ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЗИ ҲУШАНГ ЁДГОР

ЗИ ҲУШАНГ ЁДГОР

29 январ 2024, Душанбе
12
0

 
Ҷашну идҳое, ки дар давраи дурударози таърих пайдо гаштаву бо шаклу мазмуни нав, вале бо суннатҳои хоси худ то ба замони мо расидаанд, идҳои миллии халқӣ мебошанд. Таърих борҳо исбот намудааст, ки дар гузаштаи дуру наздик ҷашну идҳои зиёде буданд, вале бо мурури замон қисми зиёди онҳо аз байн рафтаанд. 

Аз миёни идҳои қадимаи таърихӣ  пайдоиши се ид – Сада, Наврӯз ва Меҳргон, ки дар таърих бо номи «Чашнҳои сегона» маъруфанду ҳар яке дар асоси воқеаи нотакрор ба вуҷуд омадааст, хусусиятҳои фарқкунандаи худро доранд. Имрӯз ин идҳо дар ҳаёти ҷомеаи мо мақоми худро нигоҳ дошта тавонистаанд.   
Ҷашни Сада аз рӯи таърихи пайдоиш яке аз идҳои қадимтарини халқи тоҷик ба шумор меравад. Абурайҳони Берунӣ дар китобаш «Осорулбоқия» чунин овардааст: «Сада – номи ҷашни рӯзи даҳуми баҳман аз ҳар соли шамсӣ…». Дар китоби дигар ишора шудааст, ки азбаски аз даҳуми баҳман то Наврӯз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз аст, ин рӯзро Сада ном ниҳоданд. 
Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» асосгузори ин Ҷашнро Ҳушанг меҳисобад. Баъзеҳо дар он ақидаанд, ки Сада дар замони Каюмарсу Исфандиёр ва Фаридуну Ҷамшед ба вуҷуд омадааст. Илова бар ин ҳама, баҳри муқаррар кардани таърихи пайдоиши Ҷашни Сада ва қавоиду суннатҳои он «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ сачашмаи бебаҳост. Аз ин рӯ, қиссаи пайдоиши Ҷашни Сада ривояти аҷоибе дорад.
Рӯзи даҳуми моҳи баҳман буд. Подшоҳи даврони Пешдодиён – Ҳушанг ҳамроҳи сипоҳиёнаш бо мақсади шикор роҳи кӯҳеро пеш мегиранд. Гарчанде фасли зимистон бошад ҳам, рӯзи офтобӣ на танҳо равшанӣ, балки гармии фораме ба замину одамон мебахшид. Азбаски дар он замонҳо ҳаёти одамон бо шикор мегузашт, хӯрокашон меваи дарахтону либосашон пӯсти дарандаҳо буд, мардум барои пайдо кардани ризқу рӯзии худ ба ҷойҳои дур, то дараю кӯҳҳо, паҳноҳои ҳанӯз пайи пой норасида мерафтанд. Ногоҳ аз пеши шикорчиён мори калоне мебарояд, ки гирди санги сиёҳ ҳалқа зада, истироҳат мекард. Шикорчиёни пешрав морро дида, ба Ҳушанг хабар мерасонанд. Шоҳ Ҳушанг санги калонеро бардошта, морро нишон мегирад. Мор аз пайдо гаштани душманони ногаҳонӣ ҷони худро раҳо намуда, роҳи гурезро пеш мегирад. Санги ҳавододаи Ҳушанг хато мераваду ба санг бармехӯрад. Ҳамин лаҳза гӯё раъду барқ садо додаю озарахше шуъла пошида бошад, атрофи санг алангае сар мезанад. Ҳама ҳайрон монда, аз ҳаяҷони ногаҳонӣ худро канор мегиранд. Ҳушанг, ки дар сангпартоӣ ва нишонзанӣ дар кишвараш ҳамто надошт, ҳам аз хато рафтани сангаш ва ҳам аз забонаи алангаи сурху зарди ногаҳонӣ ҳайрон гашта буд. Аланга дар як лаҳза хасҳои хушки атрофи сангро фаро гирифту оҳиста хомӯш гашт. Сипоҳиён ҳайрон монда, бо нигоҳҳои саволомез ба шоҳ менигаристанд. Ҳушанг аз онҳо дида бештар дар ҳайрат монда бошад ҳам, вале ғуруру шаҳомати шоҳонаи худро нигоҳ медошт. Шоҳ бо инояти фарри яздонӣ дар умқи дилаш дарк мекард, ки дар ҳаёти ӯ ва, умуман, дар таърихи инсоният воқеаи муҳиме рӯй дод. Аммо ҳанӯз то ба охир дарк карда наметавонист, ки ин чи ҳодисае буд.
Ҳушанг оҳиста-оҳиста ба назди хасу хошоки хокистаргашта рафта, аввал нӯги гурзи чӯбинашро ба сиёҳӣ расонд, баъд бо пояш палмосида, гармиеро эҳсос намуд. Дарунтари майдони хокистаргашта қадам гузошт, чанги сиёҳ бархост ва гармии бештареро ҳис карду пояш сӯхт. Ба қафо гашту сангеро болои майдони сиёҳӣ партофт боз чанг хест. Аз ғазаби он ки моҳияти воқеаро то охир дарк карда натавонист, санги дигарро гирифта сӯи санглох андохт. Дар шомгоҳи тира боз оташаке шуъла зада, хасҳои хушки атрофи санглох аланга гирифтанд. Ҳушанг ин дафъа болои шуълаи оташ чӯбе партофт ва анланга баландтар забона зад.
Ҳамин тавр, бо ҳукми тасодуф ва алоқамандию таъсиррасонии ҷисмҳо, бо инояти Офаридгор оташ пайдо гашт.  Ҳушанг чанд рӯзро бо оташбозӣ гузаронд… Дар ниҳояти кор, шоҳ ва сипоҳонаш фаҳмиданд, ки оташ дар сардӣ инсонро гарм мекунад. Шоҳ Ҳушанг дарк кард, ки барои худ ва одамон оташ кашф гардид ва ба ин муносибат атрофиёнашро ҷамъ оварда, ҷашн орост ва номи онро Сада гузошт.  Ҳамин буд, ки Фирдавсии бузург ба ин муносибат чунин гуфтааст:
Зи Ҳушанг монд он Сада ёдгор,
Паси ӯ чунон кард ҳар шаҳриёр.
Иди Сада то давраи қабули дини мубини ислом дар сарзамини форсизабонҳо васеъ ҷорӣ буд ва баъдан оҳиста-оҳиста он таназзул ёфта, дар замони салтанати Ғазнавиён (962-1187) аз байн меравад.
Дар кишварамон ин ид ба шарофати истиқлолияти давлатӣ аз нав эҳё гардид. Имрӯз  мардуми кишвари азизамон онро чун иди таърихӣ ва миллӣ ҷашн мегиранд.  
Хушбахтона, 6-уми декабри соли 2023 зимни иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҷашни Сада ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид шуд, ки ин рӯйдоди таърихӣ боиси хурсандии мардуми кишварамон гардид.

Насиба ТУРДИЕВА, омӯзгори МТМУ № 72, ноҳияи Рӯдакӣ

Санаи нашр: 29.01.2024 №: 20
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив