ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ ВАТАНДӮСТӢ ТО ТАҚВИЯТИ МАСЪУЛИЯТШИНОСӢ

АЗ ВАТАНДӮСТӢ ТО ТАҚВИЯТИ МАСЪУЛИЯТШИНОСӢ

03 феврал 2024, Шанбе
66
0

 Тарбияи ҳуқуқӣ меҳвари маърифати 
ҳуқуқии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (28-уми декабри соли 2023) таъкид намуданд:  «Ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон бояд ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад».
Тарбияи ҷавонон аз ҷумлаи афзалиятҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти маърифати ҳуқуқӣ мебошад.  Тарбияи ҳуқуқӣ як намуди тарбияи умумӣ буда, дар роҳи амалигардонии маърифати ҳуқуқӣ ду вазифаи асосиро иҷро мекунад:
а) ба тарбиягирандагон (ҷавонон ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ) додани донишу малакаи ҳуқуқӣ;
б) нерумандгардонии идеяҳо (ғояҳо), боварҳо, эътимод, дарку эҳсоси равонӣ дар шуури ҳуқуқии ҷавонон ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ дар роҳи садоқат ба Ватан, Пешвои миллат, мардум, давлатмеҳварӣ, ҳимояи марзу бум, ҷавонмардӣ ва амсоли инҳо.
Дар замони истиқлолият ташаккули давлати ҳуқуқбунёд ба ҳайси ҳадафи муҳимтарини дигаргуниҳои куллии пайгирона дар Тоҷикистон идома ёфта, раванди амалигардонии ин ҳадаф дар ҷомеаи муосири тоҷикон ба густариши низоми сиёсӣ-ҳуқуқии он дар матнҳои бунёдии санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба шакли муайян даровардаву таҳким бахшида шуда, ба пешрафти маърифати ҳуқуқии ҷавонон таъсир гузошт.
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон дар замони муосир аҳамияти хосса пайдо мекунад, ки имконпазиран нухбагони зеҳнӣ ва маънивии ояндаи ҷомеа мебошанд.
Тайи солҳои охир болоравии салоҳиятнокии ҳуқуқии ҷавонон мушоҳида мешавад, ки дар огоҳии баланди онҳо аз мундариҷаи санадҳои бунёдии меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, минҷумла Конститутсия, кодексҳо ва амсоли он зоҳир мегарданд.
Бо дарназардошти ин, дар ин соҳа тадбирҳои судманд маҳз дар солҳои истиқлолияти давлатӣ амалӣ карда шуданд. 
Тарбияи ватандӯстии ҷавонон рукни асосии сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз соли 1995 барномаеро қабул кард, ки ҳадафи он тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватанпарастӣ ва эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ буд. Бо дарназардошти тақвият бахшидани ин ҷода ва бо мақсади такмили фаъолияти мақомоти идораи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 4-уми феврали соли 2002 «Дар бораи Барномаи давлатии «Тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2002-2005» қабул шуд, ки бо иҷрои он як қатор корҳои судманд дар ҷумҳурӣ амалӣ гардиданд.
Тавре  ки  Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд: «Пеш аз ҳама, бояд дар сари ин проблема андеша кунем, ки дар давраҳои хеле ҳассоси тезутунд шудани муносибатҳои байни абарқудратҳо барои ҷорӣ намудани низоми нави ҷаҳондорӣ, сарфи назар аз мавҷудияти ақидаҳои мухталифи сиёсиву динӣ ва иҷтимоӣ дар ҷомеа, мо барои ҳифзи сарвати бузургтарин ва бобақои худ, яъне Ватан ва истиқлолияти миллӣ муттаҳид бошем, барои ҳифзи манфиатҳои милливу давлатии худ зиракиро аз даст надиҳем».
Аз ҷумла, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми октябри соли 2005 «Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010» тасдиқ карда шуд. Дар назди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон вазифаҳое гузошта шуданд, ки иҷрои онҳо барои таҳкими истиқлолият ва бақои давлату миллат аҳамияти калон доштанд.
Бо  қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 1-уми  августи  соли 2012 «Барномаи  давлатии тарбияи  насли наврас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017» тасдиқ карда шуд. Он дар асоси нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи нишондодҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми апрели соли 2011 баён гардидаанд, бо мақсади такмили низоми тарбия дар Тоҷикистон, дастгирии соҳаи таълиму тарбияи насли наврас, муҳайё сохтани шароит барои беҳтар намудани шаклу усул ва воситаҳои тарбия, таъмини робитаи доимӣ миёни падару модар, муассисаҳои таълимӣ ва аҳли ҷомеа дар тарбияи насли наврас мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» таҳия гардида буд.
Аҳамияти беназири ин Қонуни миллиро, ки соли 2011 дар таърихи қонунгузории кишвар бори аввал таҳия ва қабул гардида, дар болоравии масъулияти волидон, оила ва муассисаҳои таълимиву ҷомеа дар тарбияи фарзанд, насли наврасу ҷавон нақши бориз мебозад, махсус таъкид сохтан хеле бамаврид аст. Қонуни мазкур масъулияти бевоситаи падару модар барои дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ тарбия намудани фарзандро муқаррар мекунад.
Мақсади асосии Барномаи давлатии тарбияи насли наврас аз баланд бардоштани сатҳи тарбияи ин қишри ҷомеа, тарғибу ташвиқи одоби муошират, риояи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ ва дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ба воя расондани хонандагону донишҷӯён, эҳтиром нисбат ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои амалкунандаи кишвар фароҳам овардани  шароити зарурӣ барои дастгирӣ, сарпарастӣ ва тарбияи насли наврас, таъмини маҷмуи тадбирҳо ҷиҳати ҷалби аҳли ҷомеа ба масъалаҳои тарбия, ба роҳ мондани низоми корҳои тарбиявӣ бо аҳли ҷомеа, бунёди заминаи илмӣ ва тайёр намудани мутахассисони соҳавӣ, таъмини тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ кардани ҳодиса ва рафторҳои номатлуб, ҷинояткорӣ иборат мебошанд.

Зимни татбиқи Барномаи мазкур тадбирҳои зерин амалӣ карда шуданд:
- таҳкими низоми тарбияи насли наврас, такмили стандартҳои таҳсилот, нақша ва барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимию методӣ ҷиҳати баланд бардоштани мақоми тарбия дар ҷомеа дар асоси анъанаҳои миллӣ;
- ташаккул ва тақвияти вазифаву уҳдадориҳои мутақобилаи оила ва муассисаҳои таълимӣ, иттиҳодияҳо ва дигар ниҳодҳои ҷамъиятӣ, иртиботи муассисаи таълимӣ бо оила ва муносибати боэҳтиромонаи падару модарон, омӯзгорон ҷиҳати донишандӯзӣ, хушахлоқӣ, тавоноӣ ва неруи ақлониву маънавии фарзандон;
- таҳия ва татбиқи барномаҳои махсус оид ба рушди зеҳнии насли наврас ва тарзи ҳаёти солими онҳо;
- ҷорӣ намудани усул ва шаклҳои нави низоми тарбияи насли наврас дар шароити муосир;
- таъмини ҳамоҳангии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, таҳсилоти иловагӣ, таҳсилоти махсус, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, созмонҳои ҷамъиятӣ ва аҳли ҷомеа дар тарбияи насли наврас;
- ташаккули андешаву шуури миллӣ, гиромидошти анъанаҳои умумибашарӣ, ҳисси ватанпарастӣ, зеҳни солиму ақли расо, хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, аз ҷумла пиндор, гуфтор ва рафтори нек;
- ташвиқ ва тарғиби пандномаи ахлоқии ниёгон, таҳаммулпазирӣ, муомилаву муошират ва фазилатҳои писандидаи инсонӣ;
- ба роҳ мондани тарғибу ташвиқот аз тариқи воситаҳои ахбори омма ҷиҳати рушду ташаккули тарбияи насли наврас дар шароити муосир;
- таъмини тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ намудани ҳодисаҳои ҷинояткорӣ ва рафторҳои номатлуб байни ҷавонон;
- беҳтар намудани заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, фароҳам овардани таъминоти илмию методии раванди тарбия;
- тайёр намудани кадрҳои илмию педагогӣ, ҳавасмандгардонӣ ҷиҳати татбиқи навгониҳо ва лоиҳаҳои инноватсионӣ дар соҳаи тарбия.
Дар шароити дигаргунсозиҳои ҷаҳонӣ амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон, ки ояндаро месозанд, тақозои замон мебошад. Бо андешаи он, ки қувваи асосии ҷисмонии кишварро насли ҷавон ташкил медиҳад, муайян намудани ҷабҳаҳои фаъолият ва дурнамо нисбат ба онҳо мувофиқи мақсад аст.
Яке аз чунин афзалиятҳо ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Зарурати ташаккули ин сиёсат дар Тоҷикистон баъди соҳибистиқлолӣ тақозои замон ба шумор меравад. Дар мадди аввал қарор додани инсон ва захираҳои инсонии кишвар хусусияти хоси ин сиёсат ба ҳисоб меравад. Дар Тоҷикистон, ки аз назари демографӣ пайваста рушд мекунад ва беш аз 70 дарсади аҳолии онро насли ҷавон ташкил медиҳад, татбиқи ин сиёсат дорои аҳамияти бузург аст.
Мавҷуд будани омилҳои номатлуб дар байни насли ҷавон, аз қабили ҳолатҳои террористӣ, экстремистӣ, ифротгароӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҷинояткорӣ, хариду фурӯши инсон, танфурӯшӣ ҳаёти ҷамъиятиро халалдор карда, ба амнияти миллию давлатӣ таҳдид мекунанд. Татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон яке аз зуҳуроти асосии пешгирии ин омилҳои номатлуб дар ҳаёти ҷавонон мебошад.
Дар ҷаҳони муосир гузаштан ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, аз як тараф тақозои замон буда, рушди иқтидори технологиву иттилоотии кишварро таъмин кунад, аз тарафи дигар, истифодаи воситаҳои технологияи иттилоотӣ ба мақсадҳои ғаразнок, паҳн намудани маводи номатлуб, мубодилаи иттилоот дар хусуси фаъолияти ташкилотҳои террористӣ, ҷалби ҷавонон ба ин ташкилотҳо ба мафкура ва ҳаёти минбаъдаи насли наврас таъсири манфӣ мерасонад. Дар ин шароит татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Баҳри татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 2-юми ноябри соли 2012 тасдиқ шудааст. Барномаи мазкур бо дарназардошти дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва тавсияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда буд.
Ҳадафи асосии Барнома фароҳам овардани шароити мусоид ва имконоти муассир ҷиҳати худташаккулёбӣ, худамалигардонӣ, тарбия ва маърифатнокии комили ҷавонон дар руҳияи худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ, беҳдошти вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, таъминоти ҳуқуқҳо ва ташаккули тарзи ҳаёти солими ҷавонон ба ҳисоб мерафт.
Самтҳои афзалиятноки Барнома бо дарназардошти вазъи иҷтимоӣ ва талаботи воқеии ҷавонон дар шароити ҷомеаи муосир, ҳамчунин, дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола, тавассути татбиқи босамари Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ва Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 ба таври зайл муқаррар гардиданд:
а) ташаккули маърифати маънавию сиёсӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон;
б) рушди имконоти иҷтимоӣ ва мусоидат ба мустақилияти иқтисодии ҷавонон;
в) рушди саломатии ҷавонон;
г) мусоидат ба таълими муассир ва дастгирии эҷодиёти ҷавонон;
д) рушди ҷанбаҳои илмию методӣ ва иттилоотии сиёсати давлатии ҷавонон;
е) такмили малакаҳои кории мутахассисон ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ.
Барои расидан ба ҳадафҳои гузошташудаи Барнома ва татбиқи босамари самтҳои афзалиятноки он зарур аст, ки тадбирҳои зерин амалӣ карда шаванд:
- фароҳам овардани заминаҳои мусоид ҷиҳати ташаккули маърифати фарҳангӣ, маънавию сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонон;
- тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва адои хизмати самараноки ҳарбӣ дар назди Ватан-модар;
- таблиғи ғояҳои ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, тамаддунофарӣ, фарҳангдӯстӣ ва аз худ кардани ахлоқи ҳамидаи инсонӣ дар байни ҷавонон;
- дастгирии ташаббусҳои ҷавонон оид ба татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон;
- паст кардани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон;
- мутобиқгардонии ҷавонон ба муносибатҳои нави иқтисодию иҷтимоӣ ва баланд бардоштани қобилияти рақобатпазирии онҳо дар бозори меҳнат, шуғл ва касбомӯзӣ;
- мусоидат ба мустақилияти иқтисодии ҷавонон, аз ҷумла рушди соҳибкорӣ дар байни онҳо;
- паст кардани сатҳи бекорӣ дар байни ҷавонон;
- танзими муҳоҷирати меҳнатии ҷавонон;
- мусоидат ба зиёд гардондани шумораи марказҳои ҷавонон дар кишвар;
- баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ ва маърифатнокии ҷавонон дар самти пешгирии бемориҳои сироятии ҷинсӣ, нашъамандӣ;
- баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонон ва оилаҳои ҷавон оид ба танзими оила ва солимии репродуктивӣ;
- фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои таҳсили ҷавонон, такмили ихтисос, тайёр намудани кадрҳо ва дастгирии ҷавонони лаёқатманд;
- мусоидат ҷиҳати фароҳам овардани шароит барои ҷавонон дар мавриди омӯзиши забонҳо, илм ва технологияи муосир;
- ташаккули механизмҳо ҷиҳати рушди эҷодкориҳо ва фаъолияти илмии ҷавонон;
- ҳавасмандгардонии хонандагон ва донишҷӯён дар таҳсили босамар ва фаъолнокӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ;
- фароҳам овардани шароит ҷиҳати муаррифӣ ва амалигардии корҳои илмии олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон;
- рушди омори сиёсати давлатии ҷавонон ва устувор гардондани имкониятҳои иттилоотии мақомоти давлатии кор бо ҷавонон;
- мусоидат барои фароҳам овардани замина ҷиҳати ташкили системаи иттилоотии ҷавонон дар заминаи технологияи муосир;
- устувор гардондани заминаи илмию методии сиёсати давлатии ҷавонон;
- такмили малакаи кории мутахассисони соҳаи кор бо ҷавонон;
- рушди муносибатҳои байналмилалӣ дар татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон;
- ташаккули неруи зеҳнӣ ва эҷодии ҷавонон, таҳия ва татбиқи механизмҳои дастгирии ҷавонони лаёқатманд.
Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири навбатӣ, яъне барои солҳои 2016-2018 таҳия гардид. Амалисозии он ба татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии кишвар мусоидат намуд. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2023, таъкид сохтанд, ки «тайи беш аз се даҳсола ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду инкишофи қобилияту истеъдоди онҳо ва боз ҳам беҳтар гардондани сатҳу сифати зиндагиву фаъолияти ин қишри фаъоли иҷтимоӣ як силсила нақшаву барномаҳо қабул ва амалӣ шуда истодаанд».
Аз ҷумла, 24-уми декабри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» имзо гузоштанд. Қонуни мазкур барои тарбияи шаҳрвандон дар роҳи хизмати софдилонаву фидокорона ба Ватан, ифтихор аз ниёгон, арҷгузорӣ ба рамзҳои миллӣ ва ҷаҳду талошҳо баҳри фардои боз ҳам ободу дурахшони кишвар ва некуаҳволии рӯзафзуни халқ таҳия ва қабул шудааст.
Ҳамин тавр, дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар сатҳи қонун таҷассум ёфтани мафҳуми тарбияи ватандӯстӣ барои тақвияти масъулиятшиносии ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан, тавсеаи мавзуи хештаншиносӣ дар ҷомеа ва ташаккулёбии насли наврасу ҷавони солиму меҳандӯст заминаҳои марбутаи ҳуқуқиро фароҳам овардааст.
Лозим ба таъкиди хос аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи баланд бардоштан ва амалӣ намудани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ду усули мантиқиро истифода кардаанд:
а) тарғиботу ташвиқот ба хотири аз лиҳози равонӣ омода намудани ҷавонон ва ҷомеа барои пазироии падидаи маърифати ҳуқуқӣ;
б) усули фаҳмондадиҳӣ барои шарҳи ниҳоди маърифати ҳуқуқӣ бо мақсади қавигардонии ҳувияти ҳуқуқписандии ҷавонон.
Ин ду усул дар роҳи амалӣ гаштани барномаву консепсияҳо ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва коҳиш ёфтани сатҳи содиршавии ҷиноят дар миёни ҷавонон нақши асосиро иҷро менамояд.
Бо такя ба андешаҳои баёншуда, ба назари мо, дар ҳоли ҳозир маърифати ҳуқуқии ҷавонон бояд ба татбиқи маҷмуи ҳадафҳое равона карда шавад, ки дар санадҳои болозикр инъикос ёфтаанд. Санадҳои  зикршуда, моҳиятан тарзе амалӣ карда мешаванд, ки аксарияти мутлақи ҷавонон ба рафтори фаъоли иҷтимоӣ мутамоил гардида, рафторе, ки ба дарки амиқи асоснокӣ, адолатнокӣ ва мувофиқи мақсад будани меъёрҳои ҳуқуқ асос ёфтааст ва фаъолияти шахсро баҳри таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва решакан намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дар назар дорад, нигаронида шудаанд.

Эмомалӣ НАСРИДДИНЗОДА,
ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 
узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, 
профессор

Санаи нашр: 02.02.2024 №: 24
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив