ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КОРКАРДИ ПАРТОВ. ТАҶРИБАИ СУДМАНДЕ, КИ БА НАФЪИ ИҚТИСОД, ТОЗАГӢ ВА СОЛИМИИ ҶОМЕА АСТ

КОРКАРДИ ПАРТОВ. ТАҶРИБАИ СУДМАНДЕ, КИ БА НАФЪИ ИҚТИСОД, ТОЗАГӢ ВА СОЛИМИИ ҶОМЕА АСТ

19 январ 2024, Ҷумъа
41
0

 
Маълум аст, ки партовҳои маишӣ яке аз омилҳои асосии ифлосшавии муҳити зист ба шумор мераванд. Вале, агар нисбат ба ин масъала инсонҳо муносибати дурусту танзимшударо ба роҳ монанд, мешавад ҳар навъ хатару зиёни он ба саломатӣ ва тозагии муҳити зистро пешгирӣ кард. Ҳатто, мумкин аст, мисли бархе кишварҳои пешрафта партовҳоро коркард ва аз он суди иқтисодӣ низ ба даст овард.

Мутассифона, дар аксар ҳолат мо роҳи нест кардани партовҳоро дар сӯзондани он мебинем, ки ин амал таъсири манфии партовҳоро ба муҳити зист ва атмосфера дучанд месозад. Ин ҳолатро метавон дар ҳар гӯшае, ҳатто дар давру бари пойтахти гулгулшукуфони Ватани азиз – шаҳри Душанбе мушоҳида кард, ки бисёр нороҳаткунанда аст. Ин дар ҳолест, ки дар фазои кушод сӯхтани партовҳои маишӣ ва баргҳои хазоншуда ҳам муҳити зистро ғуборолуд мекунад ва ҳам ба саломатии одамон зарар мерасонад. Агар ин иддаои худро бо мисолҳо рақам заданӣ бошем, метавон даҳҳо мисол овард. Аммо, бо назардошти он ки аксарият сӯзодани партовҳоро ба чашми худ дидаанд, ниёзе ба далел нест ва беҳтар аст дар мавриди суду зиёни ин амал назари мутахассисони соҳаро дониста бошем. 
Вобаста ба таъсири сӯзондани партов ба муҳити зист Муҳаммадшариф Буттаев, мудири кафедраи экологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар суҳбат бо мо зикр намуд, ки партовгоҳҳо яке аз маконҳои асосии моддаҳои сахттаъсири зараровар мебошанд. Ҳатто, баргҳои дарахтон ва алафҳо миқдори зиёди моддаҳои заҳролуд, аз қабили металлҳои вазнин, махсусан симоб ва сурб, доранд. Якҷоя бо дуд ва гази карбон, ки ба саломатии мо низ зарар мерасонад, пайвастагиҳои сурб, ба шуш ворид гардида, нафаскаширо мушкил мекунад. Ҳамзамон, чунин моддаҳои заҳролуд, метавонанд бемории саратонро ба вуҷуд оранд. 
Хавфи дигар дар он аст, ки ҳангоми сӯзиши партов дуде аз моддаҳои заҳролуд ба вуҷуд меояд, ки боиси тунук ва сӯрох шудани пардаи озонӣ мегардад.  
Ба назари коршиносон, ҳангоми сӯзондани партовҳо ва хазонҳо қабати болоии он сӯхта, қабати миёна ва поёнии он пурра намесӯзад. Дар натиҷа моддаҳои хатарнокро ба муҳит ихроҷ менамояд. Таркиби ин партовҳо аз пайвастагиҳои сурб, симоб, формалдегид, бензопирен ва дигар моддаҳои зиёновар иборат мебошад. Ин моддаҳо барои авҷ гирифтани бемориҳои роҳҳои нафас, аз ҷумла саратони шуш, астма ва аллергия боис мегардад, ки табобати онҳо кори саҳл нест. Ҳангоми сӯзондани як тонна хазон тақрибан 30 килограмм моддаҳои хатарнок ба ҳавои атмосфера буғ мешаванд.
Оқибатҳои манфии партовҳоро ба назар гирифта, кишварҳои мутараққӣ баҳри ҳифзи саломатии шаҳрвандон ва рушди иқтисоди маҳаллӣ коркарди дубораи партовҳоро ба роҳ монданд. Таҷриба собит намудааст, ки коркарди такрорӣ як таҷрибаи муҳим дар саросари ҷаҳон буда, ба кам кардани миқдори партовҳо ёрӣ мекунад. Чунин таҷрибаро мо дар Олмон мебинем, ки беш аз 60 дарсади партовҳо дубора коркард мешаванд. Шаҳрвандони ин кишвар барои коркарди дубораи партов тавассути барномаҳои махсуси давлатӣ бо роҳи молиявӣ ҳавасманд мешаванд. Дар самти коркарди партовҳо Швейтсария, Австрия ва Ҷумҳурии Корея низ пешсафанд.  
Ин дар ҳолест, ки ба андешаи коршиносони соҳа коркарди такрорӣ як таҷрибаи муҳими ҳифзи муҳити зист ва кам кардани миқдори партовҳо ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, истифодаи такрорӣ метавонад ба иқтисодиёт фоидаи зиёд оварад. Ин раванд ба таъсиси ҷойҳои корӣ ва ҳавасмандгардонии иқтисоди маҳаллӣ мусоидат мекунад. Илова бар ин, истифодаи дубора метавонад хароҷоти истеҳсоли маҳсулоти навро коҳиш диҳад, зеро раванди такрорӣ нисбат ба раванди истеҳсоли маҳсулоти нав захираҳои камтарро сарф мекунад.
Пас, замоне фаро расид, ки дар кишвари мо низ аз чунин таҷриба истифода шавад. Партовҳоро насӯзонем, балки коркарди онро ба роҳ монда, тозагии муҳити зист ва солимии хешро нигоҳ дорем. 

Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 19.01.2024 №: 14
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив