ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КОРРУПСИЯ.  АЗ ЗАМИНАҲОИ ҲУҚУҚИИ МУҚОВИМАТ ТО ТАДБИРҲОИ АНҶОМШУДА

КОРРУПСИЯ.  АЗ ЗАМИНАҲОИ ҲУҚУҚИИ МУҚОВИМАТ ТО ТАДБИРҲОИ АНҶОМШУДА

10 январ 2024, Чоршанбе
52
0


Агар ба таҳлилҳои илмӣ назар афканем, коррупсия, воқеан, ҳамчун зуҳуроти манфур дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ҳодисаи нав нест. Ин зуҳуроти номатлуб аз давраҳои хеле қадим арзи ҳастӣ дошта, тахмин меравад, ки ҳанӯз дар давраҳои қабилавӣ пайдо шудааст. Раванди ташаккули мафҳуми ҳозираи коррупсия чанд ҳазорсоларо дар бар гирифта, имрӯз ҳам ҳамчун хатари ҷиддӣ ба яке аз масъалаҳои ташвишовар ва муаммои душвори замони муосир табдил гардидааст. Ҳарчанд кишварҳои ҷаҳон муқобили ин зуҳурот пайваста муборизаро ба роҳ монда бошанд ҳам, то ба ҳол ба ягон давлати дунё муяссар нагардидааст, ки коррупсияро ба пуррагӣ решакан намояд.
Дар асноди меъёрии ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалӣ мафҳумҳои гуногуни коррупсия истифода мешаванд. Яке аз мафҳумҳои бештар маъмули коррупсияро Конгресси нуҳуми Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод кардааст, ки он чунин аст: «коррупсия – суиистеъмол  аз ваколатҳои хизматӣ бо мақсади ба даст овардани фоидаи шахсӣ мебошад».
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» (7-уми августи соли 2020) мафҳуми коррупсия ҳамчун кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки аз ҷониби шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда бо истифода аз мақоми хизматии худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахси дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар содир карда мешавад, инчунин ба ин шахс бевосита ё бавосита додани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар ба субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд бо мақсади моил кардан ё мукофотонидани онҳо барои содир намудани чунин ҳаракатҳо ба манфиати шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, шарҳ дода шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ пайваста аз оқибатҳои харобиовари коррупсия ҳушдор дода, онро зуҳуроти номатлубе медонанд, ки ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад. Ба таъкиди Сарвари давлат: “Коррупсия дар ҷомеа ба риоя нашудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон замина фароҳам меорад ва ба пояи ахлоқ зарба мезанад».
Бо ба инобат гирифтани тамоми ҷабҳаҳои зараровари ин зуҳуроти манфур Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлоли давлатӣ хавфи воқеии онро дар таъмини инкишофи минбаъда дарк намуда, мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дод. 
Маҳз иродаи қавии Пешвои муаззами миллат ҳамчун сарчашмаи асосии ташкилу фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва татбиқи амалии муқовимат ба коррупсия дар мамлакат арзёбӣ мегардад. Аз ҷумла, 21-уми июли соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахӯрӣ)» ба тасвиб расида, ҷиҳати амалисозии воқеии муқовимат алайҳи ин зуҳурот 10-уми декабри ҳамон сол Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» қабул карда шуд, ки минбаъд Қонуни мазкур бо ба инобат гирифтани уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав таҳия гардид.
Дар сатҳи байналмилалӣ бошад, соли 2003 ба Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд шомил гардидани кишвари мо аз иқдом ва қадамҳои устувори такмили қонунгузорӣ дар ин самт ба ҳисоб меравад.
Минбаъд бо дарки саривақтии оқибатҳои ногувори хатари ин зуҳуроти номатлуб Тоҷикистон соли 2006 Конвенсияи зидди коррупсияи Созмони Милали Муттаҳидро ба имзо расонда, соли 2008 онро тасдиқ кард ва ҳамчун қисми таркибии низоми қонунгузории кишвар эътироф намуд. 
Таъсис додани Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар сатҳи вилоят, шаҳру ноҳияҳо созмон додани комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсияи назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҳамзамон, дар се маврид таҳия ва амалӣ намудани стратегияҳои муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқан барои солҳои 2008-2012, 2013-2020 ва барои давраи то соли 2030, ки айни замон татбиқи он ҷараён дорад, шаҳодати сиёсати ҳамоҳангшудаи зиддикоррупсионӣ бо ҷалби ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва сохтору мақомоти давлатӣ дар пешгирӣ ва муборизаи дастаҷамъона бо ин зуҳуроти манфӣ маҳсуб ёфта, нишонаи ташаккули маърифати ҳуқуқию фарҳангии сокинони кишвар дар муқовимат ба коррупсия мебошад. 
Дарвоқеъ, сатҳи муқовимат ба коррупсия дар ин ё он кишвар аз сиёсати пешгирифтаи зиддикоррупсионии ҳар як давлат вобастагӣ дорад. Тавре дида мешавад, сиёсати зиддикоррупсионии давлати мо ифодакунандаи иродаи ҳокимият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бо мақсади коҳиш додан ва батадриҷ решакан кардани ин зуҳуроти номатлуб ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ҷамъият ва давлат аз  таҳдидҳои бо коррупсия алоқаманд равона гардидааст.
Қобили зикр аст, ки яке аз дастовардҳои муҳими дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ин бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар ин самт пешгирифта, таъсис додани  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки он ба сифати мақоми махсусгардондашудаи муқовимат ба коррупсия шуруъ аз 10-уми январи соли 2007 фаъолият дорад. Албатта, ин иқдом изҳори мавқеи устувори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муборизаи оштинопазир бо коррупсия ва таҳаммулнопазирии он ба ин зуҳуроти номатлуб маҳсуб ёфта, ин рӯйдод дар таърихи ҳаёти ҳуқуқии кишвар саҳифаи навро боз намуд.
Баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» асосҳои ташкилию ҳуқуқии мақомот ва амалисозии сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон батадриҷ мустаҳкам шуда, ҷиҳати гузоштани заминаҳои ҳуқуқӣ дар самти муқовимат алайҳи он зиёда аз 20 санади меъёрии ҳуқуқии комил қабул гардидааст. 
Амалияи татбиқи санадҳои байналмилалӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таҷрибаи давлатҳои пешқадами дунё аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар шароити имрӯза муқовимат ба коррупсия бояд хусусият ва моҳияти дастаҷамъӣ дошта бошад, зеро танҳо фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти муқовимат ба коррупсия ва паст намудани шиддати он басанда нест. Аз ин рӯ, ҷомеаи шаҳрвандиро низ зарур аст, ки бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар ҳамбастагӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар муқовимат ба коррупсия саҳмгузор бошанд.
Аз ин лиҳоз, аз тарафи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ иқдоми бамаврид ва дурандешонаи Роҳбари давлат маҳсуб меёбад. 
Дар робита ба ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, муассисаву корхонаҳои давлатӣ ва воситаҳои ахбори омма дар амалигардонии пешгирии коррупсия роҳҳои гуногуни он, аз қабили тарғибу ташвиқи зиддикоррупсионӣ, таълиму тарбияи зиддикоррупсионӣ, таҳлили хавфҳои коррупсионӣ, мониторинги зиддикоррупсионӣ, экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, чораҳои назорати давлатии молиявиро васеъ ба роҳ монда, дар ин самт мунтазам корбарӣ менамояд. Зеро ин ниҳод ягона мақомотест, ки ҷиҳати амалигардонии муқовимат ба коррупсия бо ваколати гузарондани назорати давлатии молиявӣ, фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, пешбурди таҳқиқу тафтиш, бахусус пешгирии амалҳои коррупсионӣ, махсус гардонда шудааст.
Зимнан, бояд таъкид кард, ки дар ташкилу баргузор намудани чораҳои пешгирии коррупсия ва муқовимат ба он нақши воситаҳои ахбори омма муҳим арзёбӣ мешавад. Имрӯз аксарияти шаҳрвандон тавассути телевизион, рӯзномаву маҷаллаҳо ва шабакаи интернет иттилои заруриро доир ба ин ё он масъала дастрас менамоянд. Яке аз роҳҳои асосии иттилоотонии ҷомеа ин сомонаҳои интернетӣ ба ҳисоб рафта, маҳз тавассути он шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатӣ таъмин мегардад. Дар баробари ин, сомонаҳои расмии мақомоти давлатӣ барои ба роҳ мондани ҳамкории мутақобила бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва, ба ин васила, паст намудани шиддати коррупсия дар мамлакат заминаи мусоидро фароҳам меоваранд.
Аз ин лиҳоз, ҳамкории мутақобила бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кори муқовимат ба коррупсия бо истифода аз тамоми воситаву усулҳои муосир ба мақсад мувофиқ шумурда мешавад. 
Ҳоло таҳлили нишондиҳандаҳои фаъолияти Агентӣ собит менамояд, ки ин ниҳод аз уҳдаи иҷрои вазифаву масъулияти бар зиммааш вогузоргардида бо сарбаландӣ баромада, дар таъмини амалишавии сиёсати зиддикоррупсионии кишвар ва мустаҳкам намудани пояҳои иқтисодии мамлакат нақши созгор дорад. Кормандони он ҳамчун афсарони шуҷои Ватан бо дастгирӣ аз сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат, шукргузорӣ аз сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ баҳри халқу Ватани хеш содиқона хизмат намуда истодаанд.

Султонзода Сулаймон Саид, 
директори Агентии назорати давлатии 
молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи 
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 10.01.2024 №: 8
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив