тасдиқшудаи намунаи он аз ҷониби Академияи миллии илмҳо пешниҳод мешавад);
- 4 дона сурати 3х4;
- маълумотнома аз макони зист ё ҷойи таҳсил;
- маълумотнома доир ба ихтисос, патент ва ё шаҳодатномаи муаллифӣ (барои ихтироъкорон ва навоварон).
22. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо комиссияи қабули ҳуҷҷатҳои довталабони Озмунро таъсис дода, як нафарро ба таври ҳатмӣ котиби масъул таъин менамоянд. Котибони масъули комиссияҳои қабул ҳуҷҷатҳои довталабонро санҷида, дар асоси санад онро ба комиссияи ҷумҳуриявӣ пешниҳод мекунанд. Котиби масъули комиссия суроға, рӯз ва ҷойи баргузории Озмунро ба довталабон тавассути воситаҳои ахбори омма ва масъулон эълон менамояд.
23. Ғолибони даври чоруми Озмун, ки сазовори ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва барандаи Шоҳҷоиза гардидаанд, то се сол дар Озмун ва минбаъд дар номинатсияи ғолибомадаашон ҳуқуқи иштирок карданро надоранд.
24. Барои иштирок дар даври чоруми Озмун ба комиссияи Озмун иловатан ҳуҷҷатҳои зерин дар шакли хаттӣ ва электронӣ пешниҳод карда мешаванд:
- маълумоти мухтасар дар бораи довталаб;
- нусхаи патент ва ё шаҳодатномаи муаллифӣ;
- номгӯи дастгоҳ ва таҷҳизоти ихтироъшуда;
- пешниҳодҳои хусусияти навоваридошта;
- протоколи даври сеюми Озмун.
 
6. ТАЛАБОТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ОЗМУН
25. Донишу истеъдоди иштирокчиёни Озмун аз рӯйи донишҳои назариявии донистани қонуну қоидаҳо, теоремаву аксиомаҳо, назарияҳо, дуруст фаҳмонида додани моҳияти ҳодисаҳо ва равандҳои табиат, ҳалли масъалаҳои амалӣ ва корҳои озмоишӣ, инчунин намоиши дастоварди илмӣ ва навовариҳо муайян карда мешавад. Агар иштирокчӣ хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар даврҳои якуму дуюм ва сеюм ба қайд гирифта шуда бошад ва дар даври чорум донишҷӯйи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ шуда бошад, ҳамчун хонанда дар даври чорум иштирок мекунад.
26. Як шахс танҳо дар як номинатсия аз номи як муассиса ё маҳалли зист дар Озмун иштирок карда метавонад.
 
7. МЕЪЁРҲОИ АРЗЁБИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН
27. Вобаста ба номинатсия пешниҳоди супоришҳои Озмун (10 супориш ё саволу масъала) дар шакли зерин сурат мегирад:
- дар математика 40% назариявӣ ва 60% амалӣ;
- дар физика ва астрономия 50% назариявӣ ва 50% амалӣ-озмоишӣ (бо таносуби 80% физика ва 20% астрономия);
- дар химия 40% назариявӣ, 40% хаттӣ-амалӣ ва 20% озмоишӣ;
- дар биология 50% назариявӣ ва 50% амалӣ;
- дар география 50% назариявӣ ва 50% амалӣ;
- дар технологияи информатсионӣ 20% назариявӣ ва 80% амалӣ;
- дар ихтироъкорӣ ва навоварӣ аз рӯйи пешниҳоди ихтироот ва навоварӣ, аз ҷумла дастгоҳу таҷҳизот, техникаву технология, навъу намунаҳои нави зироат, дарахту буттаҳо ва маводи доруворӣ.  
28. Бо мақсади баҳогузорӣ намудан ба дониш, маҳорат ва малакаи довталабон аз ҷониби комиссияи Озмун ҷадвали 100-хола (ба ҳар савол ё супориш то 10 хол) муқаррар карда шуда, ҳайати ҳакамони Озмун ба дараҷаи маҳорат ва истеъдоди довталабон аз рӯйи меъёрҳои зерин баҳо медиҳанд:
- барои ба пуррагӣ ҷавоб додан ба саволҳои назариявӣ, дуруст пешниҳод намудани қонуну қоидаҳо, назарияҳо, теорема ва аксиомаҳо, моҳияти ҳодисаҳои табиат, дуруст ҳал кардани мисолу масъалаҳо, пурра анҷом додани корҳои озмоишӣ то 10 хол, барои ҷавоби аз хуб болотар то 8 хол, барои ҷавоби хуб то 6 хол, барои ҷавоби аз миёна беҳтар то 4 хол, барои ҷавоби миёна то 3 хол, барои ҷавоби заиф то 2 хол гузошта шуда, барои ҷавоби ғайриқаноатбахш хол дода намешавад;
- барои ихтироъкорон то 100 хол ба ихтирооте дода мешавад, ки он бо патент (ё шаҳодатномаи муаллифӣ)-и байналмилалии ташкилотҳои эътирофгардида ва ё ҷумҳурӣ ҳифз шудааст, дар истеҳсолот ҷорӣ гардидааст ё имкони ҷорӣ шуданро дорад, самаранокии иқтисодиаш муайян гардидааст, унсурҳои навоварӣ мавҷуд буда, натиҷаи тиҷоратикунонии он пешниҳод шуда бошад. Баҳои то 80 хол ба ихтирооте дода мешавад, ки дар он хусусиятҳои навоварӣ мавҷуд аст, имкони дар истеҳсолот ҷорӣ шуданро дорад, самаранокии иқтисодиаш муайян гардидааст, вале бо патент тасдиқи худро наёфтааст. То 60 хол барои ихтирооте дода мешавад, ки дар он унсурҳои навоварӣ ҷой доранд, то 50 хол барои сохтани конструксияҳои муайян, ки унсурҳои навоварӣ надоранд, дода мешавад. Барои намунаҳои дастовардҳои аллакай мавҷуда то 30 хол дода мешавад;
- барои иштирок дар даври сеюм ва чорум дар номинатсияи ихтроъкорӣ ва навоварӣ байни донишҷӯён, ходимони илмӣ ва намояндагони касбу кори гуногун дар сурати набудани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба ихтироъ (патент, нахустпатент, патенти авруосиёгии муаллифи ихтироъ) иҷозат дода намешавад;
- саволҳои назариявӣ дар шакли хаттӣ ба иштирочиён пешниҳод карда мешаванд;
- барои ҷавоби пурра додан ба саволи назариявӣ, пешниҳоди алгоритми кори барнома ва сохтани барномае, ки масъалаи додашударо пурра ҳал намояд ва пешниҳоди натиҷаҳои саҳеҳ то 10 хол дода мешавад. Барои ҷавобҳо ба саволҳои назариявӣ, пешниҳоди алгоритми кори барнома ва сохтани барномае, ки масъалаи додашударо ҳал намояд, то 8 хол, барои ҷавобҳо ба саволи назариявӣ, пешниҳоди алгоритми кори барнома ё сохтани барномае, ки масъалаи додашударо ҳал намояд то 6 хол, барои ҷавоб ба саволи назариявӣ, пешниҳоди алгоритми кори барнома ё сохтани барнома то 4 хол, барои ҷавоб танҳо ба саволи назариявӣ то 2 хол дода мешавад;
- холи натиҷавии бадастовардаи иштирокчиён дар асоси ҳисоби қимати миёнаи холи гузоштаи ҳар як узви ҳайати ҳакамон муайян карда мешавад;
- дар сурати аз 70% кам ба даст овардани холҳо дар номинатсия ҷойи якум дода намешавад.
 
8. ҲАЙАТИ ҲАКАМОН
29. Шумора ва ҳайати ҳакамонро комиссияи Озмун муайян мекунад.
30. Ҳайати ҳакамони Озмун дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо корҳои зеринро иҷро мекунанд:  
- тибқи пешниҳоди комиссияи Озмун донишу истеъдоди иштирокчиёнро натиҷагирӣ мекунанд;
- холҳоро муқаррар карда, бо овоздиҳии кушода ғолибро муайян менамоянд;
- натиҷаи Озмун дар протокол дарҷ гардида, бо имзои аъзои ҳакамон тасдиқ карда мешавад.
31. Ба ҳайати ҳакамони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, деҳоту шаҳрак намояндагони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, омӯзгорон, олимону муҳаққиқон ворид мешаванд.
32. Шахсе, ки шогирд ё узви оилаи ӯ дар Озмун иштирок мекунад, ҳуқуқи ба ҳайати ҳакамон шомил гардиданро надорад.
33. Хулосаи ҳайати ҳакамони даври сеюм ва чорум дар комиссияи Озмун баррасӣ ва тасдиқ карда мешавад.
34. Комиссияи Озмун дар ҳолати ҷавобгӯй набудани хулосаи ҳайати ҳакамон ба талаботи Низомномаи мазкур (дар ҳолатҳои истисноӣ ва ё муайян гардидани иштибоҳоти техникӣ) ҳуқуқи бекор кардани онро дорад. Ҳамчунин, дар сурати ба вуҷуд омадани мушкилоте, ки дар Низомномаи мазкур пешбинӣ нашудаанд, комиссияи Озмун ваколати ҳалли онро дорад.
35. Ҳайати ҳакамони даври ниҳоии Озмун бо инобати мутахассисон аз ҳамаи муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии соҳавии кишвар таъин карда мешаванд.
 
9. ТАРТИБИ ПЕШНИҲОД БАРОИ ДАРЁФТИ ШОҲҶОИЗА
36. Барои дарёфти Шоҳҷоиза довталабе роҳ дода мешавад, ки дар даври ҷумҳуриявӣ аз рӯйи номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ ҷойи якумро сазовор гардидааст.
37. Агар барандаи Шоҳҷоиза намоянда аз табақаҳои касбу кори гуногун бошад, бо пешниҳоди комиссияи Озмун бо тартиби муқарраргардида бо мукофоти соҳавӣ сарфароз гардонида мешавад.
 
10. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИИ ОЗМУН
38. Хароҷоти даврҳои якум, дуюм, сеюм, таъмини сафархарҷӣ ва будубоши ҳайати ҳакамон дар ин даврҳои Озмун, хароҷоти вобаста ба сафарбаркунӣ ва будубоши ғолибон ва омӯзгорони онҳо ба даври чоруми Озмун аз ҳисоби буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузории бо қонунгузорӣ манънагардида пардохт карда мешаванд.
39. Ғолибони даврҳои якум, дуюм, сеюми Озмун ва омӯзгорону волидони онҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳо ба таври моддию маънавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.
40. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ғолибони даврҳои якум, дуюм ва сеюми Озмунро бо мукофотҳо сарфароз мегардонанд.
41. Ба ғолибони даври чоруми Озмун ва барандаи Шоҳҷоиза тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоиза ва мукофоти пулӣ дода мешавад.
42. Ҷоиза ва мукофоти пулии ғолибони Озмун ва омӯзгорони онҳо дар маросими тантанавӣ аз ҷониби аъзои комиссияи Озмун ва дигар шахсони расмӣ супорида мешавад.
43. Барои ҳавасмандгардонии ғолибони ҳамаи даврҳои Озмун ва омӯзгорони онҳо, ҷалби сарпарастон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.
44. Иштирокчиёни ҷойҳои 4, 5, 6 даври чоруми Озмун бо нишони «Илм ва инноватсия» ва «Ифтихорнома»-и Академияи миллии илмҳо сарфароз гардонида мешаванд. Шакл, андоза ва тартиби супоридани нишонро Академияи миллии илмҳо таҳия ва тасдиқ менамояд.
45. Падару модароне, ки фарзандони онҳо миёни гурӯҳи донишҷуён ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва муассисаҳои таълимии президентӣ ва хусусӣ), дар даври чорум ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ба даст меоранд, соҳиби нишони «Маърифатпарвар» ва «Ифтихорнома»-и Академияи миллии илмҳо мегарданд.
46. Омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва муассисаҳои таълимии президентӣ ва хусусӣ), ки шогирдони онҳо дар даври чоруми Озмун барандаи Шоҳҷоиза ва сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм мегарданд, бо мукофоти пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.
 
11. ИМТИЁЗҲО
47. Ғолибони даври чорум (ҷойҳои 1, 2, 3) ва барандаи Шоҳҷоиза баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба ихтисоси интихобкардаи худ ба муҳлати се сол бе супоридани имтиҳон ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар ба гурӯҳҳои ройгон қабул карда мешаванд.
48. Иштирокчиёни даври чоруми Озмун (хонандагони синфи 11) дар соли ҷорӣ ба ихтисосҳои фанҳои риёзӣ, дақиқу табиатшиносӣ ва техникӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар бе супоридани имтиҳон ба гурӯҳҳои ройгон қабул карда мешаванд. Тартиби қабули ғолибон ва иштирокчиёни даври чоруми Озмунро Вазорати маориф ва илм тибқи муқаррарот муайян менамояд.
49. Омӯзгороне, ки шогирдонашон дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 мегарданд, соҳиби унвони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» мегарданд.
50. Академияи миллии илмҳо протокол ва санадҳои ғолибони Озмунро дар асоси таҳияи тартиби махсус барои 10 сол нигоҳдорӣ намуда, баъдан ба бойгонӣ месупоранд.
Замимаи 2
ба амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 январи соли 2024, № АП-481
 
Ҳайати комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии 
«Илм – фурӯғи маърифат»:
 
муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) – раиси комиссияи Озмун;
президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – муовини раиси комиссияи Озмун;
вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – муовини раиси комиссияи Озмун;
ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раиси шуъбаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникӣ – котиби комиссияи Озмун.
Аъзои комиссия:
сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;
раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон;
ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ.


Шарҳи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» дар соли 2024
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, мақсади он рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайванди илм бо истеҳсолот, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технологияҳо, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо мебошад.
Баргузории Озмуни мазкур тайи солҳои 2021-2023 нишон дод, ки миёни ҷавонону наврасони кишвар таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бамаротиб зиёд гардида, барои дарёфт ва тарбияи мутахассисони баландихтисоси муҳандисию техникӣ замина гардидааст.
Ҷиҳати ҳавасмандсозӣ ва бештар омода намудани наврасону ҷавонон барои омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ва иштирок дар Озмуни мазкур дар баробари довталабон, инчунин омӯзгорон ва падару модарони хонандагоне, ки дар он ғолиб меоянд аз лиҳози моддӣ ва маънавӣ қадршиносӣ карда мешаванд.
Бо дастури бевоситаи Пешвои миллат соли ҷорӣ низ барои иштирокчиёни Озмун имтиёзи махсус пешбинӣ гардидааст, ки тибқи он довталабони даври чоруми Озмун (хонандагони синфи 11) ба ихтисосҳои фанҳои риёзӣ, дақиқу табиатшиносӣ ва техникии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар бе супоридани имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба гурӯҳҳои ройгон қабул карда мешаванд.
Барои дар сатҳи баланд баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» дар соли 2024 аз ҷониби cарпарасти он – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 085 000 (чор миллиону ҳаштоду панҷ ҳазор) сомонӣ пешбинӣ гардидааст.



Санаи нашр: 02.01.2024 №: 1-2
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив