ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ГУЛ КУН БА БАХТИ МО, ВАТАН

ГУЛ КУН БА БАХТИ МО, ВАТАН

12 феврал 2024, Душанбе
755
0

 
Ёрмаҳмад ГУРДАКОВ: “Ҳоло қарзи фарзандиро назди Ватан иҷро накардаам”
Сангвор чун нигине байни кӯҳҳои сарбафалак имрӯзҳо дурахши тозае гирифтааст. Мардуми ин ноҳия истиқлоли Ватанро ба маънои томаш дарк намуда, пайваста дар талоши ободониянд. Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия сохтмони 107 иншоот бо маблағи умумии 30 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуд, ки то имрӯз дар 75-тои он корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, дар дигар иншоот корҳо бомаром идома доранд. Дар сохтмони иншооти банақшагирифта, дар пайравӣ ба амалҳои ҷавонмардона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми соҳибкорон назаррас буда, дар рушди ноҳия нақше аз худ мегузоранд.
Яке аз нафароне, ки баробари даҳҳо ҷавони бонангу ори ноҳия шиораш ободии Ватану диёр аст, Ёрмаҳмад Гурдаков - соҳибкор аз деҳоти Заршӯён, мебошад. 
- Пас аз ба даст овардани истиқлол ноҳияи Сангвор симои тоза гирифту шароит дар ин гӯшаи Ватан беҳ гардид. Дар аввал барои дастрасӣ пайдо намудани аҳолӣ ба маҳсулоти аввалияи рӯзгор, аз қабили равғану орд, як мағозаи хурд сохта, корро оғоз намудам. Рӯз ба рӯз сатҳи зиндагии мардум беҳ шуду сафи харидорон афзуд. Вақте ба шаҳрҳо мерафтаму аз шароити хуби он ҷо дидан мекардам, ба худ қавл медодам, ки бо аввалин имкон, ба хотири ояндаи фарзандон бунёдкориро пеша мекунам. Аз як тараф орзуву аз дигар ҷониб дастгириву руҳбаланд кардани соҳибкорон аз ҷониби Сарвари давлат ҳаваси маро дучанд кард. Маркази тиҷоратии иборат аз 3 ошёнаи замонавиро дар замини мағозаи қаблиам бунёд намудам, ки он имрӯзҳо на танҳо ба аҳли деҳа, балки ба сокинони деҳаҳои ҳамсоя низ  хизмат мерасонад, - гуфт Ёрмаҳмад Гурдаков.
Воқеан, вақте дил ба ёди Ватан ҷӯш мезанад, мақсад танҳову танҳо ободкорист. Бо ин ҳисси баланди худогоҳиву ватандӯстӣ Ё. Гурдаков, инчунин, дар масоҳати яку ним гектар боғи дарахтони мевадиҳандаву сояафкан бунёд намудааст, бо дарназардошти талабот ва рӯз ба рӯз зиёд шудани шумораи сайёҳони дохиливу хориҷӣ соле қабл меҳмонхонаи зебои дуошёнаро бо шароити замонавӣ сохт. Бо дархости зиёди ҳамдеҳагон, бахусус ҷавонон, дар деҳа ҳаммоми зебову ҷавобгӯ ба талаботи замонро ба истифода супурд. Ғайр аз ин, ба ҳар оилаи ниёзманди деҳа дасти мадад дароз карда, бо маводи мавриди ниёз онҳоро таъмин менамояд. Ба хотири рафтуомади бемамонияти одамон соле қабл 3 километр роҳи байни деҳаҳоро сангфарш кард. 
Воқеан, ҳамаи ин амалҳо сазовори таҳсин аст. Ба гуфтаи худи Ёрмаҳмад Гурдаков, ин интиҳои кор нест: «Ҳоло ман қарзи фарзандиро назди Ватан иҷро накардаам. Зиёд мехоҳам фарзандони мо низ дар кӯҳистон мисли кӯдакони шаҳрӣ дар шароити хуб ба камол расанд. Аз ин рӯ, тасмим гирифтам, ки дар камтарин вақт толори варзиш ва бунгоҳи тиббӣ бунёд намоям».
Бешак, амали ҷавонмардонаи ин соҳибкор барои тамоми фарзандони Ватан намунаи ибрат аст. 

Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 12.02.2024 №: 30
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив