ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФУТБОЛ

ФУТБОЛ

12 феврал 2024, Душанбе
15
0


Рустами Эмомалӣ пешниҳод кард, ки «Рӯзи ҷаҳонии футбол» расман эълон гардад
Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуд, ки нақши футболро дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф намуда, тариқи қабули қатъномаи махсус «Рӯзи ҷаҳонии футбол» расман эълон гардад.
Рустами Эмомалӣ дар пешниҳод ба СММ, аз ҷумла таъкид намуд: «Мусаллам аст, ки варзиш дар ҳаёти инсоният аз ҷумлаи беҳтарин роҳҳои беҳбудии саломатӣ ва пешбурди тарзи ҳаёти солим, инчунин, василаи муҳимтарини пайванди халқу миллатҳои гуногун ба шумор меравад. Мардуми сайёра бештар аз 150 сол аст, ки ба футбол машғуланд ва ин бозӣ аз замони пайдоиш то кунун як вазифа ва як ҳадаф дорад, ки он ба ҳам овардани инсонҳо мебошад. Имрӯз, ҳатто дар хурдтарин мамлакати олам одамон ба футболбозӣ машғуланд, яъне футбол ҳамчун маҳсули эҷоди тафаккури инсонӣ аз як бозии одӣ ба омили пайвандгари инсоният табдил ёфтааст. Маълум аст, ки футбол дар баъзан кишварҳо ҳамчун варзиш маъруф аст, вале он танҳо як бозӣ нест. Ин намуди варзиш як падидаи фарҳанги ҷаҳонист, ки марзҳои миллӣ, монеаҳои забонӣ ва тафовутҳои иҷтимоиву иқтисодиро убур мекунад. Ин як варзишест, ки ҷаҳонро муттаҳид месозад ва бо забони универсалӣ сухан мегӯяд, ки ба ҳамагон маълум аст, яъне аз кӯчаҳои пур аз мухлиси шаҳрҳои бузург сар карда, то деҳаҳои дурдасттарини ҷаҳон футболро мешиносанду бозӣ мекунанд. Бо назардошти ин, пешниҳод дорам, ки нақши футболро дар сатҳи ҷаҳон эътироф карда, дар Созмони Милали Муттаҳид аз тариқи қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид «Рӯзи ҷаҳонии футбол» расман эълон гардад».


ФУТБОЛ
Қатар – ғолиби Ҷоми Осиё-2023
Ҷоми футболи Осиё-2023 бо пирӯзии тими миллии Қатар ба анҷом расид. Ин даста дар бозии финалӣ, шоми 10-уми феврал, бар тими Урдун бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард.
Ҷоми Осиё-2023 бо иштироки 24 даста, аз ҷумла тими миллии Тоҷикистон 12-уми январ шуруъ гардида буд. Мунтахаби мо бори аввал дар марҳалаи финалии мусобиқа ширкат карда, то даври чорякфинал расид. Футболбозони мо панҷ бозӣ анҷом дода, дар ду дидор муқобили Лубнон (2:1), АМА (1:1, аз рӯи пеналтӣ – 5:3) ғалаба, як бозиро муқобили Чин (0:0) мусовӣ карда, дар ду бозӣ аз Қатар ва Лубнон бо ҳисоби якхелаи 0:1 мағлуб гаштанд.


ВАРЗИШИ ОБӢ
Шиноварони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон иштирок мекунанд 
2-юми феврал дар шаҳри Доҳаи Қатар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзишҳои обӣ шуруъ гардид, ки то 18-уми феврал идома меёбад. 
Ин чорабинӣ бори аввал дар Ховари Миёна баргузор шуда истодааст ва дар он беш аз 2600 варзишгар аз 197 давлат иштирок дорад. Дар доираи Чемпионат аз рӯи 4 равия – шиноварӣ, ҷаҳиш ба об, тӯббозӣ дар об ва марафон – 75 мусобиқа доир мегардад. Кишвари моро дар равияи шиноварӣ ба масофаҳои кӯтоҳ Екатерина Бордаченко ва Фахриддин Мадкамов намояндагӣ мекунанд.
Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши обӣ мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 мебошад. Дар сабқатҳои инфиродӣ варзишгароне, ки меъёрҳои муқарраркардаи Федератсияи байналмилалиро иҷро менамоянд, соҳиби роҳхати олимпӣ мешаванд.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 12.02.2024 №: 30
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив