ҶУМҲУРИЯТ » ҲУҶҶАТҲО » ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИШТИРОКИ ШАҲРВАНДОН ДАР ТАЪМИНИ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИШТИРОКИ ШАҲРВАНДОН ДАР ТАЪМИНИ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ

30 июн 2023, Ҷумъа
201
0
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии ташкил ва иштироки ихтиёрии инфиродӣ ва дастҷамъонаи шаҳрвандонро дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ муайян менамояд.
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) тартиботи ҷамъиятӣ – низоми муносибатҳои ҷамъиятие, ки мавҷудияти он амнияти шахсӣ ва ҷамъиятиро таъмин менамояд;
2) чорабиниҳои муҳими ҷамъиятию сиёсӣ ва чорабиниҳои дигар – чорабиниҳои расмие, ки тибқи Фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чорабиниҳои дигаре, ки дар доираи ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ гузаронида, нисбат ба онҳо чораҳои махсуси таъмини амният амалӣ карда мешаванд;
3) намояндагони ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ – аъзо, кормандон ё фаъолони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, илмӣ, эҷодӣ ва ташкилотҳои дигари ғайритиҷоратӣ;
4) шаҳрвандони ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусоидаткунанда – кормандони ғайриштатӣ, аъзои дастёрони ихтиёрӣ, шуроҳои ҷамъиятӣ, шуроҳои собиқадорон, инчунин, шахсони дигаре, ки дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ мусоидат менамоянд;
5) иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ – расондани кумак ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ба истиснои мақомоти прокуратура, бо мақсади ҳифзи ҳаёт, саломатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, молу мулк, манфиатҳои ҷомеа ва давлат. 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. 
Моддаи 3. Принсипҳои иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ
Принсипҳои иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ инҳоянд:
1) қонуният;
2) ихтиёрӣ;
3) афзалияти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
4) баробарии ҳама дар назди қонун;
5) адолати иҷтимоӣ ва инсондӯстӣ;
6) ватандӯстӣ;
7) ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ;
8) мубодилаи иттилоот;
9) беғаразӣ.
Моддаи 4. Мусоидат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Бо мақсади мусоидат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шаҳрвандон ҳуқуқ доранд:
1) бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ иштирок намоянд;
2) тибқи муроҷиати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар чорабиниҳо доир ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ иштирок намоянд;
3) дар тарғиби донишҳои ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани фарҳанг ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ иштирок намоянд;
4) якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ ба шахсоне, ки барои содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ майл доранд, иштирок намоянд;
5) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти ҳамоҳангсозӣ, маслиҳатӣ, экспертӣ ва машваратии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба масъалаҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ иштирок намоянд;
6) бо шаклу усулҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кумак намоянд.
Моддаи 5. Шаклҳои иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ
1. Иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар асоси инфиродӣ ва дастҷамъона амалӣ мегардад.
2. Шаклҳои иштироки инфиродии шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ инҳо мебошанд:
1) корманди ғайриштатӣ;
2) шахсоне, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусоидат менамоянд.
3. Шаклҳои иштироки дастҷамъонаи шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ асос меёбанд, тавассути узвияти онҳо дар:
1) дастёрони ихтиёрӣ;
2) шуроҳои ҷамъиятӣ;
3) шуроҳои собиқадорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.
4. Ба шаҳрвандоне, ки дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ инфиродӣ ва дастҷамъона иштирок мекунанд, манъ аст:
1) ба шахсони дигар вогузор намудани ваколатҳои худ, инчунин, суиистифода аз онҳо ба манфиати шахсӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ;
2) истифода намудани шаҳодатнома, пӯшидани либоси расмӣ ва ё истифодаи аломатҳои фарқкунанда, ки бо иштирок дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ алоқаманд нестанд;
3) анҷом додани фаъолияте, ки Қонуни мазкур пешбинӣ накардааст, инчунин, худро ҳамчун корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ кардан;
4) амалӣ намудани фаъолияте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ваколати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мансуб донистааст, ҳамчунин, истифода намудани ҳуқуқҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур бо ғараз ва мақсадҳои дигар.
5. Амали Қонуни мазкур нисбат ба шаҳрвандоне, ки ба мақомоти прокуратура ба сифати ёрдамчии ҷамъиятӣ мусоидат менамоянд, татбиқ намегардад.
 
БОБИ 2. ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ ВА ХУДИДОРАКУНИИ МАҲАЛЛӢ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ИШТИРОКИ ШАҲРВАНДОН ДАР ТАЪМИНИ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ
Моддаи 6. Ваколатҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба масъалаҳои иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба масъалаҳои иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дорои ваколатҳои зерин мебошанд:
1) омодагии кормандони ғайриштатӣ ва аъзои дастёрони ихтиёриро аз рӯйи самтҳои асосии фаъолият, аз ҷумла барои амалҳо ҳангоми баргузории чорабиниҳои муҳими ҷамъиятию сиёсӣ ва чорабиниҳои дигар дар шароити алоқаманд ба истифодаи қувваи ҷисмонӣ, расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ташкил карда, мегузаронанд;
2) кормандони ғайриштатӣ, аъзои дастёрони ихтиёрӣ, шуроҳои ҷамъиятиро бо шаҳодатномаҳои дахлдор ва аломатҳои фарқкунанда таъмин менамоянд;
3) нақшаҳои дахлдори кори шуроҳои ҷамъиятӣ, дастёрони ихтиёрӣ, макон ва вақти гузаронидани чорабиниҳо оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, шумораи аъзои дастёрони ихтиёриро, ки ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ҷалб карда мешаванд, бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мувофиқа менамоянд;
4) шуроҳои ҷамъиятиро бо воситаҳои дастурию методӣ таъмин менамоянд ва ба онҳо иттилооти заруриро барои фаъолият доир ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ пешниҳод мекунанд; 
5) пешниҳоди шуроҳои ҷамъиятиро оид ба масъалаҳои марбут ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо баррасӣ менамоянд;
6) ба шаҳрвандон барои ташкили дастёрони ихтиёрӣ кумак ва мусоидат мекунанд;
7) ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамоянд.
Моддаи 7. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ оид ба масъалаҳои иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ
Мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ оид ба масъалаҳои иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дорои ваколатҳои зерин мебошанд:
1) барои ташкили дастёрони ихтиёрӣ, иштироки инфиродӣ ва дастҷамъона дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ мусоидат мекунанд;
2) оид ба ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳавасмандгардонии моддии кормандоне, ки дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ иштирок мекунанд, чораҳо меандешанд;
3) ба шаҳрвандон иттилооти ҳуқуқӣ ва иттилооти дигари заруриро пешниҳод менамоянд, ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳоро оид ба ҳифз аз суиқасди ғайриқонунӣ мефаҳмонанд;
4) ба хабарҳо дар бораи ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ ва ҳодисаҳое, ки ба тартиботи ҷамъиятӣ таҳдид мекунанд, фавран вокуниш мекунанд;
5) ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамоянд.
Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҳуқуқҳои мақомоти худидоракунии маҳаллӣ оид ба масъалаҳои иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ
1. Бо мақсади ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти дастёрони ихтиёрӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ бо тартиби муқаррарнамудаи низомнома дар бораи дастёрони ихтиёрӣ метавонанд дар макони ҷойгиршавии минтақаи хизматӣ ситодҳои дастёрони ихтиёриро таъсис диҳанд.
2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ дар доираи ваколатҳои худ:
1) бо шуроҳои ҷамъиятӣ ва субъектҳои дигари пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ҳамкорӣ менамоянд;
2) ба шуроҳои ҷамъиятӣ мусоидат менамоянд ва ҳар сол ҳисоботи онҳоро оид ба масъалаҳои расонидани кумак ба онҳо мешунаванд;
3) оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, аз ҷумла дар рафти чорабиниҳои муҳими ҷамъиятию сиёсӣ ва чорабиниҳои дигар якҷо бо шурои ҷамъиятӣ, чораҳо меандешанд;
4) ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамоянд.
 
БОБИ 3. ИШТИРОКИ ИНФИРОДИИ ШАҲРВАНДОН 
ДАР ТАЪМИНИ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ
Моддаи 9. Кормандони ғайриштатӣ
1. Кормандони ғайриштатӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки синнашон на кам аз ҳаждаҳ буда, аз рӯйи сифатҳои корӣ, ахлоқӣ ва вазъи саломатӣ қобилияти иҷрои вазифаҳоро оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ доранд.
2. Интихоби номзадҳо ба ҳайси кормандони ғайриштатӣ бо тартиби муайяннамудаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амалӣ карда мешавад.
3. Шаҳрвандони зерини Ҷумҳурии Тоҷикистон наметавонанд корманди ғайриштатӣ бошанд:
1) узви ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ва ташкилотҳои дигар, ки фаъолияташонро қонун ё суд манъ кардааст;
2) доғи судӣ дошта бошанд;
3) гирифтори бемориҳои руҳӣ, нашъамандӣ ё майзадагӣ бошанд;
4) нисбат ба онҳо санади судӣ дар бораи ғайриқобили амал эътироф намудан ё маҳдуд сохтани қобилияти амалкунии онҳо эътибори қонунӣ пайдо карда бошад.
4. Барои ҳар як корманди ғайриштатӣ парвандаи шахсӣ тартиб дода шуда, дар он ариза, нусхаи шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарҷумаи ҳол, нусхаи ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот ва фаъолияти меҳнатӣ, маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ, розигии хаттӣ барои коркарди маълумоти шахсӣ ва гузаронидани санҷиши маълумоти пешниҳодшуда, забонхат дар бораи ифшо накардани сирри давлатӣ ё маълумоти дигари бо қонун ҳифзшаванда, ки дар натиҷаи фаъолият ба ӯ маълум мегардад, ҳамроҳ карда мешавад. Санҷиши маълумоти пешниҳодшуда бо тартибе, ки дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муқаррар шудааст, амалӣ карда мешавад. Парвандаи шахсии корманди ғайриштатӣ дар мақомоти дахлдор нигоҳ дошта мешавад.
Моддаи 10. Вазъи ҳуқуқӣ ва ташкили фаъолияти кормандони ғайриштатӣ
1. Кормандони ғайриштатӣ шахсони мансабдори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд ва фаъолиятро ихтиёрӣ, ошкоро ва ройгон пеш мебаранд. Онҳо дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ таҳти роҳбарии бевоситаи корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ба онҳо вобасташуда иштирок мекунанд. Ба кормандони ғайриштатӣ шаҳодатнома, ки намунаи онро роҳбари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тасдиқ мекунад, дода мешавад.
2. Самти фаъолияти кормандони ғайриштатӣ, ташкил ва тартиби фаъолияти онҳо бо низомнома муайян карда мешавад, ки онро мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунанд.
3. Кормандони ғайриштатӣ ҳангоми ба амал баровардани фаъолият оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ҳуқуқ доранд:
1) аз шаҳрвандон риояи қонунҳо, тартиботи ҷамъиятӣ ва қатъ намудани амалҳои ғайриқонуниро талаб намоянд;
2) барои ҳифзи ҷойи ҳодиса, таъмини нигоҳдошти далелҳои шайъӣ чораҳо андешанд;
3) бо ҳуҷҷатҳое, ки ҳолати ҳуқуқии корманди ғайриштатиро муайян мекунанд, шинос шаванд, инчунин, бо тартиби муқарраргардида иттилоотеро, ки барои иштирок дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ заруранд, дастрас намоянд;
4) ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар иҷрои вазифаҳои онҳо дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ кумак расонанд;
5) дар доираи асосҳои пешбининамудаи моддаи 17 Қонуни мазкур қувваи ҷисмониро истифода баранд;
6) ҳуқуқҳои дигари бо  Қонуни  мазкур  ва  дигар  санадҳои  меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардидаро амалӣ намоянд.
4. Кормандони ғайриштатӣ ҳангоми ба амал баровардани фаъолият оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ уҳдадоранд:
1) талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ донанд ва риоя намоянд;
2) супоришҳои кормандони ваколатдори мақомоти ҳифзи ҳуқуқро, ки бо тартиби муқарраргардида дода шудаанд ва хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд, иҷро намоянд;
3) ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро риоя кунанд;
4) ҳангоми доштани тайёрӣ ва ё малакаи дахлдор ба шахсоне, ки аз ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҳодисаҳои нохуш зарар дидаанд, инчунин, дар ҳолати оҷизӣ ва ё ҳолати дигари ба ҳаёт ва саломатии онҳо таҳдидкунанда қарор доранд, ёрии таъҷилӣ расонанд;
5) бо худ шаҳодатнома дошта бошанд ва ба шаҳрвандоне, ки нисбат ба онҳо талаби қатъи амали ғайриқонунӣ равона шудааст, нишон диҳанд.
5. Кормандони ғайриштатӣ дар ҳолатҳои зерин аз ҳайати кормандони ғайриштатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хориҷ карда мешаванд:
1) дар асоси аризаи шахсӣ;
2) ба миён омадани ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 3 моддаи 9 Қонуни мазкур;
3) мунтазам иҷро накардани уҳдадориҳои ба зиммаашон гузошташуда;
4) қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5) бинобар сабаби вафот;
6) ҳангоми бадном кардани шаъну шарафи корманди ғайриштатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
7) ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
6. Вобаста ба амалҳои кормандони ғайриштатӣ, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро вайрон мекунанд, мумкин аст бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят карда шавад.
7. Кормандони ғайриштатӣ, ки ҳангоми таъмини тартиботи ҷамъиятӣ амалҳои ғайриқонунӣ содир менамоянд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Зараре, ки ба шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ расонида шудааст, ба андоза ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.
Моддаи 11. Шаҳрвандоне, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусоидат менамоянд, ташкили фаъолият ва вазъи ҳуқуқии онҳо
1. Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусоидат намоянд.
2. Талабот нисбат ба шаҳрвандоне, ки мехоҳанд ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусоидат намоянд, ташкили фаъолият ва вазъи ҳуқуқии онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
 
БОБИ 4. ИШТИРОКИ ДАСТҶАМЪОНАИ ШАҲРВАНДОН 
ДАР ТАЪМИНИ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ
Моддаи 12. Дастёрони ихтиёрӣ 
1. Дастёрони ихтиёрӣ гурӯҳи ихтиёрии на камтар аз даҳ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар ҷойи кор, таҳсил ва маҳали зисти шаҳрвандон бо мақсади мусоидат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур таъсис дода шуда, аз қайди баҳисобгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ гузаштааст ва дар маҳалҳо таҳти роҳбарии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият мекунад.
2. Узви дастёрони ихтиёрӣ шаҳрвандоне шуда метавонанд, ки ба синни ҳаждаҳ расидаанд, аз рӯйи сифатҳои корӣ, ахлоқӣ ва вазъи саломатӣ қобилияти иҷрои вазифаҳоро оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ доранд.
3.  Шаҳрвандоне, ки дар қисми 3 моддаи 9 Қонуни мазкур номбар шудаанд, наметавонанд узви дастёрони ихтиёрӣ шаванд.
4. Протоколи маҷлиси умумии шаҳрвандон дар бораи таъсис додани дастёрони ихтиёрӣ ва ҳайати он барои қайди баҳисобгирӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод карда мешавад. Дастёрони ихтиёрӣ аз рӯзи аз қайди баҳисобгирӣ гузаштан таъсисёфта ба ҳисоб рафта, шахси ҳуқуқӣ намебошад. Агар ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд, қайди баҳисобгирии дастёрони ихтиёрӣ рад карда мешавад. 
5. Ба узви дастёрони ихтиёрӣ шаҳодатномаи махсуси намунааш ягона, нишони сарисинагии «Дастёри ихтиёрӣ» ва рамзҳои дигар, ки аз ҷониби роҳбари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тасдиқ мегарданд, дода мешаванд.
6. Низомномаи дастёрони ихтиёрӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
7. Таъсис додани дастёрони ихтиёрӣ дар назди ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои динӣ, инчунин, таъсис ва фаъолияти сохторҳои ташкилии ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои динӣ дар дастёрони ихтиёрӣ манъ аст.
Моддаи 13. Шуроҳои ҷамъиятӣ 
1. Шурои ҷамъиятӣ ниҳоди ҷамъиятии доимоамалкунанда ба ҳисоб рафта, фаъолияти худро дар асоси ташаббусҳои ҷамъиятӣ анҷом медиҳад ва тавассути муттаҳидшавии ихтиёрии шаҳрвандон бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ҷомеа, баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми ҳифзи ҳуқуқи давлат, нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳкими таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва амнияти ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ амал мекунад. 
2. Шуроҳои ҷамъиятӣ танҳо дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он ташкил карда мешаванд, шахси ҳуқуқӣ намебошанд.
3. Шуроҳои ҷамъиятӣ дар ҳайати на камтар аз ҳафт ва на бештар аз бисту як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иштироки ихтиёрӣ дар фаъолияти онҳо, асосан, аз ҳисоби намояндагони ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкил карда мешаванд. Ба ҳайати шуроҳои ҷамъиятӣ метавонанд кормандони ғайриштатии мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ дохил карда шаванд. Шумораи умумии аъзои шуроҳои ҷамъиятӣ бояд тоқ бошад.
4. Узви шурои ҷамъиятӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнаш на кам аз бисту сесола буда, дар ҷойи кор ва истиқомат эътибори шоиста дорад, шуда метавонад. Шаҳрвандони дар хизмати давлатӣ қарордошта ва шаҳрвандони дар қисми 3 моддаи 9 Қонуни мазкур номбаршуда наметавонанд узви шурои ҷамъиятӣ бошанд. 
5. Узви шурои ҷамъиятӣ ваколатҳои худро ройгон ва бе ҷудо шудан аз фаъолияти асосии худ амалӣ менамояд. Ба узви шурои ҷамъиятӣ шаҳодатнома дода мешавад, ки намунаи онро Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
6. Тартиби ташкил ва фаъолияти шуроҳои ҷамъиятиро, бо дарназардошти хусусиятҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур, низомнома дар бораи шуроҳои ҷамъиятӣ муайян менамояд, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад. 
Моддаи 14. Шурои собиқадорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  
1. Шурои собиқадорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.
2. Шурои собиқадорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ бо додани  маслиҳат, машварат ва тавсияҳо оид ба банақшагирӣ, ташкил ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, таҳкими қонуният, тарбияи кормандони ҷавон, такмили ихтисос ва малакаи онҳо иштирок менамояд, инчунин, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар иҷрои вазифаҳояшон мусоидат намуда, тарғиби донишҳои ҳуқуқӣ, муҳимият, шарафнокӣ ва масъулияти хизмат дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, эътибори мукофотҳои давлатӣ барои корнамоиҳои ҷангӣ ва хизматиро амалӣ менамояд.
 
БОБИ 5. ХУСУСИЯТҲОИ ИШТИРОКИ ДАСТЁРОНИ ИХТИЁРӢ ДАР ТАЪМИНИ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ
Моддаи 15. Фаъолияти дастёрони ихтиёрӣ
Дастёрони ихтиёрӣ фаъолияти худро таҳти роҳбарӣ ва иштироки бевоситаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо роҳҳои зерин амалӣ мегардонанд:
1) иштирок дар чорабиниҳо оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳои истироҳатӣ, гулгаштҳо, варзишгоҳҳо, театрҳо, кинотеатрҳо, клубҳо ва ҷойҳои дигари ҷамъиятӣ, инчунин, дар вақти гузаронидани чорабиниҳои муҳими ҷамъиятию сиёсӣ ва чорабиниҳои дигар;
2) иштирок дар чорабиниҳо доир ба пешгирии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;
3) андешидани чораҳои таъхирнопазир барои бартараф кардани оқибати садамаҳо, зуҳуроти табиии хавфнок, фалокат, офатҳои табиӣ ё офатҳои дигар, пешгирӣ намудани онҳо ва расонидани кумак ба зарардидагон;
4) пешгирӣ намудани беназоратии кӯдакон ва аз ҷониби ноболиғон содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ; 
5) иштирок дар таъмини амнияти шахсии шаҳрвандон;
6) иштирок дар таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ;
7) иштирок дар таъмини бехатарӣ аз сӯхтор. 
Моддаи 16. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои узви дастёрони ихтиёрӣ
1. Узви дастёрони ихтиёрӣ ҳангоми иштирок дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ҳуқуқ дорад:
1) аз шаҳрвандон риояи тартиботи ҷамъиятии муқарраршуда, қатъ кардани ҳуқуқвайронкунӣ ва амалҳоеро, ки барои иҷрои вазифаҳои узви дастёрони ихтиёрӣ монеъ мешаванд, талаб намояд;
2) ҳангоми аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузаронидани санҷиши ҳуҷҷатҳои шахсии шаҳрвандон, азназаргузаронии воситаҳои нақлиёт, дастгир кардан ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдани шахсоне, ки тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардаанд, кумак расонад;
3) ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба маҳдудкунии ҳаракати воситаҳои нақлиёт, иҷозати иштироки шаҳрвандон дар чорабиниҳои алоҳидаи оммавӣ мусоидат намояд.
2. Узви дастёрони ихтиёрӣ ҳангоми иштирок дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ уҳдадор аст:
1) талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд, ба маҳдудкунии беасоси ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон, содир кардани амалҳое, ки шаъну шарафи инсон ва шаҳрвандро паст мезананд, роҳ надиҳад;
2) талаботи роҳбарияти дастёрони ихтиёрӣ, инчунин, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои якҷоя дақиқ ва софдилона иҷро намояд;
3) ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ, боздошти шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд ё ба ҳуқуқвайронкунӣ роҳ додаанд, инчунин, муҳофизати ҷойи ҳодиса мусоидат намояд;
4) ҳангоми пешниҳоди маълумот аз ҷониби шаҳрвандон дар бораи ҳодисаҳо ва кирдорҳое, ки ба амнияти шахсии шаҳрвандон, амният ва тартиботи ҷамъиятӣ таҳдид мекунанд, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар диҳад;
5) дар муносибат бо шаҳрвандон боодоб, хушмуомила ва бодиққат бошад;
6) ба шаҳрвандони муҳтоҷе, ки аз ҷинояткорӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҳодисаҳои нохуш зарар дидаанд, кумаки таъҷилӣ расонад;
7) дониши ҳуқуқии худро такмил диҳад, ҳуқуқу уҳдадориҳои узви дастёрони ихтиёриро аз худ намояд ва онро риоя кунад;
8) ҳангоми иҷрои вазифа бо худ шаҳодатнома дошта бошад ва ба шаҳрвандон мутобиқи муроҷиати онҳо нишон диҳад.
3. Узви дастёрони ихтиёрӣ, ки ҳангоми таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ амалҳои ғайриқонунӣ содир кардааст, ба ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кашида мешавад. Зараре, ки ба шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ аз ҷониби узви дастёрони ихтиёрӣ расонида шудааст, ба андоза ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.
4. Узви дастёрони ихтиёрӣ ҳуқуқ дорад аз иҷрои уҳдадориҳои ҷамъиятӣ даст кашад, агар бевосита ба ҳаёт ва саломатии ӯ хатар таҳдид намояд.
Моддаи 17. Шароит ва ҳадди истифодаи қувваи ҷисмонӣ аз ҷониби узви дастёрони ихтиёрӣ
1. Узви дастёрони ихтиёрӣ дар амалиёти якҷоя бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ҳуқуқ дорад бо мақсади пешгирии амали шахсоне, ки тартиботи ҷамъиятиро риоя намекунанд, барои боздошт ва супоридани онҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қувваи ҷисмониро танҳо дар ҳузури кормандони мақомоти дахлдор ба кор барад, агар тарзҳои дигари ба истифодаи қувваи ҷисмонӣ рабтнадошта, иҷрои вазифаашро оид ба риояи тартиботи ҷамъиятӣ таъмин карда натавонад.
2. Ҳангоми истифодаи қувваи ҷисмонӣ узви дастёрони ихтиёрӣ уҳдадор аст:
1) вайронкунандаи тартиботи ҷамъиятиро дар бораи нияти ба кор бурдани қувваи ҷисмонӣ огоҳ намояд, зимнан, барои амалӣ намудани талаби худ бо дарназардошти вазъи мушаххас фурсати кифоя диҳад, ба истиснои ҳолатҳое, ки таъхир додани истифодаи қувваи ҷисмонӣ ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон хавфи бевосита ба вуҷуд меорад;
2) вобаста ба хусусият ва дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҳуқуқвайронкунӣ ва шахсоне, ки онро содир кардаанд, кӯшиш кунад, ки то ҳадди имкон зарари дар ин ҳолат расонидашаванда сабуктар бошад;
3) ёрии аввалияи тиббиро ба шахсоне, ки дар натиҷаи ба кор бурдани қувваи ҷисмонӣ зарар дидаанд, расонад.
3. Истифодабарии қувваи ҷисмонӣ нисбат ба занони ҳомиладориашон аён, шахсони нишони дақиқи маъюбидошта ва ноболиғон манъ аст.
 
БОБИ 6. ТАРТИБИ ТАШКИЛ ВА ФАЪОЛИЯТИ ШУРОҲОИ ҶАМЪИЯТӢ ДАР НАЗДИ МАҚОМОТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ
Моддаи 18. Ташкили шуроҳои ҷамъиятӣ дар назди мақомоти корҳои дохилӣ
1. Шурои ҷамъиятӣ дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси фармоиши вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад. 
2. Шуроҳои ҷамъиятӣ дар назди раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, минтақа ва ноҳияи Рашт бо фармоиши сардори раёсат ташкил карда мешаванд. Ба ҳайати шурои ҷамъиятӣ дар назди раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, минтақа ва ноҳияи Рашт намояндагони ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва раиси шурои собиқадорони раёсатҳои мазкур, инчунин, кормандони ғайриштатии мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ, раисони шуроҳои ҷамъиятӣ дар назди шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо метавонанд шомил гарданд.
3. Шуроҳои ҷамъиятӣ дар назди шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо бо фармоиши сардори шуъба ташкил карда мешаванд. Ба ҳайати шурои ҷамъиятӣ дар назди шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо намояндагони ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва раиси шурои собиқадорони шуъбаи корҳои дохилӣ, инчунин, кормандони ғайриштатии мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ, раисони шуроҳои ҷамъиятӣ дар назди шуъбачаҳои милитсия дар шаҳрак ва деҳот, инчунин, минтақаи хизматии милитсия метавонанд шомил гарданд.
4. Шуроҳои ҷамъиятӣ дар назди шуъбачаҳои милитсия дар шаҳрак ва деҳот, инчунин минтақаи хизматии милитсия бо фармоиши сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ташкил карда мешаванд. 
5. Ба ҳайати шурои ҷамъиятӣ дар назди шуъбачаҳои милитсия дар шаҳрак ва деҳот, инчунин, минтақаи хизматии милитсия раис ё муовини раиси ҷамоат, раиси шурои маҳалла, ё мақомоти дигари худфаъолияти ҷамъиятӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳои калон, командирони дастаҳои дастёрони ихтиёрӣ, намояндагони ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, шурои куҳансолон, инчунин, шахсони дигаре, ки дар байни аҳолӣ дорои нуфузу эътиборанд, метавонанд шомил гарданд.
6. Раиси шурои ҷамъиятӣ аз ҷониби аъзои шуро ба муҳлати се сол ва на бештар аз ду маротиба пайдарпай интихоб мегардад.
Моддаи 19. Фаъолияти шуроҳои ҷамъиятӣ дар назди мақомоти корҳои дохилӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои онҳо
1. Шуроҳои ҷамъиятӣ фаъолияти худро мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст ва низомнома дар бораи шуроҳои ҷамъиятӣ бо риояи принсипҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур амалӣ менамоянд.
2. Шуроҳои ҷамъиятӣ ҳуқуқ доранд:
1) бо тартиби муқаррарнамудаи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилооти шахсони мансабдори мақомоти корҳои дохилиро дар бораи фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятӣ шунаванд, инчунин, дар кори ҷаласаҳое, ки мақомоти корҳои дохилӣ мегузаронанд, иштирок кунанд;
2) ба роҳбарони мақомоти корҳои дохилӣ оид ба беҳтар намудани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳамкории онҳо бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳодҳо манзур намоянд, ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуниашон мусоидат намоянд;
3) бо тартиби муқаррарнамудаи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти корҳои дохилӣ гузаронидани қабули шахсии шаҳрвандон ва намояндагони шахсони ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои ҳифз ва барқарор намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии поймолшудаи онҳо, аз ҷумла зараре, ки ба онҳо дар натиҷаи амали ғайриқонунии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида шудааст, иштирок намоянд; 
4) ба роҳбарони дахлдори мақомоти корҳои дохилӣ оид ба гузаронидани санҷиш дар бораи аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ поймол намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, талаботи рафтори хизматӣ, меъёрҳои одоби касбӣ, дархост кунанд, дар чунин санҷишҳо иштирок намоянд ва бо натиҷаҳои онҳо шинос шаванд;
5) ба мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо пешниҳодҳо оид ба такмили механизмҳои ҳамкорӣ дар самти мустаҳкам намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкунӣ муроҷиат намоянд;
6) тибқи мақсад ва вазифаҳояшон конференсияҳо ва семинарҳо ташкил ва баргузор намоянд, бюллетенҳо бароранд, ҳисоботро дар бораи фаъолияти худ нашр ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн намоянд.
3. Шуроҳои ҷамъиятӣ уҳдадоранд:
1) талаботи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, инчунин, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони ҳуқуқиро риоя намоянд;
2) ба ҳолатҳои вайрон намудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, манфиатҳои корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои дигар эътино кунанд;
3) аз рӯйи масъалаҳои муҳими фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ аҳолиро мунтазам хабардор кунанд, бо дар назар доштани ақидаи онҳо, тавсияву таклифҳои дахлдор пешниҳод намоянд.
4. Ба шуроҳои ҷамъиятӣ манъ аст:
1) дахолат намудан ба фаъолияти оперативию ҷустуҷӯии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
2) паҳн кардани маълумоти дорои сирри давлатӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда;
3) ба кори худ ҷалб намудани шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва шаҳрвандони дар қисми 3 моддаи 9 Қонуни мазкур номбаршуда;
4) намояндагӣ ва аз номи мақомоти корҳои дохилӣ баромад кардан;
5) намояндагӣ ва муаррифӣ кардани манфиатҳои ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ;
6) монеа сохтан ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ;
7) қароре қабул намоянд ва амале содир кунанд, ки хилофи манфиатҳои мустаҳкам намудани кафолатҳои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ бошад.
Моддаи 20. Вазифаҳои шурои ҷамъиятӣ дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Шурои ҷамъиятӣ мақоми намояндагӣ, ташхисию машваратӣ, ҳамоҳангсозӣ ва мушоҳидавӣ мебошад, ки бо мақсади таъмини иштироки мустақим ва ғайримустақими шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ дар ташаккул ва амалигардонии сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ҷомеа таъсис дода шудааст.
2. Шурои ҷамъиятӣ дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои вазифаҳои зерин мебошад:
1) роҳбарии умумӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти шуроҳои ҷамъиятиро амалӣ намуда, мониторинги кори онҳоро пеш мебарад, доир ба такмили фаъолият ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами онҳо чораҳо меандешад;
2) таҳлил ва арзёбии экспертии фаъолияти шуроҳои ҷамъиятиро амалӣ менамояд, ба онҳо ёрии машваратӣ, иттилоотӣ, ташкилӣ, методӣ ва кумаку дастгирии дигар мерасонад;
3) бо дарназардошти дархости ҷомеа, ба мақомоти корҳои дохилӣ ҷиҳати амалигардонии фаъолият ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ҷомеа мусоидат менамояд;
4) дар таҳияи лоиҳаҳои барномаҳо ва стратегияҳои давлатии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, барномаҳои рушди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок менамояд;
5) пешниҳодҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро оид ба такмили фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ меомӯзад, ҷамъбаст ва манзур менамояд.
Моддаи 21. Вазифаҳои шуроҳои ҷамъиятӣ дар назди раёсат ва шуъбаҳои ҳудудии мақомоти корҳои дохилӣ
1. Шуроҳои ҷамъиятӣ дар назди раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, минтақа ва ноҳияи Рашт дорои вазифаҳои зерин мебошанд:
1) фаъолияти шуроҳои ҷамъиятӣ дар назди шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳоро ҳамоҳанг месозанд, таҳлилу арзёбии фаъолияти онҳоро ба роҳ мемонанд, дастгирии машваратӣ, иттилоотӣ, ташкилӣ, методӣ ва дигарро мерасонанд;
2) дар таҳия ва татбиқи барномаҳои ҳудудии ҳамкории мақомоти дахлдор ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ иштирок менамоянд;
3) ба шурои ҷамъиятӣ дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаҳои фаъолияти худ бо тартиб ва дар муҳлатҳои муқарраргардида маълумот медиҳанд;
4) якҷо бо раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе таклифҳо пешниҳод менамоянд, ки ба ҳалли масъалаҳои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амалигардонии чорабиниҳои муштарак нигаронида шудаанд;
5) дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, баланд бардоштани фарҳанг ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ иштирок менамоянд.
2. Шурои ҷамъиятӣ дар назди шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо ҳамчун зинаи асосии низоми шуроҳои ҷамъиятӣ дорои вазифаҳои зерин мебошад:
1) фаъолияти шуроҳои ҷамъиятӣ дар назди шуъбачаи шаҳрак ва деҳот, инчунин, минтақаи хизматии милитсияро ҳамоҳанг менамояд, таҳлилу арзёбии ташхисии фаъолияти онҳоро ба роҳ мемонад, дастгирии машваратӣ, иттилоотӣ, ташкилӣ, методӣ ва дигарро мерасонад;
2) дар таҳия ва амалисозии барномаҳои маҳаллии ҳамкории мақомоти дахлдор ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ иштирок менамояд;
3) дар бораи натиҷаҳои фаъолияти худ бо тартиби муқарраргардида ба шуроҳои ҷамъиятии зинаҳои болоӣ дар назди мақомоти корҳои дохилӣ маълумот медиҳад;
4) якҷо бо шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо пешниҳодҳо таҳия менамояд, ки ба ҳалли масъалаҳои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва гузарондани чорабиниҳои муштарак нигаронида шудаанд;
5) бо дастаҳои дастёрони ихтиёрӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ҳамкорӣ мекунад;
6) ба манфиати ҳаматарафа ва холисонаи иттилоотонии аҳолӣ оид ба масъалаҳои мубрами фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, зарурати расондани кумак ва дастгирии онҳо дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, муқовимат ба экстремизм ва терроризм намояндагони матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори оммаро ҷалб менамояд;
7) дар тарғиби донишҳои ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани фарҳанг ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ иштирок менамояд.
Моддаи 22. Вазифаҳои шурои ҷамъиятӣ дар назди шуъбачаҳои милитсия дар шаҳрак ва деҳот, инчунин, минтақаи хизматии милитсия 
1. Шурои ҷамъиятӣ дар назди шуъбачаҳои милитсия дар шаҳрак ва деҳот, инчунин, минтақаи хизматии милитсия зинаи ибтидоии низоми шуроҳои ҷамъиятӣ дар назди мақомоти корҳои дохилӣ мебошад. Дар фармоиш дар бораи таъсиси шурои ҷамъиятӣ бояд маълумот дар бораи ном, ҳайат ва нишонии макони ҷойгиршавии шуро зикр карда шавад.
2. Шурои ҷамъиятӣ дар назди шуъбачаҳои милитсия дар шаҳрак ва деҳот, инчунин минтақаи хизматии милитсия дорои вазифаҳои зерин мебошад:
1) дар таҳия ва амалисозии барномаҳои маҳаллии ҳамкории милитсия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ иштирок менамояд;
2) якҷо бо нозирони минтақавии милитсия таъмини тартиботи ҷамъиятиро дар шаҳрак, деҳа, маҳалла ва кӯчаҳо бо ҷалби дастаҳои дастёрони ихтиёрӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил мекунад;
3) якҷо бо аҳолӣ таклифҳоеро пешниҳод менамояд, ки ба ҳалли масъалаҳои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ба амал баровардани тадбирҳои муштарак бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нигаронида шудаанд;
4) дар байни аҳолӣ оид ба зарурати расонидани кумак ва мусоидат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мебарад;
5) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар ҷаласаи шурои ҷамъиятӣ   муноқишаҳои оилавию маишӣ, зӯроварӣ дар оила, ҳолатҳои аз тарбияи фарзанд саркашӣ кардани падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда, инчунин, аз таъминоти падару модар саркашӣ кардани фарзандонро баррасӣ намуда, шахсонеро, ки чунин амалҳоро содир кардаанд, дар бораи норавоии амалҳои ғайриқонунӣ огоҳ мекунад;
6) оид ба пешгирии рафтори зиддиҷамъиятии ноболиғон, ки бо оворагардӣ, талбандагӣ, фоҳишагӣ машғуланд, воситаҳои нашъадор, моддаҳои сахттаъсир ё мадҳушкунандаи дигар, маҳсулоти тамоку, нӯшокиҳои спиртӣ ва нӯшокиҳои дар асоси онҳо истеҳсолшударо истеъмол мекунанд, инчунин, оид ба кирдорҳои дигари поймол кардани ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ корҳои фаҳмондадиҳиро анҷом медиҳад; 
7) ба тарбияи шахсони қаблан маҳкумшуда ва шахсоне, ки дар қайди пешгирии мақомоти корҳои дохилӣ мебошанд, мусоидат мекунад;
8) дар шунидани ҳисоботи нозири минтақавии милитсия дар назди аҳолӣ иштирок мекунад;
9) ба аҳолӣ доир ба риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, танзими анъана ва ҷашну маросим, инчунин, талаботи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат менамояд;
10) оид ба натиҷаҳои фаъолияти худ бо тартиб ва муҳлатҳои муайяннамудаи низомнома дар бораи шуроҳои ҷамъиятӣ дар назди мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шурои ҷамъиятӣ дар назди шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳия маълумот медиҳад;
11) дар тарғиби донишҳои ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани фарҳанг ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ иштирок менамояд.
 
БОБИ 7. КАФОЛАТҲОИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚӢ, ИҶТИМОӢ ВА ЧОРАҲОИ ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ШАҲРВАНДОНИ БА МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ДАР ТАЪМИНИ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ МУСОИДАТКУНАНДА
Моддаи 23. Кафолати ҳимояи ҳуқуқии шаҳрвандони ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ мусоидаткунанда
1. Талаботи қонунии шаҳрвандоне, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми таъмини тартиботи ҷамъиятӣ мусоидат менамоянд, барои шаҳрвандон ҳатмӣ мебошад.
2. Суиқасд ба ҳаёти шаҳрвандоне, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ мусоидат мекунанд ва аъзои оилаи онҳо, истифодаи зӯроварӣ нисбат ба онҳо ё таҳқири онҳо ҳангоми иҷрои уҳдадорӣ ё ба иҷрои уҳдадорӣ доир ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ алоқаманд, боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад. 
3. Ҳимояи ҳуқуқии шаҳрвандоне, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ мусоидат мекунанд ва аъзои оилаи онҳо, агар амали онҳо ба пешгирӣ, ошкор ё кушодани ҷиноят ҳамчун иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ алоқаманд бошад, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ» анҷом дода мешавад. 
Моддаи 24. Ҳимояи иҷтимоии шаҳрвандони ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ мусоидаткунанда
1. Шаҳрванде, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ мусоидат намуда, дар натиҷа ҷароҳат бардоштааст, осеб дидааст ё захм гирифта, муваққатан корношоям шудааст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯ кумаки пулии яквақта дода мешавад. 
2. Шаҳрванде, ки дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусоидат намуда, дар натиҷаи иҷрои уҳдадорӣ бинобар иштирок дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ба маъюбӣ гирифтор шудааст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯ (дар ҳолати ҳалок, вафот – ба аъзои оилааш) нафақа таъин карда мешавад.
3. Зарари ба молу мулки шаҳрванде, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ мусоидат намуда, дар натиҷаи иҷрои уҳдадорӣ бинобар иштирок дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ё ба молу мулки хешовандонаш (зан, шавҳар, фарзанд, падару модар, бародар, хоҳар, инчунин падару модар, бародар, хоҳар ва фарзандони зан ё шавҳар, амак (тағо), хола, амма, қудо, келин, домод, бародарзода (хоҳарзода), фарзандхондагон, фарзандхондшудагон, инчунин шахси дигаре, ки бо ӯ якҷоя зиндагӣ карда, хоҷагии умумӣ пеш мебарад) расонида шудааст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад. 
Моддаи 25. Чораҳои ҳавасмандгардонии шаҳрвандони ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ мусоидаткунанда
1. Шаҳрвандоне, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ мусоидат менамоянд, метавонанд барои иштироки фаъолона дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ҳавасманд карда шаванд, бо:
1) эълон намудани миннатдорӣ;
2) сарфароз намудан бо ифтихорнома;
3) мукофоти пулӣ;
4) туҳфаҳои арзишманд;
5) намудҳои дигари ҳавасмандгардонӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
2. Шаҳрвандоне, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ мусоидат менамоянд, барои хизматҳои махсус дар иҷрои вазифаҳои ҷамъиятӣ ва зоҳир намудани мардонагӣ ва матонат метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сарфароз гардонидан бо мукофотҳои давлатӣ пешбарӣ карда шаванд. 
Моддаи 26. Ҳавасмандгардонии моддӣ, кафолатҳо ва ҷубронҳои дигар ба шаҳрвандоне, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ мусоидат менамоянд
Мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ шаҳрвандонеро, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ мусоидат менамоянд, бо имтиёзҳо ва ҷуброни пулии иловагӣ, шаклҳои дигари манфиатнокии моддӣ, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд, ҳавасманд мегардонанд.
Моддаи 27. Таъминоти моддию техникии фаъолияти кормандони ғайриштатӣ
Таъминоти моддию техникии фаъолияти кормандони ғайриштатӣ метавонад дар доираи маблағҳои дар сметаи хороҷоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешбинишуда сурат гирад.
Моддаи 28. Маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии фаъолияти дастёрони ихтиёрӣ ва шуроҳои ҷамъиятӣ 
Маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии фаъолияти дастёрони ихтиёрӣ ва шуроҳои ҷамъиятӣ аз ҳисоби маблағҳои шахсони ҳуқуқӣ, саҳмҳои ихтиёрии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, маблағҳои фонди ташаббусҳои шаҳрвандӣ оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва таҳкими қонуният, инчунин, сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.
Моддаи 29. Фонди ташаббусҳои шаҳрвандӣ оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва таҳкими қонуният
1. Фонди ташаббусҳои шаҳрвандӣ оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва таҳкими қонуният бо мақсади таъминоти молиявӣ, моддию техникии фаъолияти дастёрони ихтиёрӣ ва шуроҳои ҷамъиятӣ, инчунин, ҳавасмандгардонии моддии шахсоне, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусоидат мекунанд, ташкил карда мешавад.
2. Молу мулк ва дороиҳои дигари фонд аз саҳмҳои ихтиёрӣ ва хайрияҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин, манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ташаккул меёбад.
3. Идоракунии фонд аз ҷониби шурои парасторон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби намояндагони ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти давлатӣ ташкил менамояд, ба роҳ монда мешавад.
 
БОБИ 8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 30. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 31. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» аз 3 декабри соли 2009 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №12, мод. 818) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 32. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 22 июни соли 2023, № 1969
 
Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон    Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» қабул карда шавад. 
2. Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» аз 14 октябри соли 2009 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2009, №9-10, мод. 593) аз эътибор соқит дониста шавад. 
 
Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 7 июни соли 2023, № 1022
 
Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 июни соли 2023, № 386
 
Санаи нашр: 29.06.2023 №: 131 - 132
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив