ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САЙЁҲӢ. СТРАТЕГИЯИ РУШДИ СОҲА ЧӢ ГУНА ТАТБИҚ МЕШАВАД?

САЙЁҲӢ. СТРАТЕГИЯИ РУШДИ СОҲА ЧӢ ГУНА ТАТБИҚ МЕШАВАД?

10 январ 2024, Чоршанбе
93
0


Дар мамлакат, аллакай, соли шашум аст, ки Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (Стратегия соли 2018 қабул шудааст) мавриди амал қарор дорад. Он чӣ гуна татбиқ мешавад ва кадом паҳлуҳоро дар бар мегирад?

СТРАТЕГИЯ СЕ МАРҲАЛАРО ДАР БАР МЕГИРАД
Тавре Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дод, Стратегия тавассути се давраи миёнамуҳлат: марҳалаи рушди суръатнок (2019-2022), марҳалаи ба анҷом расидани саноатикунонии босуръат (2023-2026) ва марҳалаи ташаккули иқтидорҳо барои рушд дар асоси дониш ва навовариҳо (2027-2030) амалӣ карда мешавад. 
Дар интиҳои соли  2022 марҳалаи дуюми татбиқи Стратегия барои солҳои 2023-2026 аз ҷониби Ҳукумат қабул карда шуд ва аз оғози соли 2023 марҳалаи дуюми амалишавии Стратегия шуруъ гардид. Бисёр рамзист, ки номи марҳала бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки солҳои 2022-2026-ро ҳамчун Солҳои рушди саноат эълон доштанд, мувофиқат карда, дар як ҷараён қарор доранд. 
Дар ин марҳала таваҷҷуҳи асосӣ ба саноатикунонии босуръати бахши сайёҳӣ, таҳкими захираҳои кадрии соҳа, муаррифии захираҳои сайёҳӣ ҳамчун бренди миллӣ, дастгирии иттилоотонии бахши сайёҳӣ, маркетинг ва пешбурди маҳсулоти сайёҳӣ тавассути иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ, ташаккули маҳсулот ва хизматрасониҳои сайёҳӣ дар соҳаҳои афзалиятнок равона шуда, ҷиҳати иҷрои онҳо аз ҷониби ниҳоди дахлдор тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.  
 
ЧӢ ҚАДАР МАБЛАҒ ҶУДО ШУДААСТ ВА ОН БА КУҶО САРФ МЕШАВАД?
Дар нақшаи чорабиниҳо бахшида ба рушди сайёҳӣ тафсилоти маблағгузории соҳа инъикос шудааст. Дар маҷмуъ, барои солҳои 2023-2026-ум 178,6 миллион сомонӣ, аз ҳисоби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 35,6 миллион сомонӣ, шарикони рушд 93,4 миллион сомонӣ ва бахши хусусӣ 49,6 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.  Маблағҳо, асосан, барои амалӣ намудани 6 самти фаъолият пешбинӣ шудаанд, аз ҷумла такмили низоми идоракунии соҳаи сайёҳӣ, саноатикунонии босуръати сайёҳӣ, тақвияти неруи кадрӣ, муаррифии захираҳои сайёҳӣ ҳамчун бренди миллӣ ва таъмини иттилоотонии соҳа, маркетинг ва пешбурди маҳсулоти сайёҳӣ. 
Дар самти саноатикунонии босуръати соҳа ба бунёди истироҳатгоҳҳо ва меҳмонхонаҳои замонавӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, тармиму таҷдид ва бунёди иншооти безарар дар назди кӯлу дарёҳо, обанборҳои зебоманзари кишвар бо назардошти таъмини бехатарии экологӣ, бунёди инфрасохтори сайёҳӣ ва ташкили ҳомстейҳо, сохтмони таваққуфгоҳҳо барои сайёҳон бо фарогирии хӯроки тезтайёр, ташноб, шустушӯйгоҳ, ҷойи истироҳат, ба таври доимӣ таъмин намудани вазъи хуби санитарию эпидемиологӣ ва экологӣ  дар инфрасохтори минтақаҳо ва шоҳроҳҳои сайёҳӣ, ташкили хизматрасониҳои муосири сайёҳӣ дар назди минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ, таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба бунёд ва беҳсозии инфрасохтори сайёҳӣ ва пешниҳод ба сармоягузорон мусоидат карда мешавад.
Татбиқи Стратегияи рушди сайёҳӣ ба монанди дигар стратегияву барномаҳои давлатӣ тавассути се сарчашмаи маблағгузорӣ: маблағҳои буҷетӣ, шарикони рушд ва бахши хусусӣ амалӣ шуда, тибқи дурнамо, сайёҳӣ бояд ба яке аз бахшҳои калидии иқтисодиёти мамлакат табдил ёбад. 

ИМКОНИЯТҲОИ ИСТИФОДАНАШУДА ҲАНӮЗ ЗИЁДАНД
Тибқи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сайёҳии экологӣ, табобатӣ ва рекреатсионӣ, таърихию фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор аз самтҳои афзалиятноки соҳаи сайёҳии кишвар муайян шудаанд. Ин аст, ки Тоҷикистон, қабл аз ҳама, бо табиати зебову иқлими хосу мусоиди худ, манзараҳои ҷолиби доманакӯҳҳо, қуллаҳои барфпӯш ва мавзеъҳои ҳифзшудаи табиияш ҷаҳониёнро ҷалб месозад. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28-уми декабри соли 2023 иброз доштанд, ки солҳои 2018-2023 1450 иншооти сайёҳӣ бунёд гардида, соли 2023 шумораи сайёҳон ба як миллиону дусад ҳазор нафар расид. Вале, бино ба таъкиди Сарвари давлат, имкониятҳои барои рушди соҳа истифоданашуда ҳанӯз хеле зиёданд. Дар ҳамин ҳол, тавре аз маълумоти Кумитаи рушди сайёҳӣ бармеояд, ҳиссаи соҳаи сайёҳӣ дар ММД 2,8 фоиз буда, ҳамин нишондиҳанда ба ҳисоби миёна дар кишварҳои пешрафтаи сайёҳӣ 10 фоизро ташкил медиҳад. 
Воқеан ҳам, ҳоло захираҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ба таври зарурӣ ва мувофиқ ба меъёрҳои муосиру байналмилалии сайёҳӣ истифода нагардидаанд. Гарчанд пешравиҳо бесобиқаанд, норасоии кадрҳои ҳирфаӣ, пешниҳоди хизматрасонии босифат ва инфрасохтори мутараққӣ дар минтақаҳои дурдаст аз масъалаҳои ҳалношуда боқӣ мемонанд.  Ин аст, ки мувофиқи Стратегия ислоҳот дар соҳа идома ёфта, саҳми сайёҳӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар солҳои минбаъда ба таври назаррас баланд бардошта мешавад. 

Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 10.01.2024 №: 8
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив