ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВМКБ. СОЛИ 2023 БАРОИ ВИЛОЯТ БОБАРОР БУД

ВМКБ. СОЛИ 2023 БАРОИ ВИЛОЯТ БОБАРОР БУД

29 январ 2024, Душанбе
34
0

 
Маҳмудзода Насрулло Раҳматҷон,  котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи сафари кориаш ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар машварати ҷамъбастии  назди раиси  вилоят, ки   фаъолияти солонаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоятро мавриди баррасӣ  қарор дод, ширкат варзид.

Муовини раиси ВМКБ Анвар Иматшозода зимни ҳисобот  дар машварат зикр кард, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят соли сипаригардида ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Ба шарофати сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ, дар соли 2023  ин гӯшаи диёр ба марҳалаи нави рушд ворид гардид. Дар заминаи  иқдомҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати беҳтарсозии сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди соҳаҳои саноат, таъсиси ҷойҳои корӣ ва бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ гомҳои устувор гузошта шуданд. Рушди иқтисодии вилоят марҳала ба марҳала афзоиш ёфта, дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар вилоят 1736,6 млн сомониро ташкил дод, ки ин  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,1 фоиз зиёд аст. 
Гардиши савдои хориҷии вилоят 64 миллиону 896,5 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дода,  нисбат ба соли 2022-юм 3,1 баробар зиёд мебошад.
Дар соли 2023 иҷрои нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 104,8 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 199 419 ҳазор сомонии дар нақша пешбинишуда, ба буҷет маблағи 208 990,3 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд. 
Ба буҷети вилоят 247,4 млн сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) равона гашта, иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ  99 фоиз таъмин  шуд.  Иҷрои нақшаи  хароҷоти буҷети вилоят 416,8 млн сомонӣ ё 97,5 фоиз таъмин гардид. 
Дар ин давра дар вилоят 16 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 1,7 млрд  сомонӣ амалӣ шуд, ки ин  нисбат ба  соли 2022-юм  235,2 млн сомонӣ  зиёд мебошад. 
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ВМКБ барои солҳои 2021-2025 аз 135 лоиҳа бо маблағи умумии 4759,1 миллион сомонӣ иборат аст. Дар солҳои 2021, 2022 ва 2023 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои бунёду барқарорсозии иншооти вилоят 1845,7 млн сомонӣ равона шуд, ки ин  38,8 фоизи маблағи умумии барномаро ташкил медиҳад. 
Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта дар шаҳри Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории “Помиринвест – 2023” баргузор гардид, ки дар он  34  тафоҳумнома ва созишнома ҷиҳати  ба роҳ мондани ҳамкориҳо миёни сармоягузорон, донорҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои вилоят ва соҳибкорон ба маблағи 1,3 млрд сомонӣ ба имзо расид. 
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 885,8 млн сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2022-юм 20,1 млн сомонӣ зиёд мебошад. 
Муовини раиси вилоят, ҳамчунин, доир ба натиҷаҳои бадастомадаи соли сипаригардида дар дигар самтҳои хаҷагии вилоят  ҳисобот пешниҳод намуд. Сипас,  раиси ВМКБ  Алишер Мирзонабот  ва котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода фаъолияти ҳар як соҳаро дар алоҳидагӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ба роҳбарони идораву муассисаҳои вилоятӣ, раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳо ҷиҳати барҳам додани  камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои қатъӣ доданд. 
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода зимни  баромад нуктаҳои асосии Паёми  Пешвои миллатро   вобаста ба рушди босуботи ВМКБ ёдоварӣ намуда, зикр кард, ки дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят 1 ҳазору 735 субъекти соҳибкорӣ бештар ба қайд гирифта шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот низ бамаротиб афзоиш ёфтааст. Номбурда  сохтмони шоҳроҳи иртиботии байналмилалӣ дар масири ноҳияи Дарвоз то даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон, идомаи бунёди ин пружа аз ноҳияи Рӯшон то деҳаи  Варшези ноҳияи  Шуғнон ва  деҳаи Варшез то Кулмаро аз ҳадафҳои муҳими стратегии давлат ва Ҳукумати мамлакат ном бурд. Ӯ, инчунин, вобаста ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон  ибрози назар намуда, ҳушёрии сиёсии шаҳрвандонро муҳим арзёбӣ кард.
Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот соли 2023-ро аз ҳама ҷиҳат барои сокинони вилоят ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят соли бобарор ва хотирмону таърихӣ ном бурд. Афзуд, ки таҳти роҳнамоӣ ва роҳбарии хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар асоси сиёсати дурандешона ва ба манфиати сокинони мамлакат равонагардидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ миллати тоҷик ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Ӯ гуфт, ки вилоят бо дастури  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, бунёди чандин иншооти муҳим дар шаҳру ноҳияҳои вилоят рӯйи даст гирифта шуд. Сохтмони қитъаи 93-километраи шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ – Кулма, аз ноҳияи Дарвоз то дарвозаи ноҳияи Рӯшон, НБО “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъа, неругоҳҳои офтобию бодӣ дар ноҳияи Мурғоб, қитъаи 4-километраи шоҳроҳи байналмилалӣ, долонҳои зидди тарма ва кӯпруки мошингузар дар мавзеи Барсем ва пули   200-метра дар шаҳри Хоруғ аз қабили чунин  иншоот мебошанд. Маблағи умумии ин иншоотҳо 3 млрд 616 млн сомониро ташкил дод. Вобаста ба таҷлили сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилоят соли гузашта 431 иншоот сохта шуда, имсол  ният аст, ки  боз 250 иншооти дигар ба истифода дода шавад.
Вобаста ба рушди соҳаи маориф, ки яке аз соҳаҳои афзалиятнок дар сиёсати давлат ҳисобида мешавад, раиси вилоят бо хушнудӣ зикр кард, ки  соли гузашта аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо ба ин соҳа  156 млн сомонӣ равона шуда,  дар вилоят 11 муассисаи нави таҳсилоти умумӣ  бунёд ёфт. Дар соли ҷорӣ бошад, сохтмони 13 МТМУ-и дигар  идома дода шуда, бунёди 11 иншоот ба итмом хоҳад расид. Маблағи умумии ин сохтмонҳо 82 млн сомониро ташкил медиҳад.
Рушди  соҳаи тандурустии вилоят ҳам  дар соли 2023 мавриди  таваҷҷуҳи роҳбарияти кишвар қарор дошт. Танҳо соли гузашта барои бунёди муассисаҳои профилактикию табобатӣ 50 млн 860 ҳазор сомонӣ сарф шуда, 10 иншооти нав мавриди баҳрабардорӣ қарор  гирифт.  Имсол  бошад, сохтмони 24 иншооти дигари тандурустӣ  ба нақша гирифта шуда, бо ин мақсад,  зиёда аз 300 млн сомонӣ равона мегардад. Сохмони беморхонаи вилоятӣ, беморхонаҳои ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Шуғнон, Роштқалъа ва Туғгози ноҳияи  Ишкошим, 8 бунгоҳи тиббӣ ва 3 маркази саломатӣ аз ҷумлаи ин иншоотҳо мебошанд. 
Тавре раиси вилоят зикр кард, ҷиҳати боз ҳам равнақ додани соҳаи варзиш ва сайёҳӣ бозсозии варзишгоҳи марказӣ дар шаҳри Хоруғ ва сохтмони варзишгоҳҳо дар ноҳияҳои Ишкошиму Рӯшон идома ёфта, бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ бунёди толору майдончаҳои варзишӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят  идома меёбанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бобати тараққии соҳаи сайёҳӣ ва иҷрои стратегияву барномаҳои соҳавӣ лоиҳаҳои зиёдро амалӣ сохта истодааст. 
Дар ин ҷода ба сектори хусусӣ ҳамаҷониба мусоидат карда шуда, тадбирҳои муассиру судманд барои ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон андешида мешаванд. Таъмири маконҳои таърихию фарҳангӣ идома ёфта, дар назди онҳо ва дигар мавзеъҳои табиию тамошобоб нуқтаҳои нави хизматрасонӣ кушода хоҳанд шуд.
Дар фарҷом раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, сардорони кумитаву раёсат ва идораву муассисаҳоро муваззаф  сохт, ки вобаста ба иҷрои сифатноки супоришҳое, ки аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат бармеоянд, тадбирҳои ҷиддӣ андешанд. Нақшаҳои фаъолияти худро ҷиҳати роҳандозии қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, фармону амрҳои Роҳбари давлат, стратегияву барномаҳои давлатию  соҳавӣ бозбинӣ намуда, оид ба амалӣ кардани онҳо чораҷӯӣ намоянд.

Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 29.01.2024 №: 20
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив