ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ЭҲЁИ НАВРӮЗ ҲАМЧУН ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ЭҲЁИ НАВРӮЗ ҲАМЧУН ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

18 март 2023, Шанбе
609
0

 
Муҳтавои умумии Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамчун муқаддасоти миллию аҷдодии миллати тамаддунофари тоҷик
Боиси хушнудист, ки имсол мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз бузургтарин ҷашнвораҳои миллӣ, яъне Наврӯзи байналмилалиро дар фазои сулҳу осоиштагӣ ва истиқбол аз панҷумин ташаббуси байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил менамоянд.  Маҳз дар заминаи пешниҳоди кишвари мо аз ҷониби СММ бо тарафдории аксари кишварҳои ҷаҳон 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо муқаррар карда шуд, ки падидаи неку фараҳбахш аст. Зеро дар ин рӯз мардуми шарифи Тоҷикистон, тамоми тоҷикзабонони ҷаҳон ва мардумони ҳавзаи Наврӯз Иди байналмилалии Наврӯзро бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд.  Яъне аз ҷониби СММ эълон шудани 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, дар пасманзари Иди Наврӯзи байналмилалӣ беҳикмат набуда, нишон аз арҷгузории ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла СММ ба фарҳанг, таърих, осори ниёгони миллати тоҷик, махсусан ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат, эҳёгари расму оинҳои миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Воқеан, Наврӯз ҷашни эҳтиром аз ҷойгоҳи табиат ва бузургдошти сайёраи Замин аст, ки баъди карахтии сармои зимистон ба мисли инсон аз хоб бедор мешавад ва андешаи ӯро ба таҳрик меорад. Наврӯз ин набзи сайёраи Замин буда, дар гирди Офтоб як даври пурраи соли астрономиро паси сар мекунад ва дар моҳи фарвардин ба ҷойгоҳи аслии худ бармегардад.
Ёдовар бояд шуд, ки Наврӯз аз қадимтарин ва зеботарин ҷашнҳои ҷаҳон аст. Он бар пояи тасаввуроти амиқи фалсафӣ ва ҷаҳоншинохтие устувор гаштааст, ки ҳар кадом намоди давом ва бақои инсон дар рӯи Замин, аз ҷумла тоҷикон ва ориёитаборон, маҳсуб мешавад. 
Наврӯз бо бунёд ва интишори худ ба тариқи рамз як тамаддуни наверо дар минтақаи АвруОсиё бо номи Тамаддуни Ҳавзаи Наврӯз эҷод намудааст. Мардумони ин ҳавза то ба имрӯз бо номи Наврӯз бо ҳам муттаҳид мешаванд ва амалҳои созандаву мондагореро дар рӯи Замин анҷом медиҳанд, яъне фарҳанги ягонаеро густариш додаанд, ки дар тарбияи инсонҳо ва парҳез аз каҷрафториҳо нақши муҳим дорад. Ин фарҳанг мардумро даъват мекунад, ки дар бораи зиндагии минбаъдаи худ амиқан андеша намояд ва аз таҷрибаи рӯзгор баҳра бигирад. Як сабаби ҷаҳонӣ шудани Наврӯз дар ҳамин аст, ки он такондиҳанда аст.
Собиқаи таърихӣ ва фарҳангии ин ҷашни инсонсоз далели он аст, ки ҳамеша ҷонибдори саодату пирӯзии насли башар буда, инсонро ба сӯйи ҳамдигарфаҳмию вафодорӣ, некуиву меҳрварзӣ, хирадмандию ақлгароӣ, собитқадамию устуворӣ, хештандорию худогоҳӣ, худшиносию ҳувиятписандӣ ҳидоят намудааст ва бо гузашти садаҳои зиёд суннату оинҳои Наврӯз имрӯз ҳам на танҳо дархури ҷомеа мебошанд, балки дар таҳрики худогоҳию худшиносии милливу мардумӣ нақши беназир доранд. Маҳз  ҳамин  нукта  боис  гардид,  ки  мақоми  марбутаи   Созмони Милали Муттаҳид – ин мақоми баландпояи сиёсии башарӣ Ҷашни Наврӯзро ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ шинохт ва таҷлили саросарии он дар минтақаҳои гуногуни сайёра хислати ҳамагонӣ пайдо намуд.
Бояд ёдовар шуд, ки Наврӯз дар масири таърих марҳалаҳои шӯру шарро низ аз сар гузарондааст, вале решаи он ки аз худшиносиву пайвандии ногусастанӣ бо табиат сарчашма мегирад, мағлубу заиф нагардид ва дар ниҳоят ба гӯшаи фаромӯшӣ супурда нашуд. Агар ба таъриху оину русуму ҷашну сурҳои ҷаҳониён бингарем, мушоҳида менамоем, ки аз давраҳои бостонӣ то кунун ҳеҷ ҷашне ба дараҷаи Наврӯз дар байни қавмҳои ориёӣ дар равнақу шукӯҳ набудааст.
Дар ҳар давру замон тоҷикон расму оинҳои худро аз насл ба насл интиқол медоданд ва кӯшиш мекарданд, ки бо  боварҳои асотирии худ ба неруи бадӣ, яъне аҳриманӣ таъсир расонанд, то дар соли нави оянда  дар рӯзгори пур аз шодмонӣ зиндагӣ кунанд. 
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон Ҷашни Наврӯз ҳамчун мероси фарҳанги миллӣ ва оини муқаддаси ниёгон мазмуну шукӯҳи тоза пайдо кард.  Ин аст, ки Ҷашни Наврӯз ҳамасола дар сарзамини биҳиштосои мо дар фазои мубораки истиқлолу ваҳдати миллӣ бо самимияти хосса ва шукргузории том таҷлил мегардад. 
Баъд аз мақоми байналмилалӣ гирифтани Ҷашни Наврӯз таваҷҷуҳ ба омӯзиш ва пажӯҳиши он ва нашри маводи наврӯзшиносӣ тадриҷан боло рафта, теъдоди асарҳои ҷудогона ва рисолаву мақолаҳои илмӣ афзуданд. Таваҷҷуҳи муҳаққиқонро бештар масъалаҳои таърих, пайдоиш ва фалсафаи Наврӯз, ҷойгоҳи Наврӯз дар фарҳанги миллӣ ва тамаддуни башарӣ, давраҳои таҳаввул, расму оинҳо ва суннатҳои наврӯзӣ ба худ ҷалб намуд.
Пӯшида нест, ки ҳар як қавму миллат дар тулу арзи ташаккули фарҳангии худ барои ба ваҷҳи неку ва созгор муҳрабандӣ намудани сарриштаи кору рафтор бо табиат солшумории муайянеро ихтиёр кардааст, ки ба гардиши Офтобу Моҳтоб ва ё муҳимтарин рӯйдодҳои таърихӣ вобаста будааст. Наврӯз дар ин радиф амсоли соли нави миллати куҳандиёри тоҷик маҳсуб гардида, ба навкориҳову навсозиҳои бешумор истиқбол ва таҷлил карда мешавад.
Наврӯз ҷашни қадимӣ ва анъанавии мардуми ориёинажод, аз он ҷумла тоҷикон (баъдтар дар байни дигар халқҳои ғайриориёӣ низ расм шудааст), ки ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ – 1-уми ҳамал ё 21-уми марти солшумории милодӣ рост меояд. Наврӯзро дар баъзе ноҳияҳо «Иди сари сол» низ меноманд. Тақрибан зиёда аз 3 ҳазор сол қабл Наврӯз ҳамчун расми оғози кори деҳқон пайдо шуда, минбаъд такмил ёфтааст. Таърихи ташаккули Наврӯз бо эҳёи табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста аст.
Аз саҳифаҳои таърих маълум мегардад, ки дар бисёр кишварҳои олам соли навро дар моҳи март ва, умуман, фасли баҳор ҷашн мегирифтаанд. Аз ҷумла, дар Англия дар асри миёна аъзои парламент дар бораи таҷлили соли нав дар моҳи март қарор бароварда буданд, аммо як гурӯҳ занҳо соли 1752 зидди он эътироз баён карданд. Вакилон ин даъворо пазируфта, қарори пештар баровардаашонро бекор ва дар бораи моҳи январ таҷлил кардани иди соли нав қарори нав қабул карданд. Келтҳо, сокинони Галлий (ҳудуди имрӯзаи Франсия ва як қисми Англия) иди соли навро охири моҳи октябр қайд мекарданд ва он «Поёни тобистон» ном дошт.
Римиҳои қадим дар моҳи март ҷашн меоростаанд ва ба якдигар туҳфаҳо тақдим намуда, хушиву хурсандӣ мекардаанд. Юлий Сезар баъди ба сари тахт омаданаш тақвими навро ба роҳ монда, пешвозгирии соли навро якуми январ муқаррар мекунад. 
Дар Бобулистони қадим соли навро баҳорон пешвоз мегирифтанд. Дар рӯзҳои ҷашнгирии соли нав подшоҳ якчанд рӯз аз шаҳр баромада мерафт ва дар ин муддат мардум кадом кореро, ки мехостанд, анҷом медоданд. Баъди якчанд рӯз шоҳ ва надимонаш либосҳои идона дар бар вориди шаҳр мегаштанд ва мардум ба зиндагии муқаррарӣ мепардохтанд.
Дар Руси қадим ҳам соли нав аз рӯзи 1-уми март оғоз мешудааст. Дар асри XIV ибодатхонаи марказии Маскав қарор баровард, ки тибқи тақвими юнонӣ оғози соли нав аз 1-уми сентябр ҳисоб карда шавад. Соли 1699 бошад, Пётри 1 баъд аз сафараш ба Аврупо қарор баровард, ки минбаъд якуми январ рӯзи оғози соли нав эълон карда шавад.
Замони шуравӣ таҷлили соли нав якчанд маротиба тағйир дода шуд. Баъди Инқилоби октябрии соли 1917 масъалаи ислоҳоти тақвими юлианӣ ба миён гузошта шуда буд, зеро он вақт бисёр кишварҳои Аврупо ба тақвими григорианӣ гузашта буданд. Ин тақвим ҳанӯз соли 1582 аз ҷониби Папа Григории XIII қабул шуда буд.  24-уми январи соли 1918 Шурои Комиссарони Халқи Россия «Декрет оид ба ҷорӣ кардани тақвими ғарбӣ-аврупоӣ дар Республикаи Россия»-ро қабул кард. Мувофиқи ин Декрет иди Мавлуди Исои масеҳ аз 25-уми декабр ба 7-уми январ гузаронда шуд ва ин рӯзро ҳамчун иди соли нав қайд мекарданд. Соли 1929, баъдан соли 1935 рӯзи таҷлили мавлуди Исои масеҳро боз дигар карданд. 31-уми декабри соли 1935 бо пешниҳоди П.П. Постишев анъанаи оро додани арча ҷорӣ гардид. Соли 1949 бори аввал рӯзи 1-уми январро рӯзи истироҳатӣ эълон карданд.
Тавре маълум гардид, дар аксари кишварҳо замонҳои пеш иди соли нав дар як вақт таҷлил намешудааст. Бино ба сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ соли нави аҷдодии мо бо фарорасии фасли гармо, яъне баҳор оғоз меёбад ва онро Наврӯз (Рӯзи нав) мегӯянд. Абурайҳони Берунӣ дар асари хеш «Ат-тафҳим» Наврӯзро чунин тавсиф кардааст: «Аз русуми порсиён Наврӯз нахустин рӯз аст аз фарвардин ва ин ҷиҳат рӯзи нав ном кардаанд, зеро ки соли нав аст». Маълумоти зайлро бошад, аз асари таърихии «Ат-тоҷи ҷиҳоз» пешкаши хонандагон мегардонем: «Наврӯз ва Меҳргон ду фасли сол ҳастанд. Меҳргон духули зимистон ва Наврӯз фарорасии фасли гармост».
Дар адабиёти хаттии тоҷику форс ва эҷодиёти шифоҳии мардуми тоҷик дар васфи Наврӯз шеъру таронаҳои бисёре эҷод гардидаанд, ки дар онҳо арҷгузории арзишҳои фарҳанги миллӣ, зебоиҳои баҳор, васфи манзараҳои дилфиреби диёр, ишқу ошиқӣ, инсондӯстию рафоқат, адлу инсоф ва дигар ғояҳои умумибашарӣ аксандоз шудаанд. Машҳуртарин таронаҳову оҳангҳои наврӯзӣ, ки дар аҳди хонадони Сосониён суруда мешуданд, инҳо буданд: «Фаҳлабодӣ», «Сабзаи баҳор», «Офарин», «Хусравонӣ», «Мардистонӣ», «Сабз андар сабз», «Нӯшинлабон», «Боғи ширин», «Наврӯз», «Наврӯзи Хоро», «Наврӯзи Бузург», «Наврӯзи Аҷам», «Кабки дарӣ» ва ғайра. Дар чунин суруду таронаҳо шуҷоату мардонагӣ, ишқу муҳаббат ва дилбастагии мардум бар зодгоҳу диёр, табиати зебоманзари кишвар васф гардидаанд. 
Баъд аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон Наврӯз бо тамоми шукӯҳу ҷалолаш эҳё гашта, дар баробари Рӯзи истиқлол ба ҷашни асосии миллии тоҷикон табдил ёфт ва дар саросари ҷумҳурӣ бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил карда мешавад. Дар пойтахти Тоҷикистон барои таҷлили Наврӯз дар сатҳи баланд, фарогирии миқдори зиёди тамошогарон дар тантанаҳои наврӯзӣ «Наврӯзгоҳи пойтахт» сохта шуд. Тантанаҳои наврӯзӣ дар ноҳияҳо дар варзишгоҳҳои калон баргузор мегарданд. Дар ин рӯз ҳунарҳои миллии мардумӣ ба намоиш гузошта мешаванд. Намоишҳои дастаҷамъии ҳунармандон, бозиҳои миллӣ – гӯштин, бузкашӣ, асппойга ва ғайра баргузор мегарданд.

ЗАМИНАҲОИ ТАЪРИХИИ ЭҲЁ ВА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР САРЗАМИНИ ТОҶИКОН
Воқеан, Ҷашни Наврӯз фаротар аз як ҷашн аст, ки мо мепиндорем ва агар ба умқи таърихи ному табиати Наврӯз ва расму русуми он назар афканем, хоҳем дид, ки ҳанӯз аз замони ҳукмронии сулолаи Пешдодиён таҷлил мегардидааст. Аз он замон то инҷониб Наврӯз дар миёни форсизабонон ва, умуман, дар миёни аҳолии Осиёи Марказӣ, Қафқозу Шарқи Наздик, соҳили баҳри Сиёҳ ва Шарқу Ғарб ба таври сазовор ҷашн гирифта мешавад. Ин мамлакатҳо Наврӯзро бо номҳои гуногун, ки як маъноро ифода мекунанд ва муаррифгари як фарҳангу тамаддун ҳастанд, яъне «Наврӯз, Новрӯз, Ноорӯз, Неврӯз, Наурӯз, Найрӯз, Раббиъ» ид мекунанд.
Абурайҳони Берунӣ дар бораи иди аҷдодии ориёиҳо, бахусус мо тоҷикон, чунин гуфтааст: «Ҳарчанд подшоҳони Эрон ҳангоми иди Наврӯз аз раият хироҷ мехостанд, вале Наврӯз ҳангоме фаро мерасид, ки ҳосилот ба даст наомада буд». Тавре дар китобҳои Умари Хайём «Наврӯзнома» ва Абурайҳони Берунӣ «Ат-тафҳим» зикр гардидааст: «Наврӯз дар даврони гуногун таҷлил карда мешудааст ва албатта, бо шаклҳои гуногун таҷлил мегардидааст. Дақиқ аст, ки рӯзҳои баргузории ин ҷашни таърихии мардуми ориёӣ низ, фарқ доштанд».
Тибқи баъзе аз ривоятҳо асосгузори сулолаи Пешдодиён – Каюмарс дар аввалин рӯзи моҳи фарвардин девро куштааст ва Наврӯзро асос гузоштааст. Дар ривояти дигар қайд мешавад, ки шоҳи сулолаи Пешдодиён – Ҷамшед дар ин рӯз ба одамон шодиву сурур овард ва маҳз ба ҳамин хотир, ин рӯзро Наврӯзи бузург мегуфтанд.
Одати дигари мардуми ориёинажод дар рӯзи Наврӯз он будааст, ки ба якдигар ширинӣ ҳадия мекардаанд. Ба гуфтаи Абурайҳони Берунӣ найшакарро дар Эронзамин маҳз дар рӯзи Иди Наврӯз шинохтанд, аз ин рӯ, ҳадия намудани ширинӣ дар миёни онҳо роиҷ шудааст. Наврӯз дар замони салтанати Сосониён бо як шукӯҳу шаҳомати хосса ва марҳамати беандоза таҷлил карда мешуд. Ҳарчанд дар даврони Ҳокимияти Шуравӣ Ҷашни Наврӯз аз тақвимҳои расмӣ бароварда шуда буд, ин амал меҳри мардумро аз ин маъракаи аҷдодӣ дур карда натавонист. 
Наврӯз – рӯзи нав, сари сол, қадимтарин ҷашни мардумии ориёитаборон, аз ҷумла тоҷикон (баъдан дар байни мардумони ғайриориёӣ низ расм шудааст), ки ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ – 1-уми фарвардин (аввали ҳамал) ё 20-21 марти солшумории милодӣ рост меояд. Наврӯзро дар баъзе ноҳияҳо «Иди сари сол», «Иди соли нав» ва дар байни мардуми Бадахшон «Хидир айём» (яъне «Иди бузург») меноманд. Наврӯз ҷашни бузурги бедории табиат ва баробаршавии шабу рӯз мебошад, ки ҳазорсолаҳо боз ҳамчун ҷашни пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо, некӣ бар бадӣ ва оғози хилқати инсону табиат дар байни мардумони Эрону Афғонистон, Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, Шарқи Наздик ва Қафқоз таҷлил мешавад. Наврӯз дар байни тамоми идҳои мардумони ҷаҳон ҳамагонитарин маҳсуб меёбад, зеро он ҷашнест, ки бар пояи ҳодисаҳои табиӣ ва ҷаҳонбинии фалсафӣ бунёд ёфтааст.
  Наврӯз таърихи хеле қадимӣ дорад. Аксарияти сарчашмаҳои бостонӣ пайдоиши онро бо фаъолияти шоҳи чаҳоруми пешдодӣ Ҷамшед нисбат медиҳанд. Аз ҷумла, Абулқосим Фирдавсӣ дар яке аз достонҳои оғози «Шоҳнома» овардааст, ки Ҷамшед баъд аз поён бахшидани корҳои бузург дар даврони ҳукмронии худ бо ёрии фарри каёнӣ ва мувофиқ ба шукӯҳи подшоҳии хеш аз зару сим тахте бисохт ва онро бо дурру гавҳар биёрост ва чун нахустин бор девҳо, ки дар итоати Ҷамшед буданд, тахтро ба дӯш гирифта, аз замин ба осмон боло шуданд, нури Офтоб ба чеҳраи Ҷамшед ва бар тахти ӯ метобид ва инъикос шуда медурахшид. Мардум ин манзараро дида дар шигифт шуданд ва он рӯзро «рӯзи нав» хонданд. Пас аз он рӯз Ҷамшед ба ҷашн гирифтани Наврӯз оғоз намуд.
Дар сангнигораҳои Тахти Ҷамшед (Персеполис) тасвири шоҳаншоҳони Ҳахоманишӣ (махсусан Дориюши Бузург) ва таҷлили Наврӯз ба назар мерасад. Дар он мардум аз гӯшаву канори Эронзамин ба сӯйи ин тахтгоҳ бо ҳадияҳои наврӯзӣ равонанд. Намояндагони мардумони гуногун ба шоҳаншоҳ дар баробари неъматҳои дастпарвардаи худ армуғонҳои гаронбаҳо – зару сим ва дурру гавҳар оварда, ба пойи ӯ нисор мекарданд.
Дар манобеи таърихии асрҳои миёна Ҷамшедро асосгузори Наврӯз номидаанд. Истахрӣ, Ҳамзаи Исфаҳонӣ, Гардезӣ, Абурайҳони Берунӣ ва дигарон дар бораи пайдоиши Наврӯз ва тарзи барпо гардидани он маълумоти муфид ироа намудаанд. Масъуди Ҳамзаи Исфаҳонӣ дар китоби «Мулуку-л-арз ва-л-анбиё» бар асоси асотиру ақидаҳои куҳан дар бораи таърихи мардумони ориёӣ чунин меорад, ки дар оғози офариниши ҷаҳон Хуршеду Моҳу ситорагон ва Замин дар рӯзи аввали фарвардинмоҳ, ки рӯзи Наврӯз аст, ба ҳаракат даромадаанд ва аз гардиши онҳо рӯзу шаб падид омадааст.
Берунӣ дар баробари баъзе масъалаҳои дигар роҷеъ ба Наврӯз чунин гуфтааст: «Бархе аз уламои эронӣ мегӯянд, ки сабаби ин рӯзро Наврӯз номидан ин аст, ки дар айёми Таҳмурас собиа (бутҳо) ошкор шуданд ва чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динро нав кард. Ин кор хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тозае буд, Ҷамшед ид гирифт, агарчи пеш аз ин Наврӯз бузург ва муаззам буд». Аз гуфтаи Берунӣ чунин бармеояд, ки дар рӯзи фархундаи Наврӯз дар байни мардуми эронӣ чунин анъана будааст, ки одамон барои якдигар ҳадия мефиристодаанд. Берунӣ аз Озарбади Мубади Бағдод чунин нақл мекунад, ки найшакарро дар кишвари Эрон рӯзи Наврӯз кашф кардаанд. Пеш аз ин онро касе намешинохтааст. Гӯё, рӯзе худи Ҷамшед буттаи найро дар шикоргоҳ мушоҳида мекунад ва онро ба даст гирифта, обашро чашида мебинад, ки ширину гуворо аст. Ба ин хотир, амр кардааст, ки оби онро берун оваранд ва аз он шакар истеҳсол намоянд. Ва он гоҳ дар рӯзи шашуми моҳи фарвардин шакар ба даст омад ва мардум ба муносибати пайдо шудани шакар дар Наврӯз ба якдигар ҳадия мефиристоданд.
Дар аҳди Сомониён ба рушди суннатҳои бостонии халқи тоҷик ва мардумони дигари Мовароуннаҳру Хуросон шароити мусоид фароҳам омад. Дар ин давра идҳои Наврӯз, Сада ва Меҳргон васеъ ҷашн гирифта мешуданд. Бино ба маълумоти Абубакр Муҳаммади Наршахӣ, Наврӯзро аввал дар рӯзи аввали фарвардин кишоварзон, баъди панҷ рӯз муғон (оташпарастон) ҷашн мегирифтанд ва, аз ин рӯ, «Наврӯзи кишоварзон» ва «Наврӯзи муғон» меномиданд. Дар аҳди Ғазнавиён, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён ва, ҳатто баъд аз истилои муғул Наврӯзро заҳматкашон бо тантана ҷашн мегирифтанд. Мардум ба шарафи Наврӯз пешакӣ тайёрӣ медиданд. 25 рӯз пеш аз Наврӯз дар зарфҳои махсус гандуму адас сабзонида, дар рӯйи хони наврӯзӣ мегузоштанд ва барор гирифтани кишти зироатро аз рӯйи ҳолати сабзиши онҳо пешбинӣ менамуданд.
Тоҷикон аз замонҳои қадим фарорасии Наврӯз, эътидолҳои баҳорию тирамоҳӣ ва қисмҳои вақтро дар давоми шабонарӯз аз мушоҳидаи такроршавии ҳодисаҳои табиат, гардиши ҷирмҳои осмонӣ ва рафтори ҷонварон муайян мекарданд. Яке аз тақвимҳои хоси мардуми Бадахшони Тоҷикистон ҳисоби «Офтоб дар мард» (ба забони мардуми маҳаллӣ хирпичор) мебошад. Ҳисоби вақт аз рӯйи узвҳои бадани инсон аз гоҳшумориҳои қадимии тоҷикон буда, дар Рашту Дарвоз, Ванҷу Язғулом, Ишкошим, Рӯшон, Шуғнон, Вахон, инчунин, дар байни тоҷикони водии Фарғона (Сух) аз ҷониби мардумшиносон ба қайд гирифта шудааст. Ин навъи тақвимро тоҷикони Афғонистон ва, ҳатто дар Покистон ҳам, истифода мекарданд. Онро сокинони ин минтақаҳо бо номҳои «ҳисоби мард», «Офтоб дар мард», «панҷоҳи мард», «нишонҳо» ва монанди инҳо низ, номбар мекунанд. Тибқи ҳисоби ин тақвим, Офтоб дар ҳар як узви бадан якчанд рӯз меистад. Масалан, се рӯз дар камар, се рӯз дар зону, дар пою нохунҳо ва ғайра.
Анъанаҳои ниёгонамонро ба инобат гирифта, миллати сарбаланди тоҷик, ин ҷашни фарҳангиро ба таври арзанда истиқбол гирифта, сол ба сол таҷлили онро инкишоф дода истодааст. Бо дарназардошти анъанаи наврӯзӣ ҳангоми таҷлили Наврӯз, дастархони идона густурда мешавад ва онро бо ҳафт «Син»-у ҳафт «Шин»-и наврӯзӣ оро медиҳанд. Оини гулгардонӣ то ҳол роиҷ буда, дар миёни мардуми деҳот оташпарак низ, дида мешавад. Мардум дар ин рӯз гулхан афрӯхта, дар гирди он сурудхонӣ мекунанд. Таъбири халқии «Сардии рӯямро бигир, гармии рӯятро бидеҳ. Зардии рӯямро бигир, сурхии рӯятро бидеҳ» далели ин гуфтаҳост. Дар гузашта ва имрӯз пеш аз омадани Наврӯз мардум ба тоза намудани хонаву дар ва гирду атроф мепардохтанд, ки ин амал ҳозир «Хонабарорӣ» унвон гирифтааст. Дар ин рӯз одамон либосу палоси хонаи худро дар Офтоб мегузоранд, дару девори худро сафед мекунанд, то ки Наврӯзро бо риоя аз қоидаҳои гигиенӣ (тозагӣ) дар сатҳи зарурӣ пешвоз бигиранд.

НАВРӮЗ: ХУСУСИЯТ ВА НИШОНАҲОИ ОН ДАР ФАРҲАНГИ УМУМИБАШАРӢ
Дар ҳақиқат, бо мақсади амалисозии ҳадафҳои стратегии миллӣ ва дар ин шароити бунёдкорӣ ҷашн гирифтани иди дӯстӣ, ҷавонӣ, зебоӣ, бедоршавии табиат ва ҷамъият – Наврӯз аҳамияти таърихию умумиҷаҳонӣ, таълимию тарбиявӣ ва илмӣ дорад. 
Ин ҷашни қадима ва ҳамешаҷавони аҷдоди мо, ки рамзи муҳаббату зебоӣ, сафову покӣ ва саховату некист, саршавии фаъолияти киштукори зироаткорон, деҳқонону тамоми кормандони соҳаи аграрӣ, бедоршавии табиату ҷомеа, иди баҳору ҷавонӣ, ишқу муҳаббати мардумон, дӯстиву рафоқати халқҳои гуногуни ҷаҳони имрӯза ба ҳисоб рафта, дар замони муосир дар саросари ҷаҳон, бахусус дар Тоҷикистони офтобрӯ, ҷаннати рӯйи Замин, ки Ватани Наврӯзи хуҷастапай аст, бо истиқболи густурда ва шукӯҳу шаҳомати хосса дар ҳудуди кишвари зебоманзарамон таҷлил мегардад.
Дар минтақаҳои гуногуни сарзамини бостонии тоҷикон анъанаҳои ҷашн гирифтани Наврӯз таърихан моҳияту муҳтавои ягона доранд, аммо, ҳамзамон, таҷлили он дар ҳар минтақа бо вижагиҳои хоси худ аз ҳамдигар фарқ карда, рангорангии Наврӯзи фаррухболро боз ҳам ғанитару пурмазмунтар мегардонанд. Заминаи ахлоқиву инсонпарваронаи Наврӯз дар шиори қадимаи халқи куҳанбунёди тоҷик – «пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек» ифода ёфта, моҳияти умумибашарии ин Ҷашнро ифода менамояд. Ин аст, ки моҳи сентябри соли 2009 бузургтарин ташкилоти байналмилалии фарҳангӣ – ЮНЕСКО Наврӯзи фархундаро бо ташаббуси Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо пешниҳоди Тоҷикистон ба феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳон шомил ва соли 2010 бошад, ҷашни байналмилалӣ эълон намуд, ки аз нуфузу эътибор ва арзиши ҷаҳонии он дарак медиҳад. Аз ин лиҳоз, мо бояд ин ҷашни муқаддасу ҳамешаҷавонро бо ҳисси ифтихор ва шукӯҳи хосса таҷлил намоем ва ба мардуми дунё муаррифӣ созем.
Дар рӯзҳои Наврӯзи дилрабо тамоми мардуми пиру барно барои таъмин намудани рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангии мамлакат ва бо ҳамин роҳ фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста барои ҳар як фарди ҷомеа фаъолият мебаранд ва онро бо як тайёрии бузург ҷашн мегиранд.  Наврӯзи фархундапай аз ҷониби мардуми қадимаи Шарқ дар давру замонҳои пештар дар давоми як моҳ (дар даҳаи якум зироаткорону чорводорон, дар даҳаи дуюм амалдорон ва дар даҳаи сеюм шоҳон) ҷашн гирифта мешуд ва даҳаи сеюм Ҷашни Наврӯзи хотимавӣ буда, подшоҳон ба мардум зиёфат ороста, меҳмоннавозӣ мекарданд. Дар рӯзҳои ид дар ҳар як хонадон, маҳалла, марказҳо, ташкилотҳо, минтақаҳо аз меваҳои баҳорона, кабудиҳо дастархони пур аз нозу неъмат, аз он ҷумла: 7 шин (шакар, шамъ, шарбат, шароб, ширинӣ, шир, шона), 7 мим (мағз, мурч, мева, моҳӣ, мавиз, мост, мурғ), 7 син (сирко, сабза, сумоқ, санҷид, сир, себ, сипанд) ороста, меҳмононро бо меҳру муҳаббат ва ҳурмату эҳтиром пешвоз гирифта, меҳмондорӣ менамоянд. Мардум бо мақсади ободу серҳосил шудани ҷомеа дастархонро пурнозу неъмат ороста мекунанд, то ин ки дар давоми сол оммаи меҳнатқарин дар ҳамин раванд ҳаёт ва зиндагонӣ ба сар баранд. Шоҳтаоми Наврӯз, бешак, суманак ба ҳисоб мерафт, ки аз гандум, майсаи гандум, об, орд, рӯған, санги майдаи кулола, чормағз тайёр карда шуда, ба мардум, меҳмонон, хонаҳо тақсим карда мешуд ва он хусусияти табобатӣ дошт.
Наврӯзи хуҷастапай урфу одатҳо, маросим ва суннатҳои қадимаи таърихӣ дошта, онҳо аз авлод ба авлод, аз қарнҳо то замони мо ҳамчун намунаи ҳаёти зинда давом дорад, ки бо як ҳурмату эҳтиром амалӣ мегардад. 
Барои ҳамин ҳам дар байни мардум Наврӯзи навбаҳор бо номҳои гуногун – Наврӯзи Хуҷанд, Наврӯзи Саразм, Наврӯзи Мастчоҳ, Наврӯзи Ворух, Наврӯзи Самарқанд, Наврӯзи Бадахшон, Наврӯзи Хатлон, Наврӯзи Ҳисор, Наврӯзи Чорбоғ, Наврӯзи Куркат, Наврӯзи Яхтан, Наврӯзи Кӯлоб ва ғайраҳо тантанавор ҷашн гирифта мешавад.
Омӯзиш, таҳлил ва тадқиқоти таърихи Наврӯзи оламафрӯз дар омӯзиши таърихи халқи тоҷик аҳамияти калони илмию маърифатӣ дорад ва дар саҳифаҳои заррини таърихи Ватан сабт гардида, барои насли имрӯзу ояндаи кишвар чун мактаби бузурги ҳаёт хизмат мекунад.
Пайғоми Аҷам резад, Наврӯз муборак бод!
Хуршеди Ҳамал хезад, Наврӯз муборак бод!

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – МУАРРИФГАРИ ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои зиёди миллии моро аз нав эҳё намуданд, ки дар миёни онҳо Наврӯз ҷойгоҳи хос дорад. Дар Тоҷикистон баъди расмиву давлатӣ гардидани ин Ҷашн ҳамасола тамоми сокинони кишвар, аз хурд то бузург, ба таҷлили Наврӯз бо руҳияи баланди идона омодагӣ мегиранд. 
Боиси ифтихор ва шодмонии бузург аст, ки ҷашни қадимаю суннатии мардуми тоҷик Наврӯз чанд сол ин ҷониб дар саросари ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомати хосса қайд мегардад. 
Воқеан, Наврӯз ҷашнест созандаву сулҳовар, муттаҳидкунандаи инсонҳо ва таблиғкунандаи дӯстию рафоқат, баробарӣ, адолату додгустарӣ ва таъминкунандаи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ. Имрӯз Наврӯз дар бештари кишварҳои олам таҷлил карда мешавад, зеро бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарваони як зумра аз давлатҳои дигар 30-юми сентябри соли 2009 ЮНЕСКО Наврӯзро ба рӯйхати ёдгориҳои ғайримоддии инсоният ворид сохт ва сипас, ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи генералии СММ бо Қатъномаи «А/64/L» пешниҳоди кишварҳои ташаббускорро бо унвони «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» барои муҳокима қабул кард. Дар ин асно, дар заминаи пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милали Муттаҳид 23-юми феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи генералӣ қароре ба тасвиб расонд, ки тибқи он 21-уми мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон намуд. Мувофиқи он Наврӯзи Аҷам ҳамасола дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад ва ҷиҳати таҷлили шоистаи он тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ мегарданд. 
Баъди таъкидҳои пайвастаи Роҳбари давлат, баргузории чорабиниҳои пуршукӯҳ, интишори китобҳои илмию оммавӣ ва маҷмуаҳои ашъори шоирон имконият фароҳам оварда шуд, ки мардум ба асолати ин Ҷашн бештар ошноӣ пайдо намоянд ва меҳру муҳаббаташон зиёдтар гардад. Ин аст, ки хурду бузурги кишвар интизори истиқболи Наврӯз мебошанд ва бо чорабиниҳои хотирмон тантанаҳои идонаро ҷамъбаст менамоянд.
Бисёре аз маросими наврӯзӣ, суннатҳои ин оини бостонӣ бо шаклу шеваи нав роиҷ шуда истодаанд. Аз он ҷумла, бо ибтикори Пешвои муаззами миллат тарҳи арчаи наврӯзӣ ва халтачаҳои солинавӣ таҳияву тасдиқ шуда, мавриди истифода қарор гирифтаанд. Бо сабаби таҷлили ин Ҷашн мардум ба корҳои ободонӣ шуруъ мекунанд, ҷӯю каналҳоро тоза менамоянд, дар боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва теппаҳои сарсабз чорабиниҳои идонаву базму шодии наврӯзӣ доир мекунанд.
Бо баракати Истиқлоли давлатӣ, сулҳу суботи комил Наврӯз воқеан, ба Ҷашни мардумӣ табдил ёфтааст. Рукнҳои он дар Ватани маҳбубамон устувор гардида, моро водор месозанд, ки ба қадри ин оини ниёгон расем ва беш аз пеш арзишҳои волои наврӯзиро тарғибу ташвиқ намоем. Хуб мешуд, ки дар ҳама шаҳру ноҳияҳо, ҷамоату деҳаҳо ва маҳаллаҳо мардум бо ободкорӣ машғул шаванд, дар хиёбонҳо гулу гулбуттаҳо шинонанд, кудуратро аз дилҳо дур созанд ва бо меҳру муҳаббат дар фазои дӯстиву бародарӣ умр ба сар баранд.
Имрӯз чунин шароиту имконият ба шарофати сиёсати хирадмандонаву фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат ба халқи тоҷик насиб гардидааст. 
Дар ин иди бошукӯҳ марди деҳқон нахустин донаҳои зироатро ба замин мепошад ва пирони кор дуо менамоянд, ки ҳосил зиёду фаровон гардад. Бигузор имсол чун ҳамасола дар Тоҷикистони азизамон ҳосили ҳама намуди зироат дучанд афзояд.
Бошад, ки мардуми Тоҷикистон доимо иди Наврӯз, Иди баҳор ва дигар ҷашну маъракаҳоро дар кишварамон дар фазои сулҳу дӯстӣ ва ваҳдату ягонагӣ баргузор намоянд.
Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад,
Ҷашни фархундаю фирӯз муборак бошад!

Эмомалӣ НАСРИДДИНЗОДА,
ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 
оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа

Санаи нашр: 18.03.2023 №: 59
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив