ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » СУҒД.  ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

СУҒД.  ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

03 апрел 2023, Душанбе
143
0

 
ХАТТИ ОБИ ПОЛИЗӢ ВА ОҒОЗИ  КИШТИ ПУНБАДОНА ДАР НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД
31 март дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Зафаробод ташриф оварда, хатти оби полизиро ифтитоҳ бахшиданд ва аз боғҳои нави интенсивию суперинтенсивӣ дар Кооперативи  боғпарварии “Саховати Куруш” боздид намуданд. Ҳамчунин, дар Кооперативи тиҷоратии “Нур Темур” ба кишти пунбадона оғоз бахшида, аз намоиши тухмиҳои зироати кишоварзӣ боздид ба амал оварданд. 
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, дар мавзеи Заррези Ҷамоати деҳоти ба номи Абдураҳмони Ҷомии ноҳия хатти оби полизиро ба истифода доданд. Иттилоъ дода шуд, ки 2 хатти оби полизӣ аз дарёи Сир то мавзеи заминҳои кишоварзӣ дар масофаи яке 980 метр, дуюмӣ 620 метр бо васлу насби лӯлаҳои полиэтилении қутрашон 355 миллиметра аз ҷониби соҳибкор  бо  харҷи 1,5 миллион сомонӣ сохта, дар ҳар як соат тавассути онҳо 1700 метри мукааб об бароварда мешавад. Аз пойгоҳи хурди барқӣ бо ду дастгоҳи обкашии иқтидори яке 1100 метри мукааб ва дуюмӣ 600 метри мукааб дар як соат аз канали обрасонии "Фарҳод" оби полизӣ кашида, ба мавзеи кишоварзӣ оварда шудааст.
Барои таъмини қувваи барқ ба муҳаррикҳои дастгоҳҳои обкашӣ дар масофаи 800 метр хатти барқ сохта, 2 трансформатори  иқтидорашон 400 киловатта насб гардидааст. Тавассути иншооти нави обрасонӣ 200 гектар заминҳои кишоварзии хоҷагиҳои “Саховати Куруш” ва “Нур Темур” обёрӣ гардида, заминҳои қитъаҳои наздиҳавлигии аҳолии деҳаи Заррез низ, бо оби полизӣ таъмин мешаванд. Соҳибкорону хоҷагидорон бо анҷоми ин тадбир ва иҷрои ҳамвору коркарди замин дар ин минтақа беш аз 200 гектар замини бекорхобида ва азкормондаро ба гардиши кишоварзӣ ворид намудаанд. Дар заминҳои ин минтақа давоми беш аз 30 сол бо сабаби аз кор мондани пойгоҳи обкашии “Меҳнат” зироати кишоварзӣ истеҳсол нашудааст.
Дар заминҳое, ки ба гардиши кишоварзӣ дароварда шудаанд, соли гузашта зироати пахта, ғалла, юнучқа кишт карда, боғҳои нави интенсивӣ бунёд гардиданд ва мавсими соли ҷорӣ кишти баҳорӣ вусъат ёфтааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз қитъаҳои замини Кооперативи тиҷоратии “Нур Темур” ба маъракаи кишти пунбадона оғоз бахшиданд. Хоҷагидорон дар заминҳои ин минтақа дар баробари таъсиси боғҳои интенсивию суперинтенсивӣ, кишту парвариши ғалла, зироати равғандеҳу хӯроки чорво пешбинӣ кардаанд, ки ҳаҷми истеҳсоли пахтаро зиёд намоянд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагидорони ноҳияи Зафаробод дар кишти баҳорӣ барор хостанд. Ба масъулони соҳа, хоҷагидорону мутахассисон дастуру супориш дода шуд, ки кишти зироату сабзавот, полизиҳоро дар муҳлат  ва хушсифат, мутобиқ ба агротехника анҷом диҳанд. Аз ҷумла, дар муҳлати барои обу ҳавои минтақа мутобиқ гузарондани кишти пунбадона яке аз омилҳои асосии ҳосилнокии баланди пахта мебошад.
Бо навсозии дастгоҳу муҳаррикҳои пойгоҳҳои обкашӣ дар хоҷагиҳои ноҳияи Зафаробод ҳаҷми истеҳсоли пахта бояд зиёд карда шавад. Хоҷагидорони ноҳия имконият доранд, ҳосилнокӣ ва ҳаҷми истеҳсоли пахтаро афзун намоянд. Дар иҷрои Барномаи давлатии рушди пахтакорӣ саҳм гузоранд, ки аз ин ҳисоб даромаднокӣ зиёд ва сатҳи зиндагии сокинони ноҳия баланд бардошта мешавад.
Дар ноҳия беш аз 4 ҳазор кооперативу хоҷагиҳои деҳқонӣ ба кишту парвариши пахта машғуланд. Соли ҷорӣ дурнамои кишти пахта дар масоҳати 14 ҳазору 650 гектар муқаррар гардидааст, ки ин аз соли 2022 зиёд аст. Соли гузашта кишоварзони ноҳия дар масоҳати 13 ҳазору 943 гектар пахта кишту парвариш карда, зиёда аз 31 ҳазор тонна ашёи хоми саноатию содиротӣ истеҳсол намуданд.
 Тазаккур бояд дод, ки давоми даҳ соли охир  дар ноҳияи Зафаробод масоҳати кишти пахта қариб 5 ҳазор гектар зиёд, ҳосилнокӣ  аз 2 то 5 сентнер баланд бардошта, ҳаҷми истеҳсоли пахта аз  20  ҳазор  тоннаи  соли  2010-ум 11 ҳазор тонна афзун карда шудааст. Соҳибкорону хоҷагидорони Кооперативи тиҷоратии боғпарварии “Саховати Куруш” дар мавзеи Заррез соли 2022 дар масоҳати 5 гектар боғи интенсивии себу шафтолу бунёд намудаанд. Дар мавсими соли ҷорӣ бо истифодаю ҷорӣ кардани технологияи муосир дар масоҳати 2 гектар бунёди боғи интенсивиро идома дода, дар масоҳати 5 гектар боғи суперинтенсивии себу олуи сиёҳ бунёд менамоянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи суперинтенсивӣ дидан карда, ин иқдоми соҳибкорону мутахассисонро шоиста арзёбӣ намуданд. Мувофиқи технология боғи суперинтенсивӣ бо иштироку тавсияи мутахассисони дохилию хориҷӣ ташкил гардида, ниҳолҳо тибқи реҷаи 80 сантиметр ба 4 метр шинонда шуда, дар масоҳати 5 гектар 16 ҳазор бех ниҳол ҷой гирифтааст.  Дар асоси технология ва талаботи физиологии боғдорӣ дар ин масоҳат 1000 бех ниҳоли модарии себу олу барои гардолудкунии ниҳолҳои боғ ҷойгир карда шудааст.
Мувофиқи лоиҳа, дар боғи суперинтенсивӣ бо истифода аз сутунпояҳои махсуси оҳану бетонӣ конструксияи боғдорӣ сохта шудааст, ки барои дар ҳолати меъёрии вертикалӣ нигоҳ доштани дарахтони боғ зарур аст. Ҳамчунин, болои конструксияи оҳану бетонию симӣ бо масолеҳи тӯри махсус пӯшонда шудааст, ки барои аз нури Офтоби аз ҳарорати 35 дараҷа баланд, аз борони сахту ҷола эмин доштану ҳифзи дарахтони боғ талаботи ниҳолҳои тагпайвандӣ мебошанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ва суҳбат бо соҳибкорону мутахассисон таъкид намуданд, ки дар шароити пешрафти илму технология, бо мақсади афзудани ҳаҷми истеҳсоли меваю ангур ва баланд бардоштани сифату стандарти мева дар ҳар як минтақа ва, умуман, дар кишвар боғу токзори интенсивӣ ва суперинтенсивӣ бояд зиёд карда шавад. 

ОҒОЗИ ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИИ МОҲИПАРВАРӢ
31 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти хоҷагии моҳипарварӣ ифтитоҳи расмӣ бахшиданд.
Ба ҳавзҳои моҳипарварӣ аввалин моҳичаҳо партофта шуданд. Хоҷагиҳои кооперативҳои тиҷоратии “Саховати Куруш” ва “Мир Темур” бо истифода аз мавзеи мутобиқ дар соҳили дарёи Сир ба таъсиси ҳавзҳои моҳипарварӣ иқдом намуданд.
Тибқи лоиҳа, таҷҳизоти ҳавзҳо истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, бо усули шинокунанда сохта шудаанд, яъне бо пасту баланд шудани сатҳи об ин ҳавзҳо барои ҳаёти физиологии моҳӣ мусоидат мекунанд. Шумораи ҳавзҳои моҳипарварӣ 10 адад буда, ба андозаи ҳар яке 5 метр ба 2,5 метр дар канали обрасонии “Фарҳод” насб гардидаанд. Дар марҳилаи аввал дар ин ҳавзҳо 20 ҳазор моҳӣ парвариш меёбад ва тибқи нақшаи тиҷоратии соҳибкорон минбаъд навъу намуд ва миқдори моҳӣ зиёд карда мешавад. Ин нахустин хоҷагии моҳипарварӣ дар ноҳияи Зафаробод буда, Сарвари давлат ба хоҷагидорону соҳибкорон дастуру маслиҳат доданд, ки бо истифода аз шароити мусоиди соҳили Сирдарё ва минтақаҳои шафати иншооти ирригатсионии ноҳия ҳавзҳои моҳипарварӣ ташкил намоянд.
Хоҷагидорону соҳибкорон бо истифода аз имтиёзу сабукиҳои муқарраргардида ба таъсиси хоҷагию ҳавзҳои моҳипарварӣ ҳавасманданд. Сарвари давлат зимни сафарҳои корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба таъсиси хоҷагиҳо ва бунёди ҳавзҳои моҳипарварӣ асос гузоштаанд. Солҳои охир дар вилоят моҳипарварӣ рушд ёфта, то ин давра 33 хоҷагии моҳипарварӣ бо 43222 гектар масоҳати ҳавзҳои моҳипарварӣ амал мекунанд. Истеҳсоли гӯшти моҳӣ давра ба давра зиёд гардида, соли 2022 дар вилоят 894 тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол шудааст. Таъсису ташкили чунин хоҷагию ҳавзҳои моҳипарварӣ ба рушди соҳа, афзудани моҳии саноатӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо гӯшти парҳезии моҳӣ мусоидат менамояд.

МАРКАЗИ САЛОМАТӢ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗӢ ШУД
Дар ҷараёни боздид аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зарафшони деҳоти Ҷомии ноҳияи Зафаробод Маркази саломатиро мавриди истифода қарор доданд.
Корҳои сохтмонӣ ва таъмиру азнавсозӣ дар ин иншооти соҳаи тандурустӣ моҳи октябри соли 2022 оғоз гардида буданд. Пудратчии иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “СМУ-1” мебошад. Бинои маркази саломатӣ якошёна буда, аз 3 толор, 9 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраҳои табибони оилавӣ, муоинаи бемориҳои занона, доругузаронӣ, эмгузаронӣ, таҳлилгоҳу озмоишгоҳ, хатнаи кӯдакон, ташхиси ултрасадо, таваллуд ва баъди таваллуд, иборат мебошад. Баъди таъмиру азнавсозӣ имконият ва шароити ташхису табобат дар маркази саломатӣ бо ворид намудан ва муҷаҳҳаз гардондани таҷҳизоти муосири тиббӣ, ашё, дигар ҷиҳози зарурӣ мувофиқ ба талаботи замон, хубтару беҳтар ба роҳ монда шудааст.
Ба туфайли фаъолияти маркази саломатии деҳаи Зарафшон 9 нафар, аз ҷумла 1 табиб, 6 корманди миёнаи тиб, 1 корманди хурди тиб ва хоҷагидор бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин ҳастанд. Аксари мутахассисони соҳа, ки дар ин маркази саломатӣ фаъолият мекунанд, сокинони ҳамин деҳот мебошанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ба мутахассисони маркази саломатии деҳаи Зарафшон ва ҳам масъулони соҳаи тандурустии вилояту ноҳия дастур доданд, ки дар фаъолияти касбӣ ба сокинон содиқона хизмат намоянд. Аз усулҳои муосиру маъмули ташхису табобати беморон истифода намуда, хизматрасонии тиббиро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.
Қобили тазаккур аст, ки баъди таъмиру азнавсозӣ намуди зоҳирӣ, дохили бино, ҳуҷраҳои ташхису табобат ва дигар намуди хизматрасониҳои тиббии он куллан дигаргун, барҳавою зебо, атрофаш кабудизору гулзор ва дилкашу гуворо гардидааст.

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ХАТТИ ОБИ НӮШОКӢ 
31 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зарафшони ноҳияи Зафаробод хатти оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин мавзеъ бо сохтани чоҳи амудӣ дар чуқурии 150 метр ба воситаи насоси махсуси обкашӣ оби нӯшокӣ бароварда шуда, дар натиҷа беш аз 430 оила, яъне 1800 нафар аҳолии деҳаи Зарафшон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ пайдо намуданд. Ҳамзамон, тавассути хатти оби нӯшокӣ муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустии ин деҳа бо оби хушсифати ошомиданӣ таъмин гардиданд. Бо сохтани хатти оби ошомиданӣ мушкилоти қаблии деҳаи Зарафшони ноҳияи Зафаробод вобаста ба таъмин будан бо оби нӯшокӣ ҳалли худро ёфт.
Дар партави ташаббусҳои наҷиби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва мақомоти маҳаллӣ дар ин деҳа хатти оби нӯшокӣ ба дарозии беш аз 2 километр бунёд гардид ва ба ҳамаи кӯчаю маҳаллаҳои деҳаи Зарафшон хатти об оварда, нуқтаҳои обгирӣ ташкил карда шуданд. Татбиқи як қатор лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба таъмини оби ошомиданӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат шаҳодати ин аст, ки сол ба сол масъалаи таъминоти оби нӯшокӣ ҳалли худро меёбад.
Таъмини сокинони деҳаи мазкур бо оби ошомидании аз ҷиҳати экологӣ тоза самараи Истиқлоли давлатӣ ва амалӣ гардидани дастуру супоришҳои роҳбарияти олии давлату Ҳукумат мебошад. Ин тадбири муҳим боиси хушҳолии хурду бузурги ноҳияи Зафаробод гардида, аҳолии деҳаи Зарафшон ба Сарвари давлат изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.

МУАССИСАИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ДЕҲАИ ЗАРАФШОН
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар деҳаи Зарафшони деҳоти Ҷомии ноҳияи Зафаробод бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3-и ба номи Лоиқ Шералиро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои лоиҳавӣ ва дигар иншооти МТМУ № 3 дар масоҳати 1,5 гектар бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, фармоиши идораи сохтмони асосии вилоят бунёд гардида, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби коргарону мутахассисони ҷамъиятҳои дорои масъулияти муҳдуди “Сохтмони Зафаробод”, “Оламафрӯз 2016”, “Эъҷози ҳунар”, “Сирус” ва “Манзили озод” ба анҷом расонда шудаанд. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои муассиса аз 2 ошёна, 14 синфхона, 4 озмоишгоҳ, ошхона, толори варзиш ва маҷлисгоҳ бо 250 ҷойи нишаст иборат мебошад. Ҳамаи синфхонаҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳо бо лавозимоту таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, барои дар сатҳи баланд гузарондани дарсу машғулиятҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Бинои ин муассисаи таълимӣ дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарҳи муосиру замонавӣ бунёд гардида, дар он дар ду баст 1000 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта мешавад. Дар муассиса 30 омӯзгор ба таълиму тарбияи фарзандон машғул аст. Дар бинои нави муассиса кабинетҳои фаннӣ баҳри дар сатҳи меъёрӣ гузарондани дарсҳо омода карда шудаанд. Аз ҷумла, кабинети фанни дифои ҳарбӣ тибқи ойиннома бо таҷҳизоту аёниятҳо муҷаҳҳаз буда, барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии хонандагон мусоидат мекунад.
Бо мақсади ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба варзишу тарбияи ҷисмонӣ дар муассисаи нав толори замонавии варзиш бунёд шудааст. Хонандагон бо истифода аз ин шароитҳои муосир бо намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла волейболу баскетбол, футзал, тенниси рӯи миз ва ғайра, машғул мешаванд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо синфхонаву кабинетҳои фаннӣ ва ҳамаи шароитҳои фароҳамовардашуда шинос гашта, бо омӯзгорону хонандагони муассиса суҳбати озоду самимӣ намуданд. Сарвари давлат хонандагонро ҳидоят карданд, ки аз шароити мусоиди фароҳамгардида самаранок истифода бурда, дониши хуб омӯзанд ва оянда барои пешрафти ҷомеа хизмати шоиста намоянд ва номбардори Ватан бошанд.
Дар саҳни муассиса як майдончаи замонавии варзиш барои ҷалби хонандагону сокинони деҳа ба футбол бо тарҳи замонавӣ бунёд гардидааст. Дар гирду атрофи он дарахтони мевадиҳандаю ороишӣ ва гулҳои рангоранг шинонда шудааст, ки ба намои бино ҳусни хосса зам мекунад.

КОРГОҲИ ДӮЗАНДАГӢ ВА ҚОЛИНБОФӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зарафшони деҳоти Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Зафаробод коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии дастӣ аз абрешим «Шарифамоҳ»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Коргоҳи навбунёд дар маркази деҳа ҷой гирифта, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Зафар Авулов таъсис дода шудааст. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки коргоҳ бо таҷҳизоту дастгоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии муосир муҷаҳҳаз гашта, барои 20 нафар занону духтарони маҳаллӣ ҷойи нави кор фароҳам оварда шуд.
Коргоҳи дӯзандагии «Шарифамоҳ», асосан, барои дӯхтани либосҳои мактабӣ пешбинӣ гардида, дар асоси дархости мизоҷон либосҳои занона, мардона, варзишӣ, ҳарбӣ ва ғайраро омода месозад.
Ҳамчунин, дар заминаи таваҷҷуҳ ба рушди ҳунарҳои суннатии мардумӣ, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ» дар коргоҳ бо таъмин гардидани дастгоҳҳои қолинбофии дастӣ ин ҳунари суннатӣ ривоҷ дода мешавад. Занону духтарони ҳунарманд тавассути дастгоҳҳо бо усули анъанавӣ қолинҳои абрешимӣ истеҳсол менамоянд. Ин намуди қолинбофӣ дар байни ҳунармандони халқӣ маъмул буда, солҳои охир рушд меёбад.
Иттилоъ дода шуд, ки як самти фаъолияти маркази ҳунармандӣ ба омӯзиши ҳунари қолинбофии дастӣ фаро гирифтани занону духтарони деҳа мебошад. Маҳз бо таъсиси ҳамин коргоҳ дар деҳа шумораи ҳунармандони халқӣ, аз ҷумла қолинбофӣ, аз байни занону духтарони маҳаллӣ зиёд мегардад.
Таъсиси коргоҳи қолинбофӣ ба рушди ин ҳунари анъанавӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарони деҳа ва соҳиби даромад шудани онҳо замина фароҳам месозад. Асоси қолинҳои дастиро нах ва риштаи абрешимӣ ташкил медиҳад. Дар истеҳсоли қолин истифода шудани риштаи абрешимӣ бо нақшу нигори зебои миллӣ асоси сифати қолини дастбоф ва серхаридор гардидани маҳсулот дар бозори беруна аст.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар ба масъалаи эҳёи анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ, таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад.
Бо дастгирӣ ва ғамхории Ҳукумати мамлакат марказҳои ҳунармандӣ, аз ҷумла атласу адрасбофӣ ва қолинбофӣ ташкил гардида, дар самти соҳибкасб шудани занону духтарони бешуғл шароит фароҳам оварда мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чунин иқдому ташаббуси созандаи соҳибкор дар самти рушди саноат ва ҳунармандӣ дар деҳот баҳои баланд дода, фаъолияти ин коргоҳро омили муҳими таъмини занону духтарон бо ҷойи кор ва даромаднокӣ аз ин ҳисоб арзёбӣ намуданд.

КОРХОНАИ КОРКАРДИ ПАХТА ВА ИСТЕҲСОЛИ РАВҒАНИ РУСТАНӢ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар ноҳияи Зафаробод корхонаи коркарди пахта ва истеҳсоли равғани рустаниро дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Кони ганҷ” мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи мазкур дар деҳоти Ҷомии ноҳия ҷойгир буда, дар масоҳати 2, 9 га сохта шудааст. Ин коргоҳ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Абдусамат Норматов бо ворид кардани дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъсису бунёд ёфтааст.
Корхонаи истеҳсолӣ дар партави дастуру супориш ва ҳидоятҳои роҳбарияти олии мамлакат баҳри саҳмгузорӣ дар иҷрои ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат сохта шуда, шаҳодати татбиқи амалии рушди саноати кишвар дар ҳар як шаҳру деҳоти мамлакат бо саҳми соҳибкорони ватанӣ маҳсуб меёбад.
Иқтидори истеҳсолии корхонаи пахта дар як сол коркарди 15 ҳазор тонна пахта буда, дар заминаи корхона истеҳсоли равғани рустанӣ низ, ба роҳ монда шудааст. Бо ин мақсад, дастгоҳу таҷҳизоти муосиру каммасраф аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико вориду васлу насб гардидааст. Дар корхона дар марҳилаи якум пахта ба коркарди аввалия фаро гирифта мешавад. Истифодаи дастгоҳи муосир имкон медиҳад, ки барориши нахи пахта то ба 38 дарсад баробар гардида, 55 фоиз чигит истеҳсол карда шавад.
Соли 2022 Ширкати “Кони ганҷ” 9 ҳазор тонна пахта қабул намуда, онро мавриди коркарди аввалия қарор додааст. Баробари ба кор андохтани коргоҳи равғанбарорӣ чигити истеҳсоли худии корхона пурра истифода ва аз он равғани рустанӣ, намудҳои гуногуни хӯроки чорво истеҳсол карда мешавад.
Соҳибкор тасмим гирифтааст, ки дар марҳилаи минбаъда бо воридсозии дастгоҳҳои муосир истеҳсоли собунро низ, ба роҳ монад. Коргоҳи равғанбарорӣ иқтидори коркарди то 40 тонна чигитро дар як шабонарӯз дошта, равғани истеҳсолгардида дорои сифати баланд мебошад ва ин корхонаи тозабунёд дар таъмини бозори рустанӣ саҳми арзанда мегузорад.
Корхона бо мақсади таъмини талаботи сокинон бо маҳсулоти аз лиҳози табиӣ тоза ва истеҳсоли худӣ ва дорои сифати баланд таъсис дода шуда, дар он, асосан, аз маҳсулоти чигит ва офтобпараст равған истеҳсол карда мешавад.
Маҳсулоти коргоҳро дар бозорҳои ноҳияи Зафаробод ва дигар минтақаҳо ба фурӯш мебароранд. Баробари ба истифода додани коргоҳи мазкур 20 нафар сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардида, ҳамчунин, давоми сол беш аз 50 нафар ба кори мавсимӣ фаро гирифта мешавад.
Корхонаи коркарди пахта ва истеҳсоли равғани рустанӣ дар “Кони ганҷ” дар масофаи 20 км аз маркази ноҳия ҷойгир буда, барои қабулу коркарди пахтаи истеҳсоли хоҷагиҳои ҳудуди ҷамоати шаҳраку деҳоти Меҳнатобод ва Ҷомӣ хело мувофиқ аст.
Аснои шиносоӣ бо маҳсулоти корхона Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки бояд, пеш аз ҳама, ба сифат ва рақобатпазирии ин маводи ғизоӣ диққати зарурӣ дода шавад.
Маҳсулоти кишоварзии ноҳия, чун ғалла, лӯбиёгиҳо, зироати равғандеҳ, анвои гуногуни сабзавот, картошка ва дигар намуди маводи ғизоӣ ба намоиш гузошта шуд.
Лозим ба таъкид аст, ки дар ноҳияи Зафаробод 4700 хоҷагии деҳқониву кооперативи кишоварзӣ мавҷуд буда, давоми соли 2022 маҷмуи маҳсулоти кишоварзии ноҳия наздик ба 732 миллион сомониро ташкил дод, ки мутаносибан ба ҳамин давраи соли 2021 ба 115,2 дарсад  баробар мебошад.
Дар саҳни корхона чорвои хушзоти ширию гӯштӣ, асп, гӯсфанд ва бузҳои зотӣ, ки, асосан, дар ноҳия парвариш меёбанд, муаррифӣ гардиданд.
Сарвари давлат аснои шиносоӣ бо дастовардҳои чорводорон кори хоҷагидоронро мусбат арзёбӣ дошта, ҷиҳати боз ҳам тақвият додани ин соҳаи сердаромад, таъсиси фермаҳои нави чорводорӣ ва фабрикаҳои парандапарварӣ, парвариш ва нигоҳубини чорвои хушзот ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат аз намоиши маҳсули деҳқонони ноҳия, маҳорати кадбонугии бонувон ва намунаҳои ҳунарҳои миллии дастӣ дидан намуданд.
Дар хаймаҳои идона маҳсулоти нониву қаннодӣ, асал, панир, шири Зафаробод, ҳунарҳои мардумӣ чун дӯзандагӣ, сӯзанидӯзӣ, қолинбофӣ, зардӯзӣ, муҳрабофӣ ва амсоли ин, маҳсулоти корхонаҳои хӯрока, равғани рустанӣ ва хӯроки чорво, ки ҳама истеҳсол ва дастранҷи заҳматкашони ноҳия мебошанд, ба намоиш гузошта шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва чорвои хурду калони хушзоти ширдеҳ навъҳои гуногуни панир ва дигар маҳсулоти ширӣ истеҳсол гардида, ба бозори минтақа ба фурӯш бароварда мешавад. Ҳамчунин, дар ноҳия ба рушди ҳунарҳои дастии миллӣ таваҷҷуҳи хосса равона гардидааст ва беш аз 30 намуд ҳунарҳои мардумӣ то кунун побарҷост. 1500 нафар сокини ноҳия ҳамчун ҳунарманд кору фаъолият дошта, касбҳои гуногуни аҷдодиро нигоҳ доштаву ба ояндагон ба мерос мегузоранд. 

ИФТИТОҲИ ҶДММ “ОЗОДА КОСМЕТИКС” ДАР НОҲИЯИ 
БОБОҶОН ҒАФУРОВ
1 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Истиқлоли шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Озода косметикс”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи нави истеҳсолӣ бо саҳми соҳибкорони ватанӣ бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар бунёд гардидааст. Масоҳати умумии корхона 5 гектарро ташкил медиҳад.
Ба Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки хатти нави технологияи муосир барои истеҳсоли собуни хушбӯйи мушкин ва хокаи ҷомашӯйӣ аз Ҳиндустон ворид гардида, васлу насб шудааст.
 Ҷамъияти дорои масъулияти “Озода косметикс” дорои ду хатти истеҳсолӣ буда, тавассути технологияи пешрафта ашёи хом тайёр ва аз он собуни хушбӯйи мушкин ва хокаи либосшӯйӣ истеҳсол мешавад. Дар корхона истеҳсоли 48 намуд собуни хушбӯйи мушкин, зиёда аз 5 намуди собуни хоҷагӣ ва бештар аз 10 навъи хокаи либосшӯйӣ ба роҳ монда шудааст. Маҳсулоти тайёри дар корхона истеҳсолшаванда сифати хуб дошта, дар бозор рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот мебошад.
Корхона иқтидор дорад дар як сол бештар аз 25 ҳазор тонна собуни хушбӯйи мушкин истеҳсол намояд. Дар дохили мамлакат истеҳсол кардани собун ва хокаи либосшӯйӣ, ки, асосан, аз хориҷи кишвар ворид мешавад аҳамияти иқтисодӣ дошта, омили муҳими таъмини бозори дохилӣ аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ мебошад. Дар корхона дар як рӯз 20 тонна хокаи либосшӯйии хушсифат истеҳсол мегардад.
Ҷиҳати таъмини бехатарии маводи шустушӯйӣ ва сифатнокии маҳсулоти истеҳсолшаванда дар дохили корхона ташхисгоҳи муосир ташкил шудааст. Ташхисгоҳ бо таҷҳизоти пешрафтаи санҷишӣ муҷаҳҳаз буда, мутахассисон маҳсулоти дар корхона истеҳсолшавандаро тавассути он санҷида, сифатнокӣ ва бехатариашро дақиқ менамоянд. Баъди гирифтани хулосаи мусбат аз ҷониби мутахассисони ташхисгоҳ барои истифода иҷозат дода мешавад. Собун ва хокаи либсошӯйии истеҳсолшаванда аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, ба саломатии инсон безарар мебошад. Ин яке аз талаботи асосӣ барои рақобатпазирии маҳсулот дониста мешавад. Дар бозори истеъмолӣ маҳсулоте рақобатпазир буда метавонад, ки дорои сифат ва ба саломатӣ безарар бошад.
Дар ҶДММ “Озода косметикс” беш аз 50 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид, ки бештари онҳо бонувонанд. Маҳсулоте, ки дар корхона истеҳсол мешавад дар баробари таъмин намудани талаботи бозори дохилӣ, ҳамзамон, дар оянда содироти он ба хориҷи мамлакат дар назар аст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз раванди истеҳсолот иқдоми пешгирифтаи соҳибкорони маҳаллиро ҷиҳати бунёди корхонаи нави истеҳсолӣ қадами устувор дар самти татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар арзёбӣ карданд ва масъулонро барои афзудани истеҳсоли маҳсулоти хушсифати рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот вазифадор намуданд.
Дар асоси лоиҳа роҳбарияти корхона нақша дорад, ки дар оянда дар доираи Солҳои рушди саноат (солҳои 2022-2026) бо ворид сохтани технологияи пешрафта истеҳсоли моеи зарфшӯйиро ба роҳ монда, ҷойҳои нави кор таъсис диҳад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар корхонаи мазкур аз намоиши маҳсулоти саноатӣ дидан карданд. Дар шароити феълии ҷаҳони муосир бунёд ва муҷаҳҳаз гардондани корхонаҳои нави истеҳсолӣ имконият фароҳам меоранд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш дода шуда, ҷойҳои нави кор таъсис ёбанд ва, ба ин васила, сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ аз ин ҳам беҳтару хубтар гардад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ва суҳбат таваҷҷуҳи масъулони соҳаи саноати вилояти Суғдро ба масъалаи дар оянда бунёд намудани корхонаҳои нави саноатӣ, истифода ва коркарди самараноки ашёи хоми ватанӣ, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигарондашуда ва таъсиси ҷойҳои кории нав ҷалб намуданд.
Шарикии давлат ба бахши хусусӣ, имтиёзҳо, пешниҳоди сабукиҳо, ки бо мақсади рушди соҳаи саноат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибкорони ватанӣ пешбинӣ гардидааст, имкон фароҳам овард, ки дар панҷ соли охир афзоиши номгӯи маҳсулоти саноатии истеҳсоли ватанӣ ба беш аз 40 дарсад расонда шавад.
(Идома аз саҳ. 2)

БА ИСТИФОДА ДОДАНИ МАЙДОНИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ 
ДАР ДЕҲОТИ ОВЧИҚАЛЪАЧАИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ

1 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳа майдони Парчами давлатиро ба истифода доданд.
Баландии сутунпояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 метр, дарозии матоъ 14 ва паҳноиаш 7 метрро ташкил медиҳад.
Сохтмони майдони Парчами давлатӣ дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи январи соли равон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ мутобиқ ба талаботи лоиҳавӣ ба анҷом расонда шудааст.
Майдони Парчами давлатӣ 30 садякро ташкил намуда, дар он барои истироҳату фароғати шаҳрвандон мутобиқ ба талабот шароит фароҳам омадааст.
Сокинони ин деҳоти дурдасти мамлакат бунёду ба истифода додани иншооти нав, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва тадриҷан беҳтаршавии сатҳи зиндагиро ба дастгириву таваҷҷуҳи доимии Роҳбари давлат марбут медонанд.
Дар майдони Парчами давлатӣ гулу буттаҳои ороишӣ шинонда шуда, барои истироҳати шаҳрвандон нишастгоҳҳо насб гардиданд. Фаввораҳо зебоии атрофи иншоотро афзун намудаанд. Барои гаштугузор ва фароғати доимии сокинон равшании маркази деҳот ба инобат гирифта шудааст.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёду ба истифода додани майдони Парчами давлатиро ба самараи Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдату ягонагӣ марбут дониста, масъулони дахлдорро барои ҳамин гуна ободу зебо нигоҳ доштани атрофи муқаддасоти миллӣ вазифадор намуданд.
Ҳамзамон, дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба масофаи 10 километр роҳҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд асфалтпӯш шудааст. 

БИНОИ НАВИ БАХШИ МИНТАҚАВИИ ШУЪБАИ ВКД 
ДАР НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ

Баъди ба истифода додани майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои бахши милитсияи шаҳраки Овчиқалъачаи шуъбаи 2-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба истифода доданд.
Сохтмони иншоот соли 2019 оғоз гардида, дар асоси лоиҳаи муосири шаҳрсозӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба анҷом расидааст.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шароити фароҳамшуда барои кормандони мақомоти милитсия баҳои баланд дода, ҳайати шахсиро ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, саҳм гирифтан дар пешгирии ҷинояткорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва иҷрои дигар уҳдадориҳои касбӣ вазифадор намуданд.
Бинои бахши милитсияи шаҳраки Овчиқалъача дорои 18 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ ва ошхона буда, дар он ба кормандони мақомоти милитсия барои иҷрои уҳдадориҳои касбӣ ва пешрафти фаъолияти хизматӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат кормандони мақомоти милитсияро ба истифодаи пурраи имконияти фароҳамшуда ва иҷрои саривақтии уҳдадориҳо вазифадор карданд.

ИФТИТОҲИ КОРГОҲҲОИ ДӮЗАНДАГӢ, ҚОЛИНБОФӢ ВА КОРКАРДИ МЕВА 
ДАР ДЕҲОТИ ОВЧИҚАЛЪАЧАИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ

1 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров коргоҳҳои дӯзандагӣ, қолинбофӣ ва коркарди меваро мавриди истифодабарӣ қарор доданд.
Дар доираи тадбирҳои ободонӣ бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон деҳоти Овчиқалъача дар як муддати кӯтоҳ бо бунёди иншооти муҳими иҷтимоӣ ва коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ ободу зебо ва сатҳи зиндагии сокинонаш боз ҳам беҳтару хубтар гардонда шуд. 
Бо ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ ва маркази истеҳсолию омӯзишии қолинҳои дастӣ дар деҳоти Овчиқалъача 40 нафар занону духтарони хонашин бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Иншоот ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо саҳми соҳибкори ватанӣ Мадина Каримова бунёд шуда, аз ду ошёна ибора мебошад. Дар ошёнаи якум коргоҳ ва маркази омӯзишию истеҳсоли қолинҳои дастӣ ва попуридӯзӣ бо таъсиси 16 ҷойи корӣ ва дар ошёнаи дуюм бошад, коргоҳи дӯзандагӣ бо таъсиси 24 ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст.
Барои мутобиқсозии сифати маҳсулот ва таъмини пурраи хонандагон бо сарулибоси мактабӣ, корию ҳарбӣ, варзишӣ ва дӯхти либоси миллию аврупоӣ дастгоҳу таҷҳизоти муосир аз хориҷи мамлакат ворид ва насб гардидааст, ки коргарон бо истифода аз чунин шароити мавҷуда сарулибоси корию мактабиро бо нақшу нигори миллӣ ва тарҳи муосир омода ва пешниҳод месозанд.
Корхонаи дӯзандагии «Ёсуман» иқтидор дорад, ки дар як сол беш аз 10 ҳазор адад маҳсулоти дӯзандагиро истеҳсол намояд. 
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароити кории иншоот иқдоми соҳибкори ватаниро ҷиҳати бунёди чунин коргоҳи замонавӣ шоистаи таҳсин хонда, ба масъулон дастур доданд, ки барои бо шуғли доимӣ таъмин намудани занону духтарони деҳаҳои дурдаст чунин коргоҳҳои истеҳсолӣ минбаъд низ, бунёд карда шаванд.    
Дар ин ҷо, ҳамзамон, бо ҷалби мутахассисон нозукиҳои ҳунари қолинбофӣ ва попуридӯзӣ ба занону духтарони деҳоти Овчиқалъача омӯзонда мешавад. Омӯзиши ҳунари дастӣ заҳматталаб бошад ҳам, вале он манфиатовар ва дар бозорҳои дохилию хориҷӣ харидорони зиёд дорад.  Бо дарназардошти ин коргарон баробари аз худ кардани ин ҳунари қадима дар ин коргоҳ, ҳамзамон, метавонанд ҳунари қолинбофии дастиро дар хона низ, идома диҳанд.
Дар ин рӯз дар маркази деҳоти Овчиқалъача бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи коркарди мева низ, ифтитоҳ гардид.  
Шуғли асосии аҳолии деҳоти Овчиқалъача кишоварзӣ буда, сокинонаш бо истифода аз шароити фароҳамгардида заминҳои корами обию лалмиро самаранок истифода мебаранд ва дар бунёди боғу токзорҳои нав таҷрибаи бой доранд.
Дар навбати аввал, дар ин ҷо ду намуд маҳсулот, аз ҷумла тамашк дар шакли муррабо ва хуч дар шакли нӯшоба, истеҳсол мегардад.
Иншоот дар доираи фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ бо ҷалби соҳибкори ватанӣ Шавкат Қаюмов бунёд ёфта, 10 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуд.
Коргоҳи мазкур бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, иқтидори истеҳсолии он дар як моҳ 10 ҳазор қуттии шартӣ нӯшобаи хуч ва 500 қуттии шартӣ мураббо аз маҳсулоти тамашк мебошад.
Дар оянда бо фаро расидани мавсими ҷамъоварии ҳосили қулфинай коркард ва бастубанди он дар коргоҳи мазкур ба роҳ монда мешавад.   
Президенти мамлакат зимни боздид аз раванди фаъолияти хатҳои нави технологӣ ва намунаи маҳсулоти саноатӣ таъкид доштанд, ки бо назардошти мавҷудияти ашёи хом, бунёди чунин коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ сатҳи воридоти ин намуди маҳсулоти тайёрро аз хориҷи мамлакат коҳиш дода, барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.

МАРКАЗИ ТАШХИСИЮ ТАБОБАТИИ “ТИББИ РАВШАН” 
ДАР МАРКАЗИ ДЕҲОТИ ОВЧИҚАЛЪАЧАИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ 
МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

Дар маркази деҳоти Овчиқалъача Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи коргоҳҳои истеҳсолӣ, ҳамзамон, бинои хуштарҳу замонавии маркази ташхисию табобатии “Тибби Равшан”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншоот дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкори ватанӣ, сокини деҳоти Овчиқалъача Алишер Ҳайдаров сохта шуда, аз ду ошёна ва таҳхона иборат мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо, нахуст, бо шароити кории маркази навбунёди тиббӣ, аз ҷумла ҳуҷраҳои корӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти муосир, шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар марказ барои муолиҷаи беморон мутахассисони ботаҷриба ҷалб гардида, хизматрасонии тиббӣ дар сатҳи зарурӣ анҷом дода мешавад.
Бинои маркази ташхисию табобатии “Тибби Равшан” бо тарҳи хеле зебо ва ҷавобгӯи талаботи сохтмонию меъморӣ сохта шуда, дорои 7 ҳуҷраи ташхисию муолиҷавӣ ва 4 ҳуҷра бо 11 кати хоб мебошад, ки ҳамаи онҳо бо мизу курсӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти зарурии ташхисию табобатӣ таъмин мебошанд.
Дар ин маркази навтаъсиси тиббӣ 15 сокини маҳаллӣ бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин шуд.
Дар таҳхонаи бинои маркази навтаъсиси ташхисию табобатӣ ҳуҷраҳои физиотерапевтӣ амал менамоянд, ки бо рахти хоб ва дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ таъмин мебошанд.
Мувофиқи лоиҳа, дар ошёнаи якуми иншоот ҳуҷраҳои ултрасадо, рентгени рақамӣ, асабшиносӣ, ҳуҷраҳо барои табобати бемориҳои амрози даруна, ҳуҷраи дандонпизишкӣ, ташхисгоҳ ва ҳуҷраи табобатии амрозӣ занона ҷойгир буда, дар ошёнаи дуюм барои ба табобат фаро гирифтани сокинон 11 кати хоб бо шароити муосир таъмин гардидааст, ки табибон бо истифода аз дастгоҳу технологияи пешрафта ва муносибати хуб ба сокинон хизматрасонии босифату бенуқсони тиббӣ мерасонанд.
Сокинони деҳоти Овчиқалъача аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вусъати тадбирҳои бузурги ободонӣ дар марказ, инчунин, бунёду ба истифодадиҳии майдони Парчами давлатӣ, бинои муосири тиббӣ, коргоҳҳои истеҳсолӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ, ки барои беҳбуди сатҳи зиндагии мардум нигаронда шудааст, изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

ШИНОСОӢ БО РАВАНДИ БУНЁДИ БОҒУ ТОКЗОР ДАР МИНТАҚАИ РУХАКИ 
НОҲИЯҲОИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ҶАББОР РАСУЛОВ
1 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар минтақаи Рухаки деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хатти оби полизиро ифтитоҳ карданд.
Хатти оби полизӣ, ки масофаи он 1,3 километрро ташкил медиҳад, аз пойгоҳи обкашии ба номи Қоҳиров ба минтақаи Рухаки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оварда шудааст.
Мавриди зикр аст, ки заминҳои минтақаи Рухаки деҳоти Ғозиён бо сабаби набудани оби полизӣ солҳои зиёд аз истифода берун монда буданд. Дар асоси дастуру ҳидояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминҳои мавзеи Рухак марҳила ба марҳила ба гардиши кишоварзӣ ворид мегарданд.
Бино ба маълумоти Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, заминҳои ин мавзеъ зиёда аз 2000 гектарро ташкил медиҳанд. Аз масоҳати умумӣ, бештар аз 1000 гектараш замини корам мебошад.
Бо бунёди хатти нави оби полизӣ ва навсозии пойгоҳҳои амалкунанда, ки тибқи маълумот, солҳои 70-80-уми асри гузашта сохта, ба истифода дода шудаанд, ҳолати обёрии боз 1000 гектар замини корами минтақаи Рухаки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беҳтару хубтар мегардад.
Зимни муаррифии Нақшаи таъминоти оби полизии минтақаи Рухаки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки соли равон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои пойгоҳҳои обкашии ба номи Қоҳиров, “Фарҳод-3”, “Юбилейний-1 ва 2”, дар маҷмуъ, 8 агрегати нав харидорӣ гардида, оянда бо иҷрои тадбирҳои иловагӣ фаъолияти мунтазами иншооти ирригатсионии ин мавзеъ таъмин ва мушкилоти солҳои қаблӣ куллан бартараф карда мешаванд. Заминҳои ин минтақаи Рухак, асосан, ба воситаи ҳамин 4 пойгоҳ обёрӣ мегардад ва ба ду қисм тақсим шуда, дар ҳудуди ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов воқеъ мебошад.
Дар минтақаи Рухак кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов низ, бо беҳтар гардидани вазъи обрасонӣ ҳамасола майдони боғу токзори нав ва заминҳои киштро васеъ менамоянд. Аз ҷумла, соли равон кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов дар минтақаи Рухак зиёда аз 50 гектар боғоти бодом, олуча, хуч, олу ва бештар аз 2 гектар токзори нав бунёд карданд.
Дар ин рӯз дар минтақаи Рухаки ноҳия Ҷаббор Расулов низ, хатти нави оби полизӣ ба истифода дода шуд. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани хатти оби полизӣ, ки масофаи он аз пойгоҳи обкашии “Деҳмой-4” то минтақаи Рухак 828 метрро ташкил медиҳад, зиёда аз 500 гектар замин шодоб мегардад. Ба воситаи пойгоҳи обкашии “Деҳмой-4” 117 гектар замини минтақаи Рухаки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ, обёрӣ мешавад.   
Баъди ба истифода додани хатти оби полизӣ ва шиносоӣ бо нақшаи обёрии пурраи заминҳои минтақаи Рухак, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи нави бодом, ки бо саҳми Хоҷагии ёрирасони “Пойгоҳи газпуркунии нақлиёти Рухак”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунёд ёфтааст, дидан намуданд.
Масоҳати боғи мазкур 5 гектар буда, дар ин ҷо, асосан, 3 намуди ниҳоли дарахтони серҳосилу ба иқлими маҳал тобовари бодом шинонда шудааст. Хоҷагидорон боғи бодомро, асосан, дар заминаи боғоти куҳнаи зардолу, ки бо гузашти солҳои зиёд ҳосилнокии дарахтонаш кам гардида буд, бунёд намуданд ва баъди ду-се сол аз самараи он баҳра мебаранд.
Барои бунёди боғ ниҳоли дарахтони бодом, ки 2 ҳазору 400 бехро ташкил медиҳад, аз Корхонаи воҳиди давлатии фаръии “Ниҳолпарвар”- и ба номи Ғайбулло Масаидови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дастрас гардида, бо маслиҳати олимони соҳа шинонда шудааст.
Истифодаи самараноку оқилонаи замин, яке аз таъкидҳои доимии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад, бинобар ин, дар байни қатори ниҳоли дарахтони боғи нав ҷав кишт карда шудааст ва оянда хоҷагидорон бо гирифтани ҳосили дилхоҳ аз ин ҳисоб низ, манфиати иқтисодӣ мебинанд.
Таъкид гардид, ки дар минтақаи Рухаки ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов бо обёрии пурраи замини талу теппаҳо имкон фароҳам меояд, ки масоҳати майдони кишти зироат ва боғу токзори нав ба зиёда аз 3 ҳазор гектар расонда шавад. Бо обёрӣ гардидани заминҳои ин минтақа, ҳамчунин, садҳо нафар соҳиби ҷойи кор шуда, дар бозори истеъмолӣ фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ таъмин мегардад.

ОҒОЗИ КИШТИ ПУНБАДОНА ДАР ЗАМИНҲОИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ 
ВА БОЗДИД АЗ НАМОИШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

Дар рӯзи чоруми сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кооперативи истеҳсолии ба номи Ҷаббор Расулови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар маъракаи кишти пунбадона дар масоҳати 17 гектар замин иштирок намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пошидани чигит дар ин майдони кишт ба кори хоҷагидорон муваффақият таманно карданд.
Ҷомеаи меҳнатии беш аз 600-нафараи ин Кооперативи истеҳсолӣ дастуру супоришҳои роҳбарияти олии сиёсии мамлакатро сармашқи кори худ қарор дода, дар асоси риояи талаботи агротехникӣ сол ба сол масоҳати кишти пахтаро дар ҳудуди заминҳои дар ихтиёрдоштаашон зиёд ва, ба ин восита, даромаднокии хоҷагӣ ва некуаҳволии иҷоракорону саҳмдоронро беҳтар месозанд.
Тибқи дурнамои истеҳсолӣ, хоҷагидорон тасмим доранд, ки дар мавсими ҷорӣ аз 1200 гектар замини дар тобеияти Кооперативи истеҳсолӣ мавҷудбуда, дар масоҳати 750 гектар кишти пунбадона гузаронанд. Аҳли заҳмат бо назардошти иқлими минтақа ба истифодаи тухмиҳои хушсифати ватанӣ бартарӣ медиҳанд. Дар умум, ин шабу рӯзҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кишти пунбадона мақсаднок ба роҳ монда шуда, мувофиқи маълумоти раёсати кишоварзӣ, бояд дар мавсими ҷорӣ дар масоҳати 8 ҳазору 200 гектар замин кишти пунбадона гузаронда шавад.
Бояд гуфт, ки Кооперативи мазкур серсоҳа буда, хоҷагидорон ба парвариши зироатҳои кишоварзӣ, аз қабили пиёзу сабзӣ, картошкаву шолӣ, гандуму полизиҳо ва боғдориву чорводорӣ, таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунанд. Натиҷаи тақсимбандии қитъаҳои замин нишон медиҳад, ки маданияти заминистифодабарӣ дар ин хоҷагӣ мувофиқи мақсад ба роҳ монда шудааст. Ҳамин аст, ки дар мавсими ҷорӣ аҳли заҳмат аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаи ҳудуди Кооператив парвариши 50 ҳазор бех ниҳоли хуч ва 60 ҳазор бех дарахти санавбарро ба роҳ монданд, ки нашъунамои хуб дорад.
Намоиши тухмии зироатҳои кишоварзӣ низ, дар ҳамин мавзеъ ташкил карда шуд. Дар намоишгоҳ навъу намудҳои гуногуни чигити тухмии маҳалливу хориҷии ба иқлими минтақа мувофиқ, пахта, маҳсулоти ғалладонагӣ, ба монанди ҷаву гандум ва шоливу зағир, зироатҳои лӯбиёгии наску нахӯд, мош ва дигар намуди маҳсулот ба маъраз гузошта шуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз ин намоишгоҳ масъулонро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи бештари ҳамкории илм бо истеҳсолот, аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан ба истеҳсолу минтақабобкунии тухмии зироатҳои кишоварзӣ, истифодаи тухмиҳои серҳосил вазифадор намуданд. 
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, дар намоишгоҳи наврӯзӣ, ки дар Кооперативи истеҳсолии ба номи Ҷаббор Расулов доир шуд, ширкат варзиданд.
Сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ин макон оинҳои наврӯзии мардуми чор минтақаи Тоҷикистон, Суғду Бадахшон ва Хатлону шаҳру ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳуриро бо риояи тамоми суннатҳои ин Ҷашни аҷдодӣ ба маъраз гузоштанд. Хони ҳафт сину ҳафт шин, таомҳои гуногуни хос ба баҳору наврӯзи бошандагони минтақаҳои гуногуни мамлакат, малакаҳои дастӣ ва намунаҳои ҳунармандиву дигар таомулҳои наврӯзӣ таркиби ин намоишгоҳро комил сохта буданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ гирифтани Наврӯзи аҷдодиро мояи ифтихори ҳар фарди худогоҳи тоҷик арзёбӣ карда, эҳё ва зинда нигоҳ доштани таомулҳои ин Ҷашни бостониро барои худшиносиву худогоҳии наслҳои оянда муфид хонданд.

КУШОДАШАВИИ КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРИИ
ҶДММ “АНКО-ИНВЕСТ” ДАР НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА БОЗДИД 
АЗ НАМОИШИ МАҲСУЛОТИ КОРХОНА

Дар рӯзи чоруми сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Анко-Инвест”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи мазкур истеҳсоли гӯшти аълосифати парандаро ба роҳ мондааст ва таҳти тамғаи “Савиа” маҳсулоти худро ба харидорон пешниҳод менамояд.
Корхонаи парандапарварӣ дар асоси муосиртарин технологияи соҳавӣ бунёд гардида, иқтидор дорад дар як марҳила, ки то 45 рӯзро дар бар мегирад, 350 ҳазор сар чӯҷа парвариш намояд. Ба ҳамин шакл дар 1 сол бо роҳандозии 5 марҳилаи парвариш, дар фермаҳои навбунёди ин корхона 1 миллиону 750 ҳазор сар мурғ нигоҳубин ва аз он гӯшти аълосифати парҳезӣ истеҳсол карда мешавад. 
Иттилоъ дода шуд, корхонаи мазкур имконият дорад, ки дар 1 сол 3850 тонна гӯшти аълосифат истеҳсол ва ба бозорҳои мамлакат барорад.
Чӯҷаҳои бройлерӣ, ки барои парвариш ва истеҳсоли гӯшти аълосифат хеле мувофиқ мебошанд, дар давоми 45 рӯз аз 2 то 2,5 килограмм вазн гирифта, нигоҳубини онҳо мувофиқи талаботи соҳавӣ роҳандозӣ гардидааст. Дар 4 фермаи Корхонаи парандапарварии “Анко-Инвест” парвариши мурғ бо усули қафасӣ роҳандозӣ шуда, ин шакли нигоҳубин дар байни корхонаҳое, ки ба истеҳсоли гӯшти мурғ машғуланд, таҷрибаи аввал ба ҳисоб меравад. Агар дар фермаҳои маъмулӣ то 25 ҳазор сар паранда нигоҳубин гардад, дар фермаҳое, ки дорои системаи қафасии нигоҳубинанд, дар як вақт то 50 ҳазор сар мурғ парвариш карда мешавад. Дар ин баробар, тамоми ҷараёни кор ба таври автоматӣ роҳандозӣ шуда, обу хӯрок ба парандагон ба шакли худкор таъмин мегардад. Технологияи наву муосир, ҳамчунин, имконият медиҳад, ки ваксинаи парандагон ба таври автоматӣ, бо омехтасозӣ ба хӯрок таъмин карда шавад. Дар маҷмуъ, тамоми фермаҳои Корхонаи мазкур бо хатҳои муосир, ки барои нигоҳубини парандагон зарур аст, таъмин буда, онҳо ба таври худкор фаъолият менамоянд. Яке аз бартариятҳои дигари иншооти мазкур ин назорати компютерии ҳавои дохили фермаҳо буда, муътадилии ҳаво ба воситаи дастгоҳҳои замонавӣ таъмин карда мешавад. Хусусан, системаи насбгардида, ки бо об фаъолият мекунад, дар гармиҳои аз меъёр зиёд ҳавои салқинро дар дохили ферма таъмин менамояд.
Корхонаи мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таъмини аҳолии мамлакат бо гӯшти хушсифати парҳезии ватанӣ бунёд шуда, дар он 60 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардидааст.
Дар маҷмуъ, корхонаи парандапарварии “Анко-Инвест” аз 10 мурғхонаи калон иборат буда, он дар масоҳати беш аз 9 гектар бунёд гардидааст.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки дар оянда, ҳамчунин,  марҳилаи дуюми бунёди фабрикаи мазкур бо 60 ҷойи корӣ ва бо иқтидори истеҳсоли 3850 тонна гӯшти парҳезӣ дар як сол  ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин, ҳадаф аст,  ки як сехи забҳи паранда ва сехи инкубатсионӣ ба хотири таъмини эҳтиёҷот бо чӯҷа сохта ба истифода дода шавад.
Дар саҳни корхонаи навбунёд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти ин корхона ва дигар коргоҳҳои “Анко-Инвест”, ки дар самти истеҳсоли тухми мурғ ва хӯроки паранда фаъолият менамоянд, боздид ба амал оварданд.
Иттилоъ доданд, ки айни замон ҷамъият таҳти тамғаи миллии “Фаровон” хӯроки чорвои калону майда, хӯроки омехтаи паранда, хӯрок барои моҳӣ ва, ҳамчунин, гӯшту тухми мурғ истеҳсол менамояд. Дар ду корхона истеҳсоли хӯроки паранда роҳандозӣ шудааст ва саҳми ин коргоҳҳо дар таъмини эҳтиёҷоти бахши парандапарварии мамлакат бо хӯрок хеле назаррас мебошад. Аз ҷумла, иқтидори корхонаи дуюми “Анко-Инвест”, ки соли 2022 ба истифода дода шуд, дар як сол истеҳсоли 175 ҳазор тонна хӯроки паранда ва чорво мебошад. Эҳтиёҷоти корхонаи навбунёд бо хӯроки паранда дар худи ҷамъият бароварда мешавад.
Ҳамчунин, иброз гардид, ки “Анко-Инвест” таҳти тамғаи “Дӯстон” истеҳсоли тухми мурғро низ, роҳандозӣ намудааст. Айни замон дар фермаҳои ин коргоҳ 225 ҳазор сар паранда парвариш мешавад ва соли 2022 аз ин корхона 51 миллион дона тухми мурғ ба фурӯш бароварда шудааст.
Соҳибкорон ба Пешвои муаззами миллат барои дастгирии ҳамешагӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди рушд изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, зикр карданд, ки минбаъд ҳам барои баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ ҳамаҷониба саъй хоҳанд кард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти гуногунсамтаи ҶДММ “Анко-Инвест” баҳои баланд дода, масъулонро вазифадор карданд, ки ҳамеша ба сифати маҳсулоти ниҳоӣ ва рақобатпазир будани он диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

Санаи нашр: 01.04.2023 №: 67
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив