ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОМИ ШАНБЕ

ШОМИ ШАНБЕ

26 январ 2024, Ҷумъа
42
0
 
ДАСТИ УМЕД
Пас аз ташхиси Ҷулия Армас дар ҳафтаи 21-уми ҳомиладорӣ маълум гашт, ки тифли дар батнашбуда мубталои бемории spina bifida – нуқси модарзодии сутунмуҳра аст ва ҳатман бояд ҷарроҳӣ шавад. 
Ҷарроҳи маркази тиббии назди Донишгоҳи Вандербилт дар Нэшвилл Ҷозеф Брюнер масъулияти гузарондани ҷарроҳии мураккабро ба зимма гирифт. Духтур Ҷулияро чоки қайсарӣ карда, бачадонро аз ковокии шикам берун меорад ва  тифлро ҷарроҳӣ менамояд. Вақте ҷарроҳӣ поён меёфт, воқеаи аҷибе рух медиҳад, аз ҷойи чокшуда нохост дастчаи комилан шаклгирифта берун омада, ангушти духтурро сахт медорад. Ҷарроҳи ҳайратзада лол мемонад. Ин лаҳзаи нодирро суратгир Майкл Клэнси акс бардошта, онро «Дасти умед» ном гузошт. Тифли ҳанӯз таваллуднашуда гӯё ба духтур арзи сипос мекунад, ки наҷоташ дод. Хушбахтона, писарак дар муҳлати муқаррарӣ солим ба дунё омад.
Таҳияи Лола РИЗОӢ
ПАНДҲОИ ШОҲОНИ СПАРТА
Фурӯши бандиён урёна фармуд,
Харидорон ба колошон давиданд.
Ки аз ин сап-сафеди пӯки тӯшӣ,
Чи суде, ҳеч кореро нашоянд.
Бар ишон гуфт он гаҳ Огиселай:
- Ки неку чашм бикшоед, мардум:
Ҳамин мол аст к-аз баҳраш тапидед,
Ва ин танҳо, ки кӯфтишон ба саргум.
* * *
З-он, ки фурӯшиш ба банди касон,
Беҳ, ки парастиш кунӣ озоди ҷон.
                        * * *
Сангин буваду сахт гарон одамро,
Дурандешӣ ва ҳамзамон раҳми расо.
                        * * *
Зиндагӣ бо дӯстон ҳамранг дошт,
Дур буд аз мастию пурхорагӣ.
Хобро ӯ кай ҷаноби хеш дошт,
Гарму сардаш буд яксонворагӣ.
Ҳеч кас чун ӯ набудӣ судёб,
Аз хушиҳои тамоми фаслҳо.
Лек худро ҳеҷ побаста накард,
То хушӣ печад ба доми васлҳо.
Аз китоби “Суҳбати гирди хон”-и Плутарк,
мутафаккири Юнони Қадим, ба назм кашида шуд.
Зиё АБДУЛЛО
АНДАРЗҲОИ ФРИДРИХ НИТСШЕ
Пешаи касб сутунмуҳраи зиндагист. 
* * * 
Мо фақат дар оғӯши табиат худро озоду хушҳол ва сабук ҳис мекунем, чунки табиат коре ба неку бади мо надорад ва дар бораи мо қазоват намекунад. 
* * * 
Дороӣ одамро на озоду соҳибихтиёр, балки бандаю гирифтор месозад. 
* * * 
Оқибати корҳои анҷомдодаи мо рӯзе аз гиребонамон мегирад ва барояш тамоман фарқ надорад, ки мо дар ин муддат ислоҳ шудаем ё на.
Гирдоваранда Кароматулло АТО
“НИГОРАҲОИ МАШҲУР АЗ ОСОРХОНАҲОИ ҶАҲОН” 
МЕТЕОРИТИ БЕНДЕГО
Метеорити Бендего дувумин метеорити бузурги ҷаҳон буда, аз соли 1888 дар Осорхонаи миллии Бразилия, дар шаҳри Рио-де-Жанейро, ба намоиш гузошта шудааст. 
Он дар иёлати Баияи ҳамин давлат, дар фермае, ки наздикии шаҳри ҳозираи Монте-Санто аст, аз ҷониби писарбачае бо номи Домингос соли 1784 ёфт шуд. Хабари он зуд паҳн шуда, губернатори вақти Бразилия Родригес Менезес интиқолашро ба марказ ташкил кард. Бо сабаби вазнин будан метеорит аз болои теппа ба ҷои хушкидаи дарё, 180 метр аз ҷойи ёфтшуданаш дуртар ғелида рафта, то соли 1888 дар ҳамон ҷо монд. Вазнаш 5360 кг мебошад. Он, ҳатто, аз сӯхтори осорхона дар соли 2018 бе ягон осеби ҷиддӣ наҷот ёфт.
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ
БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
СТАЛЛОНЕ ДӮСТАШРО ФУРӮХТААСТ?
Силвестр Сталлоне ҳам, ба қавле, аз осмон наомадааст. То даст ёфтан ба шуҳрат ба амалҳое даст задааст, ки, ҳатто, ҳайратоваранд. Барои мисол, замони ба навор гирифтани филми "Рокки" чун бо кисаи тамоман холӣ мемонад, аз ноилоҷӣ дӯсти вафодораш бо лақаби Буткусро бо нархи 40 доллар мефурӯшад. Бовар нокарданист, вале чун машҳур мешавад, сагчаашро кофта, меёбад ва барои баргардондани он ба соҳиби наваш 15 ҳазор доллар пешниҳод мекунад. 
Таҳияи С. РАҲМОНЗОДА
СИИНО  ЗЕБОСАНАМИ ҶОПОН 
Зодаи шаҳри Тернополи Украина Каролин Сиино ғолиби озмуни "Зебосанами Ҷопон-2024" дониста шуд. Вай на танҳо аввалин иштирокчии озмун аст, ки берун аз Ҷопон таваллуд шудааст, балки калонсолтарини он низ ҳаст. Каролин 26 сол дорад.
ВВС хабар медиҳад, ки ҳангоми гирифтани тоҷ Каролин бо забони ҷопонӣ гуфт: “Аз лаҳзае, ки номамро шунидам, гиряро бас накардаам. Вақте маро ба ҳайси як ҷопонӣ қабул накарданд, маҷбур шудам, монеаҳои зиёдро паси сар созам”.
Каролина соли 1998 дар Тернопол, дар оилаи маъмули украинӣ таваллуд шудааст. Баъдан, модараш бо як марди ҷопонӣ издивоҷ карда, онҳо ба Нагоя кӯчиданд. Он вақт духтарак панҷсола буд. 
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
«ОСКАР» ДАСТОВАРДИ БЕНАЗИРИ ФИЛМИ ПИТЕР ҶЕКСОН  
Филми «Шоҳангуштарӣ: Бозгашти шоҳ» (соли 2003, англ. The Lord of the Rings: The Return of the King,)-и коргардони маъруф Питер Ҷексонро, ки дар он, аз ҷумла Элайджа Вуд, Вигго Мортенсен, Шон Эстин, Кейт Бланшетт, Лив Тайлер, Ҳуго Уивинг, Орландо Блум, Шон Бин, Энди Сёркис, Доминик Монаган, Билли Бойд нақшҳои марказиро иҷро кардаанд, коршиносони соҳа дар таърихи синамо аз беҳтарин филмҳои тамоми давру замонҳо эътироф менамоянд.   
Соли 2004 шоҳкории Питер Ҷексон барои дарёфти Ҷоизаи Академияи санъат ва илми синамои ИМА «Оскар» дар ёздаҳ номинатсия пешниҳод гардида, дар ҳамааш пирӯз омад, ки дастоварди беназир аст. Зеро то ҳанӯз филме, ҳатто, онро такрор накардааст. Филмҳои «Бен-Ҳур» (соли 1959) ва «Титаник» (1997) низ ёздаҳтоӣ Ҷоизаи Оскар доранд, вале номинатсияҳои онҳо бештар буд. Яъне, нишондоди сад дар сад танҳо ба филми «Шоҳангуштарӣ: Бозгашти шоҳ» тааллуқ дорад. 
Таҳияи Ш. ШОКИР
САДОҚАТИ САГ
Карина Чикитова зодаи Ёқутистони Россия аст. Дар 3-солагӣ, рӯзе барои дидани падараш саги дӯстдорашро ҳамроҳ гирифта, ба деҳаи ҳамсоя меравад. Роҳ то деҳаи дигар аз миёни анбуҳи ҷангал мегузашт. Вақте Карина ба деҳа меояд, падарашро наёфта, ба ҷустуҷӯи ӯ мебарояд ва бо ҳамин бедарак мешавад. Аз асли воқеа огоҳ шуда, волидайн ба ҷустуҷӯи духтарча мебароянд. Гурӯҳҳои наҷотдиҳанда тамоми ҷангалро мекобанд, аммо бенатиҷа.
Аз байн 10 рӯз мегузарад, ҳама фикр мекунанд, ки духтарча фавтидааст. Вале дар рӯзи 12-ум ба хона баргаштани саг дар дили ҳама умедро аз нав зинда мекунад. Аҷиб ин буд, ки саг баъди бозгашт боз аккосзанон ба тарафи ҷангал мешитобад. Мардум аз қафои ӯ.
Ниҳоят, пас аз тай намудани масофаи зиёд наҷотдиҳандаҳо духтарчаро дар буттазоре меёбанд. Карина хеле лоғар, гуруснаву сармохӯрда буд.
Ба гуфтаи Карина, ӯро маҳз саги вафодораш наҷот додааст. Ин ҷонвари шуҷоъ бо аккоси худ ҳайвонҳои ваҳширо тарсонда,  дувоздаҳ рӯз соҳиби хурдакакашро посбонӣ кардааст.
Таҳияи Лутфияи АБУТОЛИБ
ҲИФЗИ ПИРЯХ – ҲИФЗИ ҲАЁТ
ПИРЯХИ ФОКС
Пиряхи Фокс, ки бо номи "Te Moeka o Tuawa" маъруф аст, пиряхи азими баҳрии муътадил ба ҳисоб меравад ва дар соҳили ғарбии ҷазираи ҷанубии Зеландияи Нав ҷойгир аст. Он дар Боғи миллии Вестланд Тай Поутини воқеъ буда, дарозии умумиаш тақрибан 13 километрро ташкил медиҳад.
Яке аз ҷолибияти пиряхи Фокс ин аст, ки он аз пасттарин пиряхҳо дар ҷаҳон мебошад, зеро он дар баландии 300 метр аз сатҳи баҳр ба охир мерасад. Ин аст, ки пирях ба яке аз ҷойҳои машҳуртарини сайёҳии Зеландияи Нав табдил ёфтааст.
 
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ТАШВИШИ ГУБЕРНАТОР
Дасти губернатори нав Петровро ҳозирон дуру дароз дар чакаи сараш дида, ҳайрон монданд. Сардори идораи роҳсозии вилоят ҷуръат карда, хомӯширо шикаст:
- Ҷаноби губернатор, бачаҳо хавотиранд, ки мабодо туҳфаи хоксоронаашон ба шумо маъқул наомада бошад?
- Не, «Порше» мошини хуб аст, вале дар роҳҳои вилояти мо ғайри «Нива» дигар намудаш озод ҳаракат карда наметавонад. Ман аз туҳфа не, аз он хавотирам, ки аз куҷо асфалт ёфта, барои ин ҷонвар роҳ месозам. Охир баробари дар ҳуҷҷатҳо дидани нархи «Порше» ман, аллакай, пай бурдам, ки дар анборҳои шумо дигар як кило асфалт ҳам намондааст. 
Аз русӣ тарҷимаи Ф. РАҲМОНЗОДА
ДИҚҚАТ!!!  
РУБРИКАИ НАВ
ХАТАРНОКТАРИН  МАВЗЕЪҲОИ САЙЁҲӢ
Саёҳат, бо вуҷуди хотироти хуб, масъулият низ дорад. Дар ҷаҳон маконҳои зебое ҳастанд, ки барои ба он расидан чандин хатарро бояд пушти сар кард. Бо вуҷуди ҳодисаҳои ногуворе, ки ба сари сайёҳҳон меояд, ин маконҳо маҳбубияти худро аз даст намедиҳанд. Зери ин рубрика хатарноктарин мавзеъҳои сайёҳӣ муаррифӣ мешаванд. 
ВОДИИ МАРГ,  Калифорния (ИМА)
Боғи миллии Водии марг мувофиқ ба номаш аст. Он гармтарин ва хушктарин минтақаи ИМА мебошад. Асри ХIХ дар қаламрави он ҳазорон кӯҳканҳо кушта шуданд. Онҳо кӯшиш мекарданд, ки роҳро кӯтоҳ намуда, дар ҷустуҷӯи конҳои тилло аз як ҷо ба ҷои дигар ҳаракат намоянд. Дар асри мо қурбониён камтаранд, аммо Водии марг ҳоло ҳам ҳар сол то 10 нафарро “мекушад”. Баландтарин ҳарорати сабтшуда дар ин ҷо 57,7 дараҷа гармӣ аст. Бе об дар ин ҷо то 14 соат зиндагӣ кардан мумкин асту халос.
Таҳияи Лола РИЗОӢ
РОҲРАВИИ МУЪТАДИЛ  БЕҲТАР АЗ ДАВ
Мутахассисони соҳаи тиб исбот карданд, ки барои қалбро солим нигоҳ доштан, зарур аст, ки дар як ҳафта ҳадди ақал 3 рӯз нимсоатӣ ба машқи бадан машғул шавем.
Олимони соҳаи тиб бар он ақидаанд, ки барои анҷоми «машқи бадан» соатҳои зиёд дар толорҳои варзиш ба тамрин машғул шудан  шарт нест, танҳо роҳгардии муътадил кифоя аст. Танҳо ҳамин тарзи роҳгардӣ барои ҳаракати хун фоидаовар буда, холестероли манфӣ ё зарарнокро дар вуҷуди инсон кам карда, ба ҷойи он холестероли фоидаоварро афзоиш медиҳад. Ҳормон ё ҳуҷайраҳои хушҳолӣ, ки дар натиҷаи роҳгардӣ тавлид меёбанд, ҳолати руҳии инсонро ба низом медароранд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
АГАР ҚАДРИ ВАҚТРО ДОНИСТАН ХОҲЕД... 
Агар шумо қадри умрро донистан хоҳед, аз шабпарак пурсед.
Қадри даҳ солро аз марди 30-солае пурсед, ки дар 20-солагӣ маъюб шудааст. Қадри як солро аз донишҷӯе пурсед, ки аз имтиҳон нагузашт.
Қадри моҳро аз модаре пурсед, ки кӯдакаш дар ҳаштмоҳагӣ таваллуд шуда бошад. Қадри рӯзро аз деҳқоне пурсед, ки ҳосилаш дар зери борони тирамоҳ монда.
Қадри як соатро аз фарзанди ботарбияе пурсед, ки ба хона дер омадааст. 
Қадри панҷ дақиқаро аз мусофире пурсед, ки ба қатора дер монда. Қадри як дақиқаро аз танҳое, ки интизори меҳмон аст, пурсед.
Агар қадри аз даҳ як ҳиссаи дақиқаро донистан хоҳед, аз ронандае пурсед, ки беморро ба беморхона мебарад...
Таҳияи Басона САТТОРЗОДА
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
МАЪНИИ ПОРА
- Падарҷон, пора, яъне чӣ?
- Маънии пораро мефаҳмонам, ба шарте аз кисаи палтои модарат 500 рубл гирифта, ба ман диҳӣ.
- Охир модарам иҷозат намедиҳад, ки пулҳои хонаро барои шароб сарф намоед-ку?
- Ман ба 350 рубл як шиша мехарам, бақияаш дар кисаи ту мемонад. 
- Фаҳмидам, падарҷон, ман розӣ.
- Ҳаминро фаҳмида бошӣ, писарам, маънии пораро ҳам мефаҳмӣ.
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
2024 –  СОЛИ ОЛИМПӢ
ТО КИ БОҚУВВАТ ВА БОАҚЛ ШАВЕМ…
Замони қадим одамон барои кишваркушоӣ зуд-зуд ҷанг мекарданд. Вале юнониҳо чизи дигарро ҳис карданд: бозиҳо на танҳо барои ҷанговари хуб шудан, балки барои дӯстӣ, муоширати миёни ҳам, тамрин ва табодули фарҳангӣ мусоидат мекарданд. Ба ибораи дигар, Олимпиада дар барҳам додани симои душман мусоидат менамуд. Ин барои муоширати халқҳо бо ҳамдигар хеле муҳим аст.
Ҷанбаи дигар низ ҳаст, ки юнониҳои қадим Бозиҳои олимпиро боарзиш медонистанд. Ба ғайр аз арзиши амалӣ (мисли нигоҳ доштани саломатӣ), юнониҳо варзишро ба он хотир дӯст медоштанд, ки ба ташаккули ақл, зебоӣ ва рушд алоқаманд аст. Мегуфтанд, одами фарҳангӣ буда наметавонӣ, агар, ҳадди ақал, ба як навъи варзиш машғул нашавӣ. Миёни юнониён дар робита ба ин, мақоли аҷибе ҳаст. Дар бораи одамони бефарҳанг юнониҳои қадим мегуфтанд: «Не хонда метавонад, не шино карда!».
Таҳияи Умаралӣ САФАРАЛӢ
САНГҲОИ ГИРДИ АЗИМҶУССА  БАРОИ ЧӢ ИСТИФОДА МЕШАВАНД?
Археологҳо дар соҳили дарёи Диквис, дар нимҷазираҳои Никоя ва Канои Коста-Рика, садҳо санги гирди азимҷуссаро пайдо намуданд, ки қутрашон беш аз 2 метр мебошад. 300-тои он, ки беш аз 16 тонна вазн дорад, сангҳои гирд мебошанд. 
Олимон тахмин мекунанд, ки ин сангҳо 500-1000 сол қабл аз мелод пайдо шудаанд. То имрӯз атрофи сангҳо қиссаҳо зиёданд. Баъзеҳо андеша доранд, ки онҳо аз Атлантида боқӣ мондаанд. Барои чӣ истифода шуданашонро то ҳол касе намедонад.
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ
ЧАНД БАОРИ – муъҷизаи муҳандисӣ 
Яке аз калонтарин чоҳҳои ҷаҳон чоҳи Чанд Баори мебошад, ки барои сарфаи об ва муҳофизат аз гармии шадид сохта шуд. Онро шоҳ Чанда, аз сулолаи Никумбҳа, дар асри IX мелод сохтааст. 
Чанд Баори як муъҷизаи меъморие бо 3500 зинапояи комилан симметрӣ мебошад. Маҳз ҳамин геометрияи аҷибаш аст, ки диққати меҳмонони дохилию хориҷиро ба худ ҷалб мекунад. Аммо ёфтани он осон нест. Барои ҳамин, яке аз муъҷизаҳои ниҳонии Ҳиндустон ба шумор меравад. 
Таҳияи Наргис АТОЕВА
СОЗҲОИ МУСИҚӢ
ФОРТЕПИАНО
Фортепиано (итолиёвӣ Fortepiano аз forte – баланд ва рiano – оҳиста, паст), асбоби мусиқии клавишдори торӣ буда, солҳои 1709-1711 аз ҷониби мусиқашиноси итолиёвӣ Бартоломео Кристофори ихтироъ гардидааст. Торҳояш бештар аз 90 қаторовози хроматикӣ ҳосил карда метавонанд.
Диапазонаш васеъ буда, 71/4 октаваро дар бар мегирад. Барои фортепиано бастакорони классик ва муосир, аз ҷумла оҳангсозони тоҷик Шарофиддин Сайфиддинов, 3иёдулло Шаҳидӣ, Дамир Дӯстмуҳаммадов, Яъқуб Сабзанов, Ҷӯрахон Охунов, Миратулло Атоев ва дигарон асар офаридаанд.
Таҳияи Шодмон АБДУРАҲИМ
БОВАР НАМЕКУНЕД, АММО…
Шумо таронаи «Waka Waka»-ро дар иҷрои хонум Шакираи колумбиягӣ ҳатман гӯш кардаед, аммо намедонед, ки ин суруд чӣ гуна эҷод шуд ва ба сарояндааш чӣ қадар даромаду шуҳрат овард.
Суруд 7-уми майи соли 2010 бо ҳамкории оҳангсоз Ҷон Хилл эҷод ва рӯнамоӣ шуд. Шакира онро ба сифати гимни Ҷоми ҷаҳон-2010, ки мизбони он Африқои Ҷанубӣ буд, иҷро кард. Маънои «Waka Waka» «Ин бор дар Африқо!» мебошад.
Аз ҳама аҷиб, таронае бо 3 дақиқаю 30 сония дар шабакаи Ютюб то имрӯз 3,7 миллиард маротиба тамошо дорад. Аз ин шумора бармеояд, ки қариб ними одами кураи Замин навори онро тамошо кардааст.
Шакира барои чунин тамошои бесобиқа аз Ютюб 300 миллион доллари ИМА даромад гирифт.
Фитаи он аз назари фурӯш дар ҷаҳон ба 10 миллион нусха расида, борҳо бо шаҳодатномаи тиллоӣ ва тиллои сафед (платина) қадр гардидааст. Намоҳанги (клип) он бо иштироки ситораҳои барҷастаи футбол Роналдо, Дани Алвес, Пике, Карлос Камени, Месси ва Рафаэл Маркес танҳо дар телефонҳои мобилӣ 300 ҳазор маротиба боргирӣ шуд.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
Санаи нашр: 26.01.2024 №: 19
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив