ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲОДИИ РАВШАНДИЛ

ҲОДИИ РАВШАНДИЛ

09 феврал 2024, Ҷумъа
8
0


Эй бародар, Тоҷикистон чун фурудгаҳ не, 
бувад парвозгоҳи Пешвоям,
Дар сиёсат, 
дар ҳама бунёди давр оғозгоҳи Пешвоям.
Чун ба Арбоб аз муҳаббат омад ӯ 
бо хоҳиши ваҳдат,
Ин абадгаҳ вақти омад-рафтанаш 
буд розгоҳи Пешвоям.
Ӯ сухансозӣ аз ин ҷо кард оғоз,
Ӯ ватансозӣ аз ин ҷо ибтидо кард.
Ӯ ба сулҳ аз ин замин бахшид парвоз,
Боҳамойиро дар ин хоки вафопаймон бапо кард.
Ориёиро ба фар бардошт аз афтодагию бесадоӣ,
Худкушии миллатамро интиҳо кард.
Давлати Сомониёнро зинда кард ӯ,
Пас ба Имоми муаззам иқтидо кард.
Бар ҷаҳони тоҷикон гардид доҳии муборакрой.
Чун нанозам аз чунин Ҳодии равшандил?!
Чун наболам аз чунин неруи миллатпарвари Сарвар?!
Чун нафахрам аз дари бикшодаи манзил,
Аз нигоҳи равшани имрӯз бар фардои Раҳбар?!
Ӯ Паёмашро ба худсозии миллат мекунад иншо,
Розҳои печ-печи олами имрӯзи моро мекунад ифшо.

Эй бародар,
Ӯ суханро ҷавшани ҷони Ватан кардаст, 
Ӯ Ватанро ҷавшани ҷони чаман кардаст. 
Ӯ чаманро ҷаннати рӯи Замин кардаст,
Тоҷикистонро биҳишти нозанин кардаст.
Модарамро ӯ азиз аз давлати ҷону ҷаҳон гардонд,
Ӯ падарро ҳамчу руҳи миллати мо ҷовидон гардонд.
Хуни халқи пири садасра ҷавон гардонд,
Номи моро мисли номи хеш дар вирди забон гардонд.

Эй бародар,
Аз ҳасад мирандагон дар даҳр бисёранд,
Кинаварзони гиребонбӯйи бебунёд чун моранд,
Рафтаи миллатфурӯш аслан, ки бе оранд,
Ҳеҷ гаҳ бар ин Замину халқ нафъе ҳам намеоранд.
Санги ин ҷо сад карат даркору гарму нарм
Аз дили он беватанҳо, ки чунон “бомеҳру ғамхоранд”!
Хору хасро дар чаман бар чашм мемолам,
К-ин ҳама хушбар зи анчарҳои заҳроранд!

Эй, бародар,
Мо намемирем дар парвозгоҳи Пешвои халқ,
Ҷовидон астем дар оғозгоҳи Пешвои халқ.
Дар вуҷуди Тоҷикистони ҷавони навбаҳороғӯш 
Бо Паёми ботинафрӯзи бақои халқ!

Аҳмадҷон РАҲМАТЗОД,
Шоири халқии Тоҷикистон

Санаи нашр: 08.02.2024 №: 28
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив