ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТЕЛЕФОНИ МОБИЛӢ. ОЁ АЗ ОН ДУРУСТ ИСТИФОДА МЕБАРЕМ?

ТЕЛЕФОНИ МОБИЛӢ. ОЁ АЗ ОН ДУРУСТ ИСТИФОДА МЕБАРЕМ?

13 феврал 2024, Сешанбе
23
0

 
Асри моро асри илму технология меноманд ва ин беҳуда нест, зеро тайи солҳои охир инсоният дар ин ҷода, бахусус дар самти коркарди технологияи рақамӣ, беш аз пеш ба дастовардҳои беназир комёб мегардад. Ҳамин аст, ки ҳоло мо худро бе компютер ва ё телефони мобилӣ тасаввур карда наметавонем, чунки онҳо ҷузъи ҷудонопазири ҳаёти мо шудаанд. 
Бешубҳа, технологияи муосир барои хубтару беҳтар шудани фаъолияти мо мусоидат менамояд, вале набояд фаромӯш сохт, ки истифодаи ҳар чиз меъёр дорад. Яъне, мо аз таҷҳизотҳои ҳозиразамон, махсусан телефони мобилӣ,  бояд тарзе истифода барем, ки  на бар зарар, балки фоидаамон бошад. Мутаассифона, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки баръакси ҳол аст. Ҳоло куҷое нигарӣ – чи дар кӯча, чи дар хона, чи дар нақлиёти ҷамъиятӣ,  калонсолону ҷавонон беҳудаву баҳуда саргарми телефонҳои мобилиянд.  Бадии кор дар ин аст, ки баъзе падару модарони ҷавон кӯдакони хешро вобастаи телефон кардаанд, ки басе ташвишовар аст, зеро ба гуфти мутахассисони соҳаи тиб, истифодаи аз ҳад зиёди он боиси беморшавии кӯдак мегардад. 
Аз ҷумла, табиби Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” Наҷибулло Муҳибуллоев дар ин бора чунин зикр намуд:
– Истифодаи аз меъёр зиёди телефони мобилӣ сабаби сустшавии хотира, дарди сар, асабоният, хастагӣ ва иллатёбии пардаи гӯш мешавад. Инчунин, он боиси пайдоиши бемориҳое, ба монанди лейкемия, катарактаи чашм, омоси мағзи сару сина  ва ғайра хоҳад шуд. Телефонҳои мобилӣ, махсус барои кӯдакон хатарноктар аст, чун организми онҳо бардошти нурҳои зараровари аз телефон паҳншударо надорад. 
Аз ин рӯ, мутахассис ба падару модарони ҷавон тавсия медиҳад, ки кӯдаконашонро ба ҳеч ваҷҳ вобастаи телефони мобилӣ накунанд. Пас, волидайнро мебояд ба ин суханон гӯш диҳанд, то кӯдаконашон аз касалиҳои гуногун эмин монанд ва тансиҳату солим ба воя бирасанд. Ва, бешубҳа, василаи беҳтарин аз овони тифлӣ дар замири онҳо парваридани меҳру муҳаббат нисбат ба китоб мебошад. Чун шахс агар аз кӯдакӣ ба хондани китоб шавқ пайдо кунад, дигар аз он дил нахоҳад канд, зеро ба гуфти коршиносон китоб ҷозибаи махсусе дорад.       

Басона САТТОРЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 13.02.2024 №: 31
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив